Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 № 154 "Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

Мутобиқи моддаҳои 15 ва 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", инчунин бо мақсади татбиқи моддаҳои 2 ва 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1. Ташкилотҳои аҳамияти калони ҷамъиятидоштае, ки ба яке аз муқаррароти зерин дохил мебошанд, субъектҳои дорои манфиати умум эътироф карда мешаванд:

а) бонкҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият;

б) ташкилотҳои суғуртавӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият;

в) биржаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият;

г) фонди кафолатии пасандозҳои шахсони воқеӣ;

д) фондҳои нафақа (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ);

е) шахсони ҳуқуқие, ки коғазҳои қиматноки онҳо дар биржаҳои фондии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот мебошанд;

ж) субъектҳои монополияи табиӣ;

з) субъектҳое (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ), ки нишондиҳандаҳои молиявӣ ва миқдории онҳо барои давраи (соли) гузаштаи ҳисоботӣ ақаллан ба яке аз ин нишондиҳандаҳо ҷавобгӯ мебошанд:

- ҳаҷми даромади умумӣ, бо дарназардошти ҳамаи андозҳо на камтар аз 30 000 000 (сӣ миллион) сомонӣ;

- ҳаҷми дороиҳои умумӣ на камтар аз 100 000 000 (сад миллион) сомонӣ;

- шумораи кормандон на камтар аз 1000 (ҳазор) нафар;

и) фондҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратие, ки ҳаҷми даромади умумии онҳо дар давраи (соли) охирони ҳисоботӣ бо дарназардошти тамоми андозҳо дар ҳаҷми на камтар аз 10 000 000 (даҳ миллион) сомониро ташкил менамояд.

2. Субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар ташкилотҳое, ки ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб медиҳанд, вазифадоранд, ки ҳисоботҳои молиявии солонаи худро якҷоя бо хулосаҳои аудиторӣ ҳамасола ба маҳфуздорандаи ҳисоботҳои молиявӣ пешниҳод намоянд.

3. Дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии "Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ" таъсис дода шавад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии корхонаи воҳиди давлатии "Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ" - ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.

5. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ".

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 октябр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 апрели соли 2012 № 154

ш. Душанбе