×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1182 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи адвокатура

(Қонуни конст. ҶТ аз 6.08.2001 № 36, аз 3.03.2006 № 161)

Моддаи 1. Адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи мустақили касбӣ буда, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси воқеӣ ва ашхоси ҳуқуқӣ расонидани ёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд.

Адвокат ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳимоя карда, ғояҳои башардӯстӣ, адолат, қонуниятро таҷассум мекунад.

Моддаи 2. Шарҳи мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳое, ки дар Қонун мавҷуданд, маънии зерин доранд:

Адвокат - узви ҳайати коллегияи адвокатҳо, адвокати ваколатдор (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161).

Фаъолияти адвокатӣ - фаъолияти адвокатҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161).

Адвокати ваколатдор - соҳибкор, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Восита ва усулҳои қонунӣ - восита ва усулҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки онҳоро қонунгузории ҷорӣ манъ накардааст.

Манфиати қонунӣ - ҳар гуна манфиатҳои ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории ҷорӣ бевосита ё бавосита эътироф кардааст ва ё мазмуни дақиқи он мухолиф намебошад.

Ҳуқуқшиноси хориҷӣ - ҳуқуқшиносе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад.

Муштарӣ - ҳар гуна ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои ёрии ҳуқуқӣ ба адвокат муроҷиат кардааст.

Коллегияи адвокатҳо - ташкилоти мустақили ҳуқуқдонҳои касбӣ, ки ба мақсади расонидани ёрии ихтисосноки ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ муттаҳид шудааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161).

Ёрии ҳуқуқӣ - навъи кӯмаки иҷтимоӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешавад ва ин кӯмак аз истифодаи ҳар гуна восита ва усулҳои қонунӣ мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати қонунии ин ашхос иборат аст.

Моддаи 3. Асосҳои ҳуқуқии ёрии ҳуқуқӣ

Асосҳои ҳуқуқи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Масъалаҳои фаъолияти адвокатура, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим накардааст, мувофиқи оинномаҳои коллегияи адвокатҳо танзим мешаванд.

Моддаи 4. Ваколати адвокат

Ваколатҳои адвокатро ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба сифати намоянда дар Суди конститутсионӣ, судҳои оид ба корҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, хоҷагӣ, инчунин корҳои оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дигар навъҳои кор қонунгузории мурофиавии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Моддаи 5. Кафолатҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ

Ашхоси воқеӣ ва хукукиро бе ёрии ҳуқуқӣ мондан мумкин нест.

Давлат ба ҳамаи ашхосе, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, ҷойгир шудаанд, кафолат медиҳанд, ки ёрии ҳуқуқӣ барояшон ба таври воқеӣ ва баробар дастрас гардад.

Давлат дар қонун ҳолатҳоеро муқаррар менамояд, ки ёрии ҳуқуқӣ бояд бепул расонида шавад.

Давлат барои ба шаҳрвандони камбизоат расонидани ёрии ҳуқуқӣ, инчунин барои пардохти пули ёрии ҳуқуқие, ки мувофиқи қонун бе пул ва ё бидуни шартномаи бо маштариён озодона басташаванда расонида мешавад, ҷудо кардани маблағи заруриро кафолат медиҳад.

Моддаи 6. Анвои ёрии ҳуқуқие, ки адвокатҳо мерасонанд

Ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, бо роҳи зайл расонида мешавад:

- додани маслиҳату тавзеҳот, маълумоти шифоҳӣ ва хаттӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;

- тартиб додани ариза, шикоятнома, дархост ва дигар ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқӣ;

- гирифтани маълумотҳо, ҷамъ намудани далелҳо ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ва ҳал кардани онҳо мувофиқи тартиби муақарраршуда;

- ба ҷо овардани вазифаи намояндагӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва навъҳои дигари парвандаҳо;

- иштирок дар муҳокимаи парвандаҳои ҷинсӣ, дар суд ҳангоми баррасии баҳсҳои хоҷагӣ ва дар Суди конститутсионӣ ба сифати ҳимоягарон ва дигар намояндагон;

- инчунин иштирок бо тарзҳои дигаре, ки хилофи қонунгузории ҷорӣ намебошанд.

ФАСЛИ II АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ

Моддаи 7. Вазифаи касбии адвокат

Адвокат бояд талаботи одоби ҷомеаи касбиро бемайлон пайравӣ карда, пайваста дониш ва ихтисоси касбии худро такмил диҳад ва сирри адвокатиро ҳифз намояд.

