Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2012 № 39 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 359"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 359

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба "Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 359 тасдиқ гардидаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 сархати 52 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"52) "фосилаи кӯтоҳкардашудаи эшелонкунонии амудӣ (RVSM)" фосилаи эшелонкунонии амудӣ, ки дар доираи аз эшелони парвози 290 то эшелони парвози 410 барои эшелонкунонии ҳавопаймоҳо, ки барои парвоз бо истифодаи RVSM иҷозат доранд, истифода мешавад";

- сархатҳои 52, 53, 54 ва 55 мутаносибан сархатҳои 53, 54, 55 ва 56 ҳисобида шаванд;

- сархати 57 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"57) "эшелони парвоз" - сатҳи фишори доимии атмосферӣ, ки ба бузургии муқарраршудаи фишор 760,0 мм сутуни симоб (1013,2 гектопаскал) мансуб буда, аз дигар чунин сатҳҳо дар масофаи бузургии фосилаи фишори муқарраргардида воқеъ мебошад";

- банди 16 бо мазмуни зайл ифода карда шавад:

"16. Сарҳади минтақаи Душанбегии Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- нуқтаи ҷуғрофии 3927.5 арзи шимолӣ 07339.3 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой то нуқтаи ҷуғрофии 3714.1 арзи шимолӣ 07452.7 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то нуқтаи ҷуғрофии 3711.1 арзи шимолӣ 06747.4 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии ӯзбекистон то нуқтаи ҷуғрофии 4013.7 арзи шимолӣ 07058.1 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон то нуқтаи ҷуғрофии 3927.5 арзи шимолӣ 07339.3 тӯли шарқӣ";

- дар банди 18 калимаҳои "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "операторони алоқа дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар сархати якум банди 21 калима ва рақами "баландии 8100 м" ба калимаҳои ва рақами "эшелони парвози 290" иваз карда шаванд;

- аз сархати дуюм банди 23 ва банди 39 калимаи "субъектҳои" хориҷ карда шавад;

- дар банди 59 калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳатман огоҳ намудани Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳатман огоҳ намудани Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- аз банди 69 калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла иҷрои парвозҳои байналмилалӣ), ки бо системаи ташхиси радиолокатсионӣ таҷҳизонида шудаанд," хориҷ карда шуда, калимаи "ҳавопаймоҳои" ба калимаи "ҳавопаймоҳо" иваз карда шавад;

- дар зербанди д) банди 70 пеш аз калимаи "литерҳои" калимаи "таҳти" илова карда шавад;

- дар зербанди д) банди 74 калимаҳои "тоҷик" ва "давлатӣ" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ҳавопаймои" ва "радиолокатсионии" ба калимаҳои "ҳавопаймо" ва "радиолокатсионӣ" иваз карда шаванд;

- дар зербанди а) банди 81 калимаҳои "Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар банди 87 ва дар тамоми матни Қоидаҳо калимаҳои "парвоз дар фазои ҳавои" ба калимаҳои "даромад ба фазои ҳавоии" иваз карда шаванд;аз банди 91 калимаи "давлатӣ" хориҷ карда шавад; - банди 100 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"100. Фосилаи ҳадди ақали (минималии) эшелонкунонии амудӣ ҳангоми парвози ҳавопаймоҳо аз рӯи қоидаи парвозҳо бо асбоб муқаррар карда мешавад:

а) то эшелони парвози 290-300 метр (1000 фут);

б) аз эшелони парвози 290 то эшелони парвози 410;

- 300 метр (1000 фут) байни ҳавопаймоҳое, ки барои парвоз дар RVSM иҷозат доранд;

- 600 метр (2000 фут) байни:

- ҳавопаймоҳои давлатие, ки барои парвоз дар RVSM иҷозат надоранд ва ҳама гуна дигар ҳавопаймоҳо;

- ҳавопаймоҳои давлатие, ки парвозро дар ҳайати гурӯҳ иҷро менамоянд ва ҳама гуна дигар ҳавопаймоҳо;

- ҳавопаймое, ки кори таҷҳизоташ ногаҳон бад шуда, боиси таъмин нагардидани нигоҳдории эшелони парвози муқарраргардида мешавад ва ҳама гуна дигар ҳавопаймоҳо;

- ҳавопаймое, ки бинобар сабаби шароити метеорологӣ ва аломати гирдбодӣ ба минтақаи сахти турбулентнокӣ афтидааст ва ин бевосита ба қобилияти нигаҳдории эшелони парвози муқарраргардидаи ҳавопаймо таъсир мерасонад ва ҳама гуна дигар ҳавопаймоҳо;

- ҳавопаймое, ки парвозро бо алоқаи радиоии азкормонда иҷро менамояд ва ҳама гуна дигар ҳавопаймо дар ҳолате, ки онҳо парвозро дар фазои ҳавоӣ бо RVSM иҷро менамоянд;

- ҳавопаймоҳое, ки барои парвоз дар RVSM иҷозат надоранд ва дигар ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии гузариш аз (ба) RVSM (минтақаи "буферӣ").

