ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1.
Таъсису барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон сурат мегирад.
Моддаи 2.
Воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолишини Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот ва деҳа мебошанд.
Ноҳияҳо деҳавӣ ва шаҳрӣ буда, дар итоати ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр шуда метавонанд.
Моддаи 3.
Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳавӣ тақсим мешаванд.
Ба маҳалҳои шаҳрӣ шаҳрҳо ва шаҳракҳо, ба маҳалҳои деҳавӣ бошад, деҳаҳо, сарфи назар аз тобеияти маъмуриашон, мансубанд.
Шаҳрҳо дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ буда метавонанд.
II. ТАШКИЛ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ВИЛОЯТҲО, НОҲИЯҲО, ДЕҲОТҲО ВА ТАUЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ОНҲО.
Моддаи 4.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилоятҳоро ташкил ва барҳам медиҳад. Ҳангоми ташкил намудани вилоят сарҳади он, тақсимоти ноҳиявӣ ва маркази маъмурии он муқаррар карда мешавад.
Моддаи 5.
Тағйири сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва табдили марказҳои маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор сурат мегирад.
Моддаи 6.
Ноҳияҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосии илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ташкил ва барҳам медиҳад. Ҳангоми ташкил додани ноҳияи деҳавӣ сарҳад ва маркази маъмурии он ва дар вақти ташкил додани ноҳияи шаҳр бошад, сарҳади он муқаррар карда мешавад.
Моддаи 7.
Тағйири сарҳади ноҳияҳо, табдили марказҳои маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор сурат мегирад.
Моддаи 8.
Ташкил ва барҳам додани деҳотҳо, тағйири сарҳад ва табдили марказҳои маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад.
Ҳангоми ташкил додани деҳот сарҳад ва маркази маъмурии он муқаррар мегардад.
Моддаи 9.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмуриро бо ташаббуси худ ва бевосита тағйир дода метавонад.
Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи он тағйир дода намешавад.
III БА КАТЕГОРИЯИ ШАҲР ВА ШАҲРАК МАНСУБ ДОНИСТАНИ МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН
Моддаи 10.
Ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, инчунин тағйир додани тобеияти шаҳрҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси илтимосномаи Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор сурат мегирад.
Моддаи 11.
Ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта шаҳрҳоеро мансуб донистан мумкин аст, ки марказҳои нисбатан калони иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурӣ буда, камаш 200 ҳазор аҳолӣ доранд.
Ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, инчунин шаҳрҳоеро дохил кардан мумкин аст, ки шумораи аҳолиашон аз 200 ҳазор камтар буда, вале аҳамияти калони маъмурӣ, саноатӣ, иҷтимоию фарҳангӣ доранд ва ба мақсад мувофиқ аст, ки ба онҳо бевосита мақомоти ҷумҳурӣ роҳбарӣ намояд.
Моддаи 12.
Ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти вилоятӣ дошта шаҳрҳоеро мансуб донистан мумкин аст, ки камаш 30 ҳазор аҳолӣ дошта, марказҳои калони иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурӣ мебошанд.
Дар мавридҳои алоҳида ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти вилоятӣ дошта шаҳрҳои шумораи аҳолиашон аз 30 ҳазор камтар шаҳрҳоеро дохил намудан мумкин аст, агар ин шаҳрҳо ва шаҳракҳои аҳамияти калони маъмурӣ, саноатӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дошта, инчунин дар ояндаи наздик барои инкишофи иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ имконият дошта бошанд.
Моддаи 13.
Ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти ноҳиявӣ дошта маҳалҳои аҳолинишинеро дохил кардан мумкин аст, ки корхонаҳои саноатӣ, ташкилотҳои сохтмону нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ, фонди давлатии манзил, шабакаи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва корхонаҳои савдою хизмати маишӣ дошта, аҳолиашон аз 10 ҳазор нафар кам нест.
Дар мавридҳои алоҳида, агар чунин шароитҳо бошанд, ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти ноҳиявӣ дошта маҳалҳои аҳолинишинеро низ дохил кардан мумкин аст, ки шумораи аҳолиаш аз 10 ҳазор камтар буда, вале дар ояндаи наздик барои тараққиёти иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ имконият доранд.
Моддаи 14.
Ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад.
Ҳангоми ба категорияи шаҳрҳо, шаҳракҳо мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин мутобиқан тарҳи шаҳр ва шаҳрак муқаррар карда мешавад.
Моддаи 15.
Ба категорияи шаҳрак маҳалҳои аҳолинишинеро мансуб донистан мумкин аст, ки дар назди корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, санаторияҳо ва дигар муассисаҳои табобатию солимгардонӣ воқеъ гардида, камаш 2 ҳазор аҳолӣ доранд.
Ҳангоми ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин бояд аҳамияти маъмурӣ, дараҷаи ободонӣ, мавҷудияти фонди давлатии манзил, шабакаи муассисаҳои коммуналию маишӣ, савдо, ҳифзи сиҳатии омма, маорифу маданият ба назар гирифта мешавад.
Моддаи 16.
Тарҳи шаҳрҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ дошта ва шаҳракро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешиниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор тағйир медиҳад.
Моддаи 17.
Масъалаҳои тағйир додани сарҳади вилоятҳо, ноҳияҳо, деҳотҳо ва табдили марказҳои маъмурии онҳо, инчунин тағйир додани тарҳи шаҳр, шаҳракҳо пешакӣ дар ҷаласаи Маҷлисҳои вакилони халқ ва ҷамоатҳои дахлдор ҳал карда мешаванд.
