Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ, маъюбшавӣ ва фавт аз диабети қанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда таъмин намояд.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро таъмин намояд;
- дар бораи натиҷаҳои ҷараёни татбиқи Барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ахборот манзур намояд.
4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо Шӯрои ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи мазкурро таъсис диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 апрели соли 2012 № 130
ш. Душанбе