Моддаи 8. Адвокат ва муштарӣ

Адвокат ва ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз рӯи шартномае, ки бо ӯ ва бо шахсе, ки ба манфиати ӯ амал мекунад, баста шудааст, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад. Адвокат дар сурати набудани шартнома дар мавридҳои даркорӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, ки қонун пешбинӣ кардааст.

Адвокат дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ надорад, ки супориши расонидани ёрии ҳуқуқиро қабул кунад:

агар ӯ чунин ёриро ба ашхосе мерасонда ё пештар расонда бошад, ки манфиатҳои ин ашхос ва манфиати шахсе, ки дар хусуси пеш бурдани кори парванда муроҷиат кардааст, зид бошад;

агар ӯ аз рӯи парванда ба сифати судя, прокурор, муфаттиш, ба сифати шахсе, ки тафтиши пешакӣ гузаронидааст, эксперт, мутахассис, тарҷумон, шоҳид ё ашхоси холис иштирок карда бошад, инчунин агар дар кори тафтиш ё баррасии парванда шахси мансабдоре иштирок дошта бошад, ки адвокат бо ӯ муносибати хешу таборӣ дошта бошад.

Адвокат бояд ҳамеша манфиатҳои қонунии муштарии худро ҳимоя намояд ва ҳуқуқ надорад, ки мавқеи ҳуқуқии ба манфиатҳои вай мухолифро ишғол намояд, ғайр аз ҳолатҳои дар мурофиаи ҷиноятӣ ба худ тӯҳматзанӣ. Адвокат ҳақ надорад, ки аз ҳимоя даст кашад.

Адвокат ҳуқуқ надорад, ки гуноҳи ҳимояшавандаи худро исботшуда эътироф намояд, агар ҳимоятшаванда онро рад кунад. Иқрор шудани ҳимояшаванда ба гуноҳаш адвокатро аз ҳуқуқи мубоҳиса намудани чунин фикр ва хоҳиши сафед намудани ӯ бинобар исбот нашудани гунаҳаш маҳрум намекунад.

Моддаи 9. Сирри адвокатӣ

Далели муроҷиат ба адвокат, маълумот дар бораи мазмуни гуфтугӯи шифоҳӣ ва хаттӣ бо муштарӣ ба шахсони дигар, ки ба манфиати ӯ мебошад, маълумот дар бораи хусусият ва натиҷаи амалӣ ба манфиати муштарӣ содиршаванда, инчунин дигар ахборе, ки ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманданд ва маълумоте, ки бинобар иҷрои ӯҳдадориаш дар назди муштарӣ ва адвокат ошкор гардидааст, музмуни сирри адвокат мебошад.

Адвокат ҳақ надорад ягон хел маълумотро, ки мазмуни сирри адвокатиро ташкил медиҳад, фош кунад, инчунин ба манфиати худ ё ба манфиати ашхоси сеюм истифода барад.

Моддаи 10. Ҳуқуқи адвокат ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ

Адвокат ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ дорад, ки:

- ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муштариро дар ҳамаи ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, ки ҳалли масъалаҳои дахлдор ва моликияти онҳо дохил мешаванд, ифода намояд;

- маълумот барои расонидани ёрии хукукии заруриро ҷамъ карда, аз ҷумла аз ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ маълумотнома, характеристика ва ҳуҷҷатҳои дигарро талаб намояд ва ин ташкилот вазифадоранд, ки мувофиқи тартиби муқарраргардидаи ин ҳуҷҷатҳо ё нусхаи инҳоро диҳанд;

- барои шарҳу эзоҳи масъалаҳое, ки вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба миён меоянд, дар асоси шартнома хулосаи мутахассисонро дархост намоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161);

- бо муштарии худ, аз ҷумла муштарии дар ҳабсбуда як ба як махфӣ ва бидуни маҳдудияти давомнокии мулоқот бемамониат сӯҳбат кунад;

- ҳангоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва дар суд асбоби сабти овоз ва дигар васоити техникиро истифода барад, зеро ин ба рафти мӯътадили баррасии парванда халал намерасонад, барои ҳаёт ва саломатии атрофиён ва нигоҳдории маводи парванда ҳарфе надорад.

ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои иҷрои кори ёрирасон адвокат метавонад ёрдамчиро ҷалб намояд, аммо онҳо дорои ҳуқуқи адвокатӣ набуда, ба бурдани кори парвандаҳо ҳангоми тафтишот дар суд ва мақомоти дигари давлатӣ роҳ дода намешаванд.

