Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2012 № 59 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994, № 155

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994, № 155

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дар ном, матн ва замимаи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994, № 155 "Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббие, ки ба гирифтани нафақаи иҷтимоӣ барои фарзандони аз кӯдакӣ маъюби то 16-сола ҳуқуқ медиҳанд", калимаҳои "16-сола" ба калимаҳои "18-сола" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 феврали соли 2012 № 59

ш. Душанбе