Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ аз 3 декабри соли 2011 № 603

Санаи амалкуни: 02.07.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011 № 603

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ (минбаъд - Қоидаҳо) дар асоси моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" таҳия гардида, тартиби ба табобати санаторию курортӣ таъмин намудани маъюбонро муайян менамояд.

2) Таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ (минбаъд - мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) дар асоси барномаи инфиродии тавонбахшӣ ва хулосаи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ, ки барои маъюб муайян карда шудааст, амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

3) Эҳтиёҷоти кӯдакони маъюб ба табобати санаторию курортӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ тибки тартибе, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян ва таъмин карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

4) Роҳхатҳо барои табобати санаторию курортӣ (минбаъд - роҳхатҳо) аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи ҳамин Қоидаҳо дастрас карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

5) Барасмиятдарорӣ ва баҳисобгирии роҳхатҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

6) Аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи шакли ба Қоидаҳои мазкур замимагардида дафтари бақайдгирии аризаҳо ва додани роҳхатҳо ташкил карда мешаванд (замимаи 2). Дафтар рақамгузорӣ ва дӯхта шуда, бо мӯҳри мақомоти Агентӣ тасдиқ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

7) Таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ ба тариқи зайл амалӣ мегардад:

- маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар сол 1 маротиба ба таври ройгон;

- маъюбони гурӯҳи I (бо истиснои маъюбони гурӯҳи 1 нобино) ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатқо дар 2 сол як маротиба;

- маъюбони гурӯхи I нобино, маъюбони гурӯҳи II, маъюбон аз овони кӯдакӣ дар 3 сол як маротиба ба таври ройгон ва ё дар 2 сол як маротиба бо пардохти 50% арзиши роҳхат;

- маъюбони гуруҳи III, ки кор намекунанд ва дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ, дар 2 сол як маротиба бо пардохти 50 фоизи арзиши роҳхат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448);

- кӯдакони маъюби то синни 18-сола, тибқи тартиби барои Маркази саломатии ҷои истиқомати кӯдак муайян кардааст.

8) Ба маъюбоне, ки кор мекунанд, дар ду соли тақвимӣ як маротиба роҳхат аз ҷои корашон ройгон ё бо пардохти 50 фоизи арзиши он аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, ки барои солимгардони кормандон равона шудааст, дода мешавад.

9) Ба маъюбоне, ки дар истеҳсолот ҷароҳат бардошта, маъюб гаштаанд аз ҷониби ташкилотҳое, ки дар онҳо зарари ҷисмонию рӯҳӣ гирифтаанд, дар ду сол як маротиба роҳхати ройгон дода шуда, арзиши роҳкиро ба ҷои табобат пардохт карда мешавад, дар асоси банди 3 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

2. Тартиби пешниҳод намудани аризаҳо

10) Маъюбон ва ё бо хоҳиши онҳо дигар шахсон, инчунин намояндагони қонунии кӯдакони маъюб ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи шакли ба Қоидаҳои мазкур замимагардида ариза пешниҳод менамоянд (замимаи 1)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

11) Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда;

- барои кӯдакони маъюб - нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи қонунии ӯ;

- нусхаи варақаи санаторию курортӣ, ки аз ҷониби Маркази саломатии ҷои истиқомати маъюб дода мешавад;

- нусхаи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ ва нусхаи барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон.

12) Ҳуҷҷатҳои аслии, дар банди 11 зикршуда бо нусхаҳояшон барои муқоиса ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд. Баъди муқоиса намудан, ҳуҷҷатҳои аслӣ ба аризадиҳанда баргардонда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

3. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳо ва додани роҳхатҳо

13) Нусхаи ҳуҷҷатҳои дар банди 11 нишондодашудаи ҳар як аризадиҳанда дар ҷузвдон нигоҳ дошта мешавад.

14) Ҳамасола (маъмулан дар семоҳаи чоруми соли ҳисоботӣ) шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси аризаҳои воридшуда ва навбати ҷории эҳтиёҷмандон оид ба талаботи воқеии маъюбонро барои табобати санаторию курортӣ дархост тартиб дода, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии роҳхатҳо ба осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448) .

15) Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола маълумот ё феҳристи таъминшудагонро бо роҳхатҳои санаторию курортӣ тартиб дода, рӯйхати таъминшудагонро бо рӯйхати гирандагони ҷубронпулӣ барои истифода накардани роҳхатҳои табобати санаторию курортӣ муқоиса менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

16) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии роҳхатҳо ба осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳодшуда маҳзани ягонаи имтиёздорони табобати санаторию курортиро тартиб дода, роҳхатҳоро барои истифодабарӣ ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақсим менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

17) Роҳхатҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахсан ба маъюбоне, ки хуқуқи гирифтани роҳхатро доранд ва ё бо розигии хаттии онҳо ба шахси боэътимоде, ки маъюб дар аризааш нишон додааст, супорида мешаванд. Роҳҳатҳо барои кӯдакони маъюб ба намояндагони қонунии онҳо дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

18) Дар сурати рад кардани дархости аризадиҳанда барои ҷудо намудани роҳхат, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст дар мӯҳлати 15 рӯз ба аризадиҳанда бо нишон додани сабаби рад кардан ҷавоби хаттӣ диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

19) Агар аз ҷониби аризадиҳанда бо сабабҳои узрнок (беморӣ, фавт ва дигар сабабҳое, ки аз ҷониби мақомоти Агентӣ узрнок ҳисобида мешаванд) роҳхат истифода нагардад, он ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргардонда шуда, ба шахси дигар аз рӯи навбат дода мешавад. Роҳхати баргардонидашуда дар дафтари бақайдгирии аризаҳо ва додани роҳхатҳо сабт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

20) Дар ҳолати аз ҷониби аризадиҳанда бо сабабҳои узрнок ғайриимкон гаштани истифодаи роҳхат ва ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълум намудани сабабҳо, он ба роҳхати давраи дигар (аз рӯи ҷадвали сафар, вале на дертар то 3 рӯзи сафар) иваз карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

21) Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони маъюби ба онҳо баробаркардашуда ба осоишгоҳҳои ҷумҳурявии Федератсияи касабаи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон ва ба дигар гурӯҳи маъюбон роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои табобатии тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

4. Тартиби маблағгузории хароҷоти таъминоти табобати санаторию курортӣ ва рафтуомади ройгон ба ҷои табобат

22) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумот оид ба эҳтиёҷоти маъюбон ба табобати саноторию курортӣ ҳар сол талаботи маблағгузориро муайян намуда, дар буҷети солона онро пешбинӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

23) Тартиби ҷуброни хароҷоти рафтуомади маъюбон ба маҳалли табобати санаторию курортӣ аз ҷониби вазоратҳои наклиёт, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

Замимаи 1

ба Қоидаҳои таъмин намудани

маъюбон бо табобати

санаторию курортӣ

Ариза барои дастрас намудани роххат ба табобати санаторию курортӣ

Ному насаб ------------------------------------------------------
Соли таваллуд ---------------------------------------------------
Маъюбӣ  ---------------------------------------------------------
Нишонӣ ----------------------------------------------------------
Рақами телефон --------------------------------------------------

Хоҳишмандам барои ман як роҳхат ба табобати санаторию курортӣ ҷудо намоед.

Нусхаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

"---"  ------  соли 200 (имзои аризадиҳанда ва ё шахсе, ки аризаро пешниҳод кардааст)

Дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳодшударо

тасдиқ, менамоям:

(Насаб, ном, вазифаи шахси аризаро қабулкарда)

"       "       соли 200 ---------------------

(имзо)

Дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳодшударо

тасдиқ менамоям: ----------------------------------------------

(Насаб, ном, вазифаи шахси аризаро қабулкарда) " " соли 200 (имзо)