Вазифаи нигоҳ доштани сирри давлатӣ ва ёрдамчии адвокат низ дахл доранд.

Моддаи 11. ӯҳдадориҳои адвокат

Адвокат дар фаъолияти худ ӯҳдадор аст, ки қонунҳои ҷориро айнан ва собитқадамона риоя намуда, тамоми восита ва усулҳои дар қонун пешбинишударо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба ӯ барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат менамоянд, истифода намояд.

Адвокат бояд доимо обрӯю эътибори касби худро ба сифати иштирокчии ба амал баровардани адолати судӣ ва ходими ҷамъиятӣ нигоҳ дорад.

Роҷеъ ба парвандаҳое, ки адвокат ёрии ҳуқуқиро дар асоси қонунгузории ҷорӣ, мувофиқи фармоиш мерасонад, аз иҷрои ин вазифа ӯро мақомоте, ки фармоиш додаанд, озод карда метавонанд.

Ба адвокат харидан ё ин ки бо дигар роҳ ба даст даровардани амволе, ки боиси баҳс аст, ба ҳуқуқи ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ муроҷиат кардаанд, ба номи худ ва инчунин бо баҳонаи барои дигар ба даст овардан, манъ аст (Қонуни конститусионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161).

Моддаи 12. Мустақилияти адвокатҳо

Адвокат ҳангоми иҷрои фаъолияти адвокатӣ соҳибихтиёр аст ва танҳо ба қонун итоат мекунад.

Адвокат ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти касбии худ аз озодии сухан дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ба ҳадде истифода мекунад, ки вазифаҳои адвокат ва қоидаҳои ҳамин Қонун муайян кардаанд.

Он гуфтаҳои адвокат, ки ба ору номус ва шаъну шарафи тараф, намояндаи он, айбдоркунанда ё ҳимоякунанда, шоҳид, азиятдида, коршинос ва тарҷумон дахл карда, қоидаҳои одоби касбии адвокатҳоро вайрон намекунанд, боиси таъқибот намешаванд.

Моддаи 13. Кафолати фаъолияти адвокатӣ

Мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор вазифадоранд, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба адвокат имконият муҳайё карда, ҳуқуқҳои онро риоя намоянд.

Агар сафари адвокат бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқӣ зарур бошад, озодии ҳаракати ӯро, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст, маҳдуд кардан мумкин нест.

Талаб кардани иҷозати махсус ва ба вуҷуд овардани монеаҳои дигари ғайриқонунӣ барои фаъолияти адвокатӣ, дахолат ба фаъолияти адвокатӣ содир намудани беҳурматӣ ба адвокат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мешавад.

Адвокат дар хусуси ҳолатҳое, ки сирри адвокатӣ мебошанд, набояд ҳамчун шоҳид даъват шуда пурсида шавад. ӯ ҳуқуқ надорад, ки дар бораи ин ҳолатҳо шарҳу эзоҳ ва баёнот диҳад, инчунин дар хусуси онҳо бо мақсади истифода дар фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, мурофиаи судӣ, маъмурӣ ва дигар истеҳсолот дар дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон хел ҳуҷҷат пешниҳод намояд.

Шарҳу баёнот ва маводи аз адвокат гирифташуда, ки бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманданд, чун далелу исбот эътироф карда намешаванд.

ФАСЛИ III. КОЛЛЕГИЯИ АДВОКАТҲО

Моддаи 14. Давлат ва коллегияи адвокатҳо

Давлат мустақилияти фаъолияти адвокатура, дастрас будани ёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории мақомоти давлатӣ худидоракунии адвокатура дар кори таъмини ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ашхоси воқеӣ ва хукукиро таъмин менамояд.

Давлат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ адвокатураҳоро бо биноҳои лозимӣ дар ҷойҳои барои шаҳрвандон қулай ва дар наздикии судҳо таъмин мекунанд. Биноҳо барои ҷойгиронии аз рӯи ставкаҳои пасти иҷорапулӣ, ки аз меъёри барои судҳо муқарраршуда зиёд нест, дода шуда, инчунин мусоидат менамояд, ки биноҳои барои ҷойгиронии адвокатураҳо ишғолкардаи коллегияи адвокатҳо моликияти онҳо гардад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161).