Баҳсу ихтилофоте, ки ҳангоми муайян кардани сарҳадҳо аз рӯи масъалаҳои мазкур дар байни деҳотҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳои дорои аҳамияти вилоятӣ ба миён меоянд, дар Маҷлиси вакилони халқи болоӣ, ноҳияҳо ва шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва инчунин дар байни вилоятҳо бошад, аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
IV. НОМГУЗОРӢ ВА ТАUЙИРИ НОМИ ВОҲИДҲОИ МАРЗИВУ МАЪМУРӢ, МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН ВА ҚИСМҲОИ ТАРКИБИИ ОНҲО, ИНЧУНИН КОРХОНАЮ ТАШКИЛОТ ВА МУАССИСАҲО
Моддаи 18.
Ҳангоми номгузорӣ ва тағйир додани номи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин манфиатҳои умумидавлатӣ ҳамчунин шароитҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, миллӣ, табиӣ ва дигар шароитҳои маҳаллӣ, инчунин афкори мардум ба инобат гирифта мешавад.
Моддаи 19.
Ҳангоми номгузорӣ ва тағйири номи вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳо такроран додани номҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуданд, мумкин нест.
Номи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин танҳо дар мавридҳои истисно тағйир дода мешаванд.
Тамоми хароҷоти молиявию моддии вобаста ба табдили ном аз ҳисоби буҷаи маҳаллие мебошад, ки ин воҳиди марзиву маъмурӣ ва маҳалли аҳолинишин ҷойгиранд.
Моддаи 20.
Ҳангоми тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишин, ки дар он ҷойҳо муассисаҳои почтаю телеграф ва стансияҳои роҳи оҳан, фурудгоҳ, воқеъ гардидаанд, мувофиқан вазоратҳои алоқа ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ карда мешаванд.
Моддаи 21.
Дар мавридҳои зарурӣ ба воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ходимони барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ ва илму фарҳанг, ки дар қайди ҳаёт нестаанд, мумкин аст.
Моддаи 22.
Номгузорӣ ба вилоятҳо, ноҳияҳо, деҳотҳо дар вақти ташкили онҳо бо назардошти фикри аҳолӣ; ба шаҳрҳо ва шаҳракҳо дар вақти ба категорияи шаҳрҳо ва шаҳракҳо мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин; ба деҳаҳо дар вақти ба қайд гирифта шуданашон гузошта мешавад.
Моддаи 23.
Номи вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳотҳо ва деҳаҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо бо назардошти фикри аҳолии ҳамин воҳиди марзиву маъмурӣ табдил медиҳад.
Моддаи 24.
Номгузорӣ ва табдили номи маҳаллаҳо, хиёбонҳо, кӯчаҳо, тангкӯчаҳо, гулгаштҳо, боғҳо, купрукҳо ва дигар ҷузъҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин мувофиқан аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳо сурат мегирад.
Ба ҷузъҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин номи шахси дар қайди ҳаёт буда гузошта намешавад.
Моддаи 25.
Номгузорӣ ва табдили номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, муассисаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
V. БА ҲИСОБ ВА БА ҚАЙД ГИРИФТАНИ МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН
Моддаи 26.
Маҳалҳои аҳолинишине, ки марзи муайян ва аҳолии муқимӣ доранд, бояд ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд.
Қароргоҳҳое, ки аҳамияти муваққатӣ доранду аҳолиашон муқимӣ нест (хонаи ҷангалбонон, бошишгоҳи саҳроӣ, стансияҳои обуҳавосанҷӣ, хонаҳои участкаҳои роҳсозию истифодабарӣ, чӯпонҳо, яйлоқҳо ва ғайра), инчунин маҳалҳои на чандон калони аҳолиашон камтар аз 10 ҳавлӣ (хоҷагӣ) ба қайд ва ҳисоб гирифта намешаванд. Чунин қароргоҳҳо маҳалҳои мустақил шуда наметавонанд ва дар ҳисоби маҳалҳои калони аҳолинишине мебошанд, ки бо онҳо ҷиҳати хоҷагӣ, маъмурӣ ва ё марзӣ алоқаманданд.
Моддаи 27.
Баҳисобгирии маҳалҳои аҳолинишини мавҷуда ва ба бақайдгарии маҳалҳои навбунёд аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, ноҳия, шаҳр сурат мегирад.
Дар дархости бақайдгирии маҳалҳои аҳолинишин ҷиҳатҳои зайл сабт мешаванд; ҷои воқеъшавии маҳалли аҳолинишин, масофаи он то маркази деҳот, ноҳия, то шаҳрак, шаҳр, стансияи наздиктарини роҳи оҳан; сабаби бунёди он; аз тарафи кӣ ва кай барои маҳалли аҳолинишин ҷой ҷудо карда ва нақшаи иморатҳо тасдиқ шудааст; шумораи аҳолӣ; номи пешниҳодшудаи маҳалли аҳолинишин ва далелҳои асосноки ин номгузорӣ.
Маҳалҳои аҳолинишини марзи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳоро, ҳамчунин Ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, (ки дар тобеияти маъмуриашон ноҳияи деҳавӣ доранд) ба ҳисоб мегиранд.
Моддаи 28.
Маҳалҳои аҳолинишине, ки сокинонашон ба ҷои дигар кӯчидаанд, бояд аз маълумоти баҳисобгирӣ бароварда шаванд.
Аз маълумоти баҳисобгирӣ инчунин маҳалҳои аҳолинишине, ки ба марзи шаҳр, шаҳрак дохил гардидаанд ё бо дигар маҳалҳои аҳолинишин якҷоя шудаанд, хориҷ карда мешаванд.
Маҳалҳои аҳолинишин мувофиқи тартиби барои бақайдгирии муқарраргардида аз маълумотномаи баҳисобгирӣ хориҷ карда мешаванд.
Моддаи 29.
Барои ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ мувофиқи рӯйхати замимагардида ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳанда пешниҳод карда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 1995 № 100
Илова ба Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 ноябри соли 1995
Феҳристи ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳандае, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод мешаванд
I. - Ҳангоми ташкили вилояти нав
1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мактуби ташреҳии дорои маълумоти зайл:
асоснокии иҷтимоию иқтисодии ташкили вилояти нав, сарҳадҳои пешбинишудаи он, тақсимоти ноҳиявӣ, маркази маъмурӣ ва номи он, масоҳати марз, шумораи аҳолӣ, аз ҷумла шумораи аҳолии шаҳрҳо ва деҳот.
3. Қарорҳои Маҷлиси вилоятии вакилони халқ, ки марзи онҳо тақсим карда мешавад.
II. - Ҳангоми тағйир додани сарҳади вилоят, ба ҷои
дигар кӯчондани маркази маъмурии он

