ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолиятро дар соҳаи муҳофизати растанӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ва алафҳои бегона муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- муҳофизати растаниҳо - маҷмӯи тадбирҳои бо усулу воситаҳои гуногуни бо ҳам тавъам (ташкилию ҳоҷагӣ, агротехникӣ, биологӣ, селексионию генетикӣ, кимиёвӣ ва дигар) асосёфтаи соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал барои пешгирӣ ва барҳам додани зараре, ки ба растанӣ аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ва алафҳои бегона расидааст;
- организми зараррасон - намуд, навъ ё биотипи растанӣ, ҳайвонот ё организмҳои барангезандаи касалӣ, ки барои растанӣ ё маҳсулоти растанӣ зарарноканд;
- организмҳои зараррасони махсусан хавфнок - ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳои растаниҳо, ки қобилияти оммавии такроран афзоиш ёфтан, паҳн шудан ва ба иқтисодиёт ва муҳити зист зарар расониданро дороянд;
- назорати давлатии фитосанитарӣ - фаъолияте, ки ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона шудааст;
- безараргардонии пеститсидҳо - чорабиниҳое, ки бо мақсади безараргардонӣ, гӯронидан ва нобуд сохтани пеститсидҳои мамнӯъ ё мӯҳлати истифодаашон гузашта, инчунин зарфҳои холии онҳо андешида мешаванд;
- объектҳои таъиноти кишоварзӣ - киштзор, анборҳои ғалла ва сабзавоту меванигоҳдорӣ, майдонҳои кушоди махсус, биноҳои истеҳсолӣ ва дигар биноҳо, ки барои истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидаанд;
- миқдори боқимондаи пеститсидҳо - миқдори ниҳоии имконпазири моддаҳои таъсирбахш ва метаболитҳои фаъоли биологии он дар маҳсулоти дарозмуддат истеъмолшаванда ё минбаъд коркардшаванда ва дар объектҳои муҳити зист;
- пеститсидҳо - моддаҳои кимиёвӣ, ки бар зидди организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок, инчунин барои хушкондан ва резондани баргҳо ва танзими сабзиши растаниҳо истифода мешаванд;
- қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи пеститсидҳо - талаботи ҳатмии бехатарӣ нисбат ба шароит ва технологияҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи пеститсидҳо;
- маҳсулоти растанипарварӣ - маводи ғизоии аҳолӣ ва хӯроки чорво, ашёи хоми саноатӣ ва маводи доруворӣ, ки аз растанӣ ҳосил карда мешаванд;
- анборҳои махсус - анборҳое, ки барои гӯронидани пеститсидҳои мамнӯъ ё мӯҳлати истифодаашон гузашта, инчунин зарфҳои холии онҳо пешбинӣ гардидаанд;
- мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи муҳофизати растанӣ ҳамоҳанг ва танзим мекунад, инчунин назорати давлатиро дар соҳаи муҳофизати растаниҳо амалӣ месозад;
- чораҳои фитосанитарӣ - маҷмӯи чораҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани организмҳои зараррасон ва организмҳои махсусан хавфноки зараррасон ва паҳншавии онҳоро пешгирӣ менамояд;
- меъёрҳои фитосанитарӣ - андозаи бузургиҳои муқарраршуда, ки барои муайян намудани ҳаҷми чораҳои фитосанитарӣ истифода мешаванд;
- мониторинги фитосанитарӣ - системаи мушоҳидаҳо оид ба инкишоф ва густариши организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок, пешгӯӣ ва муқаррар намудани дараҷаи зарароварии онҳо.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо
Ба вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд:
- таъмини вазъи мусоиди фитосанитарӣ;
- пешгирӣ ва аз байн бурдани таъсири зарарноки пеститсидҳо ба саломатии инсон ва ҳайвонот, маҳсулоти кишоварзӣ ва муҳити зист ҳангоми амалӣ кардани чораҳои фитосанитарӣ;
- таъмини амнияти озуқаворӣ.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати растаниҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати растаниҳо мансубанд:
- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи барномаҳои соҳаи муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи номгӯи организмҳои зараррасони махсусан ҳавфнок;
- муайян намудани мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳофизати растаниҳо;
- анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо;
- дигар ваколатҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳофизати растаниҳо
