Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013 - 2015
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон:
- дар доираи маблағҳои ҳамасола аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда маблағхои ғайрибуҷетӣ, иттиходияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, сарпарастон ва ҷалби грантҳо барои амалигардонии Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ" вилояти Хатлон барои солҳои 2013 - 2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- бо мақсади таъмини маблағгузории пурраи Барномаи мазкур оид ба дарёфти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳои молиявӣ, аз ҷумла бо ҷалби сармоягузории ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бахши хусусӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои алоҳида, новобаста аз шакли моликияташон, корҳои заруриро ба анҷом расонанд.
3. Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба натиҷаҳои амалишавии Барнома ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2012, №202
ш. Душанбе