Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011 № 579
тасдиқ шудааст
Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013
Муқаррароти умумӣ
Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013 (минбаъд-Барнома) мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.
Барнома намуд, ҳаҷм, тартиб ва шартҳои расонидани кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бо шартҳои ҳампардохт, мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳо аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷуд будани захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.
Барнома аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, тавсеа дода мешавад.
Барнома дар асоси шартҳои муайянгардида, гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморонро, ки дар замимаи 1 ба сифати гурӯҳҳои имтиёзнок барои гирифтани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ оварда шудаанд, муайян менамояд.
Шарти асосии расонидани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ва ҳампардохт ба аҳолӣ (минбаъд - имтиёзнок) роҳхати табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳали зист ва хулосаи комиссияи муолиҷавию назоратӣ мебошад.
Кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба шахсони дорои имтиёз (номгӯи I, замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи 2 Барномаи мазкур расонида мешавад.
Таъминот бо доруворӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд мутобиқи Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо (РВАД), ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, анҷом дода мешавад.
§1. Намудҳои кӯмаки тиббию санитарӣ
1) Барнома намудҳои зайли кӯмаки тиббию санитариро дар бар мегирад:
- кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;
- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳӣ;
- таъминот бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳӣ;
- иммунопрофилактика;
- кӯмаки тиббии статсионарӣ;
- кӯмаки стоматологӣ;
- чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ.
2) Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёти шаҳрванд ё ашхоси атрофи он таҳдид мекунад ва ба бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, захмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ноқисиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд алоқаманд мебошанд, то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, ба таври ройгон расонида мешавад.
3) Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, бо навъ ва ҳаҷмҳои зерин ба таври ройгон анҷом дода мешавад:
а) пешгирӣ:
- машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;
- эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи васеи эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда;
- машварати пинҳонӣ (анонимӣ) оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории пайдошудаи норасогии масуният (ВПНМ), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;
- назорати ҳолати саломатии кӯдакони синни то 5 сола;
- муоинаи профилактикии даврии мактаббачагон;
- назорати доимии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва шаклҳои ташхиси маҷмӯӣ (ба истиснои гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки тибқи Барнома ба кӯмаки тиббию санитарии ройгон ҳуқуқ доранд)
- гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ оид ба камхунии вобаста ба норасоии оҳан (анемия), бемории саратони ғадудҳои шир ва гарданаки бачадон;
- дар соҳаи саломатии репродуктиви ва танзими оила.
б) ташхис:
- азназаргузаронии бемор;
- ташхиси заминавии озмоишӣ ва ташхиси гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйҳои I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;
- ташхиси хуни донорӣ вобаста ба сирояти гемотрансмиссионӣ (сирояти тавассути хун гузаранда);
- ташхиси хун вобаста ба вараҷа;
- ташхиси умумии пешоб ва микроскопияи таҳшини пешоби гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйҳои I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;
- ташхиси балғам (микроскопия);
- муайян намудани қанд дар хун ва пешоб аз рӯи нишондодҳо;
- сабти барқии дил аз рӯи нишондодҳо.
в) муолиҷа:
- расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;
- шикастабандӣ (иммобилизатсия);
- таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;
- гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили рагҳои варид, дохили мушак ва зери пӯст);
- хизматрасониҳои тиббӣ (физиотерапия, маҳс, бо найча баровардани фасоди ковокии пардаи шуш, тоза кардани чирки гӯш, коркарди аввалияи ҷарроҳӣ, найчагузории рагҳо, дӯхтани захм, боз кардани флегмонҳо, варами фасоднок (абсесҳо), панаритсия, даммал (фурункул), бурида гирифтани ҷисми бегонаи бофтаҳои нарм, хизматрасониҳои стоматологӣ дар шароитҳои дармонгоҳӣ ва ғайра) ба гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйҳои I ва П замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд.
