Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2011, № 679
тасдиқ шудааст
Тартиби назорати давлатии таъмини оби нӯшокӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби мазкур мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он" таҳия гардида, тартиби назорати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ, вазифаҳои асосии назорати давлатӣ, низом ва салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатиро оид ба таъмини оби нӯшокӣ муайян менамояд.
2) Назорати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ аз маҷмӯи чорабиниҳои зерин иборат мебошад:
- назорати ташкили таъмини оби нӯшокӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи манбаҳо ва шабакаҳои он;
- назорати иҷрои талаботҳои экологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии объектҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- назорати иҷрои қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, боздоштан (консерватсия), барҳамдиҳӣ ва ба истифодадиҳии объектҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- назорати ҳолат, истифода ва ҳифзи манбаҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- назорати риояи қоидаю меъёрҳо, талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатии муқарраршуда нисбати оби нӯшокӣ, инчунин тарзу усулҳои назорати истифодашавандаи таъмини оби нӯшокӣ;
- назорати риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ оид ба истифодаи функсионалии ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ё воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ;
3) Тартиби мазкур барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ва шахсони воқеие, ки фаъолияти худро дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ҳатмӣ мебошад.
4) Ба объектҳои назорати давлатӣ манбаъҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, низоми таъмини оби нӯшокӣ ва фаъолияти субъектҳои
соҳибкорие, ки ба ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва истифодабарии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ машғуланд, дохил мешаванд.
5) Номгӯи объектҳои зериназоратӣ ва тартиби назорати онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори назорати давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо муқаррарар карда мешавад.
2. Вазифаҳои асосии назорати давлатии таъмини оби нӯшокӣ
6) Вазифаҳои асосии назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз риоя намудани меъёру қоидаҳои зерин иборат мебошад:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ;талаботи ҳифзи манбаҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- меъёрҳои ташкили баҳисобгирии истеъмоли оби нӯшокӣ;
- меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ҳангоми сохтмони объектҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- низоми мунтазами интиқоли оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи истеъмоли оби нӯшокӣ ва сифати он;
- кафолати ҳуқуқии таъмини истеъмолкунандагони оби нушокӣ мутобиқи андозаҳои муқарраргардидаи истеъмоли оби нӯшокӣ ва меъёрҳои сифати ин об;
- кафолати давлатии эътимоднокӣ ва бехатарии таъмини оби нӯшокӣ, инчунин меъёри ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунй дар ин соҳа;
- ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ, инчунин шахсони воқеӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ.
3. Низоми мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии таъмини оби нӯшокиро амалӣ менамоянд
7) Назорати давлатии таъмини оби нӯшокиро мақомоти давлатии зерин амалӣ менамоянд:
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
4. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии таъмини оби нӯшокӣ
8) Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар доираи салоҳияти худ чунин корҳоро амалӣ менамояд:
- иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба инкишофи шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо, ки барои ин мақсадҳо ҷудо мешаванд;
- истифодаи самаранок, меъёрҳо ва лимитҳои муқарраргардидаи истифодаи об аз ҷониби истеъмолкунандагон ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи оби нӯшокии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- таъмини ҳифз ва муҳофизати манбаҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- ташаккул ва истифодаи оқилона ва муҳофизати шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- ташкили меъёргузорӣ ва баҳисобгирии истеъмоли об;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги ҳолати шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, назорати ҳолати техникии иншоотҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- ташкили санҷишҳои аудитии технологию экологии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
9) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- мутобиқати сифати оби нӯшокӣ ба талаботи меъёрҳо бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- риояи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва баратараф намудани ифлосшавии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ.
10) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- иҷрои талаботи экологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- ҳолат, истифодабарӣ ва ҳифзи манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ бо партовҳои маишӣ;
- риояи меъёри муқарраргардидаи пармакунии чоҳҳои таъмини оби нӯшокӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
11) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро оид ба риояи меъёру қоидаҳои стандартонӣ, сертификатсияи ҳатмӣ ва метрологӣ нисбати оби нушокӣ ва регламенти техникӣ амалӣ менамояд.
12) Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои сохтмони объектҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ оид ба истифодаи функсионалии ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ё воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ амалӣ месозад .
13) Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро оид ба гузаронидани корҳои иктишофию геологӣ дар обҳои зеризаминии манбаи таъмини оби нӯшокӣ амалӣ менамояд.
14) Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салохияти худ назорати давлатиро оид ба пешбурди бехатарии корҳо, иҷрои талаботҳои техникию технологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии пармакунии чоҳҳои таъмини оби нӯшокӣ ва дигар иншоотҳои зеризаминӣ барои гирифтани обҳои зеризаминӣ амалӣ менамояд.
15) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- барномаҳои маҳаллии мақсаднок ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкил, нигоҳадорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- таъмин намудани сифати оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи он, ҳифзи захираҳо ва манбаҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавӣ;
- истифодабарӣ ва ҳифзи манбаҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, инчунин ташкили корҳо оид ба таъмини шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо оби нӯшокӣ тибқи меъёрҳои истеъмоли оби нӯшокӣ;
- пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда дар таъмини оби нӯшокӣ, мутобиқи меъёр бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;
- ташкил ва назорати таъмин намудани истеъмолкунандагон бо маълумоти саривақтӣ оид ба сифати оби нӯшокӣ ва номураттаб додани он.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2011, № 679
тасдиқ шудааст
Тартиби назорати давлатии таъмини оби нӯшокӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби мазкур мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он" таҳия гардида, тартиби назорати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ, вазифаҳои асосии назорати давлатӣ, низом ва салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатиро оид ба таъмини оби нӯшокӣ муайян менамояд.
2) Назорати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ аз маҷмӯи чорабиниҳои зерин иборат мебошад:
- назорати ташкили таъмини оби нӯшокӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи манбаҳо ва шабакаҳои он;
- назорати иҷрои талаботҳои экологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии объектҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- назорати иҷрои қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, боздоштан (консерватсия), барҳамдиҳӣ ва ба истифодадиҳии объектҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- назорати ҳолат, истифода ва ҳифзи манбаҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- назорати риояи қоидаю меъёрҳо, талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатии муқарраршуда нисбати оби нӯшокӣ, инчунин тарзу усулҳои назорати истифодашавандаи таъмини оби нӯшокӣ;
- назорати риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ оид ба истифодаи функсионалии ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ё воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ;
3) Тартиби мазкур барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ва шахсони воқеие, ки фаъолияти худро дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ҳатмӣ мебошад.
4) Ба объектҳои назорати давлатӣ манбаъҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, низоми таъмини оби нӯшокӣ ва фаъолияти субъектҳои
соҳибкорие, ки ба ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва истифодабарии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ машғуланд, дохил мешаванд.
5) Номгӯи объектҳои зериназоратӣ ва тартиби назорати онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори назорати давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо муқаррарар карда мешавад.
2. Вазифаҳои асосии назорати давлатии таъмини оби нӯшокӣ
6) Вазифаҳои асосии назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз риоя намудани меъёру қоидаҳои зерин иборат мебошад:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ;талаботи ҳифзи манбаҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- меъёрҳои ташкили баҳисобгирии истеъмоли оби нӯшокӣ;
- меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ҳангоми сохтмони объектҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- низоми мунтазами интиқоли оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи истеъмоли оби нӯшокӣ ва сифати он;
- кафолати ҳуқуқии таъмини истеъмолкунандагони оби нушокӣ мутобиқи андозаҳои муқарраргардидаи истеъмоли оби нӯшокӣ ва меъёрҳои сифати ин об;
- кафолати давлатии эътимоднокӣ ва бехатарии таъмини оби нӯшокӣ, инчунин меъёри ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунй дар ин соҳа;
- ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ, инчунин шахсони воқеӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ.
3. Низоми мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии таъмини оби нӯшокиро амалӣ менамоянд
7) Назорати давлатии таъмини оби нӯшокиро мақомоти давлатии зерин амалӣ менамоянд:
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
4. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии таъмини оби нӯшокӣ
8) Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар доираи салоҳияти худ чунин корҳоро амалӣ менамояд:
- иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба инкишофи шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо, ки барои ин мақсадҳо ҷудо мешаванд;
- истифодаи самаранок, меъёрҳо ва лимитҳои муқарраргардидаи истифодаи об аз ҷониби истеъмолкунандагон ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи оби нӯшокии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- таъмини ҳифз ва муҳофизати манбаҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- ташаккул ва истифодаи оқилона ва муҳофизати шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- ташкили меъёргузорӣ ва баҳисобгирии истеъмоли об;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги ҳолати шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, назорати ҳолати техникии иншоотҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- ташкили санҷишҳои аудитии технологию экологии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
9) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- мутобиқати сифати оби нӯшокӣ ба талаботи меъёрҳо бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- риояи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва баратараф намудани ифлосшавии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ.
10) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
- иҷрои талаботи экологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии объектҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми муқарраргардидаи махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ;
- ҳолат, истифодабарӣ ва ҳифзи манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ бо партовҳои маишӣ;
- риояи меъёри муқарраргардидаи пармакунии чоҳҳои таъмини оби нӯшокӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
11) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро оид ба риояи меъёру қоидаҳои стандартонӣ, сертификатсияи ҳатмӣ ва метрологӣ нисбати оби нушокӣ ва регламенти техникӣ амалӣ менамояд.
12) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати давлатиро оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои сохтмони объектҳои таъмини оби нӯшокӣ бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ оид ба истифодаи функсионалии ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ё воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ амалӣ месозад.