Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 № 113 "Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 591"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 591

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда истифода мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, №591 тасдиқ шудааст, иловаи зерин ворид карда шавад:

+--+---------+-------------------------------------------------------ҷ
|№ | Код НМ  |                        Рӯйхат                         |
|р/| ФИХ     |                                                       |
|н |         |                                                       |
+--+---------+-------------------------------------------------------+
|54|8802     |                                                       |
|  |40 000 1 |- - ҳавопаймоҳои гражданӣ бо шумораи ҷои нишаст барои  |
|  |         |на зиёда аз 200 нафар.                                 |
+--+---------+-------------------------------------------------------+

2) Қарори мазкур аз санаи қабул мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 марти соли 2012 № 113

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 ноября 2007 года, №591

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В Перечень ввозимых в Республику Таджикистан производственно-технологического оборудования и комплектующих изделий, предназначенных для формирования или пополнения уставного фонда предприятия или технического перевооружения действующего производства, которые освобождаются от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 ноября 2007 года, №591, внести следующее дополнение:

+------+---------------+---------------------------------------------ҷ
|№ п/н |     КодТН     |                  Описание                   |
|      |      ВЭД      |                                             |
+------+---------------+---------------------------------------------+
|54    | 8802 40 000 1 |- самолеты гражданские с количеством посадоч-|
|      |               |ных мест не более чем на 200 человек.        |
+------+---------------+---------------------------------------------+

2) Данное постановление ввести в действие со дня его принятия.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 1 марта 2012 года №113

г. Душанбе