Даромад ба фазои ҳавоӣ аз эшелони парвози 290 то эшелони парвози 410 барои ҳавопаймоҳое (ба ғайр аз ҳавопаймоҳои давлатӣ), ки онҳо барои парвоз дар фазои ҳавоӣ бо RVSM иҷозат надоранд, манъ карда мешавад;

в) аз эшелони парвози 410 баландтар - 600 метр (2000 фут).

Фосилаи ҳадди ақали эшелонкунонии амудӣ байни ҳавопаймоҳое, ки парвозро аз рӯи қоидаҳои парвози муроқибавӣ баландтар аз эшелони гузариш иҷро мекунанд, то эшелони парвози 285-300 метр (1000 фут) муқаррар карда мешавад.

Фосилаи ҳадди ақали байни ҳавопаймое, ки парвозро бо суръати фавқуссадо иҷро мекунад ва ҳавопаймое, ки парвозро бо суръати фавқуссадо ё то суръати садо иҷро мекунад, бояд 1000 метр (3000 фут) бошад.

Фосилаи ҳадди ақали эшелонкунонии амудии баландтар аз эшелони гузариш байни ҳавопаймоҳое, ки парвозро аз рӯи қоидаҳои парвози муроқибавӣ иҷро менамоянд ва ҳавопаймоҳое, ки парвозро аз рӯи қоидаҳои парвоз бо асбоб иҷро менамоянд, бояд на камтар аз 300 метр (1000 фут) бошад.

Миёни баландии парвози ҳавопаймоҳои пасттар аз эшелони поёнӣ фосилаҳои ҳадди ақали зайл муқаррар карда мешавад:

-150 метр (500 фут) - ҳангоми парвоз аз рӯи коидаҳои парвози муроқибавӣ бо суръати парвози 300 км/с ва камтар аз он;

-300 метр (1000 фут) - ҳангоми парвоз аз рӯи қоидаҳои парвози муроқибавӣ бо суръати парвоз зиёда аз 300 км/с.

Фосилаи ҳадди ақал байни эшелони поёнӣ ва баландии парвоз бо хатти сайр ё ҳангоми иҷроиши фаъолияти дигар пасттар аз эшелони поёнӣ бояд 300 метр бошад.

Эшелонкунонии амудӣ дар фазои ҳавоӣ бо низоми нимдавра амалӣ карда мешавад:

- дар самти аз меридиани аслӣ (воқеӣ) аз 0 то 179 дараҷа (бо ҳисоб) эшелони парвози 10, 30, 50, 70, 90, 110, 130, 150, 170, 190, 210, 230, 250, 270, 290, 310, 330, 350, 370, 390, 410, 450, 490 ва ғайра муқаррар карда мешавад.

- дар самти аз меридианаи аслӣ (воқеӣ) аз 180 то 359 дараҷа (бо ҳисоб) эшелони парвози 20, 40, 60, 80, 100, 120, 140, 160, 180, 200, 220, 240, 260, 280, 300, 320, 340, 360, 380, 400, 430, 470, 510 ва ғ. муқаррар карда мешавад."

- дар сархати дуюми банди 101:

- зербанди а) баъд аз калимаҳои "камтар аз 5 км" калимаҳои "ва барои ҳавопаймоҳое, ки аз паси ҳавопаймоҳои бо вазни парвозиашон 136 тонна ва зиёда аз он парвоз менамоянд - 10 км" илова карда шаванд; - зербанди б) ва в) дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"б) байни ҳавопаймоҳо дар ҳолати аз ҷониби ҳавопаймо убур намудани эшелони (баландии) муқобиле, ки дигар ҳавопаймо онро ишғол кардааст, на камтар аз 30 км дар лаҳзаи убур;

в) байни ҳавопаймоҳо дар ҳолати аз ҷониби ҳавопаймо убур намудани эшелони (баландии) ҳамсамте, ки дигар ҳавопаймо онро ишғол кардааст на камтар аз 20 км, ҳангоми идораи автоматикунонидашудаи ҳаракати ҳавоӣ бошад - 10 км дар лаҳзаи убур;".

- дар банди 107 рақами "11 100 м" ба рақами "370" иваз карда шавад;

- дар банди 4 замимаи 3 баъд аз калимаҳои "алоқаи ноқилӣ," калимаҳои "шабакаҳои алоқаи барқии авиатсионии собит" илова карда шаванд;

- дар банди 4 замимаи 5 калимаи "аэропортҳои" ба калимаи "аэродромҳои" иваз карда шавад;

- банди 12 замимаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"12. Дар ноҳияҳое, ки низоми муваққатӣ бо қисман манъ кардани истифодаи фазои ҳавоӣ барои парвози ҳавопаймоҳо муқаррар карда мешавад, ҷудо мегардад:

дар шоҳроҳҳои ҳавоӣ ду эшелонҳои муҷовир дар ҳар яке аз фосилаҳо (диапазонҳо): 030-110, 150-200, 260-400;

дар шоҳроҳҳои ҳавоӣ, ки барои парвозҳои байналмилалӣ кушода мебошанд, ҳатман ду ҷуфти эшелонҳои муҷовир дар фосилаи (диапазони): 300-400.";

- дар зербанди 33 банди 2 ва дар тамоми матн калимаҳои "Департаменти авиатсияи гражданӣ" ба калимаҳои "Сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар банди 23 ва дар тамоми матни Қоидаҳо калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 январи соли 2012 № 39

ш. Душанбе