Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии хароҷоти нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Конфедератсияи Швейтсария аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои фаъолияти сиёсии хориҷӣ пешбинишуда таъмин намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои барои нигоҳдории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ҷудошавандаро таъмин намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 584 "Оид ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева" аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 15 феврали соли 2012 № 49
ш. Душанбе