Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 аз 30 апрели соли 2012, №202

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз З0 апрели соли 2012, №202

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015

1. Муқаррароти умумӣ

1. Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 (минбаъд - Барнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 368 тасдиқ шудааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Барнома афзалият ва самтҳои асосии рушду такомули соҳаи тандурустиро дар вилояти Хатлои муайян менамояд.

Номукаммалии заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, нокифоягии маблағҳои буҷетӣ, сатҳу сифати кӯмаки тиббию беҳдоштӣ ва вазъи саломатии аҳолии вилоят зарурати таҳияи Барномаро ба миён оварда, баҳри ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа нигаронида шудааст.

2. Таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ

2. Вилояти Хатлон дар самти ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 24,6 ҳазор км(2) воқеъ буда, сарҳади тӯлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад. Ба ҳолати то 1 январи соли 2012 ақолии вилоят 2719600 нафар буда, 473210 нафарашом (17,4 фоиз) дар шаҳр ва 2246300 нафарашон (82,6 фоиз) дар деҳот зиндагӣ доранд. Зичии аҳолӣ 110,5 ҳазор нафар дар 1 км(2) ва шумораи миёнаи аъзои ҳар оила 6,9 нафарро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. Дар вилоят теъдоди муҳоҷирати аҳолии қобили меҳнат ба хориҷи кишвар нисбати дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баланд мебошад. Омилҳои мавҷуда: ҷойгиршавии ҷуғрофию экологӣ, зичии аҳолӣ, теъдоди баланди муҳоҷирати аҳолӣ, мавриди нигаронӣ боқӣ мондани фарқияти тиббии аҳолӣ ва ақидаҳои нодурусти мавҷуда боиси паст гардидани сатҳи солимии аҳолӣ гардидааст.

3. Дар соҳаи тандурустӣ гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, рушди ислоҳоти соҳа, маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият, омӯзиши мушкилоти бамиёномада ва дарёфти роҳҳои ҳалли вазифаҳои пешниҳоднамудаи Барномаро тақозо мекунад. Барои таъмини дастрасии баробар ба хизматрасонии сифатноки тамоми табақахои ҷомеа, истифодаи ҳама гуна захираҳои мавҷуда ва ҳамкории судманд зарур мебошад.

4. Таҳлили вазъи воқеии соҳаи тандурустӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мушкилоти зерин ҷой дорад:

- номукаммалии низоми идоракунӣ, истифодаи ғайрисамарабахши захираҳо, бахусус дар бахши фаъолияти тиббии хусусӣ;

- нокифоягӣ ва кӯҳнаю фарсуда гаштани дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ;

- ҳавасманд гардонидани мутахассисон дар деҳот, сатҳи пасти музди меҳнат, тамаъҷӯи аз аҳолӣ, нарасидани мутахассисони фаъолияти умумитиббӣ, силшинос, равонӣ, озмоишгоҳ ва ғайра;

- дар сатҳи зарурӣ бо такмили ихтисос фаро нагирифтани мутахассисони соҳа.

5. Сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилоят аз се зина (кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳои марказӣ ва беморхонаҳои вилоятӣ, марказҳои махсусгардонидашуда) иборат буда, дар 1508 муассисаи соҳаи тандурустӣ онро амалӣ менамоянд.

6. Дар зинаи аввали сохтори соҳаи тандурустӣ, ки муроҷиати аввалияи аҳолӣ бо корманди тиб сурат мегирад, 715 бунгоҳу нуқтаҳои тиббӣ, 300 марказҳои саломатии деҳотӣ, 19 амбулаторияҳои тибби оилавӣ, 11 марказҳои саломатии шаҳрӣ ва 22 марказҳои саломатии ноҳиявӣ фаъолият мебаранд. Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар вилоят (1048 муассиса) ба дастгирӣ ниёз дошта, рушди он зарур аст ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд дар он фаъолона иштирок намояд.

7. Тибқи маълумоти оморӣ дар вилоят 77 бунгоҳу марказҳои саломатӣ бо бино таъмин набуда, 205 муассиса дар биноҳои ғайритиббӣ (57 дар вагон, 41 дар мактаб, 66 дар хонаҳои шахсӣ, 15 дар биноҳои номутобиқ ва 39 дар биноҳои ғайритиббӣ (ҳамчун иҷоранишин) фаъолият намуда истодаанд, биноҳои 73 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 177 муассиса ба таъмири асосӣ ва 414 муассиса ба сохтмон ниёз доранд.

