×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 810 "Дар бораи нотариати давлатӣ"

Санаи амалкуни: 16.12.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №4, мод.260; с.2013, №6, мод.408; с.2017, №5, қ.1, мод.295; с. 2019, №6, мод.317)

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 970, аз 30.05.2017 № 1438, аз 20.06.2019 № 1615, аз 25.06.2021 № 1788, аз 08.06.2022 № 1877, аз 13.11.2023 № 1989)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии нотариати давлатӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти нотариалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳоро дар соҳаи амалишавии фаъолияти нотариати давлатӣ танзим менамояд.

ФАСЛИ I. АСОСҲОИ ТАШКИЛИВУ ҲУҚУҚИИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- нотариати давлатӣ - сохтори мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳифз менамояд;

- нотариуси давлатӣ (сарнотариуси давлатӣ, нотариусони калони давлатӣ, нотариусони давлатӣ, нотариусони калони давлатии бойгонидор, нотариусони давлатии бойгонидор) - шахси мансабдорест, ки дар асоси Қонуни мазкур барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;

- фаъолияти нотариалӣ - фаъолияти ҳуқуқие, ки онро нотариусони давлатӣ ва дигар шахсони мансабдори барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ваколатдоркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ менамоянд;

- амалиёти нотариалӣ - амалҳои аҳамияти ҳуқуқидоштаи нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор оид ба тасдиқи фактҳои бебаҳс, воқеияти ҳуқуқӣ, тасдиқи ҳуҷҷатҳо, ба ҳуҷҷатҳо додани қувваи собитнокӣ ва иҷрои дигар амалиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи идораи фаъолияти нотариалӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд;

- шахсони ваколатдор - шахсони мансабдоре, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ҳуқуқи ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро доранд;

- феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ - маҷмӯи маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, ки дар феҳристҳои нотариалӣ бо тартиби ягонаи муқарраршуда навишта мешаванд;

- низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ - низоми иттилоотие, ки барои худкоркунии равандҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот дар бораи фаъолияти нотариалӣ ва таъмини мубодилаи иттилоот пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877);

- навиштаҷоти тасдиқкунанда - навиштаҷоте, ки онро нотариуси давлатӣ дар ҳуҷҷати муайян ба ҷо меоварад ва он аз тасдиқи амалиёти мазкур шаҳодат медиҳад.

Моддаи 2. Шахсоне, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд

Ҳуқуқи ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро мутобиқи Қонуни мазкур шахсони зерин доранд:

- нотариусони давлатие, ки дар идораҳои нотариалии давлатӣ амалиёти нотариалиро ба ҷо меоранд (нотариусони давлатӣ);

- раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот;

- шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ваколатдор карда шудаанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

Моддаи 4. Фаъолияти нотариалӣ

1. Фаъолияти нотариалӣ, ин ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, пеш бурдани коргузорӣ, маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ ва дигар амалҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро дар бар мегирад.

2. Ҳуҷҷатҳои ба тариқи нотариалӣ ба расмият даровардашуда, кафолати собитнокӣ ва эътирофи оммавиро доранд.

3. Амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дигар давлатҳо аз тарафи шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 5. Назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ

(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788)

1. Назорати фаъолияти нотариалӣ марбут ба риояи коргузории нотариалӣ дар идораҳои нотариалии давлатӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

2. Фаъолияти нотариусҳои давлатӣ дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор, аз рӯи арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷида мешавад. Санҷиш аз рӯи арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шикоят ва пешниҳоди мушаххас гузаронида мешавад.

3. Фаъолияти нотариуси давлатие, ки бори аввал ба вазифаи нотариуси давлатӣ таъин шудааст, дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор пас аз як соли фаъолияташ санҷида мешавад.

4. Санҷиши фаъолияти нотариусони давлатӣ мумкин аст пеш аз ба итмом расидани мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ гузаронида шавад.

5. Ҳангоми дар фаъолияти нотариуси давлатӣ ошкор намудани камбудӣ бо супориши роҳбари мақоми ваколатдор санҷиши такрорӣ гузаронидан мумкин аст.

6. Мақоми ваколатдор назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ менамояд. Санҷиш аз ҷониби мақоми ваколатдор мустақилона ва ё якҷо бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

Моддаи 6. Вазифаҳои нотариуси давлатӣ

Вазифаҳои нотариуси давлатӣ таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳои давлат бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Моддаи 7. Принсипҳои фаъолияти нотариалӣ

Фаъолияти нотариалӣ дар асоси принсипҳои қонуният, мустақилият, махфӣ будани амалиёти нотариалӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 8. Қонуният дар амалигардонии фаъолияти нотариалӣ

1. Нотариусони давлатӣ ва ё шахсони ваколатдор ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ мегиранд (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

2. Нотариусони давлатӣ ва (ё) шахсони ваколатдор ӯҳдадоранд ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро тибқи талаботи қисми 1 моддаи 47 Қонуни мазкур рад намоянд.

Моддаи 9. Мустақилият ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

1. Дар фаъолияти худ нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мустақиланд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.

2. Фишороварӣ ба нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда манъ аст ва шахсоне, ки ин гуна амалҳоро содир намудаанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 10. Махфӣ будани амалиёти нотариалӣ

1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ махфӣ будани амалиёти нотариалии барои онҳо баҷоовардашуда кафолат дода мешавад. Нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ӯҳдадоранд махфӣ будани амалиёти нотариалии баҷоовардашударо риоя намоянд. Таъмини махфӣ будани амалиёти нотариалӣ инчунин барои шахсоне, ки фаъолияти худро ба сифати нотариуси давлатӣ ва коромӯз қатъ намудаанд, ҳатмӣ мебошад.

2. Маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ маҳфузанд, танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз номи онҳо, ба номи онҳо ё бо супориши онҳо ин ҳуҷҷат ба расмият дароварда шудааст ё ин ки ба шахсони ваколатдорнамудаи онҳо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. Маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ маҳфузанд, инчунин дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877):

- бо талаби суд вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ё иқтисодии дар истеҳсолотбуда;

- ба мақомоти прокуратура, тафтишот ва таҳқиқ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятие, ки дар истеҳсолоташон мебошанд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 970, аз 25.06.2021 № 1788);

- ба иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба истеҳсолоти иҷро (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1615).

4. Гирифтани нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо ва феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, ба истиснои ҳолатҳои ба вуҷуд омадани зарурати таъини экспертизаи ҳуҷҷатҳо, манъ аст. Ин ҳуҷҷатҳо танҳо дар асоси санади дахлдор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

5. Ҳуҷҷатҳои аслии нотариалӣ ва феҳристҳои сабти амалиёти нотариалӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идораҳои нотариалии давлатӣ гирифта шудаанд, ба онҳо баргардонида мешаванд.

6. Нотариусони давлатӣ ҳуқуқ надоранд то кушодани мерос маълумотеро, ки аз матни васиятнома бармеоянд, ошкор намоянд. Маълумот дар бораи васиятнома, нусхаи дуюм ва нусхаҳои васиятнома ба шахсони манфиатдор танҳо баъди вафоти васияткунанда бо пешниҳод намудани шаҳодатнома дар бораи вафоти васияткунанда дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

7. Пешниҳоди маълумот (ҳуҷҷат) ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи аҳд ва амалиётҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28 Қонуни мазкур пешбинишуда ошкорсозии сирри амалиёти нотариалӣ намебошад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

8. Қоидаҳои риояи махфӣ будани амалиёти нотариалӣ, инчунин ба шахсоне дахл доранд, ки ба онҳо сирри амалиёти нотариалӣ вобаста ба иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ маълум гардидааст.

9. Шахсе, ки сирри амалиёти нотариалии ба ҷо овардашударо ошкор месозад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

Моддаи 11. Забони коргузории нотариалӣ

1. Коргузории фаъолияти нотариалӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад.

2. Агар шахсони барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда забони давлатиро надонанд, матни ҳуҷҷатҳои дахлдор ба онҳо аз тарафи нотариуси давлатӣ, шахсони ваколатдор ё тарҷумони касбӣ тарҷума карда мешавад.

3. Матни ҳуҷҷатҳои тасдиқшавандаи нотариалӣ бо забони давлатӣ тартиб дода шуда, бо хоҳиши шахсони муроҷиаткунанда ё ҳангоми зарурат он метавонад бо тарҷума ба дигар забон тартиб дода шавад.

4. Коргузории фаъолияти нотариалӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба забони коргузории фаъолияти ин мақомот сурат мегирад.

Моддаи 12. Маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

1. Амалиёти нотариалӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар бинои идораи нотариалии давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд. Мақоми ваколатдор метавонад маҳалли дигари ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро муайян намояд.

2. Дар мавридҳое, ки шахс бо сабаби беморӣ, маъюбӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок ба бинои идораи нотариалии давлатӣ ҳозир шуда наметавонад, бо хоҳиши ӯ амалиёти нотариалӣ мумкин аст дар маҳалле, ки ин шахс қарор дорад, ба ҷо оварда шаванд.

3. Маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз ҷониби шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд, муқаррар мекунад.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуқуқ доранд ба нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии интихобнамудаи худ муроҷиат намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур маҳалли муайяни ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 13. Идораи нотариалии давлатӣ

1. Идораи нотариалии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдор дар шаҳру ноҳияҳо таъсис ва барҳам дода мешавад. Дар шаҳрҳои калон ва шаҳрҳое, ки дар ҳудуди худ якчанд ноҳияҳо доранд, дар худуди ҳар як ноҳияи шаҳр ё як қисми он метавонанд идораҳои нотариалии давлатии алоҳида таъсис дода шаванд.

2. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе саридораи нотариалии давлатӣ таъсис дода мешавад. Саридораи нотариалии давлатӣ, дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти нотариалиро дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор анҷом медиҳад. Ба саридораи нотариалии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор ба ҷо овардани амалиёти нотариалии мураккаб вогузор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. Идораҳои нотариалии давлатӣ воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдор буда, ҳуқуқ доранд дар суд бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор иштирок кунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

4. Шумораи кормандони идораҳои нотариалии давлатиро дар доираи фонди музди меҳнати муқарраргардида мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд.

5. Талабот нисбат ба кормандони техникии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби фаъолияти онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 14. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)
Моддаи 15. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ

1. Дар назди саридораи нотариалии давлатӣ ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳои маркази вилоятҳо аз тарафи мақоми ваколатдор бойгониҳои мутамарказонидашудаи идораҳои нотариалии давлатӣ таъсис дода мешаванд.

2. Муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои нотариалӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол мебошад.

3. Тартиби фаъолияти бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои нотариалиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

4. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ мӯҳри худро бо сабти номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мӯҳри нотариуси давлатии бойгонидорро, ки дар он вазифа, насаб, ном ва номи падари вай сабт карда шудааст, доранд.

Моддаи 16. Роҳбарии идораҳои нотариалии давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

Роҳбарии саридораи нотариалии давлатиро сарнотариуси давлатӣ ва дигар идораҳои нотариалии давлатиро мувофиқан нотариусони калони давлатӣ ва нотариусони давлатӣ дар асоси Қонуни мазкур, низомномаи саридораи нотариалии давлатӣ ва дастурамали мансабӣ анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 17. Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатиро роҳбари мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.

2. Асосҳои аз мансаб озод намудани нотариуси давлатӣ ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- дар давоми як сол бо гуноҳи нотариуси давлатӣ тавассути санади судӣ беэътибор ҳисобидани се ва зиёда аз он амалиёти нотариалӣ;

- гум кардани мӯҳри дорои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мӯҳри дорои насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатӣ ва ё ба шахси дигар додани онҳо;

- гум кардан ё ба шахси дигар додани бланкаи дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршудаи барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешбинишуда;

- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

Моддаи 18. Боздоштани фаъолияти нотариуси давлатӣ

Фаъолияти нотариуси давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бо асосҳои зерин боздошта мешавад:

- дар мавриди иштироки нотариусони давлатӣ дар интихобот ба сифати номзад ба вакилии мақоми намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар мавриди аз тарафи суд баровардани қарор дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани нотариуси давлатӣ;

- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 19. Коргузорӣ ва ҳисобот дар идораҳои нотариалии давлатӣ

1. Коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд.

2. Идораҳои нотариалии давлатӣ дар бораи фаъолияти худ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор ҳисоботи оморӣ месупоранд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 20. Мӯҳр, штамп, бланкаҳои идораи нотариалии давлатӣ

Идораи нотариалии давлатӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор мебошад.

БОБИ 1(1) НИЗОМИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТИ НОТАРИАЛӢ

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

Моддаи 20(1). Муқаррароти умумии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ

1. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ маълумот дар бораи амалиёти баҷоовардашуда ва маълумоти дигареро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дар бар мегирад.

2. Дастрасӣ ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ, ба ғайр аз нотариусони давлатӣ, ба шахсони ваколатдори пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

3. Нотариусони давлатӣ ва шахсони дигаре, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ дастрасӣ доранд, инчунин шахсоне, ки ба зиммаи онҳо таъмин ва нигоҳдории низоми мазкур вогузор карда шудааст, уҳдадоранд махфӣ будани амалиёти нотариалиро, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намоянд.

4. Ҳифзи маълумоти дар низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ мавҷудбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

5. Қоидаҳои истифодаи низоми ягонаи иттилооти нотариалиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини ҳифзи иттилоот мақоми ваколатдор муайян мекунад.

6. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ ба мақоми ваколатдор тааллуқ дорад. Мақоми ваколатдор метавонад низоми ягонаи иттилооти нотариалиро барои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот истифода барад.

Моддаи 20(2). Мундариҷаи низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ

1. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ иборат аст аз:

- феҳристи электронии сабти амалиёти нотариалӣ;

- феҳристи баҳисобгирии парвандаҳои меросӣ;

- феҳристи баҳисобгирии васиятномаҳо, тағйир ва бекоркунии онҳо.

2. Низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ дорои маълумоти дигар, аз ҷумла маълумоти дорои хусусияти иттилоотӣ, ёрирасон, таҳлилӣ, ки ба фаъолияти нотариалӣ алоқаманданд, мебошад.

3. Тартиби пешбурди феҳристҳои низоми ягонаи иттилооти нотариалиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи таъмини ҳифзи иттилоот мақоми ваколатдор муайян мекунад.

4. Шакли ҳисобот дар бораи фаъолияти низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад.

5. Номутобиқатии байни маълумоти дар низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ мавҷудбуда ва маълумоти дар ҳуҷҷати тасдиқгардидаи нотариалӣ ҷойдошта бо тартиби пешбининамудаи моддаи 44 Қонуни мазкур бартараф карда мешаванд.

Моддаи 20(3). Ворид намудани маълумот ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ

1. Нотариусони давлатӣ ва шахсони дигаре, ки дар моддаи 2 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, уҳдадоранд ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ маълумоти зеринро ворид кунанд:

- дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ҳангоми сабти онҳо дар феҳристи электронии сабти амалиёти нотариалии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ;

- дар бораи кушодани мерос ҳангоми ворид гардидани аризаҳое, ки барои кушодани парвандаи меросӣ асос мебошанд;

- дар бораи баҳисобгирии васиятномаҳо, тағйир ва бекоркунии онҳо;

- маълумоти дигарро мутобиқи қисми 2 моддаи 202 Қонуни мазкур.

2. Маълумот дар бораи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ба феҳристи электронии сабти амалиёти нотариалии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ бетаъхир ворид карда мешаванд.

3. Маълумот дар бораи кушодани мерос ба феҳристи баҳисобгирии парвандаҳои меросии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ на дертар аз рӯзи дигари кории пас аз гирифтани аризаҳои дахлдор ворид карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

БОБИ 2. МАБЛАҒГУЗОРИИ ИДОРАҲОИ НОТАРИАЛИИ ДАВЛАТӢ, СИТОНИДАНИ БОҶИ ДАВЛАТӢ БАРОИ БА ҶО ОВАРДАНИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ИЛОВАГИИ ҲУҚУҚӢ

Моддаи 21. Маблағгузории идораҳои нотариалии давлатӣ

Идораҳои нотариалии давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки бо тартиби муқарраргардида аз хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ворид мешаванд, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Моддаи 22. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

1. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

2. Амалиёти нотариалиро нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор танҳо баъди аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани боҷи давлатӣ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун ба ҷо меоранд. Дар ҳуҷҷати тасдиқшудаи нотариалӣ нотариуси давлатӣ андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳоро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1989).

3. Нотариусони давлатӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок, ки бо ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ алоқаманданд, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ғайринақдӣ маблағ меситонанд. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1989).

4. Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок бо роҳи пардохти маблағ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1989).

5. Дар ҳолате, ки нотариуси давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ берун аз идораи нотариалӣ меравад, аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии манфиатдор хароҷоти воқеии нақлиётӣ ҷуброн карда мешавад.

6. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти консулӣ меситонанд.

Моддаи 23. Музди меҳнати нотариуси давлатӣ

Музди меҳнати нотариуси давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" муайян карда мешавад. Инчунин, ба нотариуси давлатӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подошпулӣ дода мешавад.

БОБИ 3. НОТАРИУСИ ДАВЛАТӢ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ӯ

Моддаи 24. Нотариуси давлатӣ

1. Ба мансаби нотариуси давлатӣ шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад ва ҳадди ақал се сол собиқаи кории касбӣ дошта, ба сифати коромӯз дар идораи нотариалии давлатӣ фаъолият карда, имтиҳони тахассусисиро супорида бошад (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

2. Таъин намудан ба мансаби нотариуси давлатӣ тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", "Дар бораи муқовимат ба коррупсия", "Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

4. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

Моддаи 25. Коромӯзӣ дар нотариати давлатӣ

1. Шахсоне, ки бори аввал ё баъди танаффуси зиёда аз се солаи фаъолияти нотариалӣ ба мансаби нотариуси давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешаванд, ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ дар идораи нотариалии давлатӣ коромӯзӣ мегузаранд. Тартиб ва давомнокии коромӯзиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

2. Шахс пас аз ба итмом расидани мӯҳлати коромӯзӣ имтиҳони тахассусӣ месупорад. Агар ӯ бо сабабҳои узрнок имтиҳони тахассусиро супорида натавонад, мӯҳлати коромӯзӣ на бештар аз се моҳ тамдид карда мешавад.

3. Бо шахсе, ки имтиҳони тахассусиро супорида натавонистааст, муносибати меҳнатӣ қатъ карда мешавад.

Моддаи 26. Комиссияи тахассусӣ

1. Комиссияи тахассусии назди мақоми ваколатдор бо мақсади қабули имтиҳонҳои тахассусӣ таъсис дода мешавад.

2. Тартиби таъсиси комиссияи тахассусӣ, ҳайат, фаъолият ва ваколатҳои онро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

3. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

4. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои нотариуси давлатӣ

Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад:

- амалиёти нотариалии пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ӯ муроҷиат намудаанд, ба ҷо оварад;

- лоиҳаи аҳдҳо, аризаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро тартиб диҳад;

- нусхаи хуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳоро тайёр кунад;

- оид ба масъалаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ маслиҳатҳо диҳад;

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳуҷҷат ва маълумоти барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруриро дархост кунад;

- аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.

Моддаи 28. ӯҳдадориҳои нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст:

- амалиёти нотариалиро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти нотариалиро танзим менамоянд, ба ҷо оварад;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз оқибатҳои ҳуқуқии амалиёти нотариалии баҷоовардашаванда огоҳ намояд, то ин ки надонистани оқибатҳои ҳуқуқӣ бар зарари манфиатҳои онҳо истифода карда нашавад;

- махфӣ будани маълумотеро, ки ҳангоми ба ҷо овардани фаъолияти касбиаш ба ӯ маълум гаштааст, нигоҳ дорад;

- дар сурати ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф будани амалиёти нотариалӣ, ба ҷо овардани онро рад намояд;

- тартиби қабули шаҳрвандон ва намояндаҳои шахсони ҳуқуқиро риоя намояд;

- ба мақоми ваколатдор оид ба шикоятҳое, ки нисбати фаъолияти ӯ оварда шудаанд, дар бораи амалиёти нотариалии ба ҷо овардашуда маълумот ва дар ҳолатҳои зарурӣ баёноти шахсии худро, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои риоя нагардидани одоби касбӣ пешниҳод намояд, инчунин фармоиш ва супоришҳои роҳбари мақоми ваколатдор, идораҳои нотариалии давлатиро оид ба ташкили кор иҷро намояд;

- дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти вобаста ба хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шартномаи лизинг, аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудрат, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигаҳдошт, комиссия, идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк, хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо ба маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин оид ба аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист ва аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ба маблағи баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар диҳад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

- тахассуси касбии худро мунтазам такмил диҳад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877);

- талаботи пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"- ро иҷро намояд.

