ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи карантини растанӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 91) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 баъд аз сархати чорум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- шаффофиятро ҳангоми таҳия, қабул ва татбиқи чораҳои карантини фитосанитарӣ таъмин менамояд;".
2. Дар қисми панҷуми моддаи 10 калимаи "ҳамқурби" ба калимаи "ҳамарзиши" иваз карда шавад.
3. Ба Қонун моддаҳои 5(1), 9(1), 9(2), 10(1) ва 18(1) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 5(1). Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ бояд бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:
- бе ҳеҷ гуна таъхири беасос ва табъиз (дискриминатсия) аз назорати фитосанитарӣ гузаронидани маводи воридотии таҳтикарантинӣ;
- танҳо дар асоси далелҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани расмиёти назорат зарур мебошанд;
- ҳангоми огоҳ кардани дархосткунанда аз мӯҳлати анҷом ва натиҷаи расмиёти назорат, инчунин норасоиҳои имконпазири дар дархост ҷойдошта;таъмини ҳифзи иттилооти махфӣ;
- бо гирифтани намуна танҳо ба миқдоре, ки барои амалӣ намудани назорат ва сертификатсия зарур аст.
Моддаи 9(1). Таҳия ва қабули тадбирҳои карантини фитосанитарӣ
Тадбирҳои карантини фитосанитарӣ дар ҳолатҳои зерин таҳия ва қабул мегарданд:
...