Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологии Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми 184 воҳидҳои штатӣ, воситаҳои молиявии буҷетӣ, бино, амвол, техника ва ҳудуд ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қомиссия оид ба қабулу супоридани бино, амвол, техника ва ҳудуди Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологии Муассисаи давлатии обуҳавошиносиро таъсис дода, супоридани бино, амвол, техника ва ҳудуди Сарраёсатро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъмин намояд ва ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
3. Ба нақшаи идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 № 611 тасдиқ гардидааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова шавад:
"Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ".
4. Аз номгӯи шабакаҳои давлатии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 485 тасдиқ гардидааст, сархати якум хориҷ карда шавад.
5. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодца ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ:
- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қарори мазкур бармеоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2012 № 152
ш. Душанбе