Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 № 166 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, № 626"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, № 626

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бандҳои 17), 18), 19) ва 20) Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, № 626 "Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"17) Назорати умумии татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсозӣ амалӣ карда мешавад, ки ба он Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Роҳбари Кумитаи ҳамоҳангсозӣ), муовинони Вазири молия, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбари 2 ассотсиатсияҳои соҳибкории ҷалбшаванда (аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ) ва котиби Кумитаи ҳамоҳангсозӣ дохил мешаванд.

18) Кумитаи ҳамоҳангсозӣ дар ҷаласаҳои худ, ки на камтар аз 2 маротиба дар як сол гузаронида мешаванд, рафти иҷрои Барномаи мазкур ва фаъолияти ташкилотҳои дар он ширкаткунандаро омӯхта, қарорҳои Кумитаи ҳамоҳангсозиро тавассути протоколҳо ба расмият медарорад.

Назорати ҷории татбиқи Барномаи мазкур, ҳамкорӣ бо сармоягузорон, ҷамъбасти натиҷаҳои бадастомада, бурдани протоколҳо ва мукотиботи дигари Кумитаи ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби котиби Кумитаи ҳамоҳангсозӣ амалӣ мегардад.

19) Фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозӣ дар асоси Низомномае, ки аз ҷониби он тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

20) Аз натиҷаҳои дар ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур бадастомада Роҳбари Кумитаи ҳамоҳангсозӣ ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.".

2. Қарори мазкур аз 1 марти соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 апрели соли 2012 № 166

ш. Душанбе