Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2012, № 128

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

1. Зарурати қабули Барнома

1. Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ дар деҳот таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад. Бо мақсади баланд бардоштани рушди соҳаи картошкапарварӣ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, дар баромадашон дар таҷлили иди "Меҳргон-2011" дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон махсусан қайд намуд, ки майдон ва ҳосилнокии картошкаро сол аз сол бояд зиёд намоем.

2. Картошка ҳамчун зироати муҳими истеъмолӣ дар минтақаҳои водигӣ, доманакӯҳӣ ва кӯҳии Тоҷикистон дар баландиҳои қариб то 3000 метр аз сатҳи баҳр парвариш меёбад. Барои парвариши ҳосили баланд ва тухмии хушсифати ин зироат алалхусус қитъаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ, ки шароити иқлимии мусоиду хоки ҳосилхез дорад, мувофиқ мебошад.

3. Дар айни замон барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо картошкаи хӯрока шароити агроиқлимии водиҳо низ имкониятҳои васеъ дорад. Ин раванд бо роҳҳои васеътар амалӣ шудани кишти тирамоҳию баҳории барвақтӣ ва тобистонаи картошка, ки мавсими давомноки гармии аввали баҳории водиҳо ба он мусоидат мекунад, амалӣ мегардад.

4. Дар маҷмӯъ соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон рушди устувор дорад, вале имкониятҳои воқеии тараққии минбаъдаи он ба пуррагӣ истифода бурда намешавад. Қатъи назар аз шароити мусоиди биоэкологӣ, ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳӣ барои тухмипаварии ин зироат нокифоя истифода мегардад.

5. Истеҳсоли картошка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба 760 ҳазор тонна расонида шудааст, ки ин нишондод ҳоло кам буда, мақсаднок истифода бурдани шароити хоку иқлими мусоиди минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки истеҳсоли картошка дар солҳои наздик то ба 1 млн. тонна расонида шавад. Аз ин миқдор бояд 30-35 фоизаш картошкаи барвақтӣ бошад, 65-70 фоизи он картошкаи дерӣ ташкил диҳад. Талаботи хоҷагиҳои гуногунҷабҳа ба картошкаи тухмии истеҳсоли дохилӣ яквақта таъмин карда мешавад.

6. Картошкаи тухмии репродуксияҳои баланд дар бисёр мавридҳо чун картошкаи хӯрока истифода мегардад, ки ин ҷавобгӯи талабот намебошад.

7. Бо мақсади беҳтар намудани сифат, сертификатсия ва маркетинги картошкаи тухмӣ хоҷагиҳои тухмпарварӣ ҳавасманд гардонида намешавад.

8. Селексияи картошка ҳам ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест, майдонҳои кишти зироатро бо сабаби норасоии номгӯй ва тухмии навъҳои маҳаллӣ ва сатҳи пасти тухмипарварӣ, асосан навъҳои селексияи бурунмарзӣ ишғол карданд.

9. Кишти тобистона ва такрории картошка дар водиҳои ҷумҳурӣ, бо сабаби набудани анбору яхдонҳои махсуси нигоҳдории тухмӣ ва воситаҳои кимиёвии нумӯдиҳанда, кам ба назар мерасад. Ин усули кишт дар истеҳсоли картошкаи тухмию хӯрокӣ дорои аҳамияти калон мебошад. Мошинолоти соҳавӣ (алалхусус картошкашинонаку картошканакҳо) ниҳоят кам буда, онҳо ҳам кӯҳнаю фарсуда гаштанд, нуриҳои маъданӣ ва пеститсидҳо, бо сабаби гаронии нарх, ба қадри кофӣ истифода намешавад, нуриҳои органикӣ кам пошида мешавад.

10. Сарфи назар аз мавҷудияти шароити мусоиду қувваи корӣ, то ҳол дар ҷумҳурӣ корхонаҳои коркарди саноатии картошка вуҷуд надорад ва маҳсулоти гароннархи аз он тайёршуда ба мисли картошкабирён (чипс) ва оҳар (крахмал), инчунин спирт барои мамлакат моли воридотии муқаррарӣ шуда мондааст.