Замимаи 2

ба Қоидаҳои таъмин намудани

маъюбон бо табобати

санаторию курортӣ

Дафтари бақайдгирии аризаҳо ва додани роҳхатҳо ба табобати санаторию курортӣ

+-+----+------+------+-----+-------+-------+------+------+------+----ҷ
|№|На  |Саба- |Нишо- |Санаи|Ариза  |Осоиш- |Номгӯи|Ба ка-|Имзои |Сана|
| |саб,|би    |нӣ ,ра|қабу-|тарафи |гоҳе,ки|осоиш-|дом   |ари-  |ва  |
| |ном,|маъюбӣ|қами  |ли   |ки дода|аз ҷони|гоҳе, |давра |зади- |саба|
| |номи|      |телеф-|ариза|шудааст|би дух-|ки ба |роҳхат|ҳанда |би  |
| |па- |      |он    |     |       |тури   |он ҷо |дода  |ва ё  |рад |
| |дар |      |      |     |       |табатӣ |роҳхат|шуда- |шахсе,|кар-|
| |    |      |      |     |       |тавсия |дода  |аст   |ки    |дани|
| |    |      |      |     |       |дода   |шуда- |      |роҳ-  |роҳ-|
| |    |      |      |     |       |шудааст|аст   |      |хатро |хат |
| |    |      |      |     |       |       |      |      |гири  |    |
| |    |      |      |     |       |       |      |      |фтааст|    |
+-+----+------+------+-----+-------+-------+------+------+------+----+
|1|2   |3     |4     |5    |6      |7      |8     |9     |10    |11  |
+-+----+------+------+-----+-------+-------+------+------+------+----+
|1|    |      |      |     |       |       |      |      |      |    |
+-+----+------+------+-----+-------+-------+------+------+------+----+
|2|    |      |      |     |       |       |      |      |      |    |
+-+----+------+------+-----+-------+-------+------+------+------+----+
|3|    |      |      |     |       |       |      |      |      |    |
+-+----+------+------+-----+-------+-------+------+------+------+----+

Эзоҳ: Дафтари бақайдгирии аризаҳо ва додани роҳхатҳо ба табобати санаторию курорти бо тариқи ҳатмӣ давом додани он ҳангоми воридшавии аризаҳо пур карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011 № 603

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ (минбаъд - Қоидаҳо) дар асоси моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" таҳия гардида, тартиби ба табобати санаторию курортӣ таъмин намудани маъюбонро муайян менамояд.

2) Таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақомоти Агентӣ) дар муассисаҳои табобати санаторию курортӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, дар асоси барномаи инфиродии тавонбахшӣ ва хулосаи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ, ки барои маъюб муайян карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

3) Эҳтиёҷоти кӯдакони маъюб ба табобати санаторию курортӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ тибки тартиби муқарраргардида муайян ва таъмин карда мешавад.

4) Роҳхатҳо барои табобати санаторию курортӣ (минбаъд - роҳхатҳо) аз ҷониби мақомоти Агентӣ тибқи ҳамин Қоидаҳо дастрас карда мешаванд.

5) Барасмиятдарорӣ ва баҳисобгирии роҳхатҳо аз ҷониби мақомоти Агентӣ анҷом дода мешавад.

6) Аз ҷониби мақомоти Агентӣ мувофиқи шакли ба Қоидаҳои мазкур замимагардида дафтари бақайдгирии аризаҳо ва додани роҳхатҳо ташкил карда мешаванд (замимаи 2). Дафтар рақамгузорӣ ва дӯхта шуда, бо мӯҳри мақомоти Агентӣ тасдиқ мегардад.

7) Таъмин намудани маъюбон ба табобати санаторию курортӣ ба тариқи зайл амалӣ мегардад:

- маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар сол 1 маротиба ба таври ройгон;

- маъюбони гурӯҳи I (бо истиснои маъюбони гурӯҳи 1 нобино) ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатқо дар 2 сол як маротиба;

- маъюбони гурӯхи I нобино, маъюбони гурӯҳи II, маъюбон аз овони кӯдакӣ дар 3 сол як маротиба ба таври ройгон ва ё дар 2 сол як маротиба бо пардохти 50% арзиши роҳхат;

- маъюбони гуруҳи III, ки кор намекунанд ва дар таъминоти дигар шахсон мебошанд, дар 2 сол як маротиба бо пардохти 50 фоизи арзиши роҳхат;

- кӯдакони маъюби то синни 18-сола, тибқи тартиби барои Маркази саломатии ҷои истиқомати кӯдак муайян кардааст.

8) Ба маъюбоне, ки кор мекунанд, дар ду соли тақвимӣ як маротиба роҳхат аз ҷои корашон ройгон ё бо пардохти 50 фоизи арзиши он аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, ки барои солимгардони кормандон равона шудааст, дода мешавад.

9) Ба маъюбоне, ки дар истеҳсолот ҷароҳат бардошта, маъюб гаштаанд аз ҷониби ташкилотҳое, ки дар онҳо зарари ҷисмонию рӯҳӣ гирифтаанд, ҳар сол як маротиба роҳхати ройгон дода шуда, арзиши роҳкиро ба ҷои табобат пардохт карда мешавад, дар асоси банди 3 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон".