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд:
- таҳияи барномаҳо дар соҳаи муҳофизати растаниҳо, тартиб додани номгӯи организмҳои зараррасони махсусан хавфнок, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва тасдиқи тавсия ва нишондодҳои дастурӣ доир ба андешидани чораҳои фитосанитарӣ;
- назорати риояи қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи пеститсидҳо, таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи муҳофизати растаниҳо;
- ташкили кор оид ба безараргардонии пеститсидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарию эпидемиологӣ;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба андешидани чораҳои фитосанитарӣ ва мониторинги организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок;
- ташкили хариди давлатии пеститсидҳо, кор ва хизматрасони оид ба нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, тақсимот ва истифодабарии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкили захираи давлатии пеститсидҳо;
- ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба амалӣ намудани чораҳои фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар амалигардонии барномаҳо, аз ҷумла барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд:
- фароҳам овардани шароит ба сохторҳои минтақавии мақоми ваколатдор барои иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо ва ҳифзи муҳити зист;
- сохтмон, истифодабарӣ ва дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани анборҳои махсус;
- ташкили чорабиниҳои безараргардонии пеститсидҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ё дигар шахсони ҳуқуқӣ харида мешаванд.
Моддаи 7. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо
1. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои зерин ташкил карда мешаванд:
- мониторинги фитосанитарии организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок;
- озмоишҳои истеҳсолии пеститсидҳое, ки барои бақайдгирӣ тавассути озмоишии онҳо дар шароити истеҳсолӣ тавсия шудаанд;
- санҷиши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади муайян кардани миқдори боқимондаи пеститсидҳо, нитратҳо, нитритҳо ва намакҳои металлҳои вазнини таркиби онҳо.
2. Мониторинги фитосанитарии организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ба инҳисори давлатӣ мансуб аст.
3. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо баҳисобгирии фитосанитариро ба роҳ монда, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдор ҳисобот пешниҳод менамоянд.
БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФИТОСАНИТАРӢ
Моддаи 8. Вазифаҳои назорати давлатии фитосанитарӣ
Назорати давлатии фитосанитарӣ чунин вазифаҳоро пешбинӣ менамояд:
- назорати фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати растаниҳо;
- ташкил ва назорати иҷрои мониторинги фитосанитарӣ ва чораҳои фитосанитарӣ;
- ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии фитосанитарӣ бо тартиби муқарраргардида;
- ошкор ва пешгирӣ намудани вайронкуниҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати растаниҳо;
- назорат оид ба гузаронидани озмоишҳои истеҳсолӣ ва бақайдгирии пеститсидҳо;
- назорати безараргардонии пеститсидҳо;
- назорати ҳолати анборҳои махсус.
Моддаи 9. Таҳия ва татбиқи чораҳои фитосанитарӣ
1. Чораҳои фитосанитарӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд:
- дар асоси принсипҳои асосноки илмӣ;
- дар асоси стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- ба андозаи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, растанӣ ва ҳайвонот зарурӣ;
- бо мақсади пешгирии худсарона ё беасоси поймолкунии ҳуқуқи истеҳсолкунандагоне, ки шароити комилан мутобиқ ё монанд байни онҳо афзалият дорад, аз ҷумла дар ҳудуди давлати худ ва ё ҳудуди дигар давлати манфиатдор;
- дар асоси арзёбии хатари ба ҳаёт ва саломатии инсон, растаниҳо ё ҳайвонот таҳдидкунандае, ки тибқи методологияи ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ гузаронда мешавад.
2. Чораҳои фитосанитарӣ набояд тавре татбиқ шаванд, ки боиси маҳдудсозии ниҳонии савдои байналмилалӣ гарданд.