11. Шароити кунунии тараққии ҷумҳурӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолии мамлакат ба картошка, зарурати содироти картошкаи барвақтӣ ба дигар мамлакатҳо, бештар ба кор ҷалб намудани аҳолии деҳот тақозо менамояд, ки Барномаи мазкур таҳия ва қабул карда шавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

12. Мақсади асосии Барнома - рушди минбаъдаи соҳаи картошкапарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар асоси равнақи тухмпарварӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои серҳосили ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ҷавобдиҳанда, васеъ намудани майдонҳои кишт, истифодаи самараноктари шароити мусоид барои парвариши картошкаи хушсифати хӯрокию тухмӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, доманакӯҳӣ ва водиҳо, амалигардонии бонизоми истеҳсол ва содироти картошкаи барвақтӣ ба хориҷи кишвар мебошад.

13. Бо назардошти шароитҳои қулайи табиӣ Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи картошкаи тухмӣ бояд ба кишвари содироткунандаи картошкаи тухмӣ мубаддал гардад. Барнома бояд ба равона ва ба амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёд намудани истеҳсоли картошка дар миқёси ҷумҳурӣ дар соли 2016 беш аз 1 млн. тонна мусоидат намояд (замимаи 1). Дар ин ҳол ба ҳар сари аҳолӣ истеҳсоли он то ба 115-120 килограмм, истеъмолаш бошад, ба меъёри тавсияшудаи талаботи физиологӣ (на камтар аз 95-100 кг/сол) расонида мешавад.

3. Селексия ва тухмипарварӣ

14. Рушди селексия, тухмипарварӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои онҳо асоси бунёдии соҳае мебошад, ки метавонад дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд. Селексия ва тухмипарварӣ бояд барои ихтирои навъ, интродуксия, санҷиш, бақайдгирии навъҳо, истифодаи усулҳои гуногуни тухмипарварӣ, аз он ҷумла васеъ намудани парвариши тухмии картошка ба воситаи биотехнологияи муосир, ҳамчунин истеҳсоли тиҷоратӣ, такрористеҳсолкунӣ, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиҳои сифатан баланд барои бозори дохилӣ ва барои содирот мусоидат намояд.

15. Дар асоси истифода аз сарчашмаҳои гуногун (усулҳои селексияи классикӣ, селексияи ҳуҷайравӣ ва муҳандисии генӣ, истифодаи генофонди ҷаҳонии картошка, интихоби намунаҳои беҳтарини мутатсионӣ) пешбурди селексияи ватании картошка барои бунёди навъҳои серҳосили ба касалиҳо тобовар таъмин мегардад ва бо дарназардошти ин вазифа барномаю нақшаҳои кории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии марбутаи соҳавии ҷумҳурӣ бояд ба навъофарии бештар нигаронида шавад.

16. Дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ гардидани навъҳои нави серҳосилу ояндадор ташкили самараноки тухмипарвариро тақозо менамояд ва дар ин самт олимону мутахассисон ва роҳбарони хоҷагиҳои тухмипарвар бояд дар ҳамбастагии зич фаъолият намоянд. Фаъолияти муассисаю ташкилотҳои марбута бояд аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шавад.

17. Барои ноил шудан ба мақсадҳои дар боло зикршуда селексионерон ва тухмипарварон бояд бо воситаҳои техникии муосири саҳроӣ, ҳамчунин таҷҳизоти лабораторӣ барои таҳлили биокимиёвию корҳои селексионӣ ва дар амал ҷорӣ намудани навъҳои нави картошка таъмин гардад.

18. Дар ин замина такмил додани системаи ҷамъоварии маблағ имконият медиҳад, ки генофонди зироат ғанӣ ва истифодаи босамари он таҳти назорати Вазорати кишоварзӣ амалӣ гардад. Ин ба таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат ва баландшавии ҳосилнокии зироат мусоидат менамояд.

19. Бо дарназардошти шароити мусоиди хоку иқлими Тоҷикистон барои истеҳсоли картошка, рушди соҳаи парвариши тухмии маҳаллии бо сифати ин зироат барои содирот, густариши робитаҳо бо муассисаҳои соҳавии хориҷӣ, ҷалби гранту сармоягузориҳо зарур аст.

20. Ташкил намудани нуқтаҳои замонавии санҷиши сарҳадӣ дар маҳаллаҳои гузариш бо боргузарии зиёд имконият медиҳад, ки маводи киштшавандаи ба мамлакат воридмешуда нисбати мавҷудияти нуқсонҳои карантинӣ бе мамоният аз санҷиши карантинӣ гузаронида шавад ва ба паҳншавии касалию зараррасонҳо садди роҳ гардад.