Моддаи 15. Ташкили коллегияи адвокатҳо

Коллегияи адвокатҳо бо ташаббуси на камтар аз чил адвокат ташкил меёбад. Барои ташкили коллегияи адвокатҳо иҷозати махсус лозим нест. Муассисон маҷлиси умумӣ даъват намуда, дар он оинномаро қабул ва мақомоти роҳбари коллегияи адвокатҳоро интихоб мекунанд.

Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияҳои вилоятӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнави карда мешаванд. Дар сурати рад намудани бақайдгирии ҳуҷҷатҳои оинномавии коллегияи адвокатҳо ё ба қайд нагирифтани онҳо дар мӯҳлати як моҳ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Коллегияи адвокатҳо шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр ва штамп бо номи худ, баланси мустақил, суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар дар бонкҳо мебошад.

Моддаи 16. Оинномаи коллегияи адвокатҳо

Оинномаи коллегияи адвокатҳо бояд инҳоро дар назар дошта бошад:

- унвон, мақсад ва вазифаҳои коллегияи адвокатҳо;

- сохтори коллегияи адвокатҳо;

- шарт ва тартиби қабул ба аъзогии коллегияи адвокатҳо ва қатъи аъзогӣ;

- ҳуқуқу вазифаҳои аъзои коллегияи адвокатҳо;

- салоҳият, шарт ва тартиби интихоби мақомот ва шахсоне, ки дар коллегияи адвокатҳо вазифаҳои роҳбариро ба ҷо меоранд, мӯҳлати ваколатҳои онҳо, тартиби фаъолият, бозхонд ва озод кардани онҳо аз вазифа, ҷои воқеъшавии онҳо;

- тартиби яктарафа кардани мухолифати дохилии коллегияи адвокатҳо;

- тартиби ба масъулияти интизомӣ кашидани аъзои коллегияи адвокатҳо;

- манбаъҳои пайдоиши маблағҳо ва моликияти дигари коллегияи адвокатҳо;

- тартиби дохил намудани тағйирот ба Оинномаи коллегияи адвокатҳо;

- тартиби боздоштан ва қатъ намудани коллегияи адвокатҳо.

Дар Оиннома дигар қоидаҳое, ки ба фаъолияти коллегияи адвокатҳо марбутанд низ пешбинӣ шуда метавонанд. Оинномаи коллегияи адвокатҳо набояд хилофи қонунгузорӣ бошад.

Моддаи 17. Мақомоти коллегияи адвокатҳо

Маҷлиси умумии (конференсияи) аъзоёни коллегияи адвокатҳо мақомоти олии коллегияи адвокатҳо мебошад. Маҷлиси умумии (конференсияи) аъзоёни коллегияи адвокатҳо онҳоро интихоб мекунад:

- аъзои раёсат ва раиси раёсати коллегияи адвокатҳо;

- комиссияи ревизионии коллегияи адвокатҳо;

- комиссияи тахассусии коллегияи адвокатҳо.

Ҷонишини раис аз ҷумлаи аъзоёни раёсат бо пешниҳоди раиси раёсати коллегияи адвокатҳо дар маҷлиси Раёсат бо овоздиҳии кушода интихоб карда мешавад.

Раёсати коллегияи адвокатҳо мақоми иҷроияи он мебошад.

Комиссияи ревизионии коллегияи адвокатҳо мақоми назоратию ревизионии он мебошад.

Комиссияи тахассуси коллегияи адвокатҳо аз шахсоне, ки хоҳиши ба коллегияи дахлдори адвокатҳо дохил шудан доранд, қабули имтиҳонҳоро ташкил карда, масъалаи одоби касбиро баррасӣ намуда, оид ба онҳо хулоса медиҳанд.

Моддаи 18. Қабул ба коллегияи адвокатҳо

Ба аъзогии коллегияи адвокатҳо он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ, на камтар аз ду сол собиқаи кори ҳуқуқӣ доранд, ё агар ин гуна собиқа надошта бошанд, ҳеҷ набошад, аз шаш моҳ то як сол ба сифати адвокат коромӯзӣ карда бошанд.

