Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.12.2012 № 725)
Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар ва таъмини иҷрои Барномаи стратегияи ислоҳоти бахши энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тарифҳои замимашудаи энергияи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ ва аз 1 апрели соли 2012 ҷорӣ карда шавад.
2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи № 09-01-2010 "Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйирот ворид намоянд.
3. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
- аз 29 декабри соли 2009, № 678 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ";
- аз 19 майи соли 2010, № 259 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида";
- аз 12 марти соли 2011, № 149 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 июни соли 2011, № 292 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2012 № 103
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2012, № 103
тасдиқ шудааст
Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ
(бе дарназардошти ААИ ба ғайр аз аҳолӣ,
КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик",
нақлиёти барқӣ ва насосҳои обкашӣ,
истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ,
чоҳҳои амудии мелиоративӣ,
пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ,
базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.12.2012 № 725)
+--+-----------------------------------------------------+-----------ҷ
|№ | Энергияи барқ | Дирам ба |
| | |1 кВт. соат|
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|1.|Барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ |26,63 |

|2.|Барои КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" | |
| |- аз 1 май то 30 сентябр |6,25 |
| |- аз 1 октябр то 30 апрел |10,25 |

|3.|Барои истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои | |
| |коммуналӣ ва иншооти варзишӣ (қарори Ҳукумати ҶТ |10,63 |
| |аз 13.12.2012 № 725) | |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|4.| Барои нақлиёти барқи (қарори Ҳукумати ҶТ |7,13 |
| | аз 13.12.2012 № 725) | |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|5.|Барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои | |
| |обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати | |
| |мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
| |- аз 1 апрел то 30 сентябр |1,88 |
| |- аз 1 октябр то 31 март |7,13 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|6.|Барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои | |
| |обкашии мелиоративӣ |1,00 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|7.|Барои аҳолӣ, бо дарназардошти ААИ |11,00 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|8.|Барои истифодаи энергияи барқ дар дегҳои барқӣ ва | |
| |дастгоҳҳои барқӣ, бо мақсади таъмини оби гарм ва | |
| |гармкунии биноҳо: | |
| |- барои бахши ғайрибуҷетӣ |65,88 |
| |- барои мақомоту муассисаҳои буҷетӣ |19,5 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
| | Энергияи гармӣ | Сомонӣ ба|
| | | 1 Гкал |

|1.|Барои муассисаҳо ва мақомоти идоракуние, ки аз | |
| |ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд |38,08 |

|2.|Барои харидорони яклухте, ки энергияи гармиро ба | |
| |аҳолӣ интиқол медиҳанд |4,98 |

|3.|Барои ҳамаи истифодабарандагони боқимонда |146,48 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ
Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар ва таъмини иҷрои Барномаи стратегияи ислоҳоти бахши энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тарифҳои замимашудаи энергияи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ ва аз 1 апрели соли 2012 ҷорӣ карда шавад.
2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи № 09-01-2010 "Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйирот ворид намоянд.
3. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
- аз 29 декабри соли 2009, № 678 "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ";
- аз 19 майи соли 2010, № 259 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида";
- аз 12 марти соли 2011, № 149 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 июни соли 2011, № 292 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2012 № 103
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2012, № 103
тасдиқ шудааст
Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ
(бе дарназардошти ААИ ба ғайр аз аҳолӣ, КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об)
+--+-----------------------------------------------------+-----------ҷ
|№ | Энергияи барқ | Дирам ба |
| | |1 кВт. соат|
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|1.|Барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ |26,63 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|2.|Барои КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" | |
| |- аз 1 май то 30 сентябр |6,25 |
| |- аз 1 октябр то 30 апрел |10,25 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|3.|Барои истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои | |
| |коммуналӣ, нақлиёти барқӣ ва иншооти варзишӣ |10,63 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|4.|Барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои | |
| |обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати | |
| |мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
| |- аз 1 апрел то 30 сентябр |1,88 |
| |- аз 1 октябр то 31 март |7,13 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|5.|Барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои | |
| |обкашии мелиоративӣ |1,00 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|6.|Барои аҳолӣ, бо дарназардошти ААИ |11,00 |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|7.|Барои истифодаи энергияи барқ дар дегҳои барқӣ ва | |