21. Барои баланд бардоштани ҳавасмандии хоҷагиҳо ба истеҳсоли тухмиҳои репродуксияашон баланд фаъолияти онҳо бояд бо ҷудо намудани қитъаҳои замин, қарзҳои имтиёзноки кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат аз тарафи бонкҳо ҳалли худро ёбад, ҷиҳати иҷрои барнома "Нақша чорабиниҳо" таҳия гардиданд (замимаи 2).

4. Таъмини илмии Барнома

22. Омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка иборатанд;

- тайёр намудани кадрҳо ва такмил додани сатҳи дониш ва таҷрибаи мутахассисон бо роҳи гузаронидани семинарҳо, тренингҳо, курсҳои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва ғайраҳо;

- бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли нахусттухмии солими картошка дар шакли минилӯндаҳо, таъмин намудани истифодаи самараноки гармхонаю докахонаҳои мавҷудаи пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ (Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти ботаника, физиологияи растаниҳо ва генетикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти биотехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон), дар назди онҳо созмон додани маркази афзоишдиҳии нахусттухмии ба усулҳои аэропоника, гидропоника асоссохта мақсаднок шуморида шуда, барои ин маблағҳои иловагӣ, ҷалби лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузориҳо пешбинӣ гардад;

- бобати таъмини зиёдшавии бонизоми истеҳсоли картошкаи тухмии баландсифат, рушди тухмипарварии минтақавию дохилихоҷагӣ дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳӣ ташкили ассотсиатсияҳои тухмипарварони ин зироат тақозои замон мебошад ва дар ин бобат таҷрибаи картошкапарварони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ бояд истифода ва дастгирии васеъ ёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои доманакӯҳии картошкапарвар бояд ҷиҳати ташкили чунин ассотсиятсияҳо чораҳои мушаххас андешанд;

- ба хоҷагиҳои махсуси тухмипарвар барои харидории воситаҳои техникӣ (трактор, картошкашинонак, картошкаканак, култиватор дастгоҳи ба навъҳо ҷудокунандаи лӯндаҳо, автомашинаҳои боркашӣ ва ғайра), нуриҳои маъданӣ, пеститсидҳо, контейнерҳои анборхонавӣ, тӯрхалтаҳо, реактивҳо, плёнкаи полиэтиленӣ ва дока барои гармхонаҳою докахонаҳо, инчунин барои таъмири анборхонаҳои мавҷуда ва бунёди анборхонаҳои нав ҷудо намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат мувофиқи мақсад мебошад (замимаи 3);

- бо истифодаи навъҳои серҳосилу хушсифати картошкаи тухмӣ, риояи киштгардон, баланбардории ҳосилнокӣ ва васеъ намудани майдонҳои кишти он, расонидани истеҳсоли картошка дар ҳама хоҷагиҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ то соли 2016 ба 1 млн. тонна;

- дар минтақаҳои кӯҳӣ васеъ намудани майдони парвариши картошка аз ҳисоби замини дигар зироатҳо;

- ҷиҳати парвариши картошкаи барвақтӣ дар минтақаҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва водии Ҳисор истифодаи сеяки майдони умумии кишти картошкаи ҷумҳурӣ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолии ҷумҳурӣ ва содирот;

- ташкили тухмипарварии репродуксияҳои баланди картошка бо мақсади таъмини талаботи хоҷагиҳои кишвар дар майдони на кам аз 6000 гектар;

- пешбинӣ намудани воридоти картошкаи тухмии дараҷаи элитаи навъҳои ноҳиябандишудаю ояндадори селексияи хориҷӣ ба миқдори 1,5-2 ҳазор тонна ҳар сол;

- муайян кардани категория ва дараҷаҳои картошкаи тухмии репродуксияи баланд ва ба онҳо додани сертификатҳои сифатӣ дар асоси ба роҳ мондани апробатсияҳои саҳроию ташхисоти лаборатории ҳозиразамон мутобиқи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ.

23. Истеҳсоли картошкаи тухмии ибтидоӣ, супер-супреэлита ва суперэлитаи бо усулҳои биотехнологӣ солимгардонидашуда бояд дар қитъаҳои мамнӯи баландкӯҳ ва кӯҳии ҷумҳурӣ, ки барои пешгирии сирояти такрории касалиҳои вирусӣ, вироидӣ ва фитоплазмӣ шароити мусоид доранд, мутамарказ бошад. Солҳои охир марказҳои афзоишдиҳии картошкаи тухмии баландсифат дар мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва хоҷагии коперативии "Овчиӣ" ноҳияи Ғончӣ, ки дар баландии 2000-2600 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, ташкил ёфта истодаанд.

