Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 № 128 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини рушди минбаьдаи соҳаи картошкапарварӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи буҷети давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардани маблағҳои барои рушди соҳаи картошкапарварӣ муайяншударо ҳар сол таъмин намуда, ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, барои татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 апрели соли 2012 № 128

ш. Душанбе