Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 825 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 176) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун ва бобҳои он бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.

2. Дар муқаддима калимаҳои "иҷтимою иқтисодӣ ва фаъолиятро" ба калимаҳои "иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 1:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

" - тарбияи ҷисмонӣ - қисми таркибии фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, аз маҷмӯи арзишҳои маънавӣ ва моддии дар ҷомеа бавуҷудомада ва истифодашаванда иборат аст, ки ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст;";

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "шахси ҳуқуқии дорои шаклҳои гуногуни" ба калимаҳои "шахси ҳуқуқӣ новобаста аз шакли" иваз карда шаванд;

- сархатҳои чордаҳум, понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаи идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд;

- намудҳои варзиши миллӣ - қисми таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан дар шакли фаъолияти мусобиқавӣ ба вуҷуд омада, аз намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои ба худ хоси халқӣ бо қоида ва тарзи махсуси ташкилии фаъолии ҷисмонӣ иборат аст;

- мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ - мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар байни варзишгарон (тимҳо) бо иштироки намояндагони на камтар аз панҷ давлат;".

4. Дар моддаи 3:

- дар сархати якум калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;

- дар сархати сеюм калимаҳои "машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва" ба калимаҳои "машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин" иваз карда шаванд;

- дар сархати шашум калимаҳои "(кӯдакони аз оилаҳои серфарзанд, кӯдакони ятим, маъюбон ва ғайра)" ба калимаҳои "(шахсони имкониятҳои ҷисмонӣ ва рӯҳияшон маҳдуд, маъюбон, кӯдакони ятим, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ғайра)" иваз карда шаванд;

- сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба варзиш ҷалб кардани ҷавононе, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд, инчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон;".

5. Дар моддаи 5:

- дар сархати сеюм калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати чорум калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак, ва деҳот" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 7:

- аз матни модда калимаҳои "(минбаъд - мақомоти ваколатдор)" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаи "ваколатдорро" ба калимаҳои "ваколатдори давлатиро" иваз карда шавад;

- сархатҳои шашум, ҳафтум ҳаштум ва нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- аз рӯи намудҳои варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил мекунад ва мегузаронад;

- фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва ҳамоҳанг карда, натиҷаҳои онро дар амалияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷорӣ менамояд;

- назорати манъи истифодаи маводҳои барангезандаю нерӯафзо (допинг)-ро дар варзиш амалӣ менамояд;

- ба инкишофи намудҳои варзиши миллӣ мусоидат менамояд;".

7. Дар моддаи 8:

- сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба инкишофи намудҳои варзиши миллӣ мусоидат менамоянд;";

- дар сархати ҳаштум калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.

8. Дар сархати сеюми моддаи 9, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 26, қисмҳои 2, 3, сархати дуюми қисми 4 ва қисми 5 моддаи 27, қисми 3 моддаи 28, қисми 3 моддаи 29, моддаҳои 34 ва 36 калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.

9. Дар моддаи 11:

- дар қисми 3 калимаҳои "якҷо" ва "ваколатдор" мувофиқан ба калимаҳои "якҷоя" ва "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми 4 калимаҳои "якҷо" ва "ваколатдор" мувофиқан ба калимаҳои "якҷоя" ва "ваколатдори давлатӣ" иваз карда, пас аз калимаи "тайёр" калимаи "мекунад" илова карда шаванд.

10. Дар қисми 5 моддаи 12 калимаҳои "якҷо", "ваколатдор" ва "санадҳои қонунгузорӣ" мувофиқан ба калимаҳои "якҷоя", "ваколатдори давлатӣ" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

11. Дар моддаи 13:

- дар қисми 1 калимаҳои "дар шаклҳои гуногуни" ба калимаҳои "новобаста аз шакли" иваз карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 15:

- дар қисми 1 калимаҳои "кашидани тамоку, истеъмоли машрубот ва маводи нашъадор," ба калимаҳои "ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла кашидани тамоку, нашъамандӣ, майзадагӣ, инчунин" иваз карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаи "одамонро" ба калимаи "аҳолиро" иваз карда шавад;

- дар қисми 3 калимаи "таблиғи" ба калимаҳои "таблиғи истифодаи" иваз карда шавад;

- дар қисми 4 калимаҳои "барномаҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиширо" ба калимаҳои "барномаҳоро вобаста ба тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонӣ ва варзишӣ" иваз карда шаванд.