г) Кӯмаки тиббию санитарӣ ба даъватшавандагон шаҳодатномадиҳии тиббии шахсони ба хизмати воқеии ҳарбӣ даъватшаванда, чорабиниҳои ташхисӣ ва барқарорсозии муолиҷавӣ бо роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ ҳангоми маблағгузории иловагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба таври ройгон расонида мешавад.
4) Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳӣ
а) кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳӣ, аз ҷумла муоинаи озмоишию ташхисӣ аз ҷониби марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои ғайрибистаринамоӣ ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯйҳои I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд (аз рӯи бемориҳои асосӣ), ҳангоми мавҷуд будани роҳхат аз табибони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ ба таври ройгон расонида мешавад.
б) ба шахсони дигар, ки ба имтиёз ҳуқуқ надоранд, ҳангоми мавҷуд будани роҳхат аз табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушергинекологи минтақавӣ, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоиши ва муолиҷа бо доруворӣ, инчунин додани роҳхат барои бистаригардонӣ, дигар намуд ва ҳаҷми кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳӣ, дар асоси ҳампардохт ва ҳангоми надоштани роҳхат аз табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ дар асоси пардохти пурраи хизматрасонии тиббӣ тибқи нархнома анҷом дода мешавад.
в) ҳангоми дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои зикргардида мавҷуд набудани мутахассисони дахлдор ва шароитҳо барои гузаронидани намудҳои алоҳидаи муоинаи озмоишӣ ва ташхисӣ машваратҳои зарурӣ ва намудҳои ташхис мумкин аст дар дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шавад ва пардохти он бо роҳи ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарии муассисаҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои басташуда сурат мегирад.
г) шаҳрвандоне, ки аз табибони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ роҳхат надоранд, арзиши кӯмаки махсусгардонидашуда, аз ҷумла арзиши муоинаи озмоишию ташхисиро мутобиқи Нархномаи намуд ва ҳаҷми хизматрасонии тиббию санитарӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пардохт менамоянд.
д) кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кӯмаки махсусгардонидашуда дар сатҳи дармонгоҳӣ ба ҳомиладороне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимии муассисаи дахлдори тиббӣ мебошанд, дар ҳаҷм ва намудҳои зерин ба таври ройгон анҷом дода мешавад:
- таҳлили умумии хун 2 маротиба;
- ташхиси хун барои гемоглобин 3 маротиба;
- ташхиси хун барои RW 2 маротиба;
- ташхиси хун барои ВНМО 2 маротиба;
- ташхиси умумии пешоб 2 маротиба;
- ташхиси пешоб барои протеинурия 4 маротиба;
- ташхиси бактериявии пешоб (ҳангоми зарурат);
- микроскопияи андудаи вагиналӣ;
- ташхиси ултрасавтӣ 2 маротиба.
5) Таъминоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳӣ аз рӯи Барнома дар асоси РВАД аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:
а) ҳангоми расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ройгон дода мешавад.
б) ҳангоми расонидани кумаки тиббию санитарӣ, доруворӣ ва маводи таъиноти тиббие, ки барои гузаронидани тадбирҳои лабораторию ташхисӣ заруранд, ба аҳолӣ мутобиқи ҳуқуқҳои онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи Барнома (замимаи 1) дода мешавад.
в) Бемороне, ки дар ҳолати барои ҳаёташон таҳдидкунанда қарор доранд, бо доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд. Инчунин гурӯҳи аҳолие, ки дар номгӯи I замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд, дар давоми сол ба таври ройгон дар доираи маблағе, ки аз 2 нишондиҳанда барои ҳисоб зиёд намебошад, бо воситаҳои доруворӣ таъмин карда мешаванд. Беморони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта, бо воситаҳои доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ҳангоми беморӣ ва бо миқдори дар Ҷадвали 1 зикргардида ба таври ройгон таъмин карда мешаванд:
Ҷадвали 1. Таъминот бо доруворӣ тибқи Барнома
+----------------------+----------------------+----------------------ҷ
|Номгӯи бемориҳо |Номгӯи доруворӣ |Миқдор (барои |
| |ва маводи |1 бемор дар |
| |таъиноти тиббӣ |як сол) |
+----------------------+----------------------+----------------------+
|Дарунравӣ ва бемориҳои|Аз рӯи Барномаи |Мутобиқи протокол |
|шадиди роҳи нафас Жҳамбастагии | |
| |бемориҳои кӯдакона | |
| |барои кӯдакони | |
| |то 5 сола | |

