Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 510 "Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳоро ворид менамоянд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 463 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳоро ворид менамоянд

Мутобиқи моддаи 378 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани "Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солқои 2007-2015", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006 № 451 тасдиқ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Мурғи Марҷон" ва "Мурғи Ҳилол"-и ноҳияи Файзобод, ки ба Ҷумхурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи қарордодҳои №№DН-04, DН-04/1, DН-05 аз 9 апрели соли 2007 ва №DН-07/07 аз 13 июли соли 2007 аз ширкатҳои "Toyouzan Со" ва "ARSAM KAR Теhran Со" ба маблағи 751265 EURO ва 150000 доллари ЙМА таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳоро ворид менамоянд, мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо аз 1 сентябр то 1 декабри соли 2007 ба мӯҳлати се моҳ ба таъхир гузорад.

2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- батаъхиргузориро бо шартҳои ба мақомоти гумрук таъмин намудани пардохтҳои гумрукӣ тибқи тартиби пешбининамудаи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- ҷиҳати бебаҳс ситонидани маблағи батаъхиргузошта баъди ба охир расидани мӯҳлати батаъхиргузорӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро андешад;

- назорати истифодаи мақсадноки молҳои воридшударо таъмин намояд.

3. Ҳамин қарор аз 1 сентябри соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 1 октябри соли 2007 № 510

ш. Душанбе

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 05.07.2014, № 463

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О предоставлении отсрочки по уплате таможенной пошлины и налога на добавленную стоимость субъектам внешнеэкономической деятельности, осуществляющим ввоз в Республику Таджикистан технологического оборудования и комплектующих изделий к нему

В соответствии со статьей 378 Таможенного кодекса Республики Таджикистан и в целях внедрения "Программы развития отрасли птицеводства на 2007-2015 годы", утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 октября 2006 года №451 Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерству финансов Республики Таджикистан предоставить Открытым акционерным обществам "Мурги Марджон" и "Мурги Хилол" Файзабадского района, осуществляющим ввоз в Республику Таджикистан технологического оборудования и комплектующих изделий к нему из Исламской Республики Иран по контрактам №№DН-04, DН-04/1, DН-05 от 9 апреля 2007 года и №DН-07/07 от 13 июля 2007 года с фирм "Toyouzan Аbzar Со" и "АRSАМ КАR Tehran Сo" на сумму 751265 Евро и 150000 долларов США, отсрочку по уплате таможенной пошлины и налога на добавленную стоимость сроком на 3 месяца от 1 сентября до 1 декабря 2007 года.

2. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан:

- отсрочку предоставить при условии предоставления таможенным органам обеспечения уплаты таможенных платежей в порядке, предусмотренном главой 46 Таможенного кодекса Республики Таджикистан;

- принять меры по бесспорному взысканию суммы отсрочки в соответствии с требованиями действующего законодательства Республики Таджикистан со дня истечения срока отсрочки;

- обеспечить контроль над целевым использованием ввозимых товаров.

3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 сентября 2007 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Э.Рахмонов

от 1 октября 2007 года №510

г. Душанбе