Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал ва қоидаҳоро доир ба татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои, солҳои 2012-2013 таҳия ва тасдиқ намоянд.
3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишуда ва бо ҷалби Ҳамкорон оид ба рушд амалисозии Барномаи мазкурро дар шаҳрҳои Сарбанд, Норак, Турсунзода ва ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Рашт, Шаҳринав, Варзоб идома диҳанд.
4) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро таъмин намояд;
- аз рафти амалисозии Барнома ҳар сол то 20 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2011 № 579
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2012-2013 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Программу государственных гарантий по обеспечению населения медико - санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2012-2013 годы (прилагается).
2) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и утвердить Инструкцию и правила по реализации Программы государственных гарантий по обеспечению населения Республики Таджикистан медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2010-2013 годы.
3) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти Хатлонской и Согдийской областей, районов республиканского подчинения, в рамках ежегодно предусмотренных средств и с привлечением Партнёров по развитию, продолжить реализацию данной Программы в городах Сарбанд, Нурек, Турсунзода и районах Дангара, Спитамен, Рашт, Шахринав, Варзоб.
4) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:
- обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Программы;
- о результатах реализации Программы ежегодно до 20 декабря представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 3 декабря 2011 года №579
г. Душанбе