8. Сарфи назар аз моҳияти муҳими сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ заминаи моддию техникии қисми зиёди онҳо, ниҳоят фарсудаю корношоям мебошад. Дар муассисаҳои мазкур бахусус бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, оддитарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ мавҷуд набуда, мизу курсӣ ва лавозимоти маишӣ намерасад. Қариб ҳамаи онҳо ба истиснои муассисаҳои дар доираи лоиҳаҳои инвестититсионӣ бунёдгардида (Сарбанд, Норак, Данғара, Қубодиён, Шӯрообод, Кӯлоб) ғайрилоиҳавӣ буда, ба меъёру талаботи беҳдоштӣ, экологӣ ва сохтмону меъморӣ ҷавобгӯ намебошад. Бунгоҳҳои тиббӣ, ки бо таври ҳашар ва саҳми соҳибкорону худи аҳолӣ сохта мешавад, зербино надошта, аз хишти хом бидуни риояи меъёру талаботи муассисаи тиббӣ, зидди сӯхтор, меъморӣ ва шаҳрсозӣ сохта шуда, шабакаҳои обу коррезӣ ва шиносномаҳои техникӣ надорад.

9. Бо сабаби нокифоягии маблағҳо, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо доруворӣ ва ҳуҷчатҳои тиббӣ таъмин карда нашуда хароҷоти онҳо аз ҳисобипаҳолӣ ғайрирасмӣ пардохт карда мешавад. Сатҳи дониши кормандони бунгоҳҳои тиббӣ ба талабот ҷавобгӯ набошад ҳам, барои давраҳои омӯзишӣ ва бо такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо маблағ ҷудо карда намешавад.

10. Дар зинаи дуюм, ки кӯмаки бистарӣ расонида мешавад, 99 муассиса - 25 беморхонаҳои марказӣ ва 74 беморхонаҳои рақамӣ (3 беморхонаҳои хусусӣ), дар зинаи сеюм 4 беморхонаҳои вилоятӣ ва 46 беморхонаҳои махсусгардонидашуда фаъолият доранд.

11. Дар самти мазкур миқдори катҳои бистарӣ 11114 адад буда, истифодаи самараноки онҳо таъмин намегардад ва зарурати таҷдиду ихтисори онҳо ба миён омадаасг. Беморхонаҳои марказӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ ва дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ таъмир гашта бошад ҳам, шабакаҳои обу корезиашон аз фаъолият бозмондаанд.

12. Дар беморхонаҳои марказӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ нокифоя буда, бештари онҳо кӯҳнаю фарсуда гаштаанд. Нокифоягии маблағ боиси он гаштааст, ки дастгоҳҳои муосири тиббӣ харидорӣ нашуда, баҳри ташхиси томмографияи компютерӣ беморон масофаи зиёдеро тай намуда, бо харҷи иловагӣ ба шаҳри Душанбе барои муоинаю табобат мераванд. Дар самти ташхис, фаъолияти таҳлилгоҳҳо, таъминоти онҳо бо дастгоҳу маводи ташхисӣ мушкилот боз ҳам бештар аст.

13. Таъминоти беморхонаҳои марказӣ бо доруворӣ ва маводи ғизоӣ ташвишовар боқӣ монда, аз ҳиооби маблағҳои маҳаллӣ 0,5-0,7 сомонӣ барои кат/рӯз ҷудо карда мешавад. Набудани маҳсулоти ғизоӣ ба он овардааст, ки дар беморхонаҳо хӯрокҳои ғизоӣ тайёр карда нашуда, беморон бо ширу маҳсулоти ширӣ таъмин карда намешаванд.

14. Дар 52 беморхонаҳои рақамӣ ва 22 беморхонаҳои деҳот солҳои тӯлонӣ таъмир гузаронида нашудааст. Заминаи моддию техникии онҳо дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, ба таъмири асосӣ, гузаронидани хатҳои обу корезӣ ва таъминот бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббию ғайритиббӣ ниёз дорад. Беморхонаҳои мазкур, бинобар нарасидани маблағ, қариб аз фаъолият бозмонда, дар онҳо ҳаҷми кӯмакҳои тиббӣ торафт маҳдуд гашта истодааст. Аз ин рӯ, зарурияти беҳтар намудани маблағгузорӣ ё таҷдиди онҳо ба миён омадааст.