24. Истеҳсоли картошкаи тухмии дараҷаҳои элита ва репродуксияҳои якуму дуюмро дар ҳама ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ ба роҳ мондан зарур аст. Барои ин ҳар сол аз марказҳои асосии тухмипарварӣ бояд миқдори даркории картошкаи тухмии дараҷаи суперэлита ба хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии дигар ноҳияҳо дастрас карда шавад.

25. Дар хаҷми умумии истеҳсоли картошкаи тухмӣ аз се як ҳиссаашро бояд тухмии навъҳои пешпазаку миёнапазак, ки барои рӯёнидани картошкаи истеъмолии барвақтӣ дар водиҳо лозим аст, ташкил диҳад.

26. Олимону мутахассисони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо олимони Институти биотехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Институти ботаника, физиологияи растаниҳо ва генетикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии "Тухмипарвар" дар ин самт кор баранд.

27. Мақсад аз ташкил намудани минтақаҳои пӯшидаи тухмипарварии аввалиндараҷаи картошка-афзоишдиҳии босуръати тухмии солими навъҳои ноҳиябандишуда ва ояндадори серҳосили аз санҷишҳои васеи илмию истеҳсолӣ гузашта, пешгирӣ намудани сирояти такрорӣ аз ҳар гуна касалиҳо, роҳ надодан ба воридоти ҳашароти зараррасон ва интродуксияи навъҳои тасодуфию камҳосили репродуксияҳои паст ва бо микроорганизмҳои зиёновар сироятёфта, инчунин таъмини фаъолияти самараноки системаи тухмипарварии картошка мебошад.

28. Бо мақсади мусоидат ба истеҳсоли картошкаи хӯрока ва тухмии барвақтӣ дар ноҳияҳои водии Ҳисор ва қисми водии вилояти Хатлон, васеъ намудани майдонҳои кишти тобистонаю такрории ин зироат аз ҳисоби тухмии соли гузаштаи дар минтақаҳои кӯҳӣ истеқсолгардида ва ҳосили навчидашудаи маҳаллӣ зарур мебошад. Барои ин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" бояд дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳияҳо мусоидат намоянд, то ки майдонҳои ин навъи кишти картошка зиёд карда шаванд.

5. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии Барнома

29. Рушди соҳаи картошкапарварӣ бе дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконнопазир аст. Мусоидат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ гардида, дар фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ, иқтисодию молиявӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба соҳаи картошкапарварӣ, ифода меёбад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои ҳатмии Барномаи мазкурро таъмин менамояд.

6. Маблағгузории Барнома

30. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби ҷудо намудани маблағҳои буҷетӣ, гардиши фонди давлатии тухмӣ, истифодаи қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар назар дошта шудааст (замимаи 4).

Замимаи 1

ба Барномаи давлатии рушди

соҳаи картошкапарварӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2012-2016

Майдони кишт, ҳосилнокӣ ва истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2012-2016

+---------------+---------------+------------------+-----------------ҷ
|   Солҳо       |Майдон, га     |Ҳосилнокӣ, с/га   |Истеҳсол, тонна  |
+---------------+---------------+------------------+-----------------+
|2012           |42000          |207,0             |870000           |
+---------------+---------------+------------------+-----------------+
|2013           |42000          |214,0             |900000           |
+---------------+---------------+------------------+-----------------+
|2014           |42000          |226,0             |950000           |
+---------------+---------------+------------------+-----------------+
|2015           |42000          |233,0             |980000           |
+---------------+---------------+------------------+-----------------+
|2016           |42000          |250,0             |1050000          |
+---------------+---------------+------------------+-----------------+

Замимаи 2

Ба Барномаи давлатии рушди

соҳаи картошкапарварӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2012-2016

Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------ҷ
|р/т| Номгӯи чорабиниҳо |   Мутасаддиён   |  Манбаъҳои   | Мӯҳлати   |
|   |                   |                 | маблағгузорӣ |   иҷро    |
|   |                   |                 |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|1  |         2         |      3          |      4       |    5      |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|1. |Муайян намудани    |Вазорати         |маблағҳои     |Соли 2012  |
|   |номгӯи хоҷагиҳои   |кишоварзии       |  худӣ        |           |
|   |тухмипарварии      |Ҷумҳурии         |              |           |
|   |картошка ва майдони|Тоҷикистон,      |              |           |
|   |кишти онҳо дар     |мақомоти         |              |           |
|   |ноҳияҳои кӯҳию     |иҷроияи          |              |           |
|   |доманакӯҳӣ         |маҳаллии         |              |           |
|   |                   |ҳокимияти        |              |           |
|   |                   |давлатии         |              |           |
|   |                   |вилоятҳо ва      |              |           |
|   |                   |шаҳру ноҳияҳо    |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|2. |Ба роҳ мондани     |Вазорати         |  маблағҳои   |  Солҳои   |
|   |назорати сифат,    |кишоварзии       |    худӣ      | 2012-2016 |
|   |стандартизатсия ва |Ҷумҳурии         |              |           |
|   |сертификасияи      |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |картошкаи тухмӣ дар|Академияи        |              |           |
|   |асоси татбиқи васеи|илмҳои           |              |           |
|   |инспексия          |кишоварзии       |              |           |
|   |(апробатсия)-ҳои   |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |саҳроӣ ва ташхису  |хадамоти         |              |           |
|   |таҳлили лаборатории|фитосанитарӣ     |              |           |
|   |лӯндаҳо            |ва карантини     |              |           |
|   |                   |растанӣ,         |              |           |
|   |                   |хадамоти         |              |           |
|   |                   |тухмисанҷӣ       |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|3. |Васеъ намудани     |Вазорати         |  Қарзҳои     | Солҳои    |
|   |майдонҳои кишти    |кишоварзии       | имтиёзнок    |2012-2016  |
|   |картошкаи барвақтӣ |Ҷумҳурии         |              |           |
|   |дар ноҳияҳои       |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |водигии вилоятҳои  |мақомоти         |              |           |
|   |Хатлон, Суғд ва    |иҷроияи          |              |           |
|   |водии Ҳисор        |маҳаллии         |              |           |
|   |                   |ҳокимияти        |              |           |
|   |                   |давлатии         |              |           |
|   |                   |вилоятҳо ва      |              |           |
|   |                   |шаҳру ноҳияҳо    |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|4. |Таҳия ва пешниҳоди |Вазорати рушди   |Маблағҳои     | Солҳои    |
|   |лоиҳаҳои           |иқтисод ва       |худӣ ва       |2012-2016  |
|   |инвеститсионӣ оид  |савдои Ҷумҳурии  |сармояи       |           |
|   |ба рушди соҳаи     |Тоҷикистон,      |дохилию       |           |
|   |картошкапарварӣ    |Вазорати         |хориҷӣ        |           |
|   |дар ҷумҳурӣ, бо    |кишоварзии       |              |           |
|   |мақсади ҷалби      |Ҷумҳурии         |              |           |
|   |сармояи хориҷӣ     |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |                   |Кумитаи          |              |           |
|   |                   |давлатии         |              |           |
|   |                   |сармоягузорӣ     |              |           |
|   |                   |ва идораи        |              |           |
|   |                   |амволи давлатии  |              |           |
|   |                   |Ҷумҳурии         |              |           |
|   |                   |Тоҷикистон       |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|5. |Таъмини воридоти   |Вазорати молияи  |Буҷети давлатӣ|  Солҳои   |
|   |ҳарсолаи картошкаи |Ҷумҳурии         |              | 2012-2016 |
|   |тухмии дараҷаи     |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |элитаи навъҳои     |Вазорати рушди   |              |           |
|   |минтақабобшуда ва  |иқтисод ва       |              |           |
|   |ояндадор ба ҷумҳурӣ|савдои Ҷумҳурии  |              |           |
|   |аз мамалакатҳои    |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |хориҷӣ             |Вазорати         |              |           |
|   |                   |кишоварзии       |              |           |
|   |                   |Ҷумҳурии         |              |           |
|   |                   |Тоҷикистон       |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|6. |Ташкили нуқтаҳои   |Мақомоти         |  Маблағҳои   |  Солҳои   |