|Гемофилия |Хун ва таркиби он |Мутобиқи протокол |

|Бемории сил |Аз рӯи Барномаи ДОТС |Аз рӯи нақшаи |
| | |стандартии муолиҷа |

|Диабети қанд |Инсулин, сӯзандору |Мутобиқи протокол ё |
|вобастагӣ аз инсулин | |нақшаи муолиҷа |

|Беморони мубталои |Дар доираи Хазинаи |Мутобиқи протокол |
|сирояти ВНМО ва БПНМ |глобалии мубориза | |
| |алайҳи ВНМО/БПНМ | |

Воситаҳои дорувории дар боло зикргардида метавонанд мутобиқи дорухате, ки аз ҷониби табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ додашуда ё дар доираи барномаи дахлдоре, ки аз ҷониби донорҳо дастгирӣ мешавад, ба таври ройгон тақсим карда шавад.
6) Иммунопрофилактика ба таври ройгон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом дода мешавад. Эмкунии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон дар доираи Барномаи умумии эмкунӣ, мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, кӯмакҳои башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, гузаронида мешавад.
7) Кӯмаки тиббии статсионарӣ
а) кӯмаки фаврии статсионарӣ. Ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба статсионарҳои ноҳия вобаста ба нишондиҳандаҳои фаврӣ муроҷиат кардаанд, кӯмаки фаврии статсионарӣ то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёти ӯ таҳдид менамояд, ба таври ройгон расонида мешавад (мутобиқи номгӯи муваққатии ҳолатҳои ба ҳаёти беморон хатарнок, ки бо фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст). Пас аз расонидани кӯмаки фаврии статсионарӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, ба субот омадани нишондиҳандаҳои гардиши хун ва нафаскашӣ, беморон тибқи шартҳои расонидани кӯмаки нақшавии статсионарӣ ҳамчун ашхосе, ки роҳхат доранд, барои муолиҷа ба шароити дармонгоҳӣ гузаронида мешаванд.
б) кӯмаки нақшавии статсионарӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон намебошад, ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯи I замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд ва ба бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯи II замимаи 1 Барнома оварда шудаанд, ба таври ройгон расонида мешавад. Дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи I замимаи 1 ва бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯи II замимаи 1 Барнома зикр нагардидаанд, вале аз табиби оилавӣ терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ роҳхат доранд ва ё худ бе роҳхат муроҷиат намудаанд аз рӯи механизми ҳампардохт хизматрасонӣ карда мешаванд. Ҳаҷми ҳампардохт дар Қоидаи ҳампардохти хароҷоти кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ расонида мешавад, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми зарурати бистарикунонӣ, беморон қаблан дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ташхис карда мешаванд.
в) кӯмак ҳангоми таваллуд ба заноне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати мунтазами (ҳангоми ҳомиладорӣ на камтар аз 4 маротиба ҳозир шудаанд) муассисаи дахлдори тиббӣ қарор доранд, кӯмаки статсионарӣ ҳангоми таваллуд ба таври ройгон расонида мешавад. Дар ҳолатҳои дигар кӯмаки статсионарӣ ҳангоми таваллуд аз рӯи механизми ҳампардохт сурат мегирад.
г) таъминоти беморон бо доруворӣ ҳангоми муолиҷаи нақшавии статсионарӣ мутобиқи ҳуқуқҳои онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳампардохт, кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом дода мешавад. Статсионарҳо доруворӣ ва маводи хароҷотиро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар боло зикр гардидаанд, бо риояи қонунгузорӣ оид ба харидорӣ ба даст меоранд. Инчунин ҳангоми зарурат харид намудани доруворие, ки ба рӯйхати РВАД дохил нашудаанд, мутобиқи рӯйхати иловагие, ки муассисаи тандурустӣ муайян менамояд, иҷозат дода мешавад. Дар сурати, агар хароҷоти воқеӣ ба таъминоти дорувории беморон аз арзиши миёнаи муолиҷа барои ҳар як ҳолати табобат ба маротиб зиёд гардад, комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурустӣ ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҳисоби беморон пардохт намудани хароҷоти иловагӣ барои хариди доруворӣ ҷиҳати муолиҷаи минбаъда, сарфи назар аз ҳуқуқи ӯ ба имтиёз, қарор қабул кунад.
8) Намудҳои зайли кӯмаки ройгони стоматологӣ расонида мешаванд:
- муоинаи профилактики кӯдакон ва занони ҳомиладор ду маротиб дар як сол;
- санатсияи даҳони кӯдакони аз 2 то 7 сола ва занони ҳомиладоре, ки ба қайд гирифта шудаанд;
- кӯмаки таъҷилии стоматологӣ;
- кӯмаки махсусгардонидашудаи стоматологии пулакӣ аз рӯи Нархнома барои навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ тибқи тартиби муқарраргардида, расонида мешавад.
9) Навъ ва ҳаҷми чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
§2. Мониторинг ва арзёбии татбиқи Барнома
10) Мониторинги татбиқи Барнома дар асоси нишондиҳандаҳое, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, аз ҷумла тавассути таҳқиқот гузаронида мешавад.
Замимаи 1
ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ
оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои
таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо кӯмаки тиббию санитарӣ
барои солҳои 2012-2013
Номгӯи I Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд:
- иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсоне, ки бо се дараҷаи Ордени Шараф мукофотонида шудаанд;
- Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ;
- ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
- шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи Нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил зарар дидаанд ва аъзои оилаи бесаробонмондаи онҳо;
- маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд;
- маъюбон аз давраи кӯдакӣ;
- кӯдакони маъюби то синни 18 сола;
- кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонаи кӯдакони оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки бе парастории волидайн мондаанд;
- кӯдакони то 1 сола;
- маъюбони гурӯҳҳои I ва II, дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ;
- шаҳрвандони синни 80 сола ва аз он боло;
- шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои пиронсолон ва интернатҳо зиндагӣ мекунанд.
Номгӯи II Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд (бо бемории асосӣ):
- кӯдакони синни то 5 сола, ки гирифтори дарунравӣ ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мебошанд (дар доираи Барномаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона);
- беморони мубталои гемофилия;
- беморони мубталои махав;
- беморони мубталои бемории ҳорӣ;
- беморони мубталои гулӯзиндонак;
- беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи ДОТС);
- беморони гирифтори ВНМО;
- беморони гирифтори бемории диабети қанди (вобаста будан аз инсулин).
Эзоҳ: дар сурати хуруҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ, дар минтақаҳо фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди эпидемиологӣ гузаронида мешаванд.
Замимаи 2
ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ
оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои
таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо кӯмаки тиббию санитарӣ
барои солҳои 2012-2013
Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи гурӯҳи шаҳрвандонро, ки дар номгӯи I замимаи 1 Барномаи мазкур оварда шудааст, барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон тасдиқ менамояд
+---+--------------------------------+-------------------------------ҷ
| | Табақаҳои аҳолӣ |Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи |
| | | ҳуқуқ ва имтиёзҳо |
+---+--------------------------------+-------------------------------+
|1 |Иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги |Шаҳодатномаи иштирокчӣ |
| |Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба |ё маъюби Ҷанги Бузурги |
| |онҳо баробаркардашуда |Ватанӣ, шаҳодатномаи |
| | |нафақавӣ |