Қабул ба аъзогии коллегияи адвокатҳоро раёсати коллегияи адвокатҳо аз рӯи хулосаи комиссияи тахассуси коллегияи адвокатҳо бо дарназардошти сифатҳои касбӣ ва маънавии шахсе, ки оид ба қабул ариза додааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 19. Расонидани ёрии бепули ҳуқуқӣ

(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161)

Аъзои коллегияи адвокатҳо ба инҳо ёрии бепули ҳуқуқӣ мерасонад:

- ба даъвогарон дар судҳои зинаи аввал ҳангоми бурдани кори парвандаҳо оид ба ситонидани алимент, барқарор кардан ба кор, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги Афғонистон, маҷрӯҳон ва шахсоне, ки саробонони худро дар давраи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон аз даст додаанд ва гурезаҳо;

- ба шаҳрвандон аз рӯи шикоят оид ба роҳ ёфтани ғалат дар рӯйхати интихобкунандагон;

- ба депутатҳои халқӣ ҳангоми додани консултатсия оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ки бо иҷрои ваколатҳои депутатии онҳо алоқаманданд.

Uайр аз ин, раёсати коллегияи адвокатҳо, инчунин мақомоти тафтишоти пешакӣ, прокурор ва суд, ки парванда таҳти таҳқиқи онҳо мебошад, ҳақ доранд, ки ашхоси воқеиро аз пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ пурра ё қисман озод намоянд. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои озод кардани ашхоси воқеӣ аз пардохтани музди ёрии ҳуқуқӣ вазъи амволӣ, синну сол, қобилияти меҳнатӣ аҳволи саломатӣ, мавҷудияти фарзандони ноболиғ ё қобилияти корнадошта, шахсони дар таъмини ӯ буда, ба назар гирифта мешаванд.

Моддаи 20. Пардохти музди меҳнати аъзои коллегияи адвокатҳо

Музди меҳнати адвокатҳо аз маблағҳое, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз муштариён ворид мегардад, пардохта миешавад.

Ҳаҷми ҳаққи заҳматро (гонорарро) созишномаи тарафайн муайян мекунад. ҳангоми набудани созишнома ҳаҷми ҳаққи заҳмат мувофиқи дастурамал, ки раёсати коллегияи адвокатҳо бо ризоияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Дар ҳолати аз пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ шахсро озод кардани мақомоти тафтишоти пешакӣ, прокурор ё суд, дар сурати бо талаби онҳо илова ба шартномаи бо муштарӣ озодона басташаванда расонидани ёрии ҳуқуқӣ, инчунин агар ёрии ҳуқуқӣ мувофиқи қонун бепул расонида шуда бошад, хароҷоти пардохти музди меҳнати адвокатҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети маҳалли сурат мегирад.

Моддаи 21. Маблағи коллегияи адвокатҳо

Маблағи коллегияи адвокатҳо аз ҳисоби ҳаққи узвият, ки адвокатҳо мувофиқи Оинномаи коллегия ва дигар маблағҳои воридшаванда, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташкил меёбад.

Моддаи 22. Кафолатҳои иҷтимоии аъзои коллегияи адвокатҳо

Узви коллегияи адвокатҳо ҳуқуқ дорад, ки ҳар сол рухсатии пардохтнашавандаи меҳнатии давомнокиаш 30 рӯзи тақвимӣ дошта бошад.

ФАСЛИ IV. МАСЪУЛИЯТИ ИНТИЗОМИИ АДВОКАТҲО

Моддаи 23. Масъулияти интизомӣ

Адвокатҳо барои амалиётҳое, ки ба ҳамин Қонун ва меъёрҳои одоби касбӣ мухолифанд ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мемшаванд.

Шикоятҳоро дар бораи аъмоли адвокатҳо, ки ба иҷрои вазифаҳои касбӣ вобастаанд, раёсати коллегияҳои дахлдори адвокатҳо дида мебароянд.

Моддаи 24. Ҷазоҳои интизомӣ

Ҷазоҳои интизомӣ, ки нисбат ба аъзои коллегияи адвокатҳо ба кор бурда шуда метавонанд инҳоянд:

1. Огоҳӣ

2. Танбеҳ.

3. Танбеҳи сахт

4. Хориҷкунӣ аз ҳайати адвокатура.

Моддаи 25. Тартиби ба кор бурдани ҷазоҳои интизомӣ ва додани аризаи норизоӣ аз онҳо

Кори оид ба масъулияти интизомии адвокат аз тарафи раёсати коллегияи адвокатҳо сар карда ва баррасӣ шуда метавонад.

Пешниҳод дар бораи сар кардани мурофиаи интизомӣ ба муқобили адвокат дар асоси пешниҳоди ҳар мақомот ё аз рӯи шикояти шахси манфиатдор аз аъмоли адвокат сурат мегирад.