15. Дар зинаи сеюм 4 беморхонаи вилоятӣ ва 46 беморхонаҳои махсус гардонидашуда фаъолият дошта бошанд хам, набудани таҷхизоти муосири тиббӣ барои ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат мушкилоти иловагиро пеш овардааст.

16. Дар муасссиҳои тандурустии вилоят то ҳол дастгоҳҳои томмографияи компютерӣ, магнитӣ, хунгардиши сунъӣ ва ғайра мавҷуд намебошад. Беморхонаҳои махсус гардонидашуда, гарчанде дар сатҳи вилоят бо низоми муайян фаъолият дошта бошад ҳам, дар сатҳи ноҳия бо таҷхизоти тиббии зарурӣ таъмин нагардиданд. Дар ноҳияҳо мутахассисони соҳибмаълумот, бахусус дар бахшҳои саратоншиносӣ, сил, чашм, ғадудҳои даруна, рӯҳӣ, момоӣ ва бемориҳои занона намерасанд. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар ноҳияҳо таҷдид намудани бахши бистарии соҳаҳои бемориҳои чашм, пӯсту сирояткунаидаи ҷинсӣ зарур аст.

17. Бояд тазаккур дод, ки дар вилоят мушкилоти ниҳоят шадиди дар хонаҳои шахсӣ, ҳуҷраҳои сайёр, мактабу биноҳои маъмурӣ ҷойгир будан ва зарурати бунёди бунгоҳҳои тиббӣ мавҷуд буда, иншооти сохтмонашон нотамом дар ноҳияҳои Ҷилликӯл, Ҷалолиддин Румӣ, Ёвон ва Восеь боқӣ мондааст, ки маблағи ниҳоят калонро талаб менамоянд.

3. Захираҳои кадрӣ

18. Дар вилоят 2922 табибон (16 нафар номзадҳои илми тиб) ва 10262 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият дошта, соли 2011-ум 325 нафар табибон, 1469 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор омада, 151 нафар табибону (шаҳри Кӯлоб 29, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-15, шаҳри Қӯрғонтеппаю ноҳияи Қумсангир-14, ноҳияи Восеъ-11, ноҳияи Ҷилликӯл-10, ноҳияи Панҷ-7) 708 нафар кормандони миёнаи тиб аз кор рафтанд.

19. Соли 2011 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 359 нафар довталабон, пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо дохил шуданд. Айни замон дар факултаҳои умумитиббӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ аз вилояти Хатлон 1538 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 200 нафар (133 нафар духтарон) бо квотаи Президентӣ таҳсил доранд. Дар соли сипаригашта 226 нафар донишҷӯён (17 нафар духтарон тибқи квотаи Президентӣ) аз вилояти Хатлон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуда, бо роҳхати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии вилоят фиристода шуда бошанд ҳам, мутаассифона, ҳамагӣ 115 нафар (59 фоиз) ба ҷойи кор рафта расиданд.

Соли 2011 дар коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Қӯргонтеппаю Кӯлоб 4387 нафар, омӯзишгоҳҳои тиббии ноҳияҳои Дангараю Ёвон 1340 нафар ва гурӯҳҳои мақсаднок 821 нафар донишҷӯён таҳсил доштанд, ки аз онҳо 636 нафар хатм намуда, ба муассисаҳои тандурустӣ ба кор рафтанд.

20. Дар Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ ва шӯъбаҳои байниноҳиявии он 137 нафар, аз ҷумла 40 нафар аз ҳисоби буҷет (ноҳияи Хуросон-3, шаҳри Кӯлоб-37 нафар) аз даври бозомӯзии тибби оилавӣ гузашта истодаанд. Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ 8 нафар табибон, 18 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз н. Мӯъминобод, 25 ҳамшираҳои тиббӣ аз ноҳияи Ёвон ва 18 нафар табибон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҳсил доранд. Дар соли 2011-ум 158 нафар (51 духтурон, 107 ҳамшираҳои тиббӣ), аз он ҷумла 48 нафарашон аз ҳисоби буҷет омӯзонида шуданд. Дар вилоят 450 нафар табибони оилавӣ ва 1028 нафар ҳамшираҳои оилавӣ бозомӯзонида шуда бошанд ҳам, бинобар аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд нагардиданашон, ба кор ҷалб намудани онҳо мушкилиҳоро пеш овардааст.