2. Зараре, ки дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии нотариуси давлатӣ расонида шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 29. Мӯҳри нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатӣ дорои мӯҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, номи пурраи идораи нотариалии давлатӣ, мансаб, насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатӣ сабт шудааст. Гирифтани мӯҳри нотариуси давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 моддаи мазкур ё ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

2. Мӯҳр мувофиқи стандарт ва намунаи ягона бо дархости мақоми ваколатдор тайёр карда мешавад.

3. Нақши мӯҳр ва намунаи имзои нотариуси давлатӣ дар мақоми ваколатдор маҳфуз дошта мешаванд.

4. Нотариуси давлатӣ ҳангоми боздоштани фаъолияташ бояд тибқи моддаи 18 Қонуни мазкур барои нигоҳдории муваққатӣ мӯҳрашро ба шахси ваколатдори мақоми ваколатдор супорад.

5. Дар мавриди аз мансаб озод шудани нотариуси давлатӣ вай ӯҳдадор аст бетаъхир мӯҳрашро ба шахси ваколатдори мақоми ваколатдор супорад. Дар ҳолати аз супоридани мӯҳр саркашӣ намудан, нотариуси давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 30. Маҳдудият дар фаъолияти нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатӣ наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, ба мақомоти намояндагӣ интихоб гардад, узви ҳизбҳои сиёсӣ бошад, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

2. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад амалиёти нотариалиеро анҷом диҳад, ки натиҷаи анҷоми ин амалиёт барои ӯ манфиати молу мулкӣ ё манфиати дигари шахсӣ дошта бошад.

3. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад ба номи худ ва аз номи худ ба ном ва аз номи хешовандони наздик - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, инчунин аз ном ва ба номи кормандони идораи нотариалии давлатии дахлдор амалиёти нотариалиро анҷом диҳад.

4. Амалиёти нотариалии дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида аз ҷониби нотариуси давлатии дигар идораи нотариалии давлатӣ бо тартиби муқарраркардаи мақоми ваколатдор ба ҷо оварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 31. Савганди нотариуси давлатӣ

1. Шахсе, ки ба мансаби нотариуси давлатӣ бори аввал таъин гардидааст, бо чунин мазмун савганд ёд мекунад: "Ман, (насаб, ном ва номи падар) тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаҳои нотариуси давлатиро аз рӯи қонун ва виҷдон иҷро менамоям, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, манфиатҳои давлатро ҳимоя мекунам, махфӣ будани амалиёти нотариалиро нигоҳ медорам, ҳамеша покизагии унвони нотариусро ҳифз менамоям.".

2. Нотариуси давлатӣ дар зери матни савганд имзо мегузорад, ки он дар делои шахсии нотариуси давлатӣ маҳфуз дошта мешавад.

3. Шахсе, ки савганд ёд накардааст, вазифаи нотариуси давлатиро иҷро карда наметавонад.

4. Тартиби савганд ёд карданро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

ФАСЛИ II. АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ ВА ТАРТИБИ БА ҶО ОВАРДАНИ ОНҲО

БОБИ 4. АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛИЕ, КИ НОТАРИУСОНИ ДАВЛАТӢ ВА ШАХСОНИ ВАКОЛАТДОР БА ҶО МЕОВАРАНД

Моддаи 32. Амалиёти нотариалие, ки нотариусони давлатӣ ба ҷо меоваранд

1. Нотариусони давлатӣ амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

- аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо, ӯҳдадориҳо, розигиҳоеро, ки мазмуни онҳо аҳди яктарафаро ифода мекунанд ва розигиҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалии онҳоро ҳатмӣ кардааст ва дигар аҳдҳо)-ро тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877);

- васиятномаҳои махфиро қабул ва эълон менамоянд;

- ваколати иҷрокунандаи васиятномаро тасдиқ менамоянд;

- барои ҳифзи молу мулки меросӣ чораҳо меандешанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мерос медиҳанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар медиҳанд;

- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877);

- аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо гузошташударо тасдиқ мекунанд;

- дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ мекунанд;

- воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахсро тасдиқ мекунанд;

- айнияти шахсро бо шахси дар сурат аксёфта тасдиқ менамоянд;

- вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;

- аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ месупоранд;

- маблағи пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;

- навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меоваранд;

- эътирозҳоро оид ба векселҳо ба ҷо меоваранд;

- чекҳоро барои пардохт пешниҳод мекунанд ва напардохтани чекҳоро тасдиқ менамоянд;

- ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;

- далелҳоро таъмин мекунанд;

- шаҳодатномаҳо дар бораи ҳуқуқи моликият медиҳанд;

- розигии зан ё шавҳарро вобаста ба аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, тасдиқ мекунанд.

2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи нотариусҳои давлатӣ иҷрои дигар амалиёти нотариалиро вогузор намояд.

Моддаи 33. Амалиёти нотариалие, ки раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба ҷо меоваранд

1. Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

- васиятномаҳоро тасдиқ мекунанд;

- ваколатномаҳоро, ба истиснои ваколатнома оид ба идора ва ихтиёрдорӣ кардани воситаҳои нақлиёт, молу мулки ғайриманқул тасдиқ мекунанд;

- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд.

2. Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳоеро, ки барои истифода берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, тасдиқ намоянд.

Моддаи 34. Амалиёти нотариалие, ки шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд

1. Шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

- аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва ғайраҳо)- ро тасдиқ менамоянд, ба истиснои шартномаҳо дар бораи молу мулки ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд;

- бо супориши нотариуси давлатӣ барои ҳифз ё идоракунии молу мулки ба меросмонда чораҳо меандешанд;

- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд;

- далелҳоро таъмин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

2. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ки дигар амалиёти нотариалие пешбинӣ карда шаванд, ки шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд.

Моддаи 35. Тасдиқи васиятнома ва ваколатномаҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар карда мешаванд

1. Ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар карда мешаванд:

- васиятнома ва ваколатномаҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ, таълимгоҳҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, ки дар он ҷо нотариуси давлатӣ ва шахсони мансабдори ваколатдори иҷрокунандаи амалиёти нотариалӣ нестанд, ҳамчунин васиятнома ва ваколатномаи коргарон, хизматчиён, аҳли оилаи онҳо, аҳли оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва аз ҷониби командирони (сардорони) ин қисмҳои ҳарбӣ ва таълимгоҳҳо тасдиқ карда шудаанд;

- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ қарордошта, ки аз тарафи сардорони ин муассисаҳо тасдиқ карда шудаанд;

- васиятнома ва ваколатномаи шахсоне, ки дар киштиҳои баҳрӣ шино карда истодаанд ё дар киштиҳои обии таҳти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шинокунанда, ки аз тарафи капитанҳои ин киштиҳо тасдиқ карда шудаанд;

- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар экспедитсияҳои ҷустуҷӯӣ фаъолияткунанда, ки аз ҷониби сардорони ин экспедитсияҳо тасдиқ карда шудаанд;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

2. Васиятномаҳои тасдиқшавандаи дар моддаи мазкур пешбинишударо бояд васияткунанда дар ҳузури як шоҳид имзо намояд ва шоҳид низ бояд дар ин васиятнома имзо гузорад.

Моддаи 36. Ба нотариуси давлатӣ супоридани як нусхаи васиятномае, ки шахсони ваколатдор тасдиқ кардаанд

1. Шахсони ваколатдор, ки дар моддаҳои 33, 34 ва 35 Қонуни мазкур номбар карда шудаанд, ӯҳдадоранд дар муддати даҳ рӯз аз рӯзи тасдиқ намудани васиятнома, агар дар ин мӯҳлат бо сабабҳои узрнок ғайриимкон бошад, дар сурати пайдо шудани чунин имконият фавран як нусхаи васиятномаи тасдиқшударо барои нигоҳдорӣ ба идораи нотариалии давлатии маҳалли истиқомати васияткунанда фиристонанд.

2. Дар ҳолати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли доимии истиқомат надоштани васияткунанда ё номаълум будани маҳалли истиқомати ӯ васиятнома ба идораи нотариалии давлатие фиристонида мешавад, ки мақоми ваколатдор муайян кардааст.

3. Нотариуси давлатӣ вазифадор аст, ки васиятномаи тасдиқшудаи ба ӯ барои нигоҳдорӣ воридшударо тафтиш намояд ва дар сурати муқаррар намудани номувофиқатии он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин бора ба васияткунанда ва шахси ваколатдор, ки васиятномаро тасдиқ намудааст, барои дуруст тасдиқ намудани он ба таври хаттӣ хабар диҳад.

4. Барои зараре, ки ба меросхӯр (меросхӯрон) бо сабаби сари вақт насупоридани васиятномаи тасдиқшуда расонида шудааст, шахси ваколатдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

БОБИ 5. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ БА ҶО ОВАРДАНИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ

Моддаи 37. Тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

Тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд, муқаррар мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 38. Мӯҳлатҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, мӯҳлат ва асосҳои мавқуф гузоштан ва боздоштани амалиёти нотариалӣ

1. Амалиёти нотариалӣ дар рӯзи пешниҳод кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ин амалиёт зарурбуда ва пардохти боҷи давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалии мураккаб, мӯҳлати мазкур мумкин аст то панҷ рӯз тамдид карда шавад.

2. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро дар сурати зарурати талаб карда гирифтани маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё ба экспертиза фиристонидани ҳуҷҷатҳо ва шубҳа кардани нотариуси давлатӣ оид ба қобили амал будани тарафҳои аҳд мавқуф гузоштан мумкин аст.

3. Мӯҳлати мавқуф гузоштани иҷрои амалиёти нотариалӣ аз рӯзи баровардани қарор дар бораи мавқуф гузоштан, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз гирифтани ҳуҷҷатҳо ва натиҷаи экспертиза вобастагӣ дорад, аз як моҳ зиёд буда наметавонад.

4. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ дар ҳолатҳои ба миён омадани баҳс оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда то ба суд муроҷиат намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси аризаи шахси манфиатдор мумкин аст ба мӯҳлати даҳ рӯз боздошта шавад. Агар дар давоми ин мӯҳлат дар бораи ба истеҳсолоти судӣ ворид шудани ариза хабар нарасад, амалиёти нотариалӣ ба ҷо оварда мешаванд. Дар сурати аз суд гирифтани хабар дар бораи ворид гардидани аризаи шахси манфиатдоре, ки ҳуқуқ ё далелеро баҳс менамояд ва шахси дигари манфиатдор тасдиқ кардани онро хоҳиш мекунад, ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ то аз тарафи суд баррасӣ намудани парванда боздошта мешавад.

5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мавқуф гузоштан ва боздоштани ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ асосҳои дигарро низ муқаррар карда метавонад.

Моддаи 39. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва муқаррар намудани шахсияти шахсоне, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат мекунанд

1. Ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ нотариуси давлатӣ шахсияти шахс, намояндаи ӯ ё намояндаи шахси ҳуқуқиро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат намудааст, муқаррар менамояд.

2. Муқарраркунии шахсият бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 40. Санҷиши қобилияти амали шахсони воқеӣ ва қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқии иштирокчии аҳдҳо

1. Дар мавриди тасдиқ намудани аҳдҳо дар навбати аввал қобилияти амали шахсони воқеӣ ва қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқӣ санҷида мешаванд.

2. Ҳангоми санҷиши қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқие, ки ҳамчун тарафи аҳд иштирок мекунанд, нотариусҳои давлатӣ вазифадоранд, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, аз ҷумла шаҳодатнома, иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагии онҳоро талаб намуда, мутобиқати амали мазкурро ба талаботи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ санҷиш намоянд.

3. Амалиёти нотариалие, ки аз номи шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии онҳо ба ҷо оварда мешаванд, набояд хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ё низомномаи онҳо бошанд.

4. Ваколати намояндаро ваколатномае, ки ба номи ӯ дода шудааст, тасдиқ менамояд.

5. Нотариусҳои давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ, ки оиннома ё низомнома ба онҳо ваколат додааст, ваколатнома талаб намекунанд. Дар ин мавридҳо танҳо ҳуҷҷате талаб карда мешавад, ки ваколати мансабии онҳоро тасдиқ мекунад.

6. Агар шахси ҳуқуқиро мақоми дастаҷамъии интихобшаванда идора намояд, аз роҳбари ин шахси ҳуқуқӣ бояд дар бораи интихоб шудани шахсони мансабдор ва тақсими вазифаҳо дар байни онҳо ҳуҷҷат талаб карда шавад.

Моддаи 41. Имзогузорӣ ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

1. Аҳдҳо, ҳуҷҷатҳои дигари ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда ва дигар ҳуҷҷатҳо бояд дар ҳузури нотариуси давлатӣ аз тарафи шахси воқеӣ, намояндаи ӯ, намояндаи шахси ҳуқуқӣ имзо карда шаванд. Дар баробари имзо мумкин аст насаб, ном ва номи падар низ шахсан аз тарафи имзокунандагон навишта шавад. Нотариуси давлатӣ вазифадор аст пеш аз имзо гузоштан, шинос шудани иштирокчиёни аҳдро бо матни ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқшаванда таъмин намояд. Бо хоҳиши тарафҳо мумкин аст матни ҳуҷҷат ба онҳо хонда шавад, ки дар ин бора дар аҳди тасдиқшаванда ишора мегардад.

2. Агар шахс бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ, бесаводӣ ё сабабҳои дигар шахсан дар ҳуҷҷат имзо карда натавонад, бо хоҳиши ӯ, дар ҳузури вай ва нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатро метавонад шахси дигари интихобнамудааш имзо кунад, бо нишон додани сабабҳое, ки дар натиҷаи онҳо ҳуҷҷат бо дасти худи шахси барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда имзо шуда наметавонист. Ҳамчунин, бо хоҳиши муроҷиаткунанда, матни ҳуҷҷати тасдиқкардашуда ба ӯ хонда дода шуда, дар ин бора дар матни ҳуҷҷат қайд карда мешавад.

3. Агар шахси кар, гунг ё кару гунги барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткарда бесавод бошад, ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бояд шахси аз тарафи ин шахс интихобкарда ё тарҷумони забони имову ишора ҳузур дошта бошад, ки вай бо ӯ гуфтугӯ карда тавонад ва бо имзои худ тасдиқ намояд, ки мазмуни аҳд, ариза ё дигар ҳуҷҷати тасдиқшавандаи нотариалӣ бо хоҳиши шахси кар, гунг ё кару гунги дар амалиёти нотариалӣ иштироккунанда мувофиқат мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 42. Дархост намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд

1. Нотариусҳои давлатӣ ва шахсони ваколатдоре, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоранд, ҳуқуқ доранд аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, дархост намоянд.

2. Маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, бояд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз аз санаи ворид шудани дархост пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. Бо талаби нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор дар мӯҳлати муайяннамудаи Қонуни мазкур пешниҳод накардани маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои мавқуф гузоштан, боздоштан ва ё рад кардани амалиёти нотариалӣ асос шуда метавонад.

Моддаи 43. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешниҳод мешаванд

1. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда намешаванд:

- ҳуҷҷатҳое, ки калимаҳои тозакардашуда ё ислоҳкардашуда, навиштаҷоти иловагӣ, калимаҳои хатзадашуда, ҳуҷҷатҳои бо қалам навишташуда ва дигар ислоҳҳои бе шарҳу эзоҳ доранд;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877);

- ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи осеб дидан ё сабабҳои дигар қисми матн ё нишонаҳои ҳуҷҷат (санаи қабул ё тартиб додани он, имзои шахси мансабдор ё мӯҳри он) хонда нашаванд;

- ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд.

2. Ҳуҷҷатҳое, ки хаҷмашон аз як варақ зиёд мебошанд, бояд ресмонбандӣ ва рақамгузорӣ шуда, аз тарафи шахси ваколатдор имзо ва бо мӯҳри дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд.

Моддаи 44. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда мешаванд

1. Матни аҳдҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшаванда ва иқтибос аз онҳо, дигар ҳуҷҷатҳои нотариалӣ бояд возеҳ, дақиқ навишта шуда, сана ва мӯҳлатҳое, ки ба мазмуни аҳдҳои тасдиқшаванда тааллуқ доранд, бояд ақаллан як маротиба бо калимаҳо навишта шуда, номи пурраи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахсон пурра бо ишораи суроғаи онҳо нишон дода шуда бошанд.

2. Ҳангоми дар ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқкардашуда ошкор гардидани хатоҳои имлоӣ, грамматикӣ ё техникӣ (арифметикӣ), нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад бе тағйир додани мазмун ва моҳияти ҳуҷҷати тасдиқкардашуда ва дар мавриди ҷой надоштани баҳс ва манъ набудани он, дар асоси аризаи шахси манфиатдор хатогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. Ислоҳот ба ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқшуда бо роҳи ислоҳи бевоситаи матни ҳуҷҷат ё бо қабули қарори дахлдор ворид карда мешаванд. Тартиби ворид намудани ислоҳот ба ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқшуда тибқи қоидаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 45. Додани шаҳодатномаҳо ва ба ҷо овардани навиштаҷоти тасдиқкунанда

1. Оид ба тасдиқи ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар, тасдиқи воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахс, айнияти шахс бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, қабули ҳуҷҷатҳо барои маҳфуз доштан, супоридани аризаҳо, таъини сардори ваколатдор, таъини муҳофизи молу мулки меросӣ шаҳодатномаҳои дахлдор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

2. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳо, аслияти имзо, дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз як забон ба забони дигар, тасдиқи навиштаҷоти иҷроия, вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, навиштаҷоти тасдиқкунанда дар ҳуҷҷатҳои дахлдор аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдор тасдиқ кардааст, бо гузоштани мӯҳри нотариуси давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. Барои тасдиқи ба ҷо овардани эътироз нисбат ба векселҳо ва напардохтани маблағи чекҳо санад тартиб дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

4. Ҳангоми таъмин кардани далелҳо ва эълони васиятномаи махфӣ протокол тартиб дода мешавад.

5. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба амалиёти нотариалӣ ва рад намудани амалиёти нотариалӣ қарор қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 46. Сабти амалиёти нотариалӣ

1. Ҳамаи амалиёти нотариалӣ дар феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ қайд карда мешаванд. Ба ҳар як амалиёти нотариалии баҷоовардашуда рақами тартибии алоҳида гузошта мешавад. Рақаме, ки таҳти он амалиёти нотариалӣ дар феҳрист сабт карда шудааст, дар ҳуҷҷатҳое, ки нотариуси давлатӣ медиҳад, нишон дода мешавад.

2. Амалиёти нотариалӣ баъди пурра пардохт намудани боҷи давлатӣ ва аз мавриди дар феҳрист сабт намудани баҷооварда ҳисобида мешавад.

3. Шакли феҳристҳо барои сабти амалиёти нотариалӣ ва навиштаҷоти тасдиқкунандаро мақоми ваколатдор муқаррар мекунад.

4. Дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари феҳристҳо барои сабти амалиёти нотариалӣ, феҳристи низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ амал мекунад, ки шакл ва тартиби сабти амалиёти нотариалиро дар ин феҳристҳо мақоми ваколатдор муқаррар мекунад(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 47. Рад кардани баҷооварии амалиёти нотариалӣ

1. Нотариуси давлатӣ баҷооварии амалиёти нотариалиро рад мекунад, агар:

- ба ҷо овардани ин гуна амалиёт хилофи қонун ва манфиати давлат бошад;

- амалиёт дар дигар идораи нотариалии давлатӣ ба ҷо оварда шавад;

- бо хоҳиши ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ шахси ғайри қобили амал ё намояндае муроҷиат карда бошад, ки ваколатҳои дахлдор надорад;

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877);

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877);

- ҳуҷҷатҳои барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунанд.

2. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахсе, ки ба вай дар ба ҷо оварда шудани амалиёти нотариалӣ рад карда шудааст, бояд дар шакли хаттӣ сабабҳои радро баён намояд ва тартиби аз болои ин рад шикоят карданро фаҳмонида диҳад. Дар ин мавридҳо нотариуси давлатӣ аз рӯзи муроҷиат дар бораи баҷооварии амалиёти нотариалӣ на дертар аз ҳафт рӯз дар бораи рад намудани баҷооварии амалиёти нотариалӣ қарор қабул менамояд.

Моддаи 48. Шикоят аз болои амалиёти нотариалӣ ё рад намудани ба ҷо овардани онҳо ва тартиби баррасии баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбад

1. Шахси манфиатдоре, ки амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ё рад карда шудани баҷооварии амалиёти нотариалиро нодуруст меҳисобад, ҳуқуқ дорад дар ин бора ба суди маҳалли ҷойгиршавии идораи нотариалии давлатӣ шикоят намояд.

2. Баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки байни шахсони манфиатдор ба вуҷуд омадаанд ва ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбанд, бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

БОБИ 6. ҚОИДАҲОИ БА ҶО ОВАРДАНИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ

Моддаи 49. Аҳдҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда мешаванд

1. Нотариусҳои давлатӣ ва шахсони ваколатдор аҳдҳоеро тасдиқ мекунанд, ки барои онҳо қонунгузорӣ шакли ҳатмии нотариалии ба ҷо овардани ин амалиётро муқаррар кардааст.

2. Бо хоҳиши шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нотариуси давлатӣ метавонад дигар аҳдҳоеро низ тасдиқ намояд, ки барои онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи ҳатмии нотариалиро муқаррар накардааст.

Моддаи 50. Тасдиқ намудани аҳдҳо дар бораи бегонакунии молу мулк

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

1. Нотариусҳои давлатӣ аҳдҳоро дар бораи бегонакунии молу мулк, ки моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ тааллуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

2. Тасдиқ намудани аҳд дар бораи бегонакунии мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ба ҷо оварда мешавад, агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

3. Дар мавриде, ки агар молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ зарурати қайди давлатиро талаб намоянд, аҳд дар бораи бегонакунии ин молу мулк танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатии ҳуқуқ ба ин моликият тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

4. Шартномаҳо дар бораи бегонакунии молу мулке, ки бо тартиби нотариалӣ тасдиқ нашудаанд, ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда барои ба тариқи нотариалӣ тасдиқ кардани аҳдҳои бегонакунии молу мулк асос шуда наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

5. Аҳдҳо дар бораи бегонакунии молу мулки ғайриманқуле, ки андозбандӣ шуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ё шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи муқимӣ надоранд, тааллуқ дорад, танҳо дар сурати пардохти андози дахлдор тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877аз 13.11.2023 № 1989).

6. Шартномаҳо дар бораи бегонакунии молу мулки ғайриманкули таҳти ҳабс қарордошта танҳо пас аз бардоштани ҳабс тасдиқ карда мешаванд. Шартномаҳо дар бораи бегонакунии молу мулки ғайриманқул, ки нисбат ба онҳо манъкунӣ гузошта шудааст, танҳо бо розигии кредитор ва бадасторанда барои гузаронидани қарз ба бадасторанда тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

7. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 51. Тасдиқ намудани шартномаи гарав

1. Дар мавриде, ки агар молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ зарурати қайди давлатиро талаб намоянд, шартномаи гарави молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда бо сабти қайди давлатии дахлдори он тасдиқ карда мешавад.

2. Тасдиқ намудани шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ба ҷо оварда мешавад. Ҳангоми тасдиқи шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул қоидаҳои умумии дар моддаи 50 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ мегарданд.

Моддаи 52. Тасдиқ, тағйир ва бекор намудани васиятнома

1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор васиятномаро бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Инчунин нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор бекоркунӣ ва тағйирдиҳии васиятномаро тасдиқ мекунанд.

2. Тасдиқ намудани васиятнома тавассути намоянда ва аз номи ду ва зиёда васияткунанда роҳ дода намешавад.

3. Ҳангоми тасдиқ кардани васиятнома нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор аз васияткунанда пешниҳод намудани далели ба вай тааллуқ доштани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаро ба молу мулки васиятшаванда талаб намекунанд.

4. Васиятномае, ки нотариуси давлатӣ ва шахси ваколатдор аз забони васияткунанда дар ҳузури шоҳид тартиб додааст, баъди ба он имзо гузоштани васияткунанда ва шоҳид тасдиқ карда мешавад.

5. Тағйир ва бекор кардани васиятнома бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 53. Тасдиқ кардани ваколатномаҳо

1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор ваколатномаро аз номи як ё якчанд шахс ба номи як ё якчанд шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

2. Тасдиқ намудани ваколатнома бо тартиби такроран вогузор намудани ваколат роҳ дода намешавад.

3. Ваколатномае, ки бо тариқи ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода мешавад, танҳо баъди пешниҳод кардани ваколатномаи асосие, ки дар он ҳуқуқи ба каси дигар вогузор намудани ваколат қайд карда шудааст, ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шуда метавонад. Ваколатномае, ки ба тариқи ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода шудааст, набояд аз ваколатномаи асосӣ ваколату ҳуқуқи бештар дошта бошад. Мӯҳлати амали ваколатномаи мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат додашуда, набояд аз мӯҳлати амали ваколатномае, ки дар асоси он дода шудааст, зиёд бошад.

4. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 53(1). Тасдиқи уҳдадориҳо ва розигиҳо

(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор уҳдадориҳо ва розигиҳоеро, ки мазмуни онҳо аҳди яктарафаро ифода мекунанд ва розигиҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалии онҳоро ҳатмӣ кардааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 54. Шумораи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо матни аҳд баён карда мешавад

Шумораи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби нотариалӣ тасдиқ мешаванд аз рӯи шумораи тарафҳои иштироккунандаи аҳд муайян карда мешавад. Инчунин як нусхаи он дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 7. ҲИФЗИ МОЛУ МУЛКИ МЕРОСӢ

Моддаи 55. Ҳифзи молу мулки меросӣ

1. Нотариуси давлатӣ дар маҳалли кушодани мерос дар асоси аризаи ворис ё ворисон, иҷрокунандаи васиятнома, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти васоят ва парасторӣ ё шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳифзи молу мулки меросӣ, ки барои манфиати давлат, ворис, ворисон ё кредиторон зарур аст, чораҳо меандешад.

2. Агар молу мулки меросгузор ё қисми он дар маҳалли кушодани мерос набошад, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос ба идораи нотариалии давлатии ҷойи воқеияти молу мулки меросӣ дар бораи андешидани чораҳои ҳифзи он супориш мефиристад.

3. Нотариуси давлатии маҳалли воқеияти молу мулки меросӣ, ки барои ҳифзи молу мулки меросӣ чораҳо андешидааст, ба идораи нотариалии давлатии маҳалли кушодани мерос дар бораи андешидани чораҳои мазкур хабар медиҳад.

Моддаи 56. Хабардор кардани ворисон дар бораи мероси кушодашуда

1. Нотариуси давлатие, ки оид ба кушодани мерос маълумот гирифтааст, ӯҳдадор аст дар бораи он ворисонеро, ки ҷойи зист ё корашон ба вай маълум аст, хабардор намояд.

2. Нотариуси давлатӣ метавонад ворисонро бо роҳи эълони умумӣ ё дар ин бора нашр кардани хабар дар матбуот бо хоҳиш ва аз ҳисоби шахсони манфиатдор даъват намояд. Амалҳои мазкур дар мӯҳлати барои қабули мерос муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Моддаи 57. Барӯйхатгирии молу мулки меросӣ ва таъин кардани муҳофиз ё васӣ

1. Нотариуси давлатӣ барои ҳифзи молу мулки меросӣ онро ба рӯйхат мегирад ва барои ҳифз онро ба ворисон ё шахсони дигар месупорад. Барӯйхатгирӣ бо иштироки шахсони барои ҳифзи молу мулки меросӣ манфиатдор ва на камтар аз ду нафар шахси холис тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуда, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад.

2. Нотариуси давлатӣ ҳамаи молу мулки дар бино мавҷудбударо ба рӯйхат мегирад.

3. Молу мулк аз рӯйхат танҳо бо тартиби судӣ хориҷ карда мешавад.

4. Дар ҳолатҳое, ки ворисон ва шахсони дигар молу мулки меросиро барои барӯйхатгирӣ пешниҳод накунанд, молу мулки меросиро нобуд карда бошанд ё ин ки бо сабабҳои дигар барӯйхатгирии молу мулки меросӣ ё қабул кардани чораҳои зарурӣ ғайриимкон бошад, нотариуси давлатӣ дар ин бора санади дахлдор тартиб медиҳад.

5. Барӯйхатгирии молу мулки меросӣ бо тартиби муқарраркардаи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6. Агар дар таркиби мерос молу мулке бошад, ки идоракуниро талаб намояд ё ин ки дар ҳолати то меросро қабул кардани меросхӯрон даъво пешниҳод намудани кредиторҳо, нотариуси давлатӣ барои ҳифзи он муҳофизи молу мулкро таъин мекунад.

7. Муҳофиз ва дигар шахсоне, ки молу мулки меросӣ ба онҳо барои муҳофизат супорида шудааст (бовар карда дода шудааст), дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ ё исрофкории молу мулки меросӣ ва дар бораи ҷавобгарии моддӣ барои зарари расондашуда огоҳ карда мешаванд.

Моддаи 58. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ

1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ дар ҳолатҳое ба ҷо оварда мешавад, ки агар дар таркиби мерос молу мулки меросие мавҷуд бошад, ки нисбати он на танҳо ҳифз, балки идоракунии онҳо (корхона, комплекси молумулкӣ, ҳисса дар сармояи (пасандозҳои) оинномавии ҷамъияти хоҷагидорӣ, коғазҳои қиматнок, ҳуқуқҳои истисноӣ ва ғайра) талаб карда мешавад.

2. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ аз ҷониби нотариуси давлатӣ дар маҳалли кушодани мерос дар асоси аризаи шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи 55 Қонуни мазкур зикр шудаанд, таъсис дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ҳуқуқи муассисӣ ба иҷрокунандаи васиятнома тааллуқ дошта бошад. Барои идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ нотариуси давлатӣ ба сардори ваколатдор шаҳодатнома медиҳад.

3. Ҳангоми ба созиш наомадани ворисон дар бораи таъини сардори ваколатдор, сардори ваколатдор бо тартиби судӣ таъин карда мешавад.

Моддаи 59. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)
Моддаи 60. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)
Моддаи 61. Пардохти мукофот барои амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ

Пардохти мукофот барои амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ба сардори ваколатдор дар ҳаҷми муқарраркардаи созишномаи байни ворис (ворисон) ва сардори ваколатдор пардохта мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 62. Қатъи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ

1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ то қабули мерос аз ҷониби ворис ё ворисон, агар меросро онҳо қабул накарда бошанд, то ба охир расидани мӯҳлати қабули мерос, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, давом дода мешавад.

2. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, ки ворисонро дар бораи қатъи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ва дар сурати ба давлат гузаштани мерос, мақоми давлатии дахлдорро огоҳ намояд.

Моддаи 63. Қатъ гардидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ

1. Ҳифзи молу мулки меросӣ то вақти меросро қабул кардани ҳамаи ворисон ва агар он қабул карда нашуда бошад, то вақти ба охир расидани мӯҳлати қабули мерос, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, давом мекунад.

2. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, ки дар бораи қатъ гардидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ, меросхӯрон ва агар меросхӯрон набошанд, мақоми давлатии дахлдорро пешакӣ огоҳ намояд.

Моддаи 64. Додани маблағи пулӣ аз ҳисоби молу мулки меросӣ

1. Шахсе, ки барои нигоҳубини меросгузори бемор то вақти вафоти вай, ҳифзи мерос ва идораи он, ҳамчунин барои дафни меросгузор дар сурати набудани меросхӯре, ки мерос ба ӯ дода мешавад ё иҷрокунандаи васиятнома маблағи муайян хароҷот кардааст, ҳуқуқ дорад ба нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос барои барқарор кардани хароҷоти худ аз ҳисоби молу мулки меросӣ муроҷиат кунад. Дар ин маврид муроҷиаткунанда ба нотариуси давлатӣ оид ба хароҷоти кардааш бояд далели хаттӣ пешниҳод намояд.

2. Агар талаботи пешниҳодкардаи шахсро нотариуси давлатӣ қобили қабул ҳисобад, вай то вақти меросро қабул кардани меросхӯрон ва агар мерос қабул нашуда бошад, то вақти ба давлат додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дар бораи аз ҳисоби молу мулки меросӣ додани маблағҳои зерин супориш дода метавонад:

- барои пардохти хароҷоти нигоҳубини меросгузор дар вақти беморӣ, инчунин барои дафни ӯ;

- барои таъмини шахсоне, ки дар таъминоти меросгузор буданд;

- барои пардохти хароҷоти ҳифзи молу мулки меросӣ ва идоракунии он.

3. Дар сурати дар таркиби молу мулки меросӣ набудани маблағи пулӣ, нотариуси давлатӣ дар бораи додани ашё, ки арзиши он набояд аз маблағи хароҷоти воқеӣ зиёд бошад, супориш медиҳад. Зимнан аз ҳисоби молу мулки меросии ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт ба ин мақсад супориш дода намешавад.

БОБИ 8. ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН КАРДАНИ ВАСИЯТНОМАИ МАХФӢ

Моддаи 65. Қабул ва эълон кардани васиятномаи махфӣ

1. Нотариуси давлатӣ васиятномаи махфиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.

2. Ҳангоми аз ҷониби шахсони манфиатдор пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафоти меросгузор, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатӣ, ки дар он васиятномаи махфӣ маҳфуз дошта мешавад, марҳилаи эълон кардани васиятномаи махфиро оғоз мекунад.

3. Дар рӯз ва соати муқарраркардаи эълони васиятномаи махфӣ нотариуси давлатӣ бо салоҳдиди худ ду шахсро ҳамчун шоҳид дар мавриди эълони васиятномаи махфӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираи меросхӯроне, ки хоҳиши дар вақти эълон кардани васиятномаи махфӣ иштирок карданро доранд ва муносибатҳои хешу табориашонро бо меросгузор дар асоси ҳуҷҷат исбот карда метавонанд, даъват менамояд. Дар ҳолати набудани шоҳидон аз доираи меросхӯрони аз рӯи қонун муайянгардида ё даст кашидани онҳо аз иштирок намудан ҳангоми эълони васиятномаи махфӣ, нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад дигар шахсони холисро даъват намояд.

4. Протоколи эълони васиятномаи махфӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- сана ва ҷойи тартиб додани протокол;

- санаи гирифтани маълумот дар бораи кушодани мерос;

- санаи кушодани мерос;

- насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва вафот, ҷойи зисти охирини меросгузор;

- насаб, ном ва номи падари шоҳидон ва шахсони дигар, ки ҳангоми эълони васиятномаи махфӣ иштирок карданд;

- суроғаи идораи нотариалии давлатие, ки дар он ҷо васиятномаи махфӣ эълон карда мешавад;

- сабт намудани ҳолати лифофае, ки дар он лифофаи васиятномаи махфӣ мавҷуд аст ва ҳолати лифофае, ки дар он васиятномаи махфӣ мавҷуд аст.

5. Протоколи эълон кардани васиятномаи махфӣ аз тарафи нотариуси давлатӣ ва шоҳидон имзо карда шуда, дар он мӯҳри нотариуси давлатӣ гузошта мешавад.

6. Нусхаи аслии протокол дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигари он ба шахсони дар васиятномаи махфӣ нишондодашуда, ба шахсони аз мерос дасткашида, ҳамчунин ба иҷрокунандаи васиятнома бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур дода мешавад.

Моддаи 66. Тасдиқ намудани ваколати иҷрокунандаи васиятнома

1. Дар асоси аризаи хаттии иҷрокунандаи васиятнома (базиммагузорӣ) нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос ваколати ӯро, ки аз мазмуни васиятнома бармеояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

2. Ваколати иҷрокунандаи васиятнома аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқ карда мешавад, агар:

- дар парвандаи меросӣ васиятномае бошад, ки бекор карда нашудааст ва мувофиқи он иҷрои васиятнома ба зиммаи аризадиҳанда вогузор гардидааст;

- дар парвандаи меросӣ маълумот дар бораи аз тарафи суд озод кардани аризадиҳанда аз вазифаи иҷрокунандаи васиятнома набошад;

- розигии аризадиҳанда оид ба иҷрокунандаи васиятнома будан бояд дар матни васиятнома ё дар аризаи ба васиятнома замимашуда ифода ёфта бошад ё ин ки дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаи ба зиммаи ӯ вогузоршуда шурӯъ карда бошад.

БОБИ 9. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲУҚУҚ БА МЕРОС

Моддаи 67. Маҳал ва мӯҳлатҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос

1. Аз рӯи аризаи хаттии ворисон, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро медиҳад.

2. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дар мӯҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Моддаи 68. Кушодани мерос

1. Барои оғоз намудани парвандаи меросӣ инҳо асос шуда метавонанд:

- ариза оид ба қабули мерос ё даст кашидан аз он;

- ариза оид ба додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос;

- аризаи ҳамсари дар ҳаётмонда дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар;

- ариза оид ба андешидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ ё идораи он, талаботи кредиторони он ва дигар аризаҳои воридшуда, ки ба молу мулки меросӣ алоқаманданд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

2. Ҳуҷҷатҳои зикргардида дар парвандаи меросии идораи нотариалии давлатии маҳалли кушодани мерос нигоҳ дошта мешаванд. Ба парвандаи меросӣ инчунин ҳуҷҷатҳои дигари пешбиникардаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамроҳ карда мешаванд. Тартиби истеҳсолот вобаста ба парвандаи меросӣ тибқи қоидаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

Моддаи 69. Тартиби додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун

1. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба ворисоне, ки меросро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардаанд, дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун якҷоя ба ҳамаи ворисон ё ба ҳар як ворис алоҳида мувофиқи хоҳиши онҳо дода мешавад. Ворисоне, ки меросро дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун нагирифтаанд, ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун бо розигии ҳамаи дигар ворисоне, ки меросро қабул намудаанд, мумкин аст дохил карда шаванд. Ин розигӣ бояд то дода шудани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун дар шакли хаттӣ изҳор карда шавад.

3. Нотариуси давлатӣ дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба номи ноболиғи таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта ва ё вориси ғайри қобили амал ба мақомоти васояту парастории маҳалли истиқомати ворис барои ҳифзи манфиатҳои молумулкии ворис хабар медиҳад(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

4. Ҳангоми аз рӯи ҳуқуқи мерос ба давлат гузаштани молу мулки меросӣ, шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба мақоми давлатии дахлдор дода мешавад.

Моддаи 70. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун

1. Нотариуси давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун бо роҳи аз ворисон талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор, воқеияти вафоти меросгузор, вақт ва маҳалли кушодани мерос, мавҷудияти муносибатҳои хешовандӣ бо меросгузор, ки асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардани шахсоне мебошад, ки дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ариза додаанд ва таркиби молу мулки меросиеро, ки барои он шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дода мешавад, месанҷад.

2. Агар як ё якчанд ворис аз рӯи қонун аз имконияти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое маҳрум бошанд, ки онҳо асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардан мебошанд, онҳо бо розигии ҳамаи ворисоне, ки мерос гирифтаанд ва ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки онҳо асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардан мебошанд, мумкин аст ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дохил карда шаванд.

Моддаи 71. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома

Нотариуси давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома воқеияти вафоти меросгузор, мавҷуд будани васиятнома ё нусхаи протоколи эълон кардани васиятномаи махфӣ бо қайди он, ки бекор ё тағйир дода нашудааст, бо роҳи аз ворисон талаб кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор, вақт ва маҳалли кушодани мерос, таркиби молу мулки меросӣ, доираи шахсонеро, ки барои гирифтани ҳиссаи ҳатмии мерос ҳуқуқ доранд, месанҷад.

