Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, №212 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба боби 57 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 2:

- сархатҳои якум, дуюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- содироту воридоти спирти этилӣ ва машрубот;

- истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши яклухти спирти этилӣ ва машрубот;

- истеҳсоли пиво;";

- сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-содирот ва воридоти пиво;".

2. Дар зербанди 1 банди 5:

- сархатҳои дуюм ва ҳаштум хориҷ карда шаванд;

- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"-риоя намудани регламентҳои техникӣ;".

3. Дар банди 6 калимаҳои "фурӯши яклухт" ба калимаи "муомилот" иваз карда шавад.

4. Қарори мазкур аз рӯзи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умимиҷаҳонии Савдо мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2012, №212

ш. Душанбе