Адвокатеро, ки дар ҳаққи вай парвандаи ҷиноӣ сар карда шудааст, мақомоте метавонад аз иҷрои вазифаи касбӣ муваққатан, ба мӯҳлати то баррасӣ гардидани вай, вале на бештар аз як сол озод кунад, ки парвандаи вай таҳти коргузориаш мебошад.

Дар бораи ҷазои интизомӣ ба тариқи судӣ дар муддати як моҳ аз рӯзи ба кор бурда шудани ҷазо аризаи норизоӣ додан мумкин аст.

Моддаи 26. Мӯҳлатҳои мурур

Агар аз вақти содир карда шудани рафтори ношоям шаш моҳ гузашта бошаду вале аз рӯи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши молиявӣ ду сол сипарӣ гардад, ғайр аз даврае, ки адвокат муваққатан қобилияти меҳнатиашро гум кардааст, вақти дар рухсатӣ будани вай, вақти таҳти мурофиа қарор доштани парванда, мурофиаи интизомиро сар кардан нораво буда, мурофиаи оғозёфта бояд қатъ карда шавад.

Ҷазоҳои интизомӣ на дертар аз як моҳи баъди ошкор карда шудани кирдори ношоям, ғайр аз вақти муваққатан қобилияти меҳнатиашро гирифтани адвокат ё дар рухсатии меҳнатӣ будани вай, ба кор бурда мешавад.

Моддаи 27. Бекор кардани ҷазои интизомӣ

Агар адвокат дар давоми як соли баъди дар ҳаққи ӯ ба кор бурда шудани ҷазои интизомӣ кирдори ношоями наве содир накунад, вай ҷазои интизомӣ нагирифтагӣ ҳисоб мешавад.

Мувофиқи дархости тарафи манфиатдор мақомоте, ки мурофиаи интизомиро сар кардааст, метавонад ҷазои интизомиро пеш аз мӯҳлат бекор кунад, вале на бештар аз шаш моҳ.

Моддаи 28. Қатъ гардидани узвият

Узвият дар коллегияи адвокатҳо дар натиҷаи аз ҳайати коллегия баровардан ё хориҷ кардан қатъ мегардад.

Аз ҳайтаи колегия баровардан дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:

- аз рӯи аризаи адвокат;

- дар сурати ошкор гардидани имконнопазирии аз тарафи адвакат иҷро карда шудани вазифаҳои худ аз сабаби саломатиаш;

- дар сурати хориҷ аз коллегия бо фаъолияти адвокатӣ машғул шудан.

Адвокатҳо дар мавридҳои зерин аз ҳайати коллегияи адвокатҳо хориҷ карда мешаванд:

- содир кардани кирдорҳое ношояме, ки ба унвони адвокат мувофиқ намебошад;

- пайдарҳам вайрон кардани ҳамин Қонун, қоидаҳои одоби касбӣ ё ноинсофона иҷро кардани вазифаҳои худ, агар барои вайронкуниҳои мазкур пеш дар ҳаққаш чораҳои таъсиррасонии интизомӣ ба кор бурда шуда бошанд.

ФАСЛИ V. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ ПУЛАКИИ АДВОКАТИ ВАКОЛАТДОР

Моддаи 29. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти ёрии ҳуқуқии пулакии адвокати ваколатдор

Расонидани ёрии ҳуқуқии пулакӣ аз тарафи адвокати ваколатдор дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад.

Иҷозатнома барои фаъолияти ёрии ҳуқуқии пулакии адвокати ваколатдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.

Мақоме, ки иҷозатнома барои фаъолияти ёрии ҳуқуқии пулакӣ ба адвокати ваколатдор медиҳад, бояд коллегиалӣ бошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161).

Моддаи 30. Хориҷ карда шуд

Моддаи 31. Хориҷ карда шуд

Моддаи 32. Хориҷ карда шуд

ФАСЛИ VI. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 33. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони хориҷӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эътимоди тарафайн ҳуқуқи адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар қаламрави худ бидуни ҳуқуқи кушодани корхонаҳои ҳуқуқӣ эътироф мекунад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 3.03.2006 № 161).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

4 ноябри соли 1995 № 110

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тартиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" аз рӯзи нашр шуданаш амалӣ гардонида шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" мутобиқ сохтани дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад.

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе

4 ноябри соли 1995 № 111