|2 |Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон,|Шаҳодатномаи Қаҳрамонони |
| |Иттиҳоди Шӯравӣ, меҳнати |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |сотсиалистӣ ва шахсоне, ки бо се|Иттиҳоди Шӯравӣ, |
| |дараҷаи Ордени Шараф |меҳнати сотсиалистӣ |
| |мукофотонида шудаанд |ва се дараҷаи |
| | |Ордени Шараф |

|3 |Ҷанговарони интернатсионалист, |Шаҳодатномаи ҷанговари |
| |собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар |интернатсионалист, |
| |ҳудуди дигар давлатҳо |собиқадори амалиёти |
| | |ҷангӣ дар ҳудуди дигар |
| | |давлатҳо ва шаҳодатномаи |

|4 |Шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи |Шаҳодатномаи иштирокчӣ |
| |Нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил |ё маъюби барҳам додани |
| |зарар дидаанд |садама дар Нерӯгоҳи |
| | |атомии барқии Чернобил |
| | |ва шаҳодатномаи нафақавӣ |

|5 |Маъюбоне, ки ҳангоми адои |Шаҳодатномаи маъюби |
| |хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд |хизмати ҳарбӣ ва |
| |осеб бардоштаанд |шаҳодатномаи нафақавӣ |

|6 |Маъюбон аз давраи кӯдакӣ |Маълумотнома дар бораи |
| | |муайян намудани гурӯҳи |
| | |маъюбӣ ва шаҳодатномаи |

|7 |Кӯдакони маъюби то синни 18 сола|Шаҳодатномаи нафақавии яке |
| | |аз волидайн ва таваллуди кӯдак |

|8 |Кӯдакони ятим, ки дар хонаи |Роҳхати хонаҳои давлатии |
| |давлатии кӯдакон, хонаи кӯдакони|кӯдакон, кӯдакони оилавӣ |
| |оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), |(оилаҳои қабулнамуда), |
| |интернатҳо барои кӯдакони ятим |интернатҳо барои кӯдакони |
| |қарор доранд, кӯдаконе, ки бе |ятим |
| |парастории волидайн мондаанд | |

|9 |Кӯдакони то 1 сола |Шаҳодатномаи таваллуд |

|10 |Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, дар |Маълумотнома дар бораи |
| |натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, |муайян намудани маъюбии |
| |бемориҳои касбӣ ё бемориҳои |гурӯҳҳои I ва II дар |
| |умумӣ |натиҷаи осеббардории |
| | |меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ |
| | |ва ё бемориҳои умумӣ |

|11 |Шаҳрвандони синни 80 сола ва аз |Шаҳодатномаи нафақавӣ |
| |он боло |ва шиноснома |

|12 |Шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои |Роҳхати хонаҳои пиронсолон |
| |пиронсолон ва интернатҳо |ва интернатҳо барои |
| |зиндагӣ мекунанд |пиронсолон |

Таъмини ройгони гурӯҳҳои шаҳрвандон бо доруворӣ (вобаста ба бемории асосӣ), ки дар номгӯи II Барномаи кафолатҳои давлатӣ зикр гардидаанд, мутобиқи рӯйхати бемороне, ки дар асоси бақайдгирии диспансерӣ ва дорухати муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии маҳали зист таҳия гардидааст, амалӣ мегардад.