2. Тартиби пешниҳод намудани аризаҳо

10) Маъюбон ва ё бо хоҳиши онҳо дигар шахсон, инчунин намояндагони қонунии кӯдакони маъюб ба мақомоти Агентӣ мувофиқи шакли ба Қоидаҳои мазкур замимагардида ариза пешниҳод менамоянд (замимаи 1). 11) Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд: - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда;

- барои кӯдакони маъюб - нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи қонунии ӯ;

- нусхаи варақаи санаторию курортӣ, ки аз ҷониби Маркази саломатии ҷои истиқомати маъюб дода мешавад;

- нусхаи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ ва нусхаи барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон.

12) Ҳуҷҷатҳои аслии, дар банди 11 зикршуда бо нусхаҳояшон барои муқоиса ба мақомоти Агентӣ пешниҳод карда мешаванд. Баъди муқоиса намудан, ҳуҷҷатҳои аслӣ ба аризадиҳанда баргардонда мешаванд.

3. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳо ва додани роҳхатҳо

13) Нусхаи ҳуҷҷатҳои дар банди 11 нишондодашудаи ҳар як аризадиҳанда дар ҷузвдон нигоҳ дошта мешавад.

14) Аз ҷониби мақомоти Агентӣ рӯйхати маъюбоне, ки мувофиқи барномаи инфиродии маъюб ба онҳо табобати санаторию курортӣ тавсия шудааст, тартиб дода мешавад.

15) Аризаҳо аз ҷониби мақомоти Агентӣ ба қайд гирифта шуда, рӯйхати тартибдодашуда дар мӯҳлати 15 рӯзи тақвимӣ ба Агентии

давлатии ҳифзи иҷтимои, шуғли аҳоли ва муҳоҷират пешниҳод карда мешавад.

16) Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳодшуда маҳзани ягонаи имтиёздорони табобати санаторию курортиро тартиб дода, роҳхатҳоро барои истифодабарӣ ба мақомоти Агентӣ тақсим менамояд.

17) Роҳхатҳо аз ҷониби мақомоти Агентӣ шахсан ба маъюбоне, ки хуқуқи гирифтани роҳхатро доранд ва ё бо розигии хаттии онҳо ба шахси боэътимоде, ки маъюб дар аризааш нишон додааст, супорида мешаванд. Роҳҳатҳо барои кӯдакони маъюб ба намояндагони қонунии онҳо дода мешаванд.

18) Дар сурати рад кардани дархости аризадиҳанда барои ҷудо намудани роҳхат, мақомоти Агентӣ вазифадор аст дар мӯҳлати 15 рӯз ба аризадиҳанда бо нишон додани сабаби рад кардан ҷавоби хаттӣ диҳад.

19) Агар аз ҷониби аризадиҳанда бо сабабҳои узрнок (беморӣ, фавт ва дигар сабабҳое, ки аз ҷониби мақомоти Агентӣ узрнок ҳисобида мешаванд) роҳхат истифода нагардад, он ба мақомоти Агентӣ баргардонда шуда, ба шахси дигар аз рӯи навбат дода мешавад. Роҳхати баргардонидашуда дар дафтари бақайдгирии аризаҳо ва додани роҳхатҳо сабт карда мешавад.

20) Дар ҳолати аз ҷониби аризадиҳанда бо сабабҳои узрнок ғайриимкон гаштани истифодаи роҳхат ва ба мақомоти Агентӣ маълум намудани сабабҳо, он ба роҳхати давраи дигар (аз рӯи ҷадвали сафар, вале на дертар то 3 рӯзи сафар) иваз карда мешавад.

21) Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони маъюби ба онҳо баробаркардашуда ба осоишгоҳҳои ҷумҳурявии Федератсияи мустақили иттифоқхои касабаи Тоҷикистон ва ба дигар гурӯҳи маъюбон роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои табобатии тобеи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

4. Тартиби маблағгузории хароҷоти таъминоти табобати санаторию курортӣ ва рафтуомади ройгон ба ҷои табобат

22) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумот оид ба эҳтиёҷоти маъюбон ба табобати саноторию курортӣ ҳар сол талаботи маблағгузориро муайян намуда, дар буҷети солона онро пешбинӣ менамояд.

23) Тартиби ҷуброни хароҷоти рафтуомади маъюбон ба маҳалли табобати санаторию курортӣ аз ҷониби вазоратҳои наклиёт, молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.