2. Қарор дар бораи ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, ки як қисми ҳудуди онҳо гирифта ва вилояте, ки ин ҳудуд ба он ҳамроҳ карда мешавад.
3. Қарорҳои Маҷлисҳои ноҳиявии вакилони халқи ноҳияе, ки ҳудуди он гирифта мешавад ва ноҳияе, ки ин ҳудуд ба ҳайати он дохил карда мешавад.
Дар сурате, ки агар дар марзи додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд, дар бораи ризоият ва хусуси аз як вилоят ба вилояти дигар додани марз қарори маҷлисҳои (ҷамъомадҳои) шаҳрвандони онҳо ва ҷамоатҳое, ки он маҳалҳои аҳолинишин ба онҳо тобеъ мебошанд, зарур аст.
4. Мактуби эзоҳотии дорои маълумоти зайл:
масоҳати марзи додашаванда, феҳристи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ё маҳалҳои аҳолинишин ва шумораи аҳолӣ, характеристикаи иҷтимоию иқтисодии марзи додашаванда.
5. Тарҳи нақшаи марзи додашаванда ва маҳллҳои аҳолинишин, роҳҳои ҳаракат, сарҳадҳои мавҷуда ва нави вилоят дар ин маҳал нишон дода мешаванд.
6. Ҳангоми ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии вилоят қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва мактуби ташреҳӣ пешниҳод мегардад, ки дар он далелҳои зарурати ба ҷои дигар кӯчондани маркази маъмурӣ, характеристикаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ ва масофаи байни он то марказҳои ноҳияву шаҳракҳои вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ зикр карда мешаванд.
III. - Ҳангоми ташкил намудани ноҳияи нав

2. Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояте, ки дар марзи он ноҳияи нав ташкил карда мешавад.
3. Қарори Маҷлиси вакилони халқи тақсимшаванда дар бораи ризояти он дар хусуси ба ҳайати ноҳияи нави ташкилёбанда додани як қисми марзаш.
4. Мактуби ташреҳии дорои маълумоти зайл:
далелҳои зарурати ташкил намудани ноҳияи нав, характеристикаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияе, ки марзаш тақсим карда мешавад ва ноҳияи нав ташкилёбанда: масоҳати марз, шумораи аҳолии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияе, ки марзаш тақсим карда мешавад ва ноҳияи нав ташкилёбанда, характеристикаи иҷтимоию иқтисодии маҳалле, ки маркази маъмурии ноҳияи нав ташкилёбанда интихоб мешавад, масофаи байни он то шаҳракҳо, марказҳои деҳотҳо, маркази вилоят, пойтахти ҷумҳурӣ, стансияи наздиктарини роҳи оҳан, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани муассисаҳои ноҳия, буҷети тахминии ноҳияи нав, номе, ки барои номгузорӣ ба ноҳияи нав ташкилшаванда пешниҳод мешавад ва тафсири ин ном.
5. Тарҳи нақшаи ноҳияе, ки марзи он тақсим карда мешавад ва ноҳияи нав ташкилшаванда, ки дар он сарҳади он ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳотҳо нишон дода мешавад.
IV. - Ҳангоми ташкили ноҳияи шаҳр