3. Ҳангоми арзёбии хатари ба ҳаёт ва саломатии инсон, растаниҳо ё ҳайвонот дар рафти таҳия ва татбиқи чораҳои фитосанитарӣ таҳдидкунанда мақоми ваколатдор бояд ҳолатҳои зеринро ба инобат гирад:
- мавҷудияти далелҳои илмӣ;
- усулҳои дахлдори истеҳсол ва коркард;
- усулҳои дахлдори назорат, гирифтани намуна ва озмоиш;
- дараҷаи паҳншавии ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегонаи мушаххас;
- мавҷудияти минтақаҳои аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озод;
- шароитҳои мувофиқи экологӣ, чораҳои карантинӣ ва дигар чораҳо;
- омилҳои дахлдори иқтисодӣ, аз ҷумла зарари имконпазир аз камшавии ҳаҷми истеҳсол ё фурӯш ҳангоми ворид шудан, макон гирифтан ва паҳн гардидани ягон ҳашароти зараррасон, касалӣ ё алафи бегона, хароҷоти мубориза бар зидди онҳо ва нобуд сохтани онҳо, таносуби нисбии хароҷот ва самаранокии усулҳои алтернативии маҳдудсозии хатар.
4. Дар мавриди кофӣ набудани далелҳои дахлдори илмӣ мақоми ваколатдор дар асоси иттилооти муносиб, иттилооти аз ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ дастрасшуда, инчунин бо назардошти иттилоот дар бораи чораҳои фитосанитарии татбиқшудаи дигар мамлакатҳо метавонад муваққатан чораҳои фитосанитариро ҷорӣ намояд.
5. Чораҳои фитосанитарӣ бо назардошти хусусиятҳои фитосанитарии кишварҳо ва воҳидҳои марзиву маъмурии он, ки маҳсулотро баровардаанд ва ё маҳсулот барои онҳо таъин шудааст, ҳамчунин бо назардошти хусусиятҳои фитосанитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои марзиву маъмурии он татбиқ карда мешаванд.
6. Дар рафти арзёбии хусусиятҳои фитосанитарии минтақа мақоми ваколатдор дар қатори дигар омилҳо дараҷаи паҳншавии ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона, мавҷудияти барномаи мубориза бар зидди онҳо ё нобудсозии онҳо ва меъёру дастурҳои муносиби ташкилотҳои дахлдори байналмилалиро ба инобат мегирад.
7. Мақоми ваколатдор, аз ҷумла консепсияи минтақаи аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озод ва минтақаеро, ки дар онҳо ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона кам паҳн шудаанд, эътироф менамояд. Ҳангоми муайян намудани чунин минтақаҳо омилҳои ҷуғрофӣ, системаҳои экологӣ, назорати эпидемиологӣ, самаранокии назорати санитарӣ ва фитосанитарӣ ба асос гирифта мешаванд.
8. Мамлакатҳои содиркунанда, ки минтақаҳои дар ҳудудашон бударо минтақаҳои аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озод ё минтақаҳои ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона кам паҳншуда эълон намудаанд, дар ин хусус ба мақомоти дахлдор далелҳои тасдиқкунанда пешниҳод менамоянд, то холисона нишон диҳанд, ки чунин минтақаҳо дар ҳақиқат минтақаҳои аз ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона озоданд ва ё минтақаҳое мебошанд, ки дар онҳо ҳашароти зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона кам паҳн шудаанд ва эҳтимоли қавӣ ҳаст, ки ба сифати чунин минтақаҳо боқӣ мемонанд.
9. Мақоми ваколатдор метавонад нисбат ба чораҳои дар асоси стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ таҳияшуда чораҳои фитосанитарие татбиқ намояд, ки дараҷаи баландтари муҳофизати фитосанитариро таъмин мекунанд, агар дар хусуси муносиб будани дараҷаи мазкури муҳофизати фитосанитарӣ далелҳои дахлдори илман асонок мавҷуд бошанд.
Моддаи 10. Шаффофияти қоидаҳои фитосанитарӣ
1. Қоидаҳои қабулшудаи фитосанитарӣ бо мақсади ба тарафҳои манфиатдор додани имконият барои шиносоӣ бетаъхир нашр карда мешаванд.
2. Ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир байни нашри ҳама гуна қоидаи фитосанитарӣ ва эътибор пайдо намудани он фосилаи муносиби вақт пешбинӣ мегардад, то ин ки ба истеҳсолкунандагон барои мувофиқ намудани маҳсулоти худ ва усулҳои истеҳсоли он ба талаботи муайяннамудаи мақоми ваколатдор имконият дода шавад.
3. Мақоми ваколатдор тавассути маркази иттилоотӣ оид ба масъалаҳои фитосанитарӣ ба саволҳои муносиби тарафҳои манфиатдор бояд ҷавоб диҳад, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои дахлдори зеринро пешниҳод намояд:
- ҳама гуна қоидаҳои фитосанитарие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд ё таҳия мешаванд;
- ҳама гуна расмиёти назорат, қоидаҳои истеҳсол ва карантин, расмиёти маъқул донистани дараҷаи имконпазири пеститсидҳо ва иловаҳои ғизоие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;
- расмиёти арзёбии хатар, омилҳои дар ин маврид ба назар гирифташаванда, инчунин муайян кардани дараҷаи зарурии муҳофизати фитосанитарӣ;
- узвият ва иштирок дар ташкилотҳо ва системаҳои фитосанитарии байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дар созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба.
4. Дар мавриди мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ ё тафовути зиёд доштани мазмуни чораҳои андешидашавандаи фитосанитарӣ ва мазмуни стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ ва агар ин чораҳо ба савдо таъсири ҷиддӣ расонанд, мақоми ваколатдор бояд:
- оид ба нияти ҷорӣ намудани чораҳои мушаххас дар марҳалаи аввали омодасозии онҳо хабарнома чоп намояд, то ба тарафҳои манфиатдор барои бо онҳо шинос шудан имконият дода шавад;
- тарафҳои манфиатдорро дар хусуси маҳсулоте, ки бо ин чораҳо фаро гирифта мешаванд, қаблан огоҳ намояд ва дар огоҳнома мақсад ва сабабҳои ҷорӣ намудани чораҳои таҳияшударо мухтасар нишон диҳад;
- бо дархости мақомоти салоҳиятдори кишварҳои дигар матни ҳуҷҷатҳои таҳияшавандаро ба қадри имкон бо дарҷи фаслҳое, ки аз стандартҳо, дастурҳо ё тавсияҳои дахлдори байналмилалӣ моҳиятан фарқ доранд, пешниҳод намояд;
- ба тарафҳои манфиатдор барои омода кардани эродномаҳо дар намуди хаттӣ вақту имконияти баробар диҳад, мувофиқи дархост ин эродномаҳоро муҳокима намояд, эродҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳоро ба эътибор гирад.
5. Дар ҳолатҳое, ки зарурати таъхирнопазири ҳифзи саломатӣ пайдо мешавад ё воқеан пайдо шуда метавонад, мақоми ваколатдор бо салоҳдиди худ ҳуқуқ дорад муқаррароти қисми 4 моддаи мазкурро иҷро накунад, ба шарте ки вай:
- тарафҳои манфиатдорро дар бораи чораи мушаххас ва маҳсулоти бо он фарогирифташуда бетаъхир огоҳ созад ва дар огоҳнома мақсаду сабабҳои ҷорӣ кардани танзим, аз ҷумла моҳияти масъалаи (масъалаҳои) ҳалталаби таъхирнопазирро мухтасар нишон диҳад;
- бо дархости мақомоти салоҳиятдори дигар кишварҳо матни ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд;
- ба тарафҳои манфиатдор барои таҳия намудани эродномаҳо дар намуди хаттӣ имконият диҳад, мувофиқи дархост ин эродномаҳоро муҳокима намояд, эродҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳоро ба инобат гирад.
Моддаи 11. Ҳамарзишии чораҳои фитосанитарӣ
1. Мақоми ваколатдор чораҳои фитосанитарии мамлакатҳои дигарро чун чораҳои ҳамарзиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда эътироф мекунад, агар мамлакати содиркунанда ба мақоми ваколатдор холисона нишон дода тавонад, ки ин чораҳо дараҷаи зарурии муҳофизати фитосанитариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
2. Тартиб ва шартҳои эътироф намудани ҳамарзишии чораҳои мушаххаси санитарӣ ё фитосанитарӣ тибқи созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба баъд аз баргузории машваратҳои дахлдор бо мамлакатҳои манфиатдор муайян карда мешаванд.