21. Дар вилоят 1129 нафар табибону 6483 кормандонн миёнаи тиб ба гузаштани такмили ихтисос ниёз дошта бошанд ҳам, бинобар маҳдуд будани маблағ, масьалаи мазкур пурра ҳалли худро наёфтааст. Соли 2011 ҳамагӣ 351 нафар (113 нафар табибон ва 238 нафар кормандони миёнаи тиб) аз такмили ихтисос гузаштаанд.

22. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа шӯъбаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон фаъолият дошта бошад ҳам, бинобар нокифоягии адабиёти тиббӣ, воситаҳои таълимӣ, аёнӣ, таҷҳизоти таълимӣ ва мутахассисони илмӣомӯзгорӣ самараи хуб надода истодааст.

4. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ

23. Сиёсати иқтисодӣ ва молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзалиятҳое асос ёфтааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ифода ёфтаанд. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

24. Баҳри рушди соҳа соли 2011 нақша бо тағироту иловаҳо аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ 127 млн. 399 ҳаз. 026 сомонӣ пешбинӣ шуда, 123 млн. 781 ҳаз. 986 сомонӣ (97,3 фоиз) харҷ гардид, ки нисбат ба соли 2010-ум 37,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, барои музди меҳнати кормандони соҳа 85 млн. 177 ҳаз. 778 сомонӣ пешбинӣ шуда, 83 млн. 217 ҳаз. 778 сомонӣ (97,5 фоиз), таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ 2 млн, 651 ҳаз. 444 сомонӣ пешбанӣ, 2 млн. 549 ҳаз. 718 сомонӣ (96,2 фоиз) ва барои маводи ғизоӣ 3 млн. 040 ҳаз. 053 сомонӣ пешбинӣ, 2 млн. 956 ҳаз. 765 сомонӣ (97,3 фоиз) харҷ гардид. Тӯли солҳои охир дар вилоят маблағгузории буҷети соҳаи тандурустӣ рӯ ба афзоиш дошта, дар соли 2011 аз 499 млн. 900 ҳаз. сомонӣ қисми хароҷот 23,7 фоиз ва дар соли 2012 аз 619 млн. 872 ҳаз. 700 сомонӣ 25,5 фоиз ба рушди соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст.

25. Дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ 928162 сомонӣ (шаҳри Сарбанд 237223, шаҳри Норак 205606 ва ноҳияи Данғара 515333) ва амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 "Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ" ба буҷети соҳа 776087 сомонӣ ворид гардида, 40 фоиз маблағҳо барои музди мехнат ва ҳавасмандгардонии мутахассисон истифода шуд.

26. Маблағгузории шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тибқи механизми маблағгузории сарикасӣ бошад ҳам, мутаассифона, меъёри он дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба имконоти иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба таври назаррас фарқ мекунад, ки он дорои ҷанбаи мусбӣ ва ҳам манфӣ мебошад. Чунин ҳолат боиси он гаштааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ва рушди соҳа дар ҳар ноҳия гуногун гаштааст. Аз ин рӯ, зарурати муайян намудани меьёри ягонаи маблағгузории сарикасӣ дар тамоми шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба миён омадааст.

5. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

27. Мақсади асосии Барнома - таъмини шароити мусоиди фаъолият дар муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бо ин восита беҳтар намудани вазъи солимии ахолӣ мебошад.

28. Барои ноил шудан ба мақсадҳои мазкур бояд вазифаҳои зерин ҳал карда шавад:

- такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ;

- беҳтарсозии заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ;

- такмили механизмҳои маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- баланд бардоштани дониши назариявӣ ва малакаи таҷрибаи амалияи мутахассисони соҳа.

29. Ҳар кадом вазифаҳои Барнома дорои хусусияти маҷмӯӣ буда, ба татбиқи якчанд самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон нигаронида шудааст, аз ҷумла:

- таъмини дастрасии баробар ба кӯмаки тиббӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ;

- такмили низоми идоракунӣ ва тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ;

- таҷдиди сохтор, бахусус бахши бистаринамоӣ тибқи Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, № 169 тасдиқ гардидааст;

- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ;

- таъсиси механизмҳои ҷалби захираҳои иқтисодӣ, нерӯӣ, молиявӣ ва ғайра барои баланд бардоштани сатҳу сифати кӯмаки тиббӣ.