2. Қарори Маҷлиси шаҳрии вакилони халқи шаҳре, ки дар ҳайати он ноҳия ташкил меёбад. Агар шаҳр дар марзи вилоят воқеъ гардида бошад, он гоҳ қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят лозим аст.
3. Қарори Маҷлиси ноҳиявии вакилони халқи ноҳияи шаҳре, ки марзи он тақсим карда мешавад.

далелҳои зарурати ташкили ноҳияи шаҳр;
масоҳати марз ва шумораи аҳолии ноҳияи ташкилшаванда: номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, характеристикаи мӯхтасари фонди манзил ва хоҷагии коммуналӣ, маълумот дар бораи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ: буҷаи тахминии ноҳияи шаҳрии ташкилшаванда, биноҳои мавҷуда барои ҷойгир намудани муассисаҳои ноҳия, номе, ки барои номгузории ноҳия пешниҳод мегардад ва тафсири он.
5. Нақшаи шаҳр, тарҳи сарҳади ноҳияи нав ташкилшаванда ва тасвири ин сарҳадҳо.
V. - Ҳангоми тағйир додани сарҳади ноҳия, ба ҷоидигар кӯчондани маркази маъмурии он, тағйир додани сарҳади ноҳияи шаҳр

2. Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят.
3. Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми марзаш аз таркиби он гирифта ва ноҳияе, ки он қисми марз ба таркиби он дохил карда мешавад.
4. Қарорҳои ҷамоатҳои деҳот ва ҷамоатҳои шаҳрак дар бораи ризоияти онҳо дар хусуси тағйиротҳои пешниҳодшавандаи дахлдор.
Дар сурате, ки агар дар марзи додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд, қарорҳои маҷлисҳои умумии (ҷамъомадҳои) шаҳрвандони сокини он маҳалҳо дар хусуси ризоияташон барои ба ноҳияи дигар додани онҳо зарур аст.
5. Мактуби ташреҳии дорои маълумоти зайл:

6. Тарҳи нақшаи марзи додашаванда ва маҳалҳо аҳолинишин роҳҳои ҳаракат, сарҳадҳои мавҷуда ва навъи он маҳал аниқ нишон дода мешаванд.
7. Ҳангоми ба ҷои дигар кӯчондани маркази маъмурии ноҳия қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо мактуби ташреҳии далелҳои зарурати кӯчонидани маркази маъмурӣ ва характеристикаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ бо нишон додани масофаи байни маркази нави маъмурӣ ва марказҳои деҳотҳо, шаҳракҳо, маркази вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
8. Ҳангоми тағйир додани сарҳади ноҳияи шаҳр ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқи шаҳр қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми марзи он гирифта мешавад ва ноҳияе, ки он қисми марз ба таркиби он дохил карда мешавад, бо мактуби ташреҳии дорои тағйиротҳо пешбинишуда, тарҳи нақшаи марзи додашаванда, ки дар он сарҳади мавҷуда ва аз нав пешбинигардидаи маҳалли мазкур нишон дода мешавад, пешниҳод мегардад.
VI. - Ҳангоми ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ мансуб намудани маҳалли аҳолинишин

2. Қарори Маҷлиси дахлдори вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷамоати шаҳрак бо пешниҳод дар бобати ба ин ё он категорияи шаҳрҳо мансуб донистани маҳалли аҳолинишин.
3. Мактуби ташреҳии дорои маълумоти зайл:
далелҳои зарурати ба категорияи шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ мансуб донистани маҳалли аҳолинишин: характеристикаи иҷтимоию иқтисодии маҳалли аҳолинишине, ки тағйир меёбад; шумораи аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзл, масоҳати замин ва зикри заминистифодабарандагони асосӣ; масофа то маркази ноҳия, вилоят, пойтахти ҷумҳурӣ ва станcияи наздиктарини роҳи оҳан; буҷаи тахминии шаҳр, биноҳои мавҷуда барои ҷойгир намудани ташкилотҳои шаҳр; таклиф дар бораи номи шаҳр ва тафсири он.
4. Нақшаи плани маҳалли аҳолинишин, ки ба шаҳр мансуб дониста мешавад, бо нишон додани тасвири тарҳ ва кашидани он.
VII. - Ҳангоми ба категорияи шаҳрак мансуб намудани маҳалли аҳолинишин

3. Қарори Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдори ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷамоати деҳот бо пешниҳод дар хусуси ба категорияи шаҳрак дохил намудани маҳалли аҳолинишин.

далелҳои зарурати ба категорияи шаҳрак дохил намудани маҳалли аҳолинишин, характеристикаи иҷтимоию иқтисодии маҳалли аҳолинишине, ки мақоми он тағйир меёбад, шумораи аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзил, масоҳати замин ва зикри заминистифодабарандагони асосӣ; масофа то маркази ноҳия, вилоят, пойтахти ҷумҳурӣ ва станcияи наздиктарини роҳи оҳан, буҷаи тахминии шаҳрак, биноҳои мавҷуда ва ҷойгир намудани ҷамоати шаҳрак; таклиф дар бораи номи шаҳрак ва тафсири он.
5. Нақшаи плани маҳалли аҳолинишин, ки ба шаҳрак нисбат дода мешавад, бо нишон додани тасвири тарҳ ва кашидани он.
6. Ҳангоми ба категорияи шаҳрак мансуб намудани маҳалли аҳолинишини дар вилоят воқеъгардида Маҷлиси ноҳиявӣ, шаҳрии вакилони халқ ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳандаи дар боло зикргардидаро ба Ҳукумати вилоят пешниҳод менамояд.
VIII. - Ҳангоми тағйир додани тарҳи шаҳр ва шаҳрак

2. Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ (оид ба шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят).
3. Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, ҷамоати шаҳрак, инчунин қарори Маҷлиси ноҳиявии вакилони халқе, ки дар тобеияти худ шаҳри тобеи ноҳия ва шаҳрак доранд, бо пешниҳод дар хусуси тағйир додани тарҳи шаҳр, шаҳрак.
4. Қарори Маҷлиси вакилони халқе, ки як қисми марзи он ба тарҳи шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад.