Моддаи 12. Расмиёти назорати фитосанитарӣ ва маъқул донистан
1. Расмиёти назорати фитосанитарӣ ва маъқул донистан амалӣ мегарданд:
- бидуни таъхири беасос ва ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати маҳсулоти воридшаванда дар қиёс ба ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ;
- дар асоси иттилооти дархостшудаи камтарин, ки барои амалисозии расмиёти назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан зарур мебошад;
- бо огоҳ намудани дархосткунанда дар бораи мӯҳлати анҷоми расмиёт дар асоси маълумоти чопшуда оид ба давомнокии маъмули расмиёт ё бо талаби дархосткунанда, дар бораи марҳалаи иҷрои расмиёт бо шарҳи ҳама гуна таъхир;
- бо иттилоотонии дархосткунанда дар бораи камбудиҳои имконпазири ҳуҷҷатҳо ва натиҷаҳои расмиёт бо мақсади рафъи онҳо дар мавриди зарурӣ;
- бо риояи махфияти иттилоот дар бораи маҳсулоти воридшаванда, ки зимни анҷом додани расмиёти назорат ва маъқул донистан ошкор мегардад ё ба даст оварда мешавад, на камтар аз оне ки нисбати маҳсулоти ватанӣ риоя мегардад ва тавре ки манфиатҳои қонунии тиҷоратӣ ҳифз карда шаванд;
- ба шарте, ки ҳама гуна талабот оид ба назорат ва маъқул донистани намунаҳои алоҳидаи маҳсулот бо он ки асоснок ва зарур мебошанд, маҳдуд карда шаванд;
- бо шарте, ки ҳама гуна боҷи тибқи расмиёти нисбати маҳсулоти воридотӣ татбиқшаванда ҳисоб кардашуда, бо ҳар як боҷе, ки аз ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ ё маҳсулоти дар қаламрави дигар кишварҳо истеҳсолшуда ситонида мешавад, баробар бошад ва аз арзиши воқеии хизматрасониҳо зиёд набошад;
- ҳангоми гузаронидани расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулоти воридшаванда меъёрҳое татбиқ мегарданд, ки барои маҳсулоти ватанӣ истифода шудаанд, то ин ки ногувориҳо барои дархосткунандагон, воридкунандагон, содиркунандагон ё намояндагони онҳо ба ҳадди ниҳоӣ кам карда шаванд.
2. Агар пас аз гузаронидани расмиёти назорат ва бозрасӣ ба тавсифоти маҳсулот вобаста ба талаботи татбиқшаванда тағйирот ворид карда шавад, расмиёт нисбати маҳсулоти таҷдидшуда бо пайдо кардани эътимоди кофӣ, ки барои муайян сохтани мутобиқати ин маҳсулот чун пештара ба қоидаҳои муносиб зарур мебошад, маҳдуд карда мешавад.
Моддаи 13. Объектҳое, ки мавриди назорати давлатии фитосанитарӣ қарор мегиранд
Объектҳое, ки мавриди назорати давлатии фитосанитарӣ қарор мегиранд, инҳо мебошанд:
- объектҳои таъиноти кишоварзӣ, қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, дигар ҳудудҳое, ки макони зисти организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок мебошанд, инчунин маҳсулоти растанипарварӣ;
- организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок;
- воситаҳои махсус ва пеститсидҳо, ки барои гузаронидани чораҳои фитосанитарӣ истифода бурда мешаванд;
- анборҳои махсус.
