Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳамдиҳии Коллеҷи техниологии шаҳри Исфараи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Коллеҷи технологии шаҳри Исфараи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани Коллеҷи технологии шаҳри Исфараи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тадбирҳо андешад.
3. Баъди ба анҷом расидани расмиёти барҳамдиҳӣ иншоот, биноҳои таълимӣ, таҷҳизот, воситаҳои молиявӣ ва дигар арзишҳои моддию техникии боқимондаи Коллеҷи мазкур ба тавозуни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гузаронида шавад.
4. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида дар заминаи Коллеҷи мазкур Филиали худро таъсис намояд.
5. Маблағгузории Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар соли 2012 ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои барои ин Коллеҷ пешбинишуда амалӣ карда шавад.
6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯёнро ба Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барои солҳои таҳсили 2012-2013 ва солҳои минбаъда муқаррар намояд.
7. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни Коллеҷи технологии шаҳри Исфараи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои ба итмом расонидани таҳсил шароит фароҳам оварад.
8. Аз Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои сеҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 тасдиқ карда шудааст, сархати "Коллеҷи технологии шаҳри Исфара" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2012,№ 218
ш. Душапбе