ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТИ, КОНСЕПСИЯҲО, СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ИНКИШОФИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №12, мод.681; с.2009, №3, мод. 87) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа - ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат, ки мақсадҳои стратегӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии инкишофи минтақаро муқаррар намуда, захираҳои лозимиро вобаста ба ноил шудан ба мақсадҳои стратегии инкишофи минтақа муайян мекунад;".
2. Моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Дурнамоҳои инкишофи минтақавӣ
Дурнамоҳои инкишофи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзияи аз назари илмӣ асоснокшудаи эҳтимолияти дар оянда инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад. Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия карда, мақомоти дахлдори намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
- таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба ояндабинии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо;
- баҳисобгирии баҳодиҳии мутобиқати дурнамоҳои минтақавии таҳияшаванда бо нишондиҳандаҳои дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳия гардидани лоиҳаи охирини дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дурнамои таҳиягардида иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
- андешидани тадбирҳо оид ба муҳайё сохтани шароит барои инкишофи босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, бартараф кардани нобаробарии тараққиёти минтақаҳо, истифодаи пурсамари захираҳои табиӣ, моддӣ, меҳнатӣ ва молиявии онҳо, аз ҷумла барои зиёд кардани истеҳсоли молҳои содиротӣ ва ивазкунандаи молҳои воридотӣ;
- таҳияи тавсияҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои бӯҳронӣ дар минтақаҳо.
Дурнамоҳои инкишофи минтақаҳо барои таҳияи барномаҳои стратегии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо асос мешаванд.".
...