ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 апрели соли 2017 № 722
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 401
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 "Дар бораи нотариати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 260; с.2013, №6, мод.408) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 3 ва қисми 1 моддаи 8 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 13, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14 калимаҳои "марзиву маъмурии" ва "марзиву маъмурие" мувофиқан ба калимаҳои "маъмурию ҳудудии" ва "маъмурию ҳудудие" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 2 моддаи 17:
- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар.".
4. Қисми 1 моддаи 24 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ба мансаби нотариуси давлатӣ шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, забони давлатиро донад ва ҳадди ақал се сол собиқаи кории касбӣ дошта, ба сифати коромӯз дар идораи нотариалии давлатӣ фаъолият карда, имтиҳони тахассусисиро супорида бошад.".
5. Дар матни моддаи 105 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1438
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ НОТАРИАТЕ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 5 апреля 2017 года, №722
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №401
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года "О государственном нотариате" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №4, ст. 260; 2013 г., №6, ст. 408) следующие изменение и дополнение:
1. В части 2 статьи 17:
- знак точки в конце абзаца третьего заменить знаком точки с запятой ",";
- дополнить абзацем четвертым следующего содержания:
"- прекращение гражданства Республики Таджикистан или приобретение гражданства другого государства.".
2. Часть 1 статьи 24 изложить в следующей редакции:
"1. На должность государственного нотариуса назначается лицо, которое имеет только гражданство Республики Таджикистан, высшее юридическое образование, владеет государственным языком, имеет профессиональный стаж работы минимум три года, прошло стажировку в государственной нотариальной конторе и сдало квалификационный экзамен.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1438