Моддаи 72. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ба молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад

1. Агар ба таркиби молу мулки меросӣ молу мулки ғайриманқул (як қисми он) дохил шавад, нотариуси давлатӣ дар бораи ба меросгузор тааллуқ доштани молу мулки ғайриманқул ҳуҷҷати ҳуқуқмуаяйнкунанда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатии ҳуқуқ ба ин молу мулк ва иқтибос аз варақаи бақайдгирии бақайдгирандаи ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

2. Дар ҳолати ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дохил намудани дигар молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад (воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, мотосикл, катер ва ғайра), нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳои ба меросгузор тааллуқ доштани ин молу мулкро месанҷад.

БОБИ 10. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ

Моддаи 73. Тартиби додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият

Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, аз тарафи нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии молу мулк дода мешавад.

Моддаи 74. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият

Барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба молу мулк ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Моддаи 75. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият аз рӯи аризаи якҷояи зану шавҳар

Нотариуси давлатӣ дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ба яке аз онҳо ё ба ҳардуяшон шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият барои аз ду як ҳиссаи молу мулки муштарак, ки моликияти якҷояи онҳо ҳисоб мешавад, медиҳад. Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба зану шавҳар мумкин аст ҳам дар давраи дар қайди никоҳ будан ва ҳам дар муддати се соли пас аз рӯзи бекор кардани ақди никоҳ дода шавад.

Моддаи 76. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафоти яке аз ҳамсарон

1. Дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон, шаҳодатномаи ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос аз рӯи аризаи ҳамсари дар ҳаётбуда бо огоҳкунии пешакии ворисони дигар медиҳад.

2. Ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар (агар дар аҳдномаи никоҳи байни онҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад) ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ақди никоҳи аризадиҳанда бо меросгузор, инчунин ҳуҷҷати дахлдори ба зан ё шавҳари вафоткарда тааллуқ доштани молу мулки дахлдор пешниҳод карда мешавад.

БОБИ 11. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)

БОБИ 12. ТАСДИҚ НАМУДАНИ НУСХАИ ҲУҶҶАТҲО ВА ИҚТИБОС АЗ ОНҲО, АСЛИЯТИ ИМЗО ВА ДУРУСТИИ ТАРҶУМА

Моддаи 79. Тасдиқ кардани дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташуда

1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо, ки аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дода шудаанд, ба шарте тасдиқ мекунад, ки ин ҳуҷҷатҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд, аҳамияти ҳуқуқӣ дошта бошанд ва тасдиқ кардани нусха ва иқтибоси онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877).

2. Нотариуси давлатӣ дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки калимаҳои тозакардашуда, ислоҳкардашуда, навиштаҷоти иловагӣ, калимаҳои хатзадашуда, ҳуҷҷатҳоеро, ки матнаш бо сабаби фарсуда шудан хонда нашавад ва дигар ислоҳҳои бе шарҳу эзоҳ доранд, инчунин ҳуҷҷатҳои бо қалам навишташударо тасдиқ намекунад.

3. Нотариуси давлатӣ дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳои бо забонҳои хориҷӣ тартибдодашударо танҳо дар ҳолати пешниҳоди тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, тасдиқ мекунад.

4. Дурустии нусхаи ҳуҷҷати аз тарафи шахс пешниҳодшуда, дар он маврид тасдиқ карда мешавад, ки аслияти имзои шахс дар он ба тариқи нотариалӣ дасдиқ карда шуда бошад.

5. Дурустии иқтибоси аз ҳуҷҷатҳо гирифташуда танҳо дар он ҳолат тасдиқ карда мешавад, ки агар ҳуҷҷати аз он иқтибос гирифташуда якчанд масъалаи ҷудогонаи байни ҳам алоқа надоштаро дар бар гирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. Иқтибос бояд матни пурраи қисми ҳуҷҷатро аз рӯи масъалаи муайян дар бар гирад.

Моддаи 80. Тасдиқ кардани дурустии нусха аз нусхаи ҳуҷҷат

Дурустии нусхаи аз нусхаи ҳуҷҷат гирифташударо нотариуси давлатӣ ба шарте тасдиқ карда метавонад, ки дурустии нусха ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шуда бошад ё нусхаи ҳуҷҷатро шахси ҳуқуқие додааст, ки асли ҳуҷҷатро худи ин шахси ҳуқуқӣ дода бошад. Дар ин маврид нусхаи ҳуҷҷат бояд дар бланкаи расмии ҳамин шахси ҳуқуқӣ тайёр гардида, бо мӯҳр тасдиқ ва дар он зикр шуда бошад, ки асли ҳуҷҷат дар ҳуҷҷатҳои коргузории шахси ҳуқуқӣ маҳфуз мебошад. Ҳамчунин он бояд бо имзои роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва бо мӯҳри он тасдиқ карда шуда бошад.

Моддаи 81. Тасдиқ кардани аслияти имзо

1. Нотариуси давлатӣ аслияти имзоро дар ҳуҷҷате тасдиқ мекунад, ки мазмуни он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нест ва он мазмуни аҳдро ифода намекунад.

2. Дар аҳд танҳо аслияти имзои шахсе тасдиқ карда мешавад, ки онро шахси мазкур ба ҷои шахси дигаре, ки бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ, бесаводӣ ё сабабҳои дигар бо дасти худ имзо карда наметавонад, имзо карда бошад.

3. Нотариуси давлатӣ, ки аслияти имзоро тасдиқ менамояд, аслияти воқеиятҳои дар ҳуҷҷат баёншавандаро тасдиқ намекунад, фақат ҳаминро тасдиқ менамояд, ки имзоро шахси дахлдор гузоштааст.

Моддаи 82. Тасдиқ кардани дурустии тарҷума аз як забон ба забони дигар

1. Нотариуси давлатӣ дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатро аз як забон ба забони дигар ба шарте тасдиқ мекунад, агар ӯ забони дахлдорро донад.

2. Агар нотариуси давлатӣ забони дахлдорро надонад, тарҷумаи ҳуҷҷатро тарҷумон анҷом дода метавонад, ки аслияти имзои ӯро нотариуси давлатӣ тасдиқ мекунад.

Моддаи 83. Додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд

1. Дар сурати гум кардан ё фарсуда шудани (хонда нашудан ва ғайра) ҳуҷҷатҳои бо тартиби нотариалӣ тасдиқшудае, ки як нусхаи аслиашон дар идораҳои нотариалии давлатӣ ва ё бойгониҳои идораҳои нотариадии давлатӣ маҳфузанд, бо дархости (аризаи) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндагони қонунии онҳо нусхаи дуюми (дубликати) ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи Сарнотариуси давлатӣ ё муовини ӯ, нотариусони калони давлатӣ, дар идораҳои нотариалии давлатие, ки як нотариуси давлатӣ кор мекунад аз тарафи нотариуси давлатӣ ва дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ аз тарафи нотариуси калони давлатии бойгонидор дода мешаванд.

2. Нусхаи дуюми (дубликати) ваколатномаҳо дода намешавад.

3. Нусхаи дуюми (дубликати) васиятнома баъди вафоти васияткунанда ба ворисоне, ки ӯ дар васиятномааш муайян кардааст ва иҷрокунандаи васиятнома дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафот дода мешавад.

БОБИ 13. ТАЪМИНИ ДАЛЕЛҲО

Моддаи 84. Таъмини далелҳо

1. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахсони манфиатдор далелҳоеро таъмин мекунад, ки дар мавриди оғоз намудани парванда дар мақомоти судӣ ё дигар мақомот зарур мешаванд, агар эҳтимолияти ғайриимкон ё душвор гардидани пешниҳоди онҳо вуҷуд дошта бошад.

2. Нотариуси давлатӣ дар он маврид далелҳоро таъмин намекунад, ки агар онҳо дар лаҳзаи муроҷиати шахсони манфиатдор дар баррасии суд, мақомоти тафтиш ё таҳқиқ қарор дошта бошанд.

Моддаи 85. Амалҳо оид ба таъмин кардани далелҳо

1. Нотариуси давлатӣ ҷиҳати таъмин кардани далелҳо дар ҳолатҳои зарурӣ шоҳидонро мепурсад, далелҳои хаттӣ ва шайъиро аз назар мегузаронад ва экспертизаи дахлдор таъин менамояд.

2. Ҳангоми иҷрои амалиёт оид ба таъмин кардани далелҳо нотариуси давлатӣ меъёрҳои қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Нотариуси давлатӣ дар бораи вақт ва маҳалли таъмин намудани далелҳо ба тарафи дигар ва шахсони манфиатдор хабар медиҳад, вале ҳозир нашудани онҳо барои иҷро кардани амалиёт оид ба таъмин кардани далелҳо монеъ шуда наметавонад.

4. Таъмин кардани далелҳо бе огоҳ намудани яке аз тарафҳо ва шахсони манфиатдор танҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир ё дар мавридҳое амалӣ карда мешавад, ки агар муайян намудани иштироки минбаъдаи шахс вобаста ба ин ё он парванда ғайриимкон бошад.

БОБИ 14. ТАСДИҚИ ВОҚЕИЯТ, СУПОРИДАНИ АРИЗАИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ БА ДИГАР ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Моддаи 86. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҳаёт будани шахс

1. Нотариуси давлатӣ воқеияти дар ҳаёт будани шахсро тасдиқ мекунад.

2. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҳаёт будани шахси ноболиғ бо хоҳиши намояндаи қонунии вай (падару модар, фарзандхондкардагон, васӣ ё парастор), инчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.

3. Ҳангоми тасдиқи воқеияти мазкур нотариуси давлатӣ ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад.

Моддаи 87. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҷойи муайян будани шахс

1. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахс воқеияти дар ҷойи муайян будани вайро тасдиқ мекунад.

2. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҷойи муайян будани шахси ноболиғ бо хоҳиши падар ё модари вай ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, васӣ ё парастор, инчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.

Моддаи 88. Тасдиқ кардани айнияти шахс бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст

1. Нотариуси давлатӣ айнияти шахсро бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, тасдиқ менамояд ва барои тасдиқи ин воқеият ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад.

2. Тасдиқ кардани айнияти шахси ноболиғ бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, бо хоҳиши падар ё модари вай, шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, васӣ ё парастор, ҳамчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.

Моддаи 89. Тасдиқ намудани вақти пешниҳоди ҳуҷҷат

Нотариуси давлатӣ вақти ба вай пешниҳод намудани ҳуҷҷатро тасдиқ менамояд. Дар ин бора дар ҳуҷҷат бо нишон додани насаб, ном ва номи падари шахси ҳуҷҷатро пешниҳодкарда қайд карда мешавад.

Моддаи 90. Супоридани аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

1. Нотариуси давлатӣ аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ месупорад. Ариза шахсан бо гирифтани забонхат дода мешавад ё тавассути шӯъбаи алоқа бо огоҳиномаи мутақобила фиристонида мешавад.

2. Хароҷотро дар бораи фиристонидани ариза шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие пардохт мекунанд, ки бо хоҳиши онҳо амалиёти нотариалии мазкур ба ҷо оварда шудааст.

3. Шаҳодатнома дар бораи супоридани ариза аз ҷониби нотариуси давлатӣ танҳо бо хоҳиши шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат кардаанд, дода мешавад.

БОБИ 15. БА АМОНАТ (ДЕПОЗИТ) ҚАБУЛ КАРДАНИ МАБЛАҒИ ПУЛӢ ВА (Ё) КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

Моддаи 91. Ба амонат (депозит) қабул кардани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок

1. Нотариуси давлатӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарздор ба амонати (депозити) идораи нотариалии давлатӣ барои ба кредитор супоридани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро қабул мекунад.

2. Нотариуси давлатӣ дар бораи ворид шудани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок кредиторро огоҳ мекунад ва бо талаби вай маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба ӯ медиҳад.

3. Маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии маҳалли иҷрои ӯҳдадорӣ ва (ё) кушодани мерос қабул мекунад.

Моддаи 92. Баргардонидани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок

Баргардонидани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок ба шахсе, ки маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) супурдааст, танҳо бо розигии хаттии он шахсе (кредиторе), ки ба фоидаи вай маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок супорида шудааст ва ё бо санади судӣ мумкин аст.

БОБИ 16. БА ҶО ОВАРДАНИ НАВИШТАҶОТИ ИҶРОИЯ

Моддаи 93. Ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроия

1. Нотариуси давлатӣ барои аз қарздор рӯёнидани маблағ ва (ё) талаб карда гирифтани молу мулк аз рӯи ӯҳдадориҳои бебаҳс дар ҳуҷҷатҳое, ки қарздориро муқаррар менамоянд, навиштаҷоти иҷроия ба ҷо меоварад.

2. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки аз рӯи онҳо қарз ба таври бебаҳс дар асоси навиштаҷоти иҷроия рӯёнида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 94. Шартҳои ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроия

1. Навиштаҷоти иҷроия бо шартҳои зерин ба ҷо оварда мешавад:

- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бебаҳс будани қарз ё дигар масъулияти қарздорро дар назди кредитор тасдиқ намоянд;

- агар аз рӯзи ба вуҷуд омадани ҳуқуқи даъво се сол нагузашта бошад.

2. Агар барои талаботе, ки аз рӯи он навиштаҷоти иҷроия ба ҷо оварда мешавад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигари даъворо муқаррар карда бошад, навиштаҷоти иҷроия дар доираи ин мӯҳлат ба ҷо оварда мешавад.

Моддаи 95. Мазмуни навиштаҷоти иҷроия

Навиштаҷоти иҷроия бояд инҳоро дар бар гирад:

- насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатие, ки навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меорад;

- насаб, ном, номи падар ва суроғаи кредитор (барои шахси воқеӣ);

- номи пурра, суроға ва суратҳисоби кредитор (барои шахси ҳуқуқӣ);

- насаб, ном, номи падар ва суроғаи қарздор (барои шахси воқеӣ);

- номи пурра, суроға ва суратҳисоби қарздор (барои шахси ҳуқуқӣ);

- нишон додани мӯҳлате, ки дар давоми он қарз рӯёнида мешавад;

- нишон додани маблағе, ки бояд рӯёнида шавад ё ашёҳое, ки бояд талаб карда гирифта шаванд, аз он ҷумла ҷарима, фоизи фоида, агар онҳо ситонида шаванд;

- нишон додани андозаи маблағи боҷи давлатӣ, ки кредитор супоридааст ё бояд аз қарздор рӯёнида шавад;

- санаи (рӯз, моҳ, соли) ба ҷо оварда шудани навиштаҷоти иҷроия;

- рақаме, ки таҳти он навиштаҷоти иҷроия дар феҳрист қайд гардидааст;

- имзо ва мӯҳри нотариуси давлатие, ки навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо овардааст.

Моддаи 96. Тартиби ситониш аз рӯи навиштаҷоти иҷроия

Ситониш аз рӯи навиштаҷоти иҷроия бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 97. Мӯҳлати пешниҳод кардани навиштаҷоти иҷроия

1. Навиштаҷоти иҷроия мумкин аст, барои иҷрои маҷбурӣ дар мӯҳлати се сол аз рӯзи дода шудани он пешниҳод карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигарро пешбинӣ накарда бошад.

2. Барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда барои пешниҳод кардани навиштаҷоти иҷроия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ 17. БА ҶО ОВАРДАНИ ДИГАР АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ

Моддаи 98. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)
Моддаи 99. хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1877)
Моддаи 100. Эътироз оид ба векселҳо

Нотариуси давлатӣ ба векселҳо дар хусуси дода нашудани маблағ, аксепт нашудан, нишон дода нашудани санаи аксепт мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вексели интиқолӣ ва вексели оддӣ эътироз тартиб медиҳад.

Моддаи 101. Пешниҳод намудани чекҳо барои пардохт ва тасдиқи напардохтани чекҳо

1. Нотариуси давлатӣ чекҳои барои пардохт пешниҳодшударо, ки нигоҳдорандаи чек бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, қабул менамояд.

2. Чек барои пардохт ба бонки ҷойи сукунати пардохткунандаи чек пешниҳод карда мешавад.

3. Дар сурати пардохт накардани чек нотариуси давлатӣ далели мазкурро бо роҳи дар чек ба ҷо овардани навиштаҷоти тасдиқкунандаи дахлдор тасдиқ менамояд.

4. Бо хоҳиши нигоҳдорандаи чек нотариуси давлатӣ дар сурати пардохт нашудани чек навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меорад.

Моддаи 102. Қабул кардани ҳуҷҷатҳо барои маҳфуз доштан ва баргардонидани онҳо

1. Нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои маҳфуз доштан мувофиқи рӯйхат қабул мекунад ва дар ин бора ба шахсе, ки ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан супоридааст, шаҳодатнома ва нусхаи рӯйхатро медиҳад.

2. Ҳуҷҷатҳое, ки барои маҳфуз доштан қабул карда шудаанд, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки онҳоро барои маҳфуз доштан супоридаанд ё ба шахси ваколатдор бо пешниҳод кардани шаҳодатнома ва нусхаи рӯйхати ҳуҷҷатҳо ё бо санади суд баргардонида мешаванд.

ФАСЛИ III. ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚИИ ДИГАР ДАВЛАТҲО ВА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

БОБИ 18. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚИИ ДИГАР ДАВЛАТҲО ВА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 103. Амалиёти нотариалӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар баробари шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар мақомоте, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Моддаи 104. Татбиқ кардани меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ

1. Нотариуси давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқии хориҷиро татбиқ менамояд.

2. Нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тартиб дода шудаанд, қабул мекунад, инчунин дар шакли пешбиникардаи қонунгузории дигар давлатҳо навиштаҷоти тасдиқкунандаро ба ҷо меоварад, агар ин ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат накунад.

Моддаи 105. Ҳифзи молу мулки меросӣ ва додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос

Амалиёте, ки ба муҳофизати молу мулки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбудаи баъди вафоти шаҳрванди хориҷӣ боқимонда алоқаманд аст ё ҳифзи молу мулке, ки баъди вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ ба он ҳуқуқ дорад, инчунин амалиёте, ки ба додани Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос вобаста ба ин молу мулк аст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон анҷом дода мешаванд (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

Моддаи 106. Аз тарафи нотариуси давлатӣ қабул кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар давлати хориҷа тартиб дода шудаанд

1. Ҳуҷҷатҳоеро, ки дар давлати хориҷа бо иштироки шахсони мансабдори хориҷӣ, мақомоти салоҳиятдори дигар давлатҳо тартиб дода шудаанд ё аз тарафи онҳо ирсол гардидаанд, нотариуси давлатӣ мутобиқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул мекунад.

2. Ҳуҷҷатҳоро нотариуси давлатӣ дар он мавридҳое қабул менамояд, ки тартиби қабули онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.

Моддаи 107. Муносибатҳои тарафайни нотариуси давлатӣ бо мақомоти адлияи дигар давлатҳо

1. Супоришҳои мақомоти адлияи дигар давлатҳо дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

2. Нотариуси давлатӣ супоришҳои мақомоти адлияи дигар давлатҳоро дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки ба ӯ бо тартиби муқарраркардашуда супурда шудаанд, иҷро мекунад, ба истиснои мавридҳое, ки агар:

- иҷро кардани супориш ба соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат ё ба амнияти он таҳдид кунад;

- иҷро кардани супориш ба салоҳияти нотариуси давлатӣ мансуб набошад;

- иҷро кардани супориш хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

3. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти адлияи дигар давлатҳо бо супоришҳо дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Моддаи 108. Таъмин кардани далелҳое, ки барои пешбурди парвандаҳо дар мақомоти дахлдори дигар давлатҳо заруранд

1. Нотариусҳои давлатӣ далелҳоеро таъмин менамоянд, ки барои пешбурди парвандаҳо дар мақомоти дахлдори дигар давлатҳо заруранд.

2. Амалиёт оид ба таъмини далелҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Моддаи 109. Татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

1. Дар мавриди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ нотариусони давлатӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, татбиқ менамоянд.

2. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар бораи фаъолияти нотариалӣ нисбат ба тартиби муқарраркардаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ шуда бошад, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.

БОБИ 19. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 110. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 111. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи нотариати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 106; №23-24, мод. 333, Фасли XXXIV; с. 2003, №12, мод. 684; с. 2010, №7, мод. 541) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 112. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

16 апрели соли 2012 № 810

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997, № 412 "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 107) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2012 № 702

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи нотариати давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 283

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №4, мод.260; с.2013, №6, мод.408; с.2017, №5, қ.1, мод.295; с. 2019, №6, мод.317)

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 970, аз 30.05.2017 № 1438, аз 20.06.2019 № 1615, аз 25.06.2021 № 1788)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии нотариати давлатӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти нотариалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳоро дар соҳаи амалишавии фаъолияти нотариати давлатӣ танзим менамояд.