13. Дар қисми 4 моддаи 17 калимаи "Талабагони" ба калимаи "Хонандагони" иваз карда шавад.

14. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаи "якҷо" ба калимаи "якҷоя" иваз карда шавад.

15. Дар қисми 2 моддаи 19 калимаҳои "ваколатдори" ва "ваколатдор" мувофиқан ба калимаҳои "ваколатдори давлатии" ва "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.

16. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 20 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ва "якҷо" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "якҷоя" иваз карда шаванд.

17. Дар моддаи 23:

- дар қисми 2 калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;

- дар қисми 3 калимаҳои "ваколатдор" ва "якҷо" мувофиқан ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" ва "якҷоя" иваз карда шаванд.

18. Дар моддаи 30:

- дар қисми 1 калимаи "ваколатдор" ба калимаи "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;

- банди якуми қисми 2 қисми 3 ҳисобида, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Шахсоне, ки ба паҳншавӣ ё истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) ва ё дигар воситаҳои манъгардида дидаю дониста мусоидат менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

19. Аз сархати даҳуми қисми 1 моддаи 31 калимаҳои "иборат мебошад" хориҷ карда шаванд.

20. Дар моддаи 32:

- дар қисми 1 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;

- дар қисми 8 калимаҳои "ваколатдор" ва "талабагони" мувофиқан ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" ва "хонандагони" иваз карда шаванд.

21. Дар моддаи 33:

- дар номи модда калимаҳои "солимгардонӣ ва варзишӣ" ба калимаҳои "солимгардонӣ, варзишӣ ва иншоотҳои дигари фароғатию солимгардонӣ" иваз карда шаванд;

- ба қисми 3 пас аз калимаи "солимгардонӣ" калимаи ", варзишӣ" илова карда, калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.

22. Дар моддаи 35:

- дар қисмҳои 1 ва 6 калимаҳои "тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат" иваз карда шаванд;

- ба қисми 4 пас аз калимаи "меъёрии" калимаи "ҳуқуқии" илова карда шавад;

- дар қисми 5 калимаи "одамон" ба калимаи "аҳолӣ" иваз карда шавад;

- дар қисми 7 калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад.

23. Дар моддаи 37:

- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаи "ваколатдор" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ" иваз карда шавад;

- қисмҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, пас аз онҳо аломати нуқта гузошта шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

16 апрели соли 2012 № 825

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 15 феврали соли 2012, № 691

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 299

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ФИЗИЧЕСКОЙ КУЛЬТУРЕ И СПОРТЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О физической культуре и спорте" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 176) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона и его главы написать прописными буквами.

2. В преамбуле слова "социально - экономические основы и деятельность" заменить словами "социально -экономические основы и обеспечение деятельности".

3. В статье 1:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- физическая культура - составная часть культуры и сферы социальной деятельности, состоящая из комплекса духовных и материальных ценностей, созданных и используемых обществом, направленная на укрепление здоровья, развитие физических способностей человека, а также пропаганду здорового образа жизни;";

- в абзаце восьмом слова "юридические лица различных" заменить словами "юридические лица, независимо от";

- дополнить абзацами четырнадцатым, пятнадцатым и шестнадцатым следующего содержания:

"- уполномоченный орган в области физической культуры и спорта (далее - уполномоченный государственный орган) - центральный исполнительный орган государственной власти Республики Таджикистан, осуществляющий функции государственного управления и координации деятельности в области физической культуры и спорта;

- национальные виды спорта - исторически сложившаяся составная часть физической культуры в форме соревновательной деятельности, состоящая из различных видов физических упражнений и специфических народных игр с особыми правилами и организационными способами физической активности;

- международные спортивные соревнования - соревнования по различным видам спорта среди спортсменов (команд) с участием представителей не менее пяти государств;".

