Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011, № 602
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011, № 602
тасдиқ шудааст
Тартиби намунавии ташкил ва истифодабарии маблағҳои фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
1) Мутобики моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба андозаи 0,5 фоиз аз ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии дахлдор ташкил шуда, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад.
2) Маблағи фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо хароҷот карда шуда, аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор тасдиқ карда мешавад.
3) Маблағи фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй метавонад ба мақсадҳои зерин равона гардад:
- хароҷот барои тараққиёт ва ободонии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва дигар марказҳои деҳот;
- барои таъмири асосӣ, хариди таҷҳизот, инвентар ва таъмин намудани муассисаҳои фарҳангию иҷтимоии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо бо таҷҳизоти техникӣ;
- расонидани кӯмаки яквақта ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ба собиқадорони меҳнат ва оилаҳои камбизоат;
- барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, варзишӣ ва конференсияҳо;
- барои хароҷоти қабули меҳмонон, ҷойгиркунии онҳо ва дигар хароҷоти ба онҳо алоқаманд;
- барои таъмири асосии биноҳо ва хариди таҷҳизот барои мақомоти идораи давлатӣ, судҳо, прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо;
...