ФАСЛИ I. АСОСҲОИ ТАШКИЛИВУ ҲУҚУҚИИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- нотариати давлатӣ - сохтори мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлатро бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳифз менамояд;

- нотариуси давлатӣ (сарнотариуси давлатӣ, нотариусони калони давлатӣ, нотариусони давлатӣ, нотариусони калони давлатии бойгонидор, нотариусони давлатии бойгонидор) - шахси мансабдорест, ки дар асоси Қонуни мазкур барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;

- фаъолияти нотариалӣ - фаъолияти ҳуқуқие, ки онро нотариусони давлатӣ ва дигар шахсони мансабдори барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ваколатдоркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ менамоянд;

- амалиёти нотариалӣ - амалҳои аҳамияти ҳуқуқидоштаи нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор оид ба тасдиқи фактҳои бебаҳс, воқеияти ҳуқуқӣ, тасдиқи ҳуҷҷатҳо, ба ҳуҷҷатҳо додани қувваи собитнокӣ ва иҷрои дигар амалиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- мақоми ваколатдор - мақоми давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи идораи фаъолияти нотариалӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд;

- шахсони ваколатдор - шахсони мансабдоре, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ҳуқуқи ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро доранд;

- феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ - маҷмӯи маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, ки дар феҳристҳои нотариалӣ бо тартиби ягонаи муқарраршуда навишта мешаванд;

- навиштаҷоти тасдиқкунанда - навиштаҷоте, ки онро нотариуси давлатӣ дар ҳуҷҷати муайян ба ҷо меоварад ва он аз тасдиқи амалиёти мазкур шаҳодат медиҳад.

Моддаи 2. Шахсоне, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоваранд

Ҳуқуқи ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро мутобиқи Қонуни мазкур шахсони зерин доранд:

- нотариусони давлатие, ки дар идораҳои нотариалии давлатӣ амалиёти нотариалиро ба ҷо меоранд (нотариусони давлатӣ);

- раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот;

- шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ваколатдор карда шудаанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

Моддаи 4. Фаъолияти нотариалӣ

1. Фаъолияти нотариалӣ, ин ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, пеш бурдани коргузорӣ, маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ ва дигар амалҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро дар бар мегирад.

2. Фаъолияти нотариалӣ фаъолияти соҳибкорӣ намебошад ва мақсади ба даст овардани фоидаро надорад.

3. Ҳуҷҷатҳои ба тариқи нотариалӣ ба расмият даровардашуда, кафолати собитнокӣ ва эътирофи оммавиро доранд.

4. Амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дигар давлатҳо аз тарафи шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

5. Шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, вазифадоранд маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, дар муддати на дертар аз даҳ рӯз аз лаҳзаи дархост намудани онҳо ба нотариуси давлатӣ пешниҳод намоянд.

Моддаи 5. Назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ

(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788)

1. Назорати фаъолияти нотариалӣ марбут ба риояи коргузории нотариалӣ дар идораҳои нотариалии давлатӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад.

2. Фаъолияти нотариусҳои давлатӣ дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор, аз рӯи арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷида мешавад. Санҷиш аз рӯи арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шикоят ва пешниҳоди мушаххас гузаронида мешавад.

3. Фаъолияти нотариуси давлатие, ки бори аввал ба вазифаи нотариуси давлатӣ таъин шудааст, дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор пас аз як соли фаъолияташ санҷида мешавад.

4. Санҷиши фаъолияти нотариусони давлатӣ мумкин аст пеш аз ба итмом расидани мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ гузаронида шавад.

5. Ҳангоми дар фаъолияти нотариуси давлатӣ ошкор намудани камбудӣ бо супориши роҳбари мақоми ваколатдор санҷиши такрорӣ гузаронидан мумкин аст.

6. Мақоми ваколатдор назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ менамояд. Санҷиш аз ҷониби мақоми ваколатдор мустақилона ва ё якҷо бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

Моддаи 6. Вазифаҳои нотариуси давлатӣ

Вазифаҳои нотариуси давлатӣ таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳои давлат бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Моддаи 7. Принсипҳои фаъолияти нотариалӣ

Фаъолияти нотариалӣ дар асоси принсипҳои қонуният, мустақилият, махфӣ будани амалиёти нотариалӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 8. Қонуният дар амалигардонии фаъолияти нотариалӣ

1. Нотариусони давлатӣ ва ё шахсони ваколатдор ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ мегиранд (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

2. Нотариусони давлатӣ ва (ё) шахсони ваколатдор ӯҳдадоранд ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро тибқи талаботи қисми 1 моддаи 47 Қонуни мазкур рад намоянд.

Моддаи 9. Мустақилият ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

1. Дар фаъолияти худ нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мустақиланд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.

2. Фишороварӣ ба нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда манъ аст ва шахсоне, ки ин гуна амалҳоро содир намудаанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 10. Махфӣ будани амалиёти нотариалӣ

1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ махфӣ будани амалиёти нотариалии барои онҳо баҷоовардашуда кафолат дода мешавад. Нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор ӯҳдадоранд махфӣ будани амалиёти нотариалии баҷоовардашударо риоя намоянд. Таъмини махфӣ будани амалиёти нотариалӣ инчунин барои шахсоне, ки фаъолияти худро ба сифати нотариуси давлатӣ ва коромӯз қатъ намудаанд, ҳатмӣ мебошад.

2. Маълумот (ҳуҷҷатҳо) дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, нусхаи асл ё нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ маҳфузанд, танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз номи онҳо, ба номи онҳо ё бо супориши онҳо ин ҳуҷҷат ба расмият дароварда шудааст ё ин ки ба шахсони ваколатдорнамудаи онҳо дода мешавад.

3. Маълумот (ҳуҷҷатҳо) дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда, инчунин дода мешавад:

- бо талаби суд вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ё иқтисодии дар истеҳсолотбуда;

- ба мақомоти прокуратура, тафтишот ва таҳқиқ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятие, ки дар истеҳсолоташон мебошанд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида (Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 970, аз 25.06.2021 № 1788);

- ба иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба истеҳсолоти иҷро (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1615).

4. Гирифтани мӯҳри нотариуси давлатӣ ва феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

5. Ҳуҷҷатҳои аслии нотариалӣ ва феҳристҳои сабти амалиёти нотариалӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идораҳои нотариалии давлатӣ гирифта шудаанд, ба онҳо баргардонида мешаванд.

6. Нотариусони давлатӣ ҳуқуқ надоранд то кушодани мерос маълумотеро, ки аз матни васиятнома бармеоянд, ошкор намоянд. Маълумот дар бораи васиятнома, нусхаи дуюм ва нусхаҳои васиятнома ба шахсони манфиатдор танҳо баъди вафоти васияткунанда бо пешниҳод намудани шаҳодатнома дар бораи вафоти васияткунанда дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

7. Пешниҳоди маълумот (ҳуҷҷат) ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи аҳд ва амалиётҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28 Қонуни мазкур пешбинишуда ошкорсозии сирри амалиёти нотариалӣ намебошад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

8. Қоидаҳои риояи махфӣ будани амалиёти нотариалӣ, инчунин ба шахсоне дахл доранд, ки ба онҳо сирри амалиёти нотариалӣ вобаста ба иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ маълум гардидааст.

9. Шахсе, ки сирри амалиёти нотариалии ба ҷо овардашударо ошкор месозад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

Моддаи 11. Забони коргузории нотариалӣ

1. Коргузории фаъолияти нотариалӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад.

2. Агар шахсони барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда забони давлатиро надонанд, матни ҳуҷҷатҳои дахлдор ба онҳо аз тарафи нотариуси давлатӣ, шахсони ваколатдор ё тарҷумони касбӣ тарҷума карда мешавад.

3. Матни ҳуҷҷатҳои тасдиқшавандаи нотариалӣ бо забони давлатӣ тартиб дода шуда, бо хоҳиши шахсони муроҷиаткунанда ё ҳангоми зарурат он метавонад бо тарҷума ба дигар забон тартиб дода шавад.

4. Коргузории фаъолияти нотариалӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба забони коргузории фаъолияти ин мақомот сурат мегирад.

Моддаи 12. Маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

1. Амалиёти нотариалӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар бинои идораи нотариалии давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд. Мақоми ваколатдор метавонад маҳалли дигари ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро муайян намояд.

2. Дар мавридҳое, ки шахс бо сабаби беморӣ, маъюбӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок ба бинои идораи нотариалии давлатӣ ҳозир шуда наметавонад, бо хоҳиши ӯ амалиёти нотариалӣ мумкин аст дар маҳалле, ки ин шахс қарор дорад, ба ҷо оварда шаванд.

3. Маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз ҷониби шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд, муқаррар мекунад.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуқуқ доранд ба ҳар як нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ҳудуди дахлдор ё шахсони ваколатдор муроҷиат намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур маҳалли муайяни ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро пешбинӣ намудааст.

Моддаи 13. Идораи нотариалии давлатӣ

1. Идораи нотариалии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдор дар шаҳру ноҳияҳо таъсис ва барҳам дода мешавад. Дар шаҳрҳои калон ва шаҳрҳое, ки дар ҳудуди худ якчанд ноҳияҳо доранд, дар худуди ҳар як ноҳияи шаҳр ё як қисми он метавонанд идораҳои нотариалии давлатии алоҳида таъсис дода шаванд.

2. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва маркази вилоятҳо яке аз идораҳои нотариалии давлатӣ ба сифати идораи нотариалии давлатии вилоятӣ таъсис дода мешавад. Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, роҳбарии методии идораҳои нотариалии давлатии воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдорро низ анҷом медиҳанд. Ба Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо мақоми ваколатдор метавонад ба ҷо овардани амалиёти нисбатан мураккаби нотариалиро вогузор намояд (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

3. Идораҳои нотариалии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, ба сохтори мақоми ваколатдор дохил мешаванд.

4. Шумораи кормандони идораҳои нотариалии давлатиро дар доираи фонди музди меҳнати муқарраргардида мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд.

5. Кормандони техникии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи мақоми ваколатдор фаъолият мекунанд.

Моддаи 14. Ҳудуди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

1. Ҳудуди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ - воҳидҳои  маъмурию ҳудудие мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

2. Ҳудуди ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста ба молу мулки ғайриманқул мутобиқи тақсимоти воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

3. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад амалиёти нотариалии вобаста ба молу мулки ғайриманқулро берун аз ҳудуди муқарраргардидаи идораи нотариалии давлатии таъсисдодашуда ба ҷо оварад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ӯ вазифаи дигар нотариуси давлатиро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур иҷро намояд.

Моддаи 15. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ

1. Бо мақсади таъмини ҳифз ва нигоҳдории мутамаркази ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, ки қисми таркибии фонди бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, дар назди Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо мақоми ваколатдор бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ таъсис медиҳад. Мӯҳлати муваққатан маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ се сол мебошад. Баъди ба охир расидани ин мӯҳлат идораҳои нотариалии давлатӣ ҳуҷҷатҳои нотариалиро ба бойгонии идораҳои нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо барои маҳфуз доштан месупоранд.

2. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ нигоҳдории ҳуҷҷатҳои нотариалии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.

3. Тартиби фаъолияти бойгонии идораҳои нотариалии давлатиро дар мувофиқа бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор муайян менамояд.

4. Бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ мӯҳри худро бо сабти номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мӯҳри нотариуси давлатии бойгонидорро, ки дар он вазифа, насаб, ном ва номи падари вай сабт карда шудааст, доранд.

Моддаи 16. Роҳбарии идораи нотариалии давлатӣ ва бойгонии идораҳои нотариалии давлатӣ

Роҳбарии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарнотариуси давлатӣ, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва дигар идораҳои нотариалии давлатиро нотариусони калони давлатӣ, нотариусони давлатӣ ва бойгонии идораҳои нотариалии давлатиро нотариусони калони давлатии бойгонидор дар асоси Қонуни мазкур ва дастурамали мансабӣ анҷом медиҳанд.

Моддаи 17. Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатиро роҳбари мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.

2. Асосҳои аз мансаб озод намудани нотариуси давлатӣ ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- дар давоми як сол бо гуноҳи нотариуси давлатӣ тавассути санади судӣ беэътибор ҳисобидани се ва зиёда аз он амалиёти нотариалӣ;

- гум кардани мӯҳри дорои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мӯҳри дорои насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатӣ ва ё ба шахси дигар додани онҳо;

- гум кардан ё ба шахси дигар додани бланкаи дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршудаи барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешбинишуда;

- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

Моддаи 18. Боздоштани фаъолияти нотариуси давлатӣ

Фаъолияти нотариуси давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бо асосҳои зерин боздошта мешавад:

- дар мавриди иштироки нотариусони давлатӣ дар интихобот ба сифати номзад ба вакилии мақоми намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар мавриди аз тарафи суд баровардани қарор дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани нотариуси давлатӣ;

- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 19. Коргузорӣ ва ҳисобот дар идораҳои нотариалии давлатӣ

1. Коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд.

2. Идораҳои нотариалии давлатӣ дар бораи фаъолияти худ бо тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор ҳисоботи оморӣ месупоранд.

Моддаи 20. Мӯҳр, штамп, бланкаҳои идораи нотариалии давлатӣ

Идораи нотариалии давлатӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор мебошад.

БОБИ 2. МАБЛАҒГУЗОРИИ ИДОРАҲОИ НОТАРИАЛИИ ДАВЛАТӢ, СИТОНИДАНИ БОҶИ ДАВЛАТӢ БАРОИ БА ҶО ОВАРДАНИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ИЛОВАГИИ ҲУҚУҚӢ

Моддаи 21. Маблағгузории идораҳои нотариалии давлатӣ

Идораҳои нотариалии давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки бо тартиби муқарраргардида аз хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ворид мешаванд, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Моддаи 22. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

1. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

2. Амалиёти нотариалиро нотариусони давлатӣ ва шахсони ваколатдор танҳо баъди аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохт намудани боҷи давлатӣ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун ба ҷо меоранд. Дар ҳуҷҷати тасдиқшудаи нотариалӣ нотариуси давлатӣ андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳоро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад.

3. Нотариусони давлатӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок, ки бо ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ алоқаманданд, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағ меситонанд. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок бо роҳи пардохти маблағ ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

5. Дар ҳолате, ки нотариуси давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ берун аз идораи нотариалӣ меравад, аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии манфиатдор хароҷоти воқеии нақлиётӣ ҷуброн карда мешавад.

6. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти консулӣ меситонанд.

Моддаи 23. Музди меҳнати нотариуси давлатӣ

Музди меҳнати нотариуси давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" муайян карда мешавад. Инчунин, ба нотариуси давлатӣ барои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подошпулӣ дода мешавад.

БОБИ 3. НОТАРИУСИ ДАВЛАТӢ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ӯ

Моддаи 24. Нотариуси давлатӣ

1. Ба мансаби нотариуси давлатӣ шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад ва ҳадди ақал се сол собиқаи кории касбӣ дошта, ба сифати коромӯз дар идораи нотариалии давлатӣ фаъолият карда, имтиҳони тахассусисиро супорида бошад (Қонуни аз 30.05.2017 № 1438).

2. Ба мансаби нотариуси давлатӣ инҳо таъин карда намешаванд:

- шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардашуда ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд;

- шахсоне, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд;

- шахсоне, ки фаъолияташон бо сабаби иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ё содир намудани кирдори бадномкунанда қатъ карда шудааст.

3. Ҳангоми таъин намудан ба мансаби нотариуси давлатӣ талаботи пешбининамудаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ба эътибор гирифта мешаванд.

4. Ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои нотариусони давлатӣ баробаранд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкардаи онҳо қувваи ҳуқуқии якхела доранд.

Моддаи 25. Коромӯзӣ дар нотариати давлатӣ

1. Шахсоне, ки бори аввал ё баъди танаффуси зиёда аз се солаи фаъолияти нотариалӣ ба мансаби нотариуси давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешаванд, ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ дар идораи нотариалии давлатӣ коромӯзӣ мегузаранд. Тартиб ва давомнокии коромӯзиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

2. Шахс пас аз ба итмом расидани мӯҳлати коромӯзӣ имтиҳони тахассусӣ месупорад. Агар ӯ бо сабабҳои узрнок имтиҳони тахассусиро супорида натавонад, мӯҳлати коромӯзӣ на бештар аз се моҳ тамдид карда мешавад.

3. Бо шахсе, ки имтиҳони тахассусиро супорида натавонистааст, муносибати меҳнатӣ қатъ карда мешавад.

Моддаи 26. Комиссияи тахассусӣ

1. Комиссияи тахассусии назди мақоми ваколатдор бо мақсади қабули имтиҳонҳои тахассусӣ таъсис дода мешавад.

2. Тартиби таъсиси комиссияи тахассусӣ, ҳайат, фаъолият ва ваколатҳои онро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

3. Шахсоне, ки имтиҳони тахассусиро супорида натавонистаанд, барои дубора супоридани он танҳо баъд аз як соли қабули қарори комиссияи тахассусӣ роҳ, дода мешаванд.

4. Аз рӯи қарори комиссияи тахассусӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани нусхаи он ба роҳбари мақоми ваколатдор шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои нотариуси давлатӣ

Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад:

- амалиёти нотариалии пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ӯ муроҷиат намудаанд, ба ҷо оварад;

- лоиҳаи аҳдҳо, аризаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро тартиб диҳад;

- нусхаи хуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳоро тайёр кунад;

- оид ба масъалаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ маслиҳатҳо диҳад;

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳуҷҷат ва маълумоти барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруриро дархост кунад;

- аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.

Моддаи 28. ӯҳдадориҳои нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст:

- амалиёти нотариалиро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти нотариалиро танзим менамоянд, ба ҷо оварад;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз оқибатҳои ҳуқуқии амалиёти нотариалии баҷоовардашаванда огоҳ намояд, то ин ки надонистани оқибатҳои ҳуқуқӣ бар зарари манфиатҳои онҳо истифода карда нашавад;

- махфӣ будани маълумотеро, ки ҳангоми ба ҷо овардани фаъолияти касбиаш ба ӯ маълум гаштааст, нигоҳ дорад;

- дар сурати ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф будани амалиёти нотариалӣ, ба ҷо овардани онро рад намояд;

- тартиби қабули шаҳрвандон ва намояндаҳои шахсони ҳуқуқиро риоя намояд;

- ба мақоми ваколатдор оид ба шикоятҳое, ки нисбати фаъолияти ӯ оварда шудаанд, дар бораи амалиёти нотариалии ба ҷо овардашуда маълумот ва дар ҳолатҳои зарурӣ баёноти шахсии худро, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои риоя нагардидани одоби касбӣ пешниҳод намояд, инчунин фармоиш ва супоришҳои роҳбари мақоми ваколатдор, идораҳои нотариалии давлатиро оид ба ташкили кор иҷро намояд;

- дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти вобаста ба хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шартномаи лизинг, аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудрат, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигаҳдошт, комиссия, идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк, хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо ба маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин оид ба аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист ва аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ба маблағи баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар диҳад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1788).

- талаботи пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"- ро иҷро намояд.

2. Нотариуси давлатӣ, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо овардааст, барои зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо гуноҳи ӯ расонида шудааст, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

Моддаи 29. Мӯҳри нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатӣ дорои мӯҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, номи пурраи идораи нотариалии давлатӣ, мансаб, насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатӣ сабт шудааст.

2. Мӯҳр мувофиқи стандарт ва намунаи ягона бо дархости мақоми ваколатдор тайёр карда мешавад.

3. Нақши мӯҳр ва намунаи имзои нотариуси давлатӣ дар мақоми ваколатдор маҳфуз дошта мешаванд.

4. Нотариуси давлатӣ ҳангоми боздоштани фаъолияташ бояд тибқи моддаи 18 Қонуни мазкур барои нигоҳдории муваққатӣ мӯҳрашро ба шахси ваколатдори мақоми ваколатдор супорад.