далелҳои зарурати тағйир додани тарҳи шаҳр, шаҳрак масоҳати марзе, ки ба тарҳи шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад, бо нишон додани заминистифодабарандагони асосӣ; феҳристи маҳалҳои аҳолинишин, шумораи аҳолии ба тарҳи шаҳр, шаҳрак дохилшаванда, маълумот дар бораи корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои иҷтимоию мадании дар марзи додашаванда воқеъгардида.
6. Плани нақшаи шаҳр, шаҳрак бо нишон додани сарҳади мавҷуда ва лоиҳаи сарҳади оянда ва кашидани сарҳади нав.
7. Ҳангоми тағйир додани тарҳи шаҳраки дар вилоят воқеъгардида Маҷлиси ноҳиявӣ вакилони халқ, ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳандаи дар боло зикршударо ба Ҳукумати вилоят пешниҳод менамояд.
IХ. - Ҳангоми ташкили деҳоти нав
1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Қарори Маҷлиси ноҳиявӣ, шаҳрии вакилони халқ, ки дар тобеиати худ ноҳияи деҳавӣ доранд, бо пешниҳод дар хусуси ташкил намудани деҳоти нав.
4. Қарорҳои ҷамоатҳои деҳотҳо дар хусуси ризоият доир ба тағйир додани марзашон, ки аз ҳисоби хурд намудани онҳо деҳоти нав ташкил меёбад.
5. Қарорҳои маҷлисҳои умумии (ҷамъомадҳои) сокинони деҳаҳои ба ҳайати деҳоти нав дохилкардашаванда дар хусуси ризоияти онҳо барои ба деҳоти нав додани ин маҳалҳо.
6. Мактуби ташреҳии дорои маълумоти зайл:
далелҳои зарурати ташкил намудани деҳоти нав, масоҳати марз шумораи аҳолӣ ва феҳристи маҳалҳои аҳолинишини деҳоте, ки ҳудудаш тақсим мешавад ва деҳоте, ки нав ташкил карда мешавад; масофа аз маҳалҳои аҳолинишин то марказҳои деҳотҳое, ки марзи онҳо тақсим карда мешавад ва масофа аз маҳалҳои аҳолинишине, ки ба ҳайати деҳоти нав дохил мегарданд, то маркази маъмурии пешбинигардида он характеристикаи иҷтимоию иқтисодии деҳоте, ки марзи он тақсим карда мешавад ва деҳоте, ки нав ташкил меёбад, буҷети тахминии деҳоти нав; мавҷуд будани бино барои ҷойгир намудани ҷамоатҳои он; таклиф дар бораи номи деҳоти нав ва тафсири он; дар бораи маркази маъмурӣ ва шарҳи ин ном.
7. Тарҳи нақшаи деҳоти марзаш тақсимшаванда ва деҳоти нав ташкилёбанда бо нишон додани марказу маҳалҳои аҳолинишини онҳо, роҳҳои ҳаракат ва кашидани сарҳадҳои онҳо.
8. Ҳангоми дар вилоят ташкил намудани деҳоти нав Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шаҳр ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳандаи дар боло зикршударо ба Ҳукумати вилоят пешниҳод менамояд.
Х.- Ҳангоми тағйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кӯчондани маркази маъмурии он

3. Қарори Маҷлиси ноҳиявӣ, шаҳрии вакилони халқ, ки дар тобеияти худ ноҳияи деҳавӣ доранд, бо пешниҳод дар хусуси тағйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии он
4. Қарорҳои ҷамоати деҳотҳое, ки як қисми марзи онҳо гирифта мешавад ва деҳоте, ки он қисми марз ба ҳайаташ дохил карда мешавад.
Агар дар марзи додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд, қарорҳои маҷлисҳои умумии (ҷамъомадҳои) сокини он маҳалҳо дар хусуси ризоияташон барои ба деҳоти дигар додани онҳо зарур аст.