БОБИ 4. ТАЛАБОТ ОИД БА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 14. ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба пешгирии паҳншавии организмҳои зараррасон
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо ба объектҳои назорати давлатии фитосанитарӣ вобаста аст, ӯҳдадоранд:
- бо мақсади пешгирии паҳншавии организмҳои зараррасон дар ҳудудҳои худ мониторинги фитосанитарӣ баранд ва чораҳои фитосанитарӣ андешанд;
- қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодабарии пеститсидҳоро риоя намоянд;
- амру фармоишҳои нозирони давлатиро доир ба муҳофизати растаниҳо иҷро намоянд;
- ба нозирони давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо дар иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати растаниҳо мусоидат намоянд;
- ҷиҳати безарар гардонидани пеститсидҳо чораҳо андешанд;
- баҳисобгирии фитосанитариро ба роҳ монанд ва ба мақоми ваколадор ҳисобот пешниҳод намоянд.
Моддаи 15. Захираи давлатии пеститсидҳо
1. Захираи давдатии пеститсидҳо ҳаҷми муайяни мунтазам навшавандаи пеститсидҳо буда моликияти давлатӣ ҳисобида мешавад ва дар ихтиёри мақоми ваколатдор қарор дорад.
2. Захираи давлатии пеститсидҳо барои барҳам додани ҳолатҳои ғайричашмдошт оммавӣ паҳн шудани организмҳои зараррасони махсусан хавфнок пешбинӣ карда мешавад.
3. Захира аз ҳисоби ҳаҷми пеститсидҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ харидоришуда дар асоси мониторинг ва баҳисобгириии фитосанитарии ҳолати фитосанитарии бавуқӯъомада ташкил карда мешавад:
4. Меъёри захираи намудҳои пеститсидҳо ва тартиби истифодабарии онҳоро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.
Моддаи 16. Меъёрҳои фитосанитарӣ
1. Меъёрҳои фитосанитарӣ моҳияти имконпазири миқдорӣ ва (ё) сифатии нишондиҳандаҳоро, ки вазъияти фитосанитариро аз нуқтаи назари бехатарии он барои маҳсулоти растанипарварӣ ва объектҳои таъиноти кишоварзӣ тавсиф медиҳад, муайян месозанд.
2. Меъёрҳои фитосанитарӣ дар асоси тадқиқотҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд ва талаботи моддаҳои 10 ва 12 Қонуни мазкур муқаррар мегарданд.
3. Меъёрҳои фитосанитарӣ барои пешгӯӣ ва банақшагирии холисонаи ҳаҷми чораҳои фитосанитарӣ, инчунин пешгӯии имконияти афзоиш ва паҳншавии оммавии организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ва нобуд сохтани онҳо асос мебошанд.
4. Меъёрҳои фитосанитарӣ барои гузаронидани назорати давлатии фитосанитарӣ аз ҷониби нозирони давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо асос мебошанд.
Моддаи 17. Тартиби безараргардонии пеститсидҳо
1. Тартиби безараргардонии пеститсидҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарию эпидемиологӣ муайян карда мешавад.
2. Барои безараргардонии пеститсидҳо анборҳои махсус истифода карда мешаванд.
3. Иҷозат барои сохтмони анборҳои махсус, инчунин барои безараргардонии пеститсидҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба назорати санитарию эпидемиологӣ дода мешавад.
4. Ҷойгиронии мақсадноки анборҳои махсус дар минтақаҳо ва теъдоди онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор ва дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарию эпидемиологӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолият оид ба омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисону кормандони соҳаи муҳофизати растаниҳо
1. Мақоми ваколатдор гузаронидани тадқиқотҳои илмии амалиро дар соҳаи муҳофизати растаниҳо ташкил, ҳамоҳанг ва назорат карда, усул ва тавсияҳоро оид ба анҷом додани чорабиниҳои фитосанитарӣ, ки дар натиҷаи тадқиқотҳо таҳия мешаванд, тасдиқ менамояд.
2. Барномаҳои омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон ва кормандони соҳаи муҳофизати растаниҳо бо мақоми ваколатдор мувофиқа карда мешаванд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
16 апрели соли 2012 № 817
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати растаниҳо"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати растаниҳо" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2011, № 640
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати растаниҳо"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи муҳофизати растаниҳо" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати растаниҳо" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 291