5. Дар мавриди аз мансаб озод шудани нотариуси давлатӣ вай ӯҳдадор аст бетаъхир мӯҳрашро ба шахси ваколатдори мақоми ваколатдор супорад. Дар ҳолати аз супоридани мӯҳр саркашӣ намудан, нотариуси давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 30. Маҳдудият дар фаъолияти нотариуси давлатӣ

1. Нотариуси давлатӣ наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, ба мақомоти намояндагӣ интихоб гардад, узви ҳизбҳои сиёсӣ бошад, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

2. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад амалиёти нотариалиеро анҷом диҳад, ки натиҷаи анҷоми ин амалиёт барои ӯ манфиати молу мулкӣ ё манфиати дигари шахсӣ дошта бошад.

3. Нотариуси давлатӣ ҳуқуқ надорад ба номи худ ва аз номи худ ба ном ва аз номи хешовандони наздик - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, инчунин аз ном ва ба номи кормандони идораи нотариалии давлатии дахлдор амалиёти нотариалиро анҷом диҳад.

4. Амалиёти нотариалии дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида аз ҷониби нотариуси давлатии дигар идораи нотариалии давлатӣ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешаванд.

Моддаи 31. Савганди нотариуси давлатӣ

1. Шахсе, ки ба мансаби нотариуси давлатӣ бори аввал таъин гардидааст, бо чунин мазмун савганд ёд мекунад: "Ман, (насаб, ном ва номи падар) тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаҳои нотариуси давлатиро аз рӯи қонун ва виҷдон иҷро менамоям, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, манфиатҳои давлатро ҳимоя мекунам, махфӣ будани амалиёти нотариалиро нигоҳ медорам, ҳамеша покизагии унвони нотариусро ҳифз менамоям.".

2. Нотариуси давлатӣ дар зери матни савганд имзо мегузорад, ки он дар делои шахсии нотариуси давлатӣ маҳфуз дошта мешавад.

3. Шахсе, ки савганд ёд накардааст, вазифаи нотариуси давлатиро иҷро карда наметавонад.

4. Тартиби савганд ёд карданро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

ФАСЛИ II. АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ ВА ТАРТИБИ БА ҶО ОВАРДАНИ ОНҲО

БОБИ 4. АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛИЕ, КИ НОТАРИУСОНИ ДАВЛАТӢ ВА ШАХСОНИ ВАКОЛАТДОР БА ҶО МЕОВАРАНД

Моддаи 32. Амалиёти нотариалие, ки нотариусони давлатӣ ба ҷо меоваранд

1. Нотариусони давлатӣ амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

- аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо, ӯҳдадориҳо ва дигар аҳдҳо)-ро тасдиқ мекунанд;

- васиятномаҳои махфиро қабул ва эълон менамоянд;

- ваколати иҷрокунандаи васиятномаро тасдиқ менамоянд;

- барои ҳифзи молу мулки меросӣ чораҳо меандешанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мерос медиҳанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар медиҳанд;

- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд;

- аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқулро манъ ва бекор мекунанд;

- аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо гузошташударо тасдиқ мекунанд;

- дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ мекунанд;

- воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахсро тасдиқ мекунанд;

- айнияти шахсро бо шахси дар сурат аксёфта тасдиқ менамоянд;

- вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;

- аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ месупоранд;

- маблағи пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;

- навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меоваранд;

- эътирозҳоро оид ба векселҳо ба ҷо меоваранд;

- чекҳоро барои пардохт пешниҳод мекунанд ва напардохтани чекҳоро тасдиқ менамоянд;

- ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;

- далелҳоро таъмин мекунанд;

- шаҳодатномаҳо дар бораи ҳуқуқи моликият медиҳанд;

- эътирозҳои баҳриро ба ҷо меоваранд;

- розигии зан ё шавҳарро вобаста ба аҳде, ки шакли нотариалиро талаб мекунад, тасдиқ мекунанд.

2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи нотариусҳои давлатӣ иҷрои дигар амалиёти нотариалиро вогузор намояд.

Моддаи 33. Амалиёти нотариалие, ки раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба ҷо меоваранд

1. Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

- васиятномаҳоро тасдиқ мекунанд;

- ваколатномаҳоро, ба истиснои ваколатнома оид ба идора ва ихтиёрдорӣ кардани воситаҳои нақлиёт, молу мулки ғайриманқул тасдиқ мекунанд;

- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд.

2. Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳоеро, ки барои истифода берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, тасдиқ намоянд.

Моддаи 34. Амалиёти нотариалие, ки шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд

1. Шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоваранд:

- аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва ғайраҳо)- ро тасдиқ менамоянд, ба истиснои шартномаҳо дар бораи молу мулки ғайриманқул, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд;

- бо супориши нотариуси давлатӣ барои ҳифз ё идоракунии молу мулки ба меросмонда чораҳо меандешанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар медиҳанд;

- шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мерос медиҳанд;

- аслияти имзоҳои дар ҳуҷҷатҳо гузошташударо тасдиқ мекунанд;

- дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд;

- воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахсро тасдиқ мекунанд;

- вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунанд;

- маблағи пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд;

- навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меоваранд;

- ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул мекунанд;

- далелҳоро таъмин мекунанд;

- эътирозҳои баҳриро ба ҷо меоваранд.

2. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ки дигар амалиёти нотариалие пешбинӣ карда шаванд, ки шахсони ваколатдори намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд.

Моддаи 35. Тасдиқи васиятнома ва ваколатномаҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар карда мешаванд

1. Ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда баробар карда мешаванд:

- васиятнома ва ваколатномаҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ, таълимгоҳҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, ки дар он ҷо нотариуси давлатӣ ва шахсони мансабдори ваколатдори иҷрокунандаи амалиёти нотариалӣ нестанд, ҳамчунин васиятнома ва ваколатномаи коргарон, хизматчиён, аҳли оилаи онҳо, аҳли оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва аз ҷониби командирони (сардорони) ин қисмҳои ҳарбӣ ва таълимгоҳҳо тасдиқ карда шудаанд;

- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ қарордошта, ки аз тарафи сардорони ин муассисаҳо тасдиқ карда шудаанд;

- васиятнома ва ваколатномаи шахсоне, ки дар киштиҳои баҳрӣ шино карда истодаанд ё дар киштиҳои обии таҳти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шинокунанда, ки аз тарафи капитанҳои ин киштиҳо тасдиқ карда шудаанд;

- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар экспедитсияҳои ҷустуҷӯӣ фаъолияткунанда, ки аз ҷониби сардорони ин экспедитсияҳо тасдиқ карда шудаанд;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

2. Васиятномаҳои тасдиқшавандаи дар моддаи мазкур пешбинишударо бояд васияткунанда дар ҳузури як шоҳид имзо намояд ва шоҳид низ бояд дар ин васиятнома имзо гузорад.

Моддаи 36. Ба нотариуси давлатӣ супоридани як нусхаи васиятномае, ки шахсони ваколатдор тасдиқ кардаанд

1. Шахсони ваколатдор, ки дар моддаҳои 33, 34 ва 35 Қонуни мазкур номбар карда шудаанд, ӯҳдадоранд дар муддати даҳ рӯз аз рӯзи тасдиқ намудани васиятнома, агар дар ин мӯҳлат бо сабабҳои узрнок ғайриимкон бошад, дар сурати пайдо шудани чунин имконият фавран як нусхаи васиятномаи тасдиқшударо барои нигоҳдорӣ ба идораи нотариалии давлатии маҳалли истиқомати васияткунанда фиристонанд.

2. Дар ҳолати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли доимии истиқомат надоштани васияткунанда ё номаълум будани маҳалли истиқомати ӯ васиятнома ба идораи нотариалии давлатие фиристонида мешавад, ки мақоми ваколатдор муайян кардааст.

3. Нотариуси давлатӣ вазифадор аст, ки васиятномаи тасдиқшудаи ба ӯ барои нигоҳдорӣ воридшударо тафтиш намояд ва дар сурати муқаррар намудани номувофиқатии он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин бора ба васияткунанда ва шахси ваколатдор, ки васиятномаро тасдиқ намудааст, барои дуруст тасдиқ намудани он ба таври хаттӣ хабар диҳад.

4. Барои зараре, ки ба меросхӯр (меросхӯрон) бо сабаби сари вақт насупоридани васиятномаи тасдиқшуда расонида шудааст, шахси ваколатдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

БОБИ 5. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ БА ҶО ОВАРДАНИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ

Моддаи 37. Тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ

Тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдор тасдиқ менамояд, муқаррар мекунанд.

Моддаи 38. Мӯҳлатҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, мӯҳлат ва асосҳои мавқуф гузоштан ва боздоштани амалиёти нотариалӣ

1. Амалиёти нотариалӣ дар рӯзи пешниҳод кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ин амалиёт зарурбуда ва пардохти боҷи давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалии мураккаб, мӯҳлати мазкур мумкин аст то панҷ рӯз тамдид карда шавад.

2. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро дар сурати зарурати талаб карда гирифтани маълумот ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё ба экспертиза фиристонидани ҳуҷҷатҳо ва шубҳа кардани нотариуси давлатӣ оид ба қобили амал будани тарафҳои аҳд мавқуф гузоштан мумкин аст.

3. Мӯҳлати мавқуф гузоштани иҷрои амалиёти нотариалӣ аз рӯзи баровардани қарор дар бораи мавқуф гузоштан, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз гирифтани ҳуҷҷатҳо ва натиҷаи экспертиза вобастагӣ дорад, аз як моҳ зиёд буда наметавонад.

4. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ дар ҳолатҳои ба миён омадани баҳс оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда то ба суд муроҷиат намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси аризаи шахси манфиатдор мумкин аст ба мӯҳлати даҳ рӯз боздошта шавад. Агар дар давоми ин мӯҳлат дар бораи ба истеҳсолоти судӣ ворид шудани ариза хабар нарасад, амалиёти нотариалӣ ба ҷо оварда мешаванд. Дар сурати аз суд гирифтани хабар дар бораи ворид гардидани аризаи шахси манфиатдоре, ки ҳуқуқ ё далелеро баҳс менамояд ва шахси дигари манфиатдор тасдиқ кардани онро хоҳиш мекунад, ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ то аз тарафи суд баррасӣ намудани парванда боздошта мешавад.

5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мавқуф гузоштан ва боздоштани ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ асосҳои дигарро низ муқаррар карда метавонад.

Моддаи 39. Ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва муқаррар намудани шахсияти шахсоне, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат мекунанд

1. Ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ нотариуси давлатӣ шахсияти шахс, намояндаи ӯ ё намояндаи шахси ҳуқуқиро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат намудааст, муқаррар менамояд.

2. Нотариуси давлатӣ амалиёти нотариалиро ба ном ва (ё) аз номи шахс дар ҳолати иштироки бевоситаи ӯ ё намояндаи қонунии ӯ, ба ном ва ё аз номи шахсони ҳуқуқӣ бошад, дар ҳолати иштироки бевоситаи шахсони мансабдори ваколатдори онҳо ё намояндаи онҳо ба ҷо меоварад.

3. Муқарраркунии шахсият бояд дар асоси шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шахсиятро муайян мекунанд ва дар бораи ҷойи зисти ӯ шаҳодат дода, ҳама гуна шубҳаҳоро нисбат ба шахсияти муроҷиаткунанда истисно менамоянд, анҷом дода шавад.

Моддаи 40. Санҷиши қобилияти амали шахсони воқеӣ ва қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқии иштирокчии аҳдҳо

1. Дар мавриди тасдиқ намудани аҳдҳо дар навбати аввал қобилияти амали шахсони воқеӣ ва қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқӣ санҷида мешаванд.

2. Ҳангоми санҷиши қобилияти ҳуқуқдории шахсони ҳуқуқие, ки ҳамчун тарафи аҳд иштирок мекунанд, нотариусҳои давлатӣ вазифадоранд, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, аз ҷумла шаҳодатнома, иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагии онҳоро талаб намуда, мутобиқати амали мазкурро ба талаботи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ санҷиш намоянд.

3. Амалиёти нотариалие, ки аз номи шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии онҳо ба ҷо оварда мешаванд, набояд хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ё низомномаи онҳо бошанд.

4. Ваколати намояндаро ваколатномае, ки ба номи ӯ дода шудааст, тасдиқ менамояд.

5. Нотариусҳои давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ, ки оиннома ё низомнома ба онҳо ваколат додааст, ваколатнома талаб намекунанд. Дар ин мавридҳо танҳо ҳуҷҷате талаб карда мешавад, ки ваколати мансабии онҳоро тасдиқ мекунад.

6. Агар шахси ҳуқуқиро мақоми дастаҷамъии интихобшаванда идора намояд, аз роҳбари ин шахси ҳуқуқӣ бояд дар бораи интихоб шудани шахсони мансабдор ва тақсими вазифаҳо дар байни онҳо ҳуҷҷат талаб карда шавад.

Моддаи 41. Санҷиши аслияти имзоҳо, тартиби имзогузорӣ ба ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда

1. Ҳангоми тасдиқ намудани аҳдҳо ва ба ҷо овардани дигар амалиёти нотариалӣ аслияти имзоҳои тарафҳои имзокунандаи аҳдҳо ва шахсони дигари барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда санҷида мешавад.

2. Аҳдҳо, ҳуҷҷатҳои дигари ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда ва дигар ҳуҷҷатҳо бояд дар ҳузури нотариуси давлатӣ аз тарафи шахси воқеӣ, намояндаи ӯ, намояндаи шахси ҳуқуқӣ имзо карда шаванд. Дар баробари имзо мумкин аст насаб, ном ва номи падар низ шахсан аз тарафи имзокунандагон навишта шавад. Нотариуси давлатӣ вазифадор аст пеш аз имзо гузоштан, шинос шудани иштирокчиёни аҳдро бо матни ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқшаванда таъмин намояд. Бо хоҳиши тарафҳо мумкин аст матни ҳуҷҷат ба онҳо хонда шавад, ки дар ин бора дар аҳди тасдиқшаванда ишора мегардад.

3. Агар шахс бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ, бесаводӣ ё сабабҳои дигар шахсан дар ҳуҷҷат имзо карда натавонад, бо хоҳиши ӯ, дар ҳузури вай ва нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатро метавонад шахси дигари интихобнамудааш имзо кунад, бо нишон додани сабабҳое, ки дар натиҷаи онҳо ҳуҷҷат бо дасти худи шахси барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткунанда имзо шуда наметавонист. Ҳамчунин, бо хоҳиши муроҷиаткунанда, матни ҳуҷҷати тасдиқкардашуда ба ӯ хонда дода шуда, дар ин бора дар матни ҳуҷҷат қайд карда мешавад.

4. Агар шахси кар, гунг ё кару гунги барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиаткарда бесавод бошад, ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бояд шахси аз тарафи ин шахс интихобкарда ё тарҷумони забони имову ишора ҳузур дошта бошад, ки вай бо ӯ гуфтугӯ карда тавонад ва бо имзои худ тасдиқ намояд, ки мазмуни аҳд, ариза ё дигар ҳуҷҷати тасдиқшавандаи нотариалӣ бо хоҳиши шахси кар, гунг ё кару гунги дар амалиёти нотариалӣ иштироккунанда мувофиқат мекунад.

Моддаи 42. Дархост намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд

1. Нотариусҳои давлатӣ ва шахсони ваколатдоре, ки амалиёти нотариалиро ба ҷо меоранд, ҳуқуқ доранд аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, дархост намоянд.

2. Маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ заруранд, бояд дар мӯҳлати муқарраркардаи Қонуни мазкур пешниҳод карда шаванд.

3. Бо талаби нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор дар мӯҳлати муайяннамудаи Қонуни мазкур пешниҳод накардани маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои мавқуф гузоштан, боздоштан ва ё рад кардани амалиёти нотариалӣ асос шуда метавонад.

Моддаи 43. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешниҳод мешаванд

1. Барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда намешаванд:

- ҳуҷҷатҳое, ки калимаҳои тозакардашуда ё ислоҳкардашуда, навиштаҷоти иловагӣ, калимаҳои хатзадашуда, ҳуҷҷатҳои бо қалам навишташуда ва дигар ислоҳҳои бе шарҳу эзоҳ доранд;

- ҳуҷҷатҳое, ки бар хилофи қоидаҳои коргузории шахсони ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатро додаанд, тайёр карда шудаанд;

- ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи осеб дидан ё сабабҳои дигар қисми матн ё нишонаҳои ҳуҷҷат (санаи қабул ё тартиб додани он, имзои шахси мансабдор ё мӯҳри он) хонда нашаванд;

- ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд.

2. Ҳуҷҷатҳое, ки хаҷмашон аз як варақ зиёд мебошанд, бояд ресмонбандӣ ва рақамгузорӣ шуда, аз тарафи шахси ваколатдор имзо ва бо мӯҳри дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд.

Моддаи 44. Талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда мешаванд

1. Матни аҳдҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшаванда ва иқтибос аз онҳо, дигар ҳуҷҷатҳои нотариалӣ бояд возеҳ, дақиқ навишта шуда, сана ва мӯҳлатҳое, ки ба мазмуни аҳдҳои тасдиқшаванда тааллуқ доранд, бояд ақаллан як маротиба бо калимаҳо навишта шуда, номи пурраи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахсон пурра бо ишораи суроғаи онҳо нишон дода шуда бошанд.

2. Ҳангоми дар ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқкардашуда ошкор гардидани хатои техникӣ (арифметикӣ), нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад бе тағйир додани мазмун ва моҳияти ҳуҷҷати тасдиқкардашуда ва дар мавриди ҷой надоштани баҳс ва манъ набудани он, дар асоси аризаи шахси манфиатдор хатогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намояд.

3. Ислоҳот бо баровардани қарори дахлдор ворид карда мешаванд.

Моддаи 45. Додани шаҳодатномаҳо ва ба ҷо овардани навиштаҷоти тасдиқкунанда

1. Оид ба тасдиқи ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар, тасдиқи воқеияти дар ҳаёт ё дар ҷойи муайян будани шахс, айнияти шахс бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, қабули ҳуҷҷатҳо барои маҳфуз доштан ва супурдани аризаҳо шаҳодатномаҳои дахлдор дода мешаванд.

2. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳо, аслияти имзо, манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул, дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз як забон ба забони дигар, тасдиқи навиштаҷоти иҷроия, вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, навиштаҷоти тасдиқкунанда дар ҳуҷҷатҳои дахлдор аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдор тасдиқ кардааст, бо гузоштани мӯҳри нотариуси давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд.

3. Барои тасдиқи ба ҷо овардани эътирози баҳрӣ, эътироз нисбат ба векселҳо ва напардохтани маблағи чекҳо санад тартиб дода мешавад.

4. Ҳангоми таъмин кардани далелҳо ва эълони васиятномаи махфӣ протокол тартиб дода мешавад.

Моддаи 46. Сабти амалиёти нотариалӣ

1. Ҳамаи амалиёти нотариалӣ дар феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ қайд карда мешаванд. Ба ҳар як амалиёти нотариалии баҷоовардашуда рақами тартибии алоҳида гузошта мешавад. Рақаме, ки таҳти он амалиёти нотариалӣ дар феҳрист сабт карда шудааст, дар ҳуҷҷатҳое, ки нотариуси давлатӣ медиҳад, нишон дода мешавад.

2. Амалиёти нотариалӣ баъди пурра пардохт намудани боҷи давлатӣ ва аз мавриди дар феҳрист сабт намудани баҷооварда ҳисобида мешавад.

3. Шакли феҳристҳо барои сабти амалиёти нотариалӣ ва навиштаҷоти тасдиқкунандаро мақоми ваколатдор муқаррар мекунад.

Моддаи 47. Рад кардани баҷооварии амалиёти нотариалӣ

1. Нотариуси давлатӣ баҷооварии амалиёти нотариалиро рад мекунад, агар:

- ба ҷо овардани ин гуна амалиёт хилофи қонун ва манфиати давлат бошад;

- амалиёт дар дигар идораи нотариалии давлатӣ ба ҷо оварда шавад;

- бо хоҳиши ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ шахси ғайри қобили амал ё намояндае муроҷиат карда бошад, ки ваколатҳои дахлдор надорад;

- аҳде, ки аз номи шахси ҳуқуқӣ ба ҷо оварда мешавад, хилофи мақсадҳои дар оинномаи он зикргардида бошад;

- аҳд аз тарафи шахсоне пешниҳод шуда бошад, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд;

- ҳуҷҷатҳои барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунанд.

2. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахсе, ки ба вай дар ба ҷо оварда шудани амалиёти нотариалӣ рад карда шудааст, бояд дар шакли хаттӣ сабабҳои радро баён намояд ва тартиби аз болои ин рад шикоят карданро фаҳмонида диҳад. Дар ин мавридҳо нотариуси давлатӣ аз рӯзи муроҷиат дар бораи баҷооварии амалиёти нотариалӣ на дертар аз ҳафт рӯз дар бораи рад намудани баҷооварии амалиёти нотариалӣ қарор қабул менамояд.

Моддаи 48. Шикоят аз болои амалиёти нотариалӣ ё рад намудани ба ҷо овардани онҳо ва тартиби баррасии баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбад

1. Шахси манфиатдоре, ки амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ё рад карда шудани баҷооварии амалиёти нотариалиро нодуруст меҳисобад, ҳуқуқ дорад дар ин бора ба суди маҳалли ҷойгиршавии идораи нотариалии давлатӣ шикоят намояд.

2. Баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки байни шахсони манфиатдор ба вуҷуд омадаанд ва ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбанд, бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

БОБИ 6. ҚОИДАҲОИ БА ҶО ОВАРДАНИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ

Моддаи 49. Аҳдҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда мешаванд

1. Нотариусҳои давлатӣ ва шахсони ваколатдор аҳдҳоеро тасдиқ мекунанд, ки барои онҳо қонунгузорӣ шакли ҳатмии нотариалии ба ҷо овардани ин амалиётро муқаррар кардааст.

2. Бо хоҳиши шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нотариуси давлатӣ метавонад дигар аҳдҳоеро низ тасдиқ намояд, ки барои онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи ҳатмии нотариалиро муқаррар накардааст.

Моддаи 50. Тасдиқ намудани аҳдҳо дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк

1. Нотариусҳои давлатӣ аҳдҳоро дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк, ки моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ тааллуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

2. Тасдиқ намудани аҳд дар бораи аз соҳиби соқит кардани молу мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ба ҷо оварда мешавад.

3. Дар мавриде, ки агар молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ зарурати қайди давлатиро талаб намоянд, аҳд дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани ин молу мулк танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатии ҳуқуқ ба ин моликият тасдиқ карда мешавад.

4. Шартномаҳо дар бораи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулке, ки бо тартиби нотариалӣ тасдиқ нашудаанд, ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда барои ба тариқи нотариалӣ тасдиқ кардани аҳдҳои аз соҳибӣ соқит кардани молу мулк асос шуда наметавонанд.

5. Аҳдҳо дар бораи аз соҳибӣ соқиткунии молу мулки ғайриманқуле, ки андозбандӣ шуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ё шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи муқимӣ надоранд, тааллуқ дорад, танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти андози дахлдор тасдиқ карда мешавад.

6. Шартномаҳо дар бораи аз соҳибӣ соқиткунии бино ва манзилҳои истиқоматӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

7. Молу мулки ғайриманқуле, ки таҳти ҳабс қарор дорад ё нисбати он манъи аз соҳибӣ соқиткунӣ пешбинӣ гардидааст, мавзӯи аҳд шуда наметавонад.

Моддаи 51. Тасдиқ намудани шартномаи гарав

1. Дар мавриде, ки агар молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ зарурати қайди давлатиро талаб намоянд, шартномаи гарави молу мулк, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ танҳо дар сурати ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда бо сабти қайди давлатии дахлдори он тасдиқ карда мешавад.

2. Тасдиқ намудани шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ба ҷо оварда мешавад. Ҳангоми тасдиқи шартномаи гарави молу мулки ғайриманқул қоидаҳои умумии дар моддаи 50 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ мегарданд.

Моддаи 52. Тасдиқ, тағйир ва бекор намудани васиятнома

1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор васиятномаро бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Инчунин нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор бекоркунӣ ва тағйирдиҳии васиятномаро тасдиқ мекунанд.

2. Тасдиқ намудани васиятнома тавассути намоянда ва аз номи ду ва зиёда васияткунанда роҳ дода намешавад.

3. Ҳангоми тасдиқ кардани васиятнома нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор аз васияткунанда пешниҳод намудани далели ба вай тааллуқ доштани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаро ба молу мулки васиятшаванда талаб намекунанд.

4. Васиятномае, ки нотариуси давлатӣ ва шахси ваколатдор аз забони васияткунанда дар ҳузури шоҳид тартиб додааст, баъди ба он имзо гузоштани васияткунанда ва шоҳид тасдиқ карда мешавад.

5. Тағйир ва бекор кардани васиятнома бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 53. Тасдиқ кардани ваколатномаҳо

1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор ваколатномаро аз номи як ё якчанд шахс ба номи як ё якчанд шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

2. Тасдиқ намудани ваколатнома бо тартиби такроран вогузор намудани ваколат роҳ дода намешавад.

3. Ваколатномае, ки бо тариқи ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода мешавад, танҳо баъди пешниҳод кардани ваколатномаи асосие, ки дар он ҳуқуқи ба каси дигар вогузор намудани ваколат қайд карда шудааст, ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шуда метавонад. Ваколатномае, ки ба тариқи ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода шудааст, набояд аз ваколатномаи асосӣ ваколату ҳуқуқи бештар дошта бошад. Мӯҳлати амали ваколатномаи мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат додашуда, набояд аз мӯҳлати амали ваколатномае, ки дар асоси он дода шудааст, зиёд бошад.

4. Ҳангоми тасдиқ намудани ваколатномаҳо ба моликияти муштараки зану шавҳар дар бораи идора ва ихтиёрдории молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳое, ки тасдиқкунии нотариалӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгириро талаб менамоянд, нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, розигии хаттии ҳамсари дигарро, ки ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардидааст, гирад.

Моддаи 54. Шумораи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо матни аҳд баён карда мешавад

Шумораи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби нотариалӣ тасдиқ мешаванд аз рӯи шумораи тарафҳои иштироккунандаи аҳд муайян карда мешавад. Инчунин як нусхаи он дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 7. ҲИФЗИ МОЛУ МУЛКИ МЕРОСӢ

Моддаи 55. Ҳифзи молу мулки меросӣ

1. Нотариуси давлатӣ дар маҳалли кушодани мерос дар асоси аризаи ворис ё ворисон, иҷрокунандаи васиятнома, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти васоят ва парасторӣ ё шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳифзи молу мулки меросӣ, ки барои манфиати давлат, ворис, ворисон ё кредиторон зарур аст, чораҳо меандешад.

2. Агар молу мулки меросгузор ё қисми он дар маҳалли кушодани мерос набошад, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос ба идораи нотариалии давлатии ҷойи воқеияти молу мулки меросӣ дар бораи андешидани чораҳои ҳифзи он супориш мефиристад.

3. Нотариуси давлатии маҳалли воқеияти молу мулки меросӣ, ки барои ҳифзи молу мулки меросӣ чораҳо андешидааст, ба идораи нотариалии давлатии маҳалли кушодани мерос дар бораи андешидани чораҳои мазкур хабар медиҳад.

Моддаи 56. Хабардор кардани ворисон дар бораи мероси кушодашуда

1. Нотариуси давлатие, ки оид ба кушодани мерос маълумот гирифтааст, ӯҳдадор аст дар бораи он ворисонеро, ки ҷойи зист ё корашон ба вай маълум аст, хабардор намояд.

2. Нотариуси давлатӣ метавонад ворисонро бо роҳи эълони умумӣ ё дар ин бора нашр кардани хабар дар матбуот бо хоҳиш ва аз ҳисоби шахсони манфиатдор даъват намояд. Амалҳои мазкур дар мӯҳлати барои қабули мерос муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Моддаи 57. Барӯйхатгирии молу мулки меросӣ ва таъин кардани муҳофиз ё васӣ

1. Нотариуси давлатӣ барои ҳифзи молу мулки меросӣ онро ба рӯйхат мегирад ва барои ҳифз онро ба ворисон ё шахсони дигар месупорад. Барӯйхатгирӣ бо иштироки шахсони барои ҳифзи молу мулки меросӣ манфиатдор ва на камтар аз ду нафар шахси холис тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуда, дар ин бора санади дахлдор тартиб дода мешавад.

2. Нотариуси давлатӣ ҳамаи молу мулки дар бино мавҷудбударо ба рӯйхат мегирад.

3. Молу мулк аз рӯйхат танҳо бо тартиби судӣ хориҷ карда мешавад.

4. Дар ҳолатҳое, ки ворисон ва шахсони дигар молу мулки меросиро барои барӯйхатгирӣ пешниҳод накунанд, молу мулки меросиро нобуд карда бошанд ё ин ки бо сабабҳои дигар барӯйхатгирии молу мулки меросӣ ё қабул кардани чораҳои зарурӣ ғайриимкон бошад, нотариуси давлатӣ дар ин бора санади дахлдор тартиб медиҳад.

5. Барӯйхатгирии молу мулки меросӣ бо тартиби муқарраркардаи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6. Агар дар таркиби мерос молу мулке бошад, ки идоракуниро талаб намояд ё ин ки дар ҳолати то меросро қабул кардани меросхӯрон даъво пешниҳод намудани кредиторҳо, нотариуси давлатӣ барои ҳифзи он муҳофизи молу мулкро таъин мекунад.

7. Муҳофиз ва дигар шахсоне, ки молу мулки меросӣ ба онҳо барои муҳофизат супорида шудааст (бовар карда дода шудааст), дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ ё исрофкории молу мулки меросӣ ва дар бораи ҷавобгарии моддӣ барои зарари расондашуда огоҳ карда мешаванд.

Моддаи 58. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ

1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ дар ҳолатҳое ба ҷо оварда мешавад, ки агар дар таркиби мерос молу мулки меросие мавҷуд бошад, ки нисбати он на танҳо ҳифз, балки идоракунии онҳо (корхона, комплекси молумулкӣ, ҳисса дар сармояи (пасандозҳои) оинномавии ҷамъияти хоҷагидорӣ, коғазҳои қиматнок, ҳуқуқҳои истисноӣ ва ғайра) талаб карда мешавад.

2. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ аз ҷониби нотариуси давлатӣ дар маҳалли кушодани мерос дар асоси аризаи шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи 55 Қонуни мазкур зикр шудаанд, таъсис дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ҳуқуқи муассисӣ ба иҷрокунандаи васиятнома тааллуқ дошта бошад. Барои идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ нотариуси давлатӣ ба сардори ваколатдор шаҳодатнома медиҳад.

3. Ҳангоми ба созиш наомадани ворисон дар бораи таъини сардори ваколатдор, сардори ваколатдор бо тартиби судӣ таъин карда мешавад.

Моддаи 59. Супориш дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ

1. Агар молу мулки меросӣ дар маҳалҳои гуногун ҷойгир бошад, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос супоришро дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 55 Қонуни мазкур мефиристонад.

2. Нотариуси давлатӣ дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ дар мӯҳлати як моҳ ба нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос хабар медиҳад.

Моддаи 60. Додани молу мулки меросӣ ба идораи ба боварӣ асосёфта

1. Молу мулки ба мерос дохилшаванда, ки идоракуниро талаб мекунад, аз ҷониби нотариуси давлатӣ дар асоси шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ба шахсе, ки дар хабарнома дар бораи таъсиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ нишон дода шудааст ё ба нотариуси давлатии муайян дода мешавад.

2. Ворисон, инчунин дигар шахсоне, ки бадастоварандаи фоида аз рӯи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ мебошанд, сардори ваколатдор шуда наметавонанд.

3. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта бояд мувофиқи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур баста шавад.

4. Шартҳои муҳими шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ин пурра навиштани номгӯи молу мулке, ки ба идораи ба боварӣ асосёфта дода мешавад, зикри бадастоварандаи фоида, мӯҳлатҳои ҳисобот додани сардори ваколатдор, шахсе, ки дар ҳолати қатъи идоракунӣ молу мулкро мегирад, андоза ва шакли пардохти мукофот ба сардори ваколатдор, супоришҳои ворис ё ворисон, ки ба манфиати онҳо идораи ба боварӣ асосёфта амалӣ мешавад, шартҳои пардохти амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфта ва асосҳои қатъ гардидани идораи ба боварӣ асосёфта мебошанд.

Моддаи 61. Пардохти мукофот барои амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ

Пардохти мукофот барои амалӣ намудани идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ба сардори ваколатдор дар ҳаҷми муқарраркардаи созишномаи байни ворис (ворисон) ва сардори ваколатдор пардохта мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 62. Қатъи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ

1. Идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ то қабули мерос аз ҷониби ворис ё ворисон, агар меросро онҳо қабул накарда бошанд, то ба охир расидани мӯҳлати қабули мерос, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, давом дода мешавад.

2. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, ки ворисонро дар бораи қатъи идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулки меросӣ ва дар сурати ба давлат гузаштани мерос, мақоми давлатии дахлдорро огоҳ намояд.

Моддаи 63. Қатъ гардидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ

1. Ҳифзи молу мулки меросӣ то вақти меросро қабул кардани ҳамаи ворисон ва агар он қабул карда нашуда бошад, то вақти ба охир расидани мӯҳлати қабули мерос, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, давом мекунад.

2. Нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст, ки дар бораи қатъ гардидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ, меросхӯрон ва агар меросхӯрон набошанд, мақоми давлатии дахлдорро пешакӣ огоҳ намояд.

Моддаи 64. Додани маблағи пулӣ аз ҳисоби молу мулки меросӣ

1. Шахсе, ки барои нигоҳубини меросгузори бемор то вақти вафоти вай, ҳифзи мерос ва идораи он, ҳамчунин барои дафни меросгузор дар сурати набудани меросхӯре, ки мерос ба ӯ дода мешавад ё иҷрокунандаи васиятнома маблағи муайян хароҷот кардааст, ҳуқуқ дорад ба нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос барои барқарор кардани хароҷоти худ аз ҳисоби молу мулки меросӣ муроҷиат кунад. Дар ин маврид муроҷиаткунанда ба нотариуси давлатӣ оид ба хароҷоти кардааш бояд далели хаттӣ пешниҳод намояд.

2. Агар талаботи пешниҳодкардаи шахсро нотариуси давлатӣ қобили қабул ҳисобад, вай то вақти меросро қабул кардани меросхӯрон ва агар мерос қабул нашуда бошад, то вақти ба давлат додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дар бораи аз ҳисоби молу мулки меросӣ додани маблағҳои зерин супориш дода метавонад:

- барои пардохти хароҷоти нигоҳубини меросгузор дар вақти беморӣ, инчунин барои дафни ӯ;

- барои таъмини шахсоне, ки дар таъминоти меросгузор буданд;

- барои пардохти хароҷоти ҳифзи молу мулки меросӣ ва идоракунии он.

3. Дар сурати дар таркиби молу мулки меросӣ набудани маблағи пулӣ, нотариуси давлатӣ дар бораи додани ашё, ки арзиши он набояд аз маблағи хароҷоти воқеӣ зиёд бошад, супориш медиҳад. Зимнан аз ҳисоби молу мулки меросии ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт ба ин мақсад супориш дода намешавад.

БОБИ 8. ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН КАРДАНИ ВАСИЯТНОМАИ МАХФӢ

Моддаи 65. Қабул ва эълон кардани васиятномаи махфӣ

1. Нотариуси давлатӣ васиятномаи махфиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.

2. Ҳангоми аз ҷониби шахсони манфиатдор пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафоти меросгузор, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатӣ, ки дар он васиятномаи махфӣ маҳфуз дошта мешавад, марҳилаи эълон кардани васиятномаи махфиро оғоз мекунад.

3. Дар рӯз ва соати муқарраркардаи эълони васиятномаи махфӣ нотариуси давлатӣ бо салоҳдиди худ ду шахсро ҳамчун шоҳид дар мавриди эълони васиятномаи махфӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираи меросхӯроне, ки хоҳиши дар вақти эълон кардани васиятномаи махфӣ иштирок карданро доранд ва муносибатҳои хешу табориашонро бо меросгузор дар асоси ҳуҷҷат исбот карда метавонанд, даъват менамояд. Дар ҳолати набудани шоҳидон аз доираи меросхӯрони аз рӯи қонун муайянгардида ё даст кашидани онҳо аз иштирок намудан ҳангоми эълони васиятномаи махфӣ, нотариуси давлатӣ ҳуқуқ дорад дигар шахсони холисро даъват намояд.

4. Протоколи эълони васиятномаи махфӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- сана ва ҷойи тартиб додани протокол;

- санаи гирифтани маълумот дар бораи кушодани мерос;

- санаи кушодани мерос;

- насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва вафот, ҷойи зисти охирини меросгузор;

- насаб, ном ва номи падари шоҳидон ва шахсони дигар, ки ҳангоми эълони васиятномаи махфӣ иштирок карданд;

- суроғаи идораи нотариалии давлатие, ки дар он ҷо васиятномаи махфӣ эълон карда мешавад;

- сабт намудани ҳолати лифофае, ки дар он лифофаи васиятномаи махфӣ мавҷуд аст ва ҳолати лифофае, ки дар он васиятномаи махфӣ мавҷуд аст.

5. Протоколи эълон кардани васиятномаи махфӣ аз тарафи нотариуси давлатӣ ва шоҳидон имзо карда шуда, дар он мӯҳри нотариуси давлатӣ гузошта мешавад.

6. Нусхаи аслии протокол дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигари он ба шахсони дар васиятномаи махфӣ нишондодашуда, ба шахсони аз мерос дасткашида, ҳамчунин ба иҷрокунандаи васиятнома бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур дода мешавад.

Моддаи 66. Тасдиқ намудани ваколати иҷрокунандаи васиятнома

1. Дар асоси аризаи хаттии иҷрокунандаи васиятнома (базиммагузорӣ) нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос ваколати ӯро, ки аз мазмуни васиятнома бармеояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

2. Ваколати иҷрокунандаи васиятнома аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқ карда мешавад, агар:

- дар парвандаи меросӣ васиятномае бошад, ки бекор карда нашудааст ва мувофиқи он иҷрои васиятнома ба зиммаи аризадиҳанда вогузор гардидааст;

- дар парвандаи меросӣ маълумот дар бораи аз тарафи суд озод кардани аризадиҳанда аз вазифаи иҷрокунандаи васиятнома набошад;

- розигии аризадиҳанда оид ба иҷрокунандаи васиятнома будан бояд дар матни васиятнома ё дар аризаи ба васиятнома замимашуда ифода ёфта бошад ё ин ки дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаи ба зиммаи ӯ вогузоршуда шурӯъ карда бошад.

БОБИ 9. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲУҚУҚ БА МЕРОС

Моддаи 67. Маҳал ва мӯҳлатҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос

1. Аз рӯи аризаи хаттии ворисон, нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро медиҳад.

2. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дар мӯҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Моддаи 68. Кушодани мерос

1. Барои оғоз намудани парвандаи меросӣ инҳо асос шуда метавонанд:

- ариза оид ба қабули мерос ё даст кашидан аз он;

- ариза оид ба додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос;

- аризаи ҳамсари дар ҳаётмонда дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар;

- ариза оид ба андешидани чораҳои ҳифзи молу мулки меросӣ ё идораи он ва дигар аризаҳои воридшуда, ки ба молу мулки меросӣ алоқаманданд.

2. Ҳуҷҷатҳои зикргардида дар парвандаи меросии идораи нотариалии давлатии маҳалли кушодани мерос нигоҳ дошта мешаванд. Ба парвандаи меросӣ инчунин ҳуҷҷатҳои дигари пешбиникардаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамроҳ карда мешаванд. Тартиби истеҳсолот вобаста ба парвандаи меросӣ тибқи Дастурамали коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 69. Тартиби додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун

1. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба ворисоне, ки меросро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардаанд, дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун якҷоя ба ҳамаи ворисон ё ба ҳар як ворис алоҳида мувофиқи хоҳиши онҳо дода мешавад. Ворисоне, ки меросро дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун нагирифтаанд, ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун бо розигии ҳамаи дигар ворисоне, ки меросро қабул намудаанд, мумкин аст дохил карда шаванд. Ин розигӣ бояд то дода шудани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун дар шакли хаттӣ изҳор карда шавад.