масоҳати марзи додашаванда, феҳристи маҳалҳои аҳолинишин ва шумораи аҳолии ҳар яки онҳо, характеристикаи иҷтимоию иқтисодии марзи додашаванда.
6. Тарҳи нақшаи марзи додашаванда бо нишон додани маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳои ҳаракат, сарҳади мавҷуда ва нав дар маҳалли мазкур, инчунин тасвири сарҳади нав.
7. Ҳангоми ба ҷои дигар кӯчондани маркази деҳот қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шаҳрӣ дар тобеияти худ ноҳияи деҳавӣ дошта, инчунин қарори ҷамоати деҳот якҷоя бо мактуби ташреҳии зарурати ба ҷои дигар кӯчондани маркази маъмурӣ ва харатеристикаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ пешниҳод карда, дар он масофаи байни маркази маъмурии нав то маҳалҳои аҳолинишин ва маркази ноҳия нишон дода мешавад.
8. Ҳангоми тағйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кӯчондани маркази маъмурии деҳоти дар вилоят воқеъгардида Ҳукумати ноҳия, шаҳр ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳандаи дар боло зикршударо ба Ҳукумати вилоят пешниҳод менамояд.
ХI. - Ҳангоми дигар кардани номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин
1. Ҳангоми дигар кардани номи вилоят:
- Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят.
2. Ҳангоми дигар кардани номи ноҳия, шаҳр:
- Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят (ҳангоми дигар кардани номи шаҳри тобеи ноҳия);
- қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори шаҳр, ноҳия;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (ҳангоми дигар кардани номи шаҳри тобеи ноҳия).
3. Ҳангоми дигар кардани номи деҳот:
- қарори маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявие, ки дар тобеияти худ деҳот доранд;
- қарори ҷамоати шаҳрак.
5. Ҳангоми дигар кардани номи деҳа:
- Қарори Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия;
- қарори ҷамоатҳои шаҳрак, деҳоте, ки дар тобеияти худ деҳа доранд.
6. Ҳангоми дигар кардани номи шаҳрак ва деҳа дар ҷои истиқомати шаҳрвандон маҷлисҳои умумӣ (ҷамъомадҳо) гузаронида, қарор қабул карда мешавад.
7. Мактуби ташреҳӣ, ки дар он далелҳои зарурати дигар кардани номи вилоят, ноҳия, шаҳр, ноҳияи шаҳрӣ, шаҳрак, деҳот, деҳа ва тафсири номи нави онҳо зикр мешавад.
Мактуби ташреҳие, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, мувофиқан аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия имзо мешавад.
Дар характеристикаи иҷтимоию иқтисодии марз ё маҳалли аҳолинишин дар бораи корхонаҳои саноатӣ, ташкилотҳои бинокорӣ ва нақлиёти мавҷуда, ба кӣ тобеъ будан ва шумораи коркунони ҳар кадоми онҳо, совхозҳо, хоҷагиҳои ҷангал, иттиҳодияҳои аграрӣ, колхозҳо, дигар ташкилотҳои кооперативӣ ва масоҳати ба онҳо вобасташудаи кишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои кишт; шабакаи корхонаҳои коммуналию маишӣ, савдо, муассисаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва маданӣ маълумот дода мешавад.
Тарҳи нақшаю планҳоро мутахассиси танзими замин имзо ва Раиси вилоят, ноҳия, шаҳри дахлдор тасдиқ менамояд ва ба он мӯҳри ҳамон Ҳукумат гузошта мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ва материалҳои маълумотдиҳанда доир ба масъалаҳои дигар кардани сохти марзиву маъмурӣ, ки дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба дигар кардани номи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бевосита ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои мансуб ба масъалаҳои марзиву маъмуриро дар муддати шаш моҳ, баъд аз ворид нагаштанашон баррасӣ менамояд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, №21, мод. 240)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз рӯзи нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
2. Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба номгузорӣ ва тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишин комиссияҳо ташкил намоянд.
3. Санадҳои зайл беэътибор дониста шаванд:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1991 "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №5, м.59).
Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1991 "Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 5, м. 60).
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе
4 ноябри соли 1995 № 101