ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОНСЕССИЯҲО
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва мӯҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- консессия (иҷозат, гузашт) - (минбаъд - консессия) дар асоси шартномаи консессия бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ ба консессиядор супоридани объектҳои моликияти давлатӣ, аз ҷумла: замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот, дигар моликияти давлатӣ ва боигарии табиӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, инчунин ҳуқуқи бунёди (сохтмони) иншооти нав аз ҳисоби консессиядор бо шарти дар оянда баргардонидани онҳо ба давлат;
- шартномаи консессионӣ - шартномае, ки байни конседент ва консессиядор баста шуда, дар он ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳо, инчунин шартҳои амалишавии консессия муайян карда мешаванд;
- конседент - Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баромад намуда, метавонанд фаъолияташонро тавассути мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ намоянд;
- консессиядор - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ки ҳуқуқи консессияро тибқи шартномаи консессионӣ соҳиб шудаанд;
- объектҳои консессионӣ - объектҳои моликияти давлатӣ ва иншоотҳое, ки дар натиҷаи иҷрои шартҳои шартномаи консессия пайдо мешаванд;
- мақомоти консессионӣ - мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколатдоршуда, ки ба онҳо бо тартиби муайянгардида ҳуқуқи ҳалли масъалаҳои консессия дода шудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти консессионӣ
...