|   |махсуси захиракунӣ |иҷроияи маҳаллии |    худӣ      | 2012-2016 |
|   |ва фурӯши картошкаи|ҳокимияти        |              |           |
|   |тухмӣ дар          |давлатии шаҳру   |              |           |
|   |ш. Душанбе ва шаҳру|ноҳияҳо          |              |           |
|   |ноҳияҳои           |                 |              |           |
|   |калонтарини ҷумҳурӣ|                 |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|7. |Васеъ намудани     |Вазорати         |Аз ҳисоби     |  Солҳои   |
|   |иқтидори марказҳои |кишоварзии       |сармояи       | 2012-2016 |
|   |мавҷуда ва ташкили |Ҷумҳурии         |дохилию       |           |
|   |марказҳои нави     |Тоҷикистон,      |хориҷӣ ва     |           |
|   |хизматрасонии      |Кумитаи          |лизинг        |           |
|   |техникӣ дар вилоят |давлатии         |              |           |
|   |ва шаҳру ноҳияҳои  |сармоягузорӣ     |              |           |
|   |ҷумҳурӣ            |ва идораи        |              |           |
|   |                   |амволи           |              |           |
|   |                   |давлатии         |              |           |
|   |                   |Ҷумҳурии         |              |           |
|   |                   |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |                   |мақомоти         |              |           |
|   |                   |иҷроияи          |              |           |
|   |                   |маҳаллии         |              |           |
|   |                   |ҳокимияти        |              |           |
|   |                   |давлатии         |              |           |
|   |                   |шаҳру ноҳияҳо    |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|8. |Ба роҳ мондани     |Ширкати          |Аз ҳисоби     |  Солҳои   |
|   |суғуртакунонии     |давлатии         |маблағҳои     | 2012-2016 |
|   |ҳосили картошка ва |суғуртаи         |истеҳсол-     |           |
|   |пардохти саривақтии|Тоҷикистон-      |кунандагон    |           |
|   |маблағи зарар аз   |"Тоҷиксуғурта"   |              |           |
|   |офатҳои табиӣ      |                 |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|9. |Барои таҷрибаомӯзӣ |Вазорати         |Сармояи       |  Солҳои   |
|   |оид ба технологияи |кишоварзии       |дохилию       | 2012-2016 |
|   |нави парвариши     |Ҷумҳурии         |хориҷӣ ва     |           |
|   |картошка равона    |Тоҷикистон,      |грантҳо       |           |
|   |намудани кормандону|Академияи        |              |           |
|   |мутахассисони      |илмҳои           |              |           |
|   |муассисаҳои        |ҷумҳурии         |              |           |
|   |соҳавии ҷумҳурӣ    |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |                   |Академияи        |              |           |
|   |                   |илмҳои           |              |           |
|   |                   |кишоварзии       |              |           |
|   |                   |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |                   |Донишгоҳи        |              |           |
|   |                   |аграрии          |              |           |
|   |                   |Тоҷикистон       |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+
|10.|Таҳия ва нашри     |Академияи        |Буҷети давлатӣ|  Солҳои   |
|   |тавсияҳо оид ба    |илмҳои           |              | 2012-2016 |
|   |парвариши картошкаи|кишоварзии       |              |           |
|   |тухмии             |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |репродуксияҳои     |Академияи        |              |           |
|   |баланди ба усулҳои |илмҳои           |              |           |
|   |биотехнологӣ,      |Тоҷикистон,      |              |           |
|   |интихобу санҷиши   |Донишгоҳи        |              |           |
|   |клонҳо ва истифодаи|аграрии          |              |           |
|   |тухмакҳои ботаникӣ |Тоҷикистон       |              |           |
|   |асосёфта; Китоби   |                 |              |           |
|   |"Парвариши картошка|                 |              |           |
|   |дар водиҳои        |                 |              |           |
|   |Тоҷикистон"        |                 |              |           |
|   |тавсияҳо оид ба    |                 |              |           |
|   |муҳофизати картошка|                 |              |           |
|   |аз касалиҳо ва     |                 |              |           |
|   |зараррасонҳо;      |                 |              |           |
|   |тавсияҳо оид ба    |                 |              |           |
|   |селексия ва        |                 |              |           |
|   |навъсанҷии картошка|                 |              |           |
|   |дар Тоҷикистон     |                 |              |           |
+---+-------------------+-----------------+--------------+-----------+