3. Нотариуси давлатӣ дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба номи васӣ ё парастори ноболиғ ё вориси ғайри қобили амал ба мақомоти васояту парастории маҳалли истиқомати ворис барои муҳофизати он ва манфиатҳои молумулкии вориси ноболиғ хабар медиҳад.

4. Ҳангоми аз рӯи ҳуқуқи мерос ба давлат гузаштани молу мулки меросӣ, шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба мақоми давлатии дахлдор дода мешавад.

Моддаи 70. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун

1. Нотариуси давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун бо роҳи аз ворисон талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор, воқеияти вафоти меросгузор, вақт ва маҳалли кушодани мерос, мавҷудияти муносибатҳои хешовандӣ бо меросгузор, ки асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардани шахсоне мебошад, ки дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ариза додаанд ва таркиби молу мулки меросиеро, ки барои он шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дода мешавад, месанҷад.

2. Агар як ё якчанд ворис аз рӯи қонун аз имконияти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое маҳрум бошанд, ки онҳо асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардан мебошанд, онҳо бо розигии ҳамаи ворисоне, ки мерос гирифтаанд ва ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки онҳо асоси аз рӯи қонун ба меросгирӣ даъват кардан мебошанд, мумкин аст ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дохил карда шаванд.

Моддаи 71. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома

Нотариуси давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома воқеияти вафоти меросгузор, мавҷуд будани васиятнома ё нусхаи протоколи эълон кардани васиятномаи махфӣ бо қайди он, ки бекор ё тағйир дода нашудааст, бо роҳи аз ворисон талаб кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор, вақт ва маҳалли кушодани мерос, таркиби молу мулки меросӣ, доираи шахсонеро, ки барои гирифтани ҳиссаи ҳатмии мерос ҳуқуқ доранд, месанҷад.

Моддаи 72. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ба молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад

1. Агар ба таркиби молу мулки меросӣ молу мулки ғайриманқул (як қисми он) дохил шавад, нотариуси давлатӣ дар бораи ба меросгузор тааллуқ доштани молу мулки ғайриманқул ҳуҷҷати ҳуқуқмуаяйнкунанда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатии ҳуқуқ ба ин молу мулк, маълумотномаи барӯйхатгирии техникӣ, инчунин маълумотномаи мақоми бақайдгирандаи давлатии молу мулки ғайриманқулро оид ба дар ҳабс ва манъ қарор надоштани он талаб мекунад.

2. Дар ҳолати ба шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос дохил намудани дигар молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад (воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, мотосикл, катер ва ғайра), нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳои ба меросгузор тааллуқ доштани ин молу мулкро месанҷад.

БОБИ 10. ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ

Моддаи 73. Тартиби додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият

Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, аз тарафи нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии молу мулк дода мешавад.

Моддаи 74. Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият

Барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба молу мулк ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Моддаи 75. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият аз рӯи аризаи якҷояи зану шавҳар

Нотариуси давлатӣ дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ба яке аз онҳо ё ба ҳардуяшон шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият барои аз ду як ҳиссаи молу мулки муштарак, ки моликияти якҷояи онҳо ҳисоб мешавад, медиҳад. Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба зану шавҳар мумкин аст ҳам дар давраи дар қайди никоҳ будан ва ҳам дар муддати се соли пас аз рӯзи бекор кардани ақди никоҳ дода шавад.

Моддаи 76. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафоти яке аз ҳамсарон

1. Дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон, шаҳодатномаи ҳуқуқи моликиятро ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар нотариуси давлатии маҳалли кушодани мерос аз рӯи аризаи ҳамсари дар ҳаётбуда бо огоҳкунии пешакии ворисони дигар медиҳад.

2. Ҳангоми додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар (агар дар аҳдномаи никоҳи байни онҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад) ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ақди никоҳи аризадиҳанда бо меросгузор, инчунин ҳуҷҷати дахлдори ба зан ё шавҳари вафоткарда тааллуқ доштани молу мулки дахлдор пешниҳод карда мешавад.

БОБИ 11. МАНЪИ АЗ СОҲИБӢ СОҚИТ КАРДАНИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ

Моддаи 77. Манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул

Манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқул дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 78. Бекор кардани манъ

Нотариуси давлатӣ огоҳиномаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи пардохтани қарз ё маълумот оид ба қатъ гардидани шартномаи гарав, инчунин маълумот оид ба қатъ шудани шартномаи таъминоти якумрӣ бо саробониро гирифта, манъи аз соҳибӣ соқит кардани молу мулки ғайриманқулро бекор мекунад.

БОБИ 12. ТАСДИҚ НАМУДАНИ НУСХАИ ҲУҶҶАТҲО ВА ИҚТИБОС АЗ ОНҲО, АСЛИЯТИ ИМЗО ВА ДУРУСТИИ ТАРҶУМА

Моддаи 79. Тасдиқ кардани дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташуда

1. Нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо, ки аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дода шудаанд, ба шарте тасдиқ мекунад, ки ин ҳуҷҷатҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд, аҳамияти ҳуқуқӣ дошта бошанд ва тасдиқ кардани нусха ва иқтибоси онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накарда бошад. Тасдиқ кардани дурустии нусхаи шиноснома, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи хизматӣ ё дигар ҳуҷҷате, ки узви ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизби сиёсӣ буданро тасдиқ менамояд, манъ аст.

2. Нотариуси давлатӣ дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки калимаҳои тозакардашуда, ислоҳкардашуда, навиштаҷоти иловагӣ, калимаҳои хатзадашуда, ҳуҷҷатҳоеро, ки матнаш бо сабаби фарсуда шудан хонда нашавад ва дигар ислоҳҳои бе шарҳу эзоҳ доранд, инчунин ҳуҷҷатҳои бо қалам навишташударо тасдиқ намекунад.

3. Нотариуси давлатӣ дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳои бо забонҳои хориҷӣ тартибдодашударо танҳо дар ҳолати пешниҳоди тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, тасдиқ мекунад.

4. Дурустии нусхаи ҳуҷҷати аз тарафи шахс пешниҳодшуда, дар он маврид тасдиқ карда мешавад, ки аслияти имзои шахс дар он ба тариқи нотариалӣ дасдиқ карда шуда бошад.

5. Дурустии иқтибоси аз ҳуҷҷатҳо гирифташуда танҳо дар он ҳолат тасдиқ карда мешавад, ки агар ҳуҷҷати аз он иқтибос гирифташуда якчанд масъалаи ҷудогонаи байни ҳам алоқа надоштаро дар бар гирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. Иқтибос бояд матни пурраи қисми ҳуҷҷатро аз рӯи масъалаи муайян дар бар гирад.

Моддаи 80. Тасдиқ кардани дурустии нусха аз нусхаи ҳуҷҷат

Дурустии нусхаи аз нусхаи ҳуҷҷат гирифташударо нотариуси давлатӣ ба шарте тасдиқ карда метавонад, ки дурустии нусха ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шуда бошад ё нусхаи ҳуҷҷатро шахси ҳуқуқие додааст, ки асли ҳуҷҷатро худи ин шахси ҳуқуқӣ дода бошад. Дар ин маврид нусхаи ҳуҷҷат бояд дар бланкаи расмии ҳамин шахси ҳуқуқӣ тайёр гардида, бо мӯҳр тасдиқ ва дар он зикр шуда бошад, ки асли ҳуҷҷат дар ҳуҷҷатҳои коргузории шахси ҳуқуқӣ маҳфуз мебошад. Ҳамчунин он бояд бо имзои роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва бо мӯҳри он тасдиқ карда шуда бошад.

Моддаи 81. Тасдиқ кардани аслияти имзо

1. Нотариуси давлатӣ аслияти имзоро дар ҳуҷҷате тасдиқ мекунад, ки мазмуни он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нест ва он мазмуни аҳдро ифода намекунад.

2. Дар аҳд танҳо аслияти имзои шахсе тасдиқ карда мешавад, ки онро шахси мазкур ба ҷои шахси дигаре, ки бо сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ, бесаводӣ ё сабабҳои дигар бо дасти худ имзо карда наметавонад, имзо карда бошад.

3. Нотариуси давлатӣ, ки аслияти имзоро тасдиқ менамояд, аслияти воқеиятҳои дар ҳуҷҷат баёншавандаро тасдиқ намекунад, фақат ҳаминро тасдиқ менамояд, ки имзоро шахси дахлдор гузоштааст.

Моддаи 82. Тасдиқ кардани дурустии тарҷума аз як забон ба забони дигар

1. Нотариуси давлатӣ дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатро аз як забон ба забони дигар ба шарте тасдиқ мекунад, агар ӯ забони дахлдорро донад.

2. Агар нотариуси давлатӣ забони дахлдорро надонад, тарҷумаи ҳуҷҷатро тарҷумон анҷом дода метавонад, ки аслияти имзои ӯро нотариуси давлатӣ тасдиқ мекунад.

Моддаи 83. Додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳое, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд

1. Дар сурати гум кардан ё фарсуда шудани (хонда нашудан ва ғайра) ҳуҷҷатҳои бо тартиби нотариалӣ тасдиқшудае, ки як нусхаи аслиашон дар идораҳои нотариалии давлатӣ ва ё бойгониҳои идораҳои нотариадии давлатӣ маҳфузанд, бо дархости (аризаи) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндагони қонунии онҳо нусхаи дуюми (дубликати) ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи Сарнотариуси давлатӣ ё муовини ӯ, нотариусони калони давлатӣ, дар идораҳои нотариалии давлатие, ки як нотариуси давлатӣ кор мекунад аз тарафи нотариуси давлатӣ ва дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ аз тарафи нотариуси калони давлатии бойгонидор дода мешаванд.

2. Нусхаи дуюми (дубликати) ваколатномаҳо дода намешавад.

3. Нусхаи дуюми (дубликати) васиятнома баъди вафоти васияткунанда ба ворисоне, ки ӯ дар васиятномааш муайян кардааст ва иҷрокунандаи васиятнома дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафот дода мешавад.

БОБИ 13. ТАЪМИНИ ДАЛЕЛҲО

Моддаи 84. Таъмини далелҳо

1. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахсони манфиатдор далелҳоеро таъмин мекунад, ки дар мавриди оғоз намудани парванда дар мақомоти судӣ ё дигар мақомот зарур мешаванд, агар эҳтимолияти ғайриимкон ё душвор гардидани пешниҳоди онҳо вуҷуд дошта бошад.

2. Нотариуси давлатӣ дар он маврид далелҳоро таъмин намекунад, ки агар онҳо дар лаҳзаи муроҷиати шахсони манфиатдор дар баррасии суд, мақомоти тафтиш ё таҳқиқ қарор дошта бошанд.

Моддаи 85. Амалҳо оид ба таъмин кардани далелҳо

1. Нотариуси давлатӣ ҷиҳати таъмин кардани далелҳо дар ҳолатҳои зарурӣ шоҳидонро мепурсад, далелҳои хаттӣ ва шайъиро аз назар мегузаронад ва экспертизаи дахлдор таъин менамояд.

2. Ҳангоми иҷрои амалиёт оид ба таъмин кардани далелҳо нотариуси давлатӣ меъёрҳои қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Нотариуси давлатӣ дар бораи вақт ва маҳалли таъмин намудани далелҳо ба тарафи дигар ва шахсони манфиатдор хабар медиҳад, вале ҳозир нашудани онҳо барои иҷро кардани амалиёт оид ба таъмин кардани далелҳо монеъ шуда наметавонад.

4. Таъмин кардани далелҳо бе огоҳ намудани яке аз тарафҳо ва шахсони манфиатдор танҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир ё дар мавридҳое амалӣ карда мешавад, ки агар муайян намудани иштироки минбаъдаи шахс вобаста ба ин ё он парванда ғайриимкон бошад.

БОБИ 14. ТАСДИҚИ ВОҚЕИЯТ, СУПОРИДАНИ АРИЗАИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ БА ДИГАР ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Моддаи 86. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҳаёт будани шахс

1. Нотариуси давлатӣ воқеияти дар ҳаёт будани шахсро тасдиқ мекунад.

2. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҳаёт будани шахси ноболиғ бо хоҳиши намояндаи қонунии вай (падару модар, фарзандхондкардагон, васӣ ё парастор), инчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.

3. Ҳангоми тасдиқи воқеияти мазкур нотариуси давлатӣ ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад.

Моддаи 87. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҷойи муайян будани шахс

1. Нотариуси давлатӣ бо хоҳиши шахс воқеияти дар ҷойи муайян будани вайро тасдиқ мекунад.

2. Тасдиқ кардани воқеияти дар ҷойи муайян будани шахси ноболиғ бо хоҳиши падар ё модари вай ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, васӣ ё парастор, инчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.

3. Ҳангоми тасдиқи воқеияти мазкур нотариуси давлатӣ ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад.

Моддаи 88. Тасдиқ кардани айнияти шахс бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст

1. Нотариуси давлатӣ айнияти шахсро бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, тасдиқ менамояд ва барои тасдиқи ин воқеият ба шахсони манфиатдор шаҳодатнома медиҳад.

2. Тасдиқ кардани айнияти шахси ноболиғ бо шахсе, ки дар сурат акс ёфтааст, бо хоҳиши падар ё модари вай, шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, васӣ ё парастор, ҳамчунин муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки таҳти парастории онҳо шахси ноболиғ қарор дорад, сурат мегирад.

Моддаи 89. Тасдиқ намудани вақти пешниҳоди ҳуҷҷат

Нотариуси давлатӣ вақти ба вай пешниҳод намудани ҳуҷҷатро тасдиқ менамояд. Дар ин бора дар ҳуҷҷат бо нишон додани насаб, ном ва номи падари шахси ҳуҷҷатро пешниҳодкарда қайд карда мешавад.

Моддаи 90. Супоридани аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

1. Нотариуси давлатӣ аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ месупорад. Ариза шахсан бо гирифтани забонхат дода мешавад ё тавассути шӯъбаи алоқа бо огоҳиномаи мутақобила фиристонида мешавад.

2. Хароҷотро дар бораи фиристонидани ариза шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие пардохт мекунанд, ки бо хоҳиши онҳо амалиёти нотариалии мазкур ба ҷо оварда шудааст.

3. Шаҳодатнома дар бораи супоридани ариза аз ҷониби нотариуси давлатӣ танҳо бо хоҳиши шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ муроҷиат кардаанд, дода мешавад.

БОБИ 15. БА АМОНАТ (ДЕПОЗИТ) ҚАБУЛ КАРДАНИ МАБЛАҒИ ПУЛӢ ВА (Ё) КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

Моддаи 91. Ба амонат (депозит) қабул кардани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок

1. Нотариуси давлатӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарздор ба амонати (депозити) идораи нотариалии давлатӣ барои ба кредитор супоридани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро қабул мекунад.

2. Нотариуси давлатӣ дар бораи ворид шудани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок кредиторро огоҳ мекунад ва бо талаби вай маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба ӯ медиҳад.

3. Маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии маҳалли иҷрои ӯҳдадорӣ ва (ё) кушодани мерос қабул мекунад.

Моддаи 92. Баргардонидани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок

Баргардонидани маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок ба шахсе, ки маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) супурдааст, танҳо бо розигии хаттии он шахсе (кредиторе), ки ба фоидаи вай маблағи пулӣ ва (ё) коғазҳои қиматнок супорида шудааст ва ё бо санади судӣ мумкин аст.

БОБИ 16. БА ҶО ОВАРДАНИ НАВИШТАҶОТИ ИҶРОИЯ

Моддаи 93. Ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроия

1. Нотариуси давлатӣ барои аз қарздор рӯёнидани маблағ ва (ё) талаб карда гирифтани молу мулк аз рӯи ӯҳдадориҳои бебаҳс дар ҳуҷҷатҳое, ки қарздориро муқаррар менамоянд, навиштаҷоти иҷроия ба ҷо меоварад.

2. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки аз рӯи онҳо қарз ба таври бебаҳс дар асоси навиштаҷоти иҷроия рӯёнида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 94. Шартҳои ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроия

1. Навиштаҷоти иҷроия бо шартҳои зерин ба ҷо оварда мешавад:

- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бебаҳс будани қарз ё дигар масъулияти қарздорро дар назди кредитор тасдиқ намоянд;

- агар аз рӯзи ба вуҷуд омадани ҳуқуқи даъво се сол нагузашта бошад.

2. Агар барои талаботе, ки аз рӯи он навиштаҷоти иҷроия ба ҷо оварда мешавад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигари даъворо муқаррар карда бошад, навиштаҷоти иҷроия дар доираи ин мӯҳлат ба ҷо оварда мешавад.

Моддаи 95. Мазмуни навиштаҷоти иҷроия

Навиштаҷоти иҷроия бояд инҳоро дар бар гирад:

- насаб, ном ва номи падари нотариуси давлатие, ки навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо меорад;

- насаб, ном, номи падар ва суроғаи кредитор (барои шахси воқеӣ);

- номи пурра, суроға ва суратҳисоби кредитор (барои шахси ҳуқуқӣ);

- насаб, ном, номи падар ва суроғаи қарздор (барои шахси воқеӣ);

- номи пурра, суроға ва суратҳисоби қарздор (барои шахси ҳуқуқӣ);

- нишон додани мӯҳлате, ки дар давоми он қарз рӯёнида мешавад;

- нишон додани маблағе, ки бояд рӯёнида шавад ё ашёҳое, ки бояд талаб карда гирифта шаванд, аз он ҷумла ҷарима, фоизи фоида, агар онҳо ситонида шаванд;

- нишон додани андозаи маблағи боҷи давлатӣ, ки кредитор супоридааст ё бояд аз қарздор рӯёнида шавад;

- санаи (рӯз, моҳ, соли) ба ҷо оварда шудани навиштаҷоти иҷроия;

- рақаме, ки таҳти он навиштаҷоти иҷроия дар феҳрист қайд гардидааст;

- имзо ва мӯҳри нотариуси давлатие, ки навиштаҷоти иҷроияро ба ҷо овардааст.

Моддаи 96. Тартиби ситониш аз рӯи навиштаҷоти иҷроия

Ситониш аз рӯи навиштаҷоти иҷроия бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 97. Мӯҳлати пешниҳод кардани навиштаҷоти иҷроия

1. Навиштаҷоти иҷроия мумкин аст, барои иҷрои маҷбурӣ дар мӯҳлати се сол аз рӯзи дода шудани он пешниҳод карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигарро пешбинӣ накарда бошад.

2. Барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда барои пешниҳод кардани навиштаҷоти иҷроия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ 17. БА ҶО ОВАРДАНИ ДИГАР АМАЛИЁТИ НОТАРИАЛӢ

Моддаи 98. Ариза дар бораи эътирози баҳрӣ

1. Нотариуси давлатӣ бо мақсади таъмини далелҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳиби киштӣ аризаи хаттии капитани киштиро дар бораи ҳодисае, ки дар давраи шино кардан ё истодани киштӣ рух додааст, қабул мекунад, ки он барои ба соҳиби киштӣ пешниҳод кардани талаботи молумулкӣ асос шуда метавонад.

2. Ариза дар бораи эътирози баҳрӣ бояд дар бандари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи нотариалии давлатӣ ё консулгариҳо дар муддати 36 соат супурда шавад. Агар имконияти аризаро дар мӯҳлати муқарраргардида супоридан набошад, сабабҳои он дар ариза дар бораи эътирози баҳрӣ қайд карда мешавад.

3. Барои тасдиқи ҳолатҳое, ки дар ариза дар бораи эътирози баҳрӣ баён карда шудаанд, ба нотариуси давлатӣ дар давоми мӯҳлати нишондодашуда, бояд барои аз назар гузаронидан дафтари киштӣ ва иқтибос аз дафтари киштӣ, ки аз тарафи капитани киштӣ тасдиқ карда шудааст, пешниҳод карда шавад.

Моддаи 99. Тартиб додани санад дар бораи эътирози баҳрӣ

Нотариуси давлатӣ дар асоси аризаи капитани киштӣ, маълумоти дафтари киштӣ, инчунин пурсиши худи капитан ва ба қадри имкон камаш ду шоҳид аз ҷумлаи шахсони ҳайати фармондеҳии киштӣ ва ду шоҳид аз ҳайати дастаи (командаи) киштӣ дар бораи эътирози баҳрӣ санад тартиб медиҳад. Нусхаи санад ба капитан ё шахси ваколатдор дода мешавад.