Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250
Мутобиқи моддаҳои 58, 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бандҳои 6, 7 ва 8 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"6. Бо роҳи муттаҳидсозии корхонаҳои воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Ҳисор", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Рашт", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Суғд", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Кӯлоб", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Қӯрғонтеппа" ва "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи ВМКБ" Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" ташкил карда шавад.
7. Вориси ҳуқуқии корхонаҳои воҳиди давлатии "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Ҳисор", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Рашт", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Суғд", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Кӯлоб", "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи Қӯрғонтеппа" ва "Экспедитсияи нақлиётии минтақаи ВМКБ" пас аз ба имзо расидани санади супоридану қабул намудани амвол Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" дониста шавад.
8. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"-ро ҳал намояд".
Банди 6 банди 9 ҳисобида шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
3. Қарори мазкур аз 6 майи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2012 № 168
ш. Душанбе