30. Ноил гардидан ба мақсадҳо ва ҳалли вазифаҳои Барнома дар доираи татбики "Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020" таъмин карда мешавад.

6. Механизми назорати (мониторинг) самтҳои асосии татбиқи Бармома

31. Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон:

- ҷараёни татбиқи Барномаро ҳамоҳанг месозад;

- ҳар сол ҷиҳати маблағгузории самтҳои афзалиятноки соҳа ва бо дарназардошти вазъи соҳа тафтифҳо пешниҳод менамояд;

- ҳар нимсола оид ба ҷараёни татбиқи Барнома ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод менамояд.

7. Самтҳои афзалиятноки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

32. Барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ корҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ:

- таъмини риояи низоми пардохти музди меҳнати кормандон ва андешидани тадбирҳои ҳавасмандгардонии онҳо аз ҳисоби маблағҳои махсус;

- тақсими одилонаи маблағҳо ба ҳар муассиса тибқи механизми сарикасӣ;

- ҷудо намудани замин барои сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ;

- ҷудо кардани маблағ барои таъмир ва барқарорсозии биноҳо;

- бо миқдори зарурӣ таъмин намудан бо таҷҳизоти тиббӣ, ғайритиббӣ, доруворӣ ва ҳуҷҷатҳои тиббӣ;

- ҷалби аҳолӣ ва сафарбарсозии ҷомеа ба чорабиниҳои бо вазъи саломатӣ ва санитарию зиддиэпидемиологӣ алоқаманд.

8. Самтҳои афзалиятноки зинаи дуюми бахши бистаринамоӣ

33. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки зинаи дуюми бахши бистаринамоӣ масъалаҳои зерин бояд ҳаллу фасл карда шавад:

- дар доираи таҷдиди сохтор ташкил намудани шӯъбаҳои махсусгардонидашуда;

- баланд бардоштани савияи дониши кормандон, ба давраҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ фаро гирифтани онҳо;

- дар доираи таҷдиди сохтор ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ табдил додани беморхонаҳои аз фаъолият бозмонда;

- таъмини фаъолияти самараноку саҳеҳи озмоишгохҳо, таъмини онҳо бо маводи ташхисӣ ва сарф;

- андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати таъмини муассисаҳо бо мутахассисон;

- сохтмон, таъмиру барқарорсозии беморхонахои марказӣ ва рақамӣ;

- идомаи сохтмони иншооти нотамом;

- таҷҳизонидани муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизот, бахусус дастгоҳҳои муосири ташхису табобатӣ;

- таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обу корезӣ;

- зиёд намудани ҳаҷми маблағ барои таъмини беморон бо доруворӣ ва маводи ғизоӣ;

- тибқи қонунҳои амалкунанда васеъ намудани доираи фаъолияти хизматрасонии музднок дар муассисаҳои тандурустӣ.

9. Самтҳои афзалиятноки зинаи сеюми бахши бистаринамоӣ

34. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки зинаи сеюми бахши бистаринамоӣ масъалаҳои зерин бояд ҳаллу фасл карда шавад:

- таҷдиди сохтори беморхонаю марказҳои вилоятӣ;

- ба роҳ мондани фаъолияти беморхонаю марказҳои вилоятӣ бо дарназардошти фаъолияти низомномавӣ;

- сохтмони беморхонаҳои бемориҳои дил, сил, сироятӣ, ёрии таъҷилӣ ва маркази ташхисӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа;

- таъмини низоми дуруст дар истифодаи мақсадноки катҳои бистарӣ дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯргонтеппа, таҷдиди катҳои як соҳавӣ:

- ҷарроҳӣ, таваллудӣ, бемориҳои даруна, чашм ва ғайра;

- таҷдиди сохтори шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудӣ, бемориҳои даруна дар беморхонаи шаҳрӣ ва клиникӣ;

- бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони беморхонаҳои клиникӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда;

- таъмини беморхонаҳои клиникӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати зиёд намудани маблағгузории соҳа дар доираи ворид намудани фаъолияти хизматрасонии музднок дар муассисаҳои тандурустӣ тибқи қонунҳои амалкунанда;

- зиёд намудани маблағҳои барои бо ғизо ва доруворӣ таъмин намудани беморон (кат/рӯз);

- пешбинӣ намудани маблағ барои такмили ихтисоси мутахассисон.