4. В статье 3:

- в абзаце первом слова "органов местного самоуправления" заменить словами "органов самоуправления посёлков и сёл";

- в абзаце шестом слова "(дети из многодетных семей, дети - сироты, инвалиды и т. д.)." заменить словами "(лица с ограниченными физическими и психическими возможностями, инвалиды, дети - сироты, дети из малоимущих семей и т. д.)";

- дополнить абзацем седьмым следующего содержания:

"- привлечение к спорту молодёжи, находящейся в трудной жизненной ситуации, а также предупреждение негативных социальных явлений, в том числе наркомании, алкоголизма и преступности среди молодёжи;".

5. В статье 5:

- абзац третий после слова "уполномоченный" дополнить словом "государственный";

- в абзаце четвертом слова "местные органы самоуправления" заменить словами "органы самоуправления посёлков и сёл".

6. Абзац второй статьи 6 , абзац третий статьи 9 ,части 3 и 4 статьи 11, часть 2 статьи 19 части 2 и 3 статьи 23, части 3 и 4 статьи 26, части 2, 3, абзац второй части 4 и часть 5 статьи 27 часть 3 статьи 28, часть 3 статьи 29, часть 1 статьи 30, статьи 34 и 36 после слов "уполномоченного" "уполномоченным" уполномоченный" "уполномоченными" "Уполномоченный" соответственно дополнить словами "государственного", "государственным", государственный" и "государственными".

7. В статье 7:

- из части первой слова "(далее - уполномоченный орган)" исключить;

- абзац пятый после слова "уполномоченного" дополнить словом "государственного";

- дополнить абзацами шестым, седьмым, восьмым и девятым следующего содержания:

"- организовывает и проводит республиканские и международные соревнования по видам спорта;

- организовывает и координирует научно-исследовательскую деятельность в области физической культуры и спорта, осуществляет ее практическую реализацию в физкультурной и спортивной деятельности;

- осуществляет антидопинговый контроль в спорте;

- содействует развитию национальных видов спорта;".

8. В статье 8:

- дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"- содействуют развитию национальных видов спорта;";

- абзац восьмой после слова "уполномоченным" дополнить словом "государственным".

9. В части 5 статьи 12 слова "уполномоченным" и "законодательными актами" соответственно заменить словами "уполномоченным государственным" и "нормативными правовыми актами Республики Таджикистан".

10. В статье 13:

- в части 1 слова "в различных организационно-правовых формах" заменить словами "независимо от организационно-правовых форм";

- в части 2 слова "органами местного самоуправления" заменить словами "органами самоуправления посёлков и сёл".

11. В статье 15:

- в части 1 слова "курением, употреблением алкоголя, наркотиков, детской преступности" заменить словами "негативными социальными явлениями, в том числе курением табака, наркоманией, алкоголизмом, а также пресечения преступности среди несовершеннолетних";

- в части 2 слово "людей" заменить словом "населения".

12. В абзаце первом части 1 статьи 20 слова "местных органов самоуправления" заменить словами "органов самоуправления посёлков и сёл".

13. Пункт первый части 2 статьи 30 считать частью 3 и изложить в следующей редакции:

"3. Лица, умышленно способствующие распространению или применению стимуляторов, допинговых веществ и иных запрещенных средств, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

14. В статье 32:

- в части 1 слова "местного самоуправления" заменить словами "самоуправления посёлков и сёл";

- часть 8 после слова "Уполномоченный" дополнить словом "государственный".

15. В статье 33:

- в названии статьи слова "спортивные и другие" заменить словами "спортивные и другие рекреационно-оздоровительные";

- в части 3 слова "рекреационно-оздоровительных" и "уполномоченного" соответственно заменить словами "физкультурнооздоровительных спортивных и рекреационных" и "уполномоченного государственного".

16. В статье 35:

- в частях 1 и 6 слова "трудовым законодательством" заменить словами "законодательством о труде";

- часть 4 после слова "нормативными" дополнить словом "правовыми";

- часть 7 после слова "уполномоченным" дополнить словом "государственным".

17. В статье 37:

- части первую и вторую после слова "Уполномоченный" дополнить словом "государственный"; - части обозначить арабскими цифрами и поставить после них точку.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 16 апреля 2012 года, № 825

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                Ш. Зухуров

г. Душанбе, 15 февраля 2012 года, №691

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О физической культуре и спорте".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                   М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 29 марта 2012 года №299