Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 ва Нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо иҷрои чорабиниҳои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинигардида таъмин намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон
аз 1 марти соли 2012 № 91
ш. Душанбе