10. Самтҳои афзалиятноки иттилоотонии тандурустӣ:

35. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки иттилоотонии тандурустӣ масъалаҳои зерин бояд ҳаллу фасл карда шавад:

- такмил додани системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ;

- ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши омори соҳаи тандурустӣ;

- созмон додани махзани иттилоотӣ ва омори тандурустӣ;

- васеъ намудани васлу истифодаи шабакаи Интернет дар муассисаҳои тандурустӣ;

- таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо китобхонаи электронӣ;

- ҷорӣ намудани низоми электронии ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди ҳисоботи омории тандурустӣ.

11. Захираҳои зарурӣ ва манбаъҳои маблағгузорӣ

36. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи тандурустии вилояти Хатлон дар маҷӯъ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 892709620 сомонӣ, аз ҷумла барои соли 2013 ба маблағи 255019181 сомонӣ, барои соли 2014 ба маблағи 282421109 сомонӣ ва барои соли 2015 ба маблағи 355259330 сомониро ташкил медиҳад.

37. Зиёдшавии фонди музди меҳнати кормандони соҳа ба ҳисоби миёна дар ин давра то 30 фоиз дар назар дошта шудааст, ки дар се сол 168869977 сомонӣ равона карда мешавад. Афзоиш дар соли 2013 нисбат ба соли 2012 ба маблағи 42327798 сомонӣй, соли 2014 нисбат ба соли 2013 ба маблағи 55018339 сомонӣ ва соли 2015 нисбат ба соли 2014 ба маблағи 71523840 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

38. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар маҷмӯъ ба маблағи 313758,5 ҳазор сомонӣ барои 3 сол, аз ҷумла дар соли 2013 ба маблағи 128832,2 ҳазор сомонӣ, дар соли 2014 ба маблағи 98690,0 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2015 ба маблағи 86236,3 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати рушди пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тандурустии вилоят зарур мебошад, аз ҷумла:

- таъмиру барқарорсозии иншоот - 25854,3 ҳазор сомонӣ,

- сохтмони иншооти соҳа - 247375,4 ҳазор сомонӣ,

- таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ- 40528,8 ҳазор сомонӣ.

39. Аз ҳаҷми маблағҳои барои амалисозии Барнома масрафшаванда:

- 40984,4 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла 28182,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳаи тандурустӣ, 4973,4 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси маҳаллӣ, 2727,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди шаҳру ноҳияҳо ва 5101,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ;

- 96657,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла 10900,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои чорабиниҳои марказонидашудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3500,0 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23300,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 59157,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои барномаҳои инвеститсионӣ пешбинӣ шудааст.

40. Ҳаҷми умумии норасоии хароҷоти Барномаи мазкур 176,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро зарур аст, ки ҷиҳати дарёфт намудани норасоии маблағҳои мазкур аз ҳисоби дигар манбаъҳои молиявӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузории ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бахши хусусӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои алоҳида, новобаста аз шакли моликияташон, тадбирҳои заруриро ба анҷом расонад.

12. Натиҷаҳои мунтазира аз татбиқи Барнома

41. Бо дарназардошти Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 20102020 (қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №368), натиҷаҳои мунтазира инҳоянд:

- дастрасии аҳолӣ аз кӯмаки саривақтӣ ва сифатноки тиббӣ баланд бардошта мешавад;

- заминаи моддию техникӣ устувор гашта, зиёда аз 75 фоизи муассисаҳо аз биноҳои ғайритиббӣ бароварда мешаванд;

- ҳамаи муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, ғайритиббӣ ва ҳуҷҷатҳои тиббӣ таъмин мегарданд;

- фарогирии занҳои қобили таваллуд, бахусус ҳомиладорон, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифторони бемориҳои сил, музмини занона ба муоина ва кӯмаки контрасептивӣ афзоиш меёбад;

- ҳар сол 25 фоизи мутахассисон тахассус ва дараҷаи касбии худро балаин мебардоранд;

- нишондоди таваллуд, фавти кӯдакон ва модарон ба андозаи 1/3 ҳисса кам мегардад;

- вазъи беморшавии аҳолӣ, маъюбӣ ва фавт 10-15 фоиз кам мешавад;

- истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ васеъ мешавад;

- масъулияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаҳои тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа, вазъи саломатии аҳолӣ баланд гардида, ҷиҳати рафъи омилҳои манфӣ тадбирҳо андешида мешавад.