Замимаи 3

ба Барномаи давлатии рушди

соҳаи картошкапарварӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2012-2016

Талаботи хоҷагиҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ ба воситаҳои асосии техникӣ барои солҳои 2012-2016

+---+----------------+-------+--------+----------+----------+--------ҷ
|р/т|   Номгӯи       |Майдон,|Талабот,|Нархи як  |Нархи     | Манбаи |
|   | мошинолотҳо    | га    |дона    |адад      |умумии    | маблағ-|
|   |                |       |        |воситаи   |воситаҳои | гузорӣ |
|   |                |       |        |техникӣ бо|техникӣ бо|        |
|   |                |       |        |доллари   |доллари   |        |
|   |                |       |        |ИМА       |ИМА       |        |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+--------+
|1. |Трактори        |       |        |          |          |Агроли- |
|   |МТЗ-1025        |       |        |          |          |зинг,   |
|   |(ё МТЗ-80 X)    |20 000 |80      |25 000    |2000 000  |истеҳ-  |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+солку-  |
|2. |Испори тракторӣ |20 000 |80      |1300      |104000    |нандагон|
|   |ПН - 3-35       |       |        |          |          |қарзҳои |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+бонкӣ   |
|3. |Сихмола-ЗБЗТУ-1 |20 000 |80      |120       |9600      |        |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+        |
|4. |Картошкашинонак |       |        |          |          |        |
|   |СН-2Б           |20 000 |80      |6000      |480000    |        |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+        |
|5. |Картошкаканаки  |       |        |          |          |        |
|   |КТН-2Б          |20 000 |80      |3500      |280000    |        |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+        |
|6. |Култиватори     |       |        |          |          |        |
|   |КОН-2,8         |20 000 |80      |6000      |480000    |        |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+        |
|   |Ҳамагӣ          |       |        |          |3353600   |        |
+---+----------------+-------+--------+----------+----------+--------+

Эзоҳ: воситаҳои техникии дар ин замима овардашуда асосан барои таъмини хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ, ки майдонҳои васеи кишт доранд ва техникаашон фарсуда гардидааст, пешбинӣ шудааст.

Замимаи 4

ба Барномаи давлатии рушди

соҳаи картошкапарварӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2012-2016

Манбаъҳои маблағгузории "Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016"

