ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 510; с. 2006, №3, мод. 164; с. 2008, №3, мод. 200; с. 2009, №12, мод. 824), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ";
- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:";
- пас аз сархати сию чорум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об - низоми идоракунӣ, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва бозпасгашта) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои дигари табиии ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд;
- иншооти хоҷагии об - обанборҳо, сарбандҳо, каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳои об, чоҳҳои об, ҷӯйҳо, иншооти гидротехникӣ, садҳои муҳофизат аз об, новаҳо, қубурҳои об бо коммуникатсияҳо ва дигар ҷузъиёти инфрасохторӣ;
- нақшаи ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи заҳираҳои об - нақшаи рушд, истифодаи ҳамгироиёна ва ҳифзи захираҳои об дар ҳудуди гидрографии ҳавзаи асосии манбаи об;
- шабакаи заҳбуру заҳкашҳо - шабакаи бо ҳам пайвасти заҳбурҳо ва заҳкашҳои кушода ва пӯшида, иншооти гидротехникӣ, чоҳҳои амудӣ ва инфрасохтори дигар, аз ҷумла ҳамаи қитъаҳои замине, ки барои таъмини нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва таъмири шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо ҷудо шудаанд;
- ташкилоти ҳавзавии захираҳои об - сохтори ҳудудии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои идоракунии захираҳои об дар ҳудуди ҳавзаи асосӣ масъул мебошад;
- шартнома оид ба обрасонӣ - санади ҳуқуқие, ки байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об ва ташкилоти обрасон оид ба шартҳои обрасонӣ ба мӯҳлати муайян баста мешавад;
...