Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар банди 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- объекти иҷтимоие, ки ба моликияти давлатӣ мансуб буда, дар баланси ҷамъияти саҳомии хусусигардида қарор дорад (минбаъд -объекти иҷтимоӣ) иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, истироҳатгоҳҳо ва маҷмааҳои варзишии мансуб ба моликияти давлатӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида қарор доранд ва тавассути тендери сармоягузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешаванд";
- дар сархати нӯҳуми банди 1 ва минбаъд дар тамоми матни Низомнома калимаи "корхона" ба калимаи "объект" иваз карда шавад;
- дар сархати нуздаҳуми банди 1 баъди калимаҳои "алоҳидаи корхонаҳои давлатӣ" калимаҳои "объекти иҷтимоӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 5 калимаҳои "Пешниҳодоти молиявии" ба калимаҳои "Маблағи сармоягузории" иваз карда шуда, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ҳангоми дар тендери сармоягузорӣ ба фурӯш баровардани объекти иҷтимоӣ, маблағи сармоягузории иштироккунандагони тендер бояд на камтар аз 50 фоизи нархи ибтидоии объектро ташкил диҳад".
Банди 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"12. Барои гузаронидани тендери сармоягузорӣ фурӯшанда дар ҳайати 9 нафар комиссия ташкил медиҳад, ки ба он намояндагони мақомоти зерин дохил карда мешаванд:
- фурӯшанда;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти идоракунии соҳавии объекти иҷтимоии ба фурӯш гузошташуда.
Раис ва котиби комиссия аз ҳисоби намояндагони фурӯшанда муайян карда мешаванд.";
- дар банди 26 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Маълумоти дар сархатҳои 3,4,10,11,13,14, 15 ва 16 банди 26 дарҷгардида ба объекти иҷтимоӣ, ки тавассути тендери сармоягузорӣ ба фурӯш бароварда мешавад, тааллуқ надорад.";
- дар банди 87 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯши объекти иҷтимоӣ фурӯшанда мазмуни шакли намунавии замимаи 14-ро ба муқаррароти ҳамин Низомнома мутобиқ менамояд.";
- дар боби XVII банди 115 дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"115. Харидори объекти иҷтимоӣ дар муддати то 7 сол наметавонад соҳаи фаъолияти объекти хусусигардидаро тағйир диҳад.";
- бандҳои 115, 116, 117, 118, 119, 120, 121, 122, 123, 124, 125 мутаносибан бандҳои 116, 117, 118, 119, 120, 121, 122, 123, 124, 125, 126, ҳисобида шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2011 № 681
ш. Душанбе