+-+--------+------+-------------------------+------------------------ҷ
|№|Тадбирҳо|Ҷамъи |аз он ҷумла аз ҳисоби    |Тақсимоти солонаи       |
| |        |маб-  |                         |маблағҳо, сомонӣ        |
| |        |лағҳои|                         |                        |
| |        |зарурӣ+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
| |        |      |бу- |сар- |қарз- |агро-  |c.  |c.  |c.  |c.  |c.  |
| |        |      |ҷе- |моя- |ҳои   |лизинг |2012|2013|2014|2015|2016|
| |        |      |ти  |ҳои  |имти- |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |дав-|вата-|ёзноки|       |    |    |    |    |    |
| |        |      |ла- |нию  |бонкӣ |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |тӣ  |хо-  |ва    |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |ва  |ри-  |лои-  |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |гар-|ҷӣ   |ҳаҳои |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |диши|     |      |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |фон-|     |      |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |ди  |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |дав-|     |      |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |ла- |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |тии |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |тух-|     |      |       |    |    |    |    |    |
| |        |      |мӣ  |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
|1|Таъмини |1     |    |     |      |1      |3   |3   |3   |3   |3   |
| |хоҷаги- |6     |    |     |      |6      |2   |2   |2   |2   |2   |
| |ҳои     |0     |    |     |      |0      |1   |1   |1   |1   |1   |
| |картош- |9     |    |     |      |9      |9   |9   |9   |9   |9   |
| |капар-  |7     |    |     |      |7      |4   |4   |4   |4   |4   |
| |варӣ ба |2     |    |     |      |2      |5   |5   |5   |5   |5   |
| |восита- |8     |    |     |      |8      |6   |6   |6   |6   |6   |
| |ҳои     |0     |    |     |      |0      |    |    |    |    |    |
| |асосии  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |техникӣ |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |(замимаи|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |3)      |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
|2|Бунёди  |6     |    |     |6     |       |1   |1   |1   |1   |1   |
| |анбор-  |0     |    |     |0     |       |2   |2   |2   |2   |2   |
| |хонаҳои |0     |    |     |0     |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |нав дар |0     |    |     |0     |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |ҷумҳурӣ |0     |    |     |0     |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |барои   |0     |    |     |0     |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |нигоҳ-  |0     |    |     |0     |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |дории   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |картошка|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |дар     |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |ҳаҷми   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |8000 м2 |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
|3|Воридоти|1     |1   |     |      |       |2   |2   |2   |2   |2   |
| |ҳарсолаи|2     |2   |     |      |       |5   |5   |5   |5   |5   |
| |картош- |5     |5   |     |      |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |каи     |0     |0   |     |      |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |тухмии  |0     |0   |     |      |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |дараҷаи |0     |0   |     |      |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |элитаи  |0     |0   |     |      |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |навъҳои |0     |0   |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |ноҳия-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |банди-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |шуда ва |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |оянда-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |дор аз  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |хориҷи  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |кишвар  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
|4|Таъмини |2     |    |2    |      |       |5   |5   |5   |5   |5   |
| |иҷроиши |6     |    |6    |      |       |3   |3   |3   |3   |3   |
| |корҳои  |8     |    |8    |      |       |6   |6   |6   |6   |6   |
| |илмӣ-   |4     |    |4    |      |       |8   |8   |8   |8   |8   |
| |тадқи-  |4     |    |4    |      |       |9   |9   |9   |9   |9   |
| |қотӣ ва |9     |    |9    |      |       |    |    |    |    |    |
| |истеҳ-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |солии ба|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |рушди   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |селексия|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |ва тух- |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |мипар-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |варии   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |картошка|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |нигаро- |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |нидашуда|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |дар Инс-|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |титути  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |боғпар- |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |варию   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |сабза-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |воткории|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |Акаде-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |мияи    |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |илмҳои  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |кишо-   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |варзии  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |Тоҷи-   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |кистон  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
|5|Таъмини |4     |4   |     |      |       |9   |9   |9   |9   |9   |
| |иҷроиши |5     |5   |     |      |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |корҳои  |4     |4   |     |      |       |9   |9   |9   |9   |9   |
| |илмӣ    |9     |9   |     |      |       |8   |8   |8   |8   |8   |
| |тадқи-  |0     |0   |     |      |       |1   |1   |1   |1   |1   |
| |қотӣ ва |4     |4   |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |истеҳ-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |солии ба|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |рушди   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |тухми-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |парварӣ |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |ва      |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |селек-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |сияи    |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |картошка|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |нигаро- |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |нидашуда|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |дар     |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |муасси- |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |саҳои   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |илмии   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |соҳавии |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |Тоҷи-   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |кистон  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
|6|Таҳия ва|4     |4   |     |      |       |2   |2   |-   |-   |-   |
| |нашри   |6     |6   |     |      |       |3   |3   |    |    |    |
| |маводҳои|0     |0   |     |      |       |0   |0   |    |    |    |
| |методӣ  |0     |0   |     |      |       |0   |0   |    |    |    |
| |оид ба  |0     |0   |     |      |       |0   |0   |    |    |    |
| |парвариш|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |картошка|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |дар     |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |Тоҷи-   |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |кистон  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
|7|Барои   |5     |    |     |5     |       |1   |1   |1   |1   |1   |
| |шинос-  |6     |    |     |6     |       |1   |1   |1   |1   |1   |
| |шавӣ ба |0     |    |     |0     |       |2   |2   |2   |2   |2   |
| |таҷрибаи|0     |    |     |0     |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |пешқа-  |0     |    |     |0     |       |0   |0   |0   |0   |0   |
| |дами    |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |картош- |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |капар-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |варӣ ва |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |бозомӯзӣ|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |ба      |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |хориҷа  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |фирис-  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |тодани  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |олимону |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |мутахас-|      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |сисони  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
| |ватанӣ  |      |    |     |      |       |    |    |    |    |    |
+-+--------+------+----+-----+------+-------+----+----+----+----+----+
| |Ҳамагӣ  |3     |1   |2    |6     |1      |7   |7   |7   |7   |7   |
| |        |5     |3   |6    |0     |6      |0   |0   |0   |0   |0   |
| |        |4     |0   |8    |5     |0      |9   |9   |7   |7   |7   |
| |        |2     |0   |4    |6     |9      |8   |8   |5   |5   |5   |
| |        |2     |0   |4    |0     |7      |3   |3   |3   |3   |3   |
| |        |6     |9   |9    |0     |2      |2   |2   |2   |2   |2   |
| |        |3     |0   |     |0     |8      |6   |6   |6   |6   |    |
| |        |3     |4   |     |      |0      |    |    |    |    |    |