Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011, № 601
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 707)
1) Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (минбаъд - Шӯро) бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи мазкур, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 277 тасдиқ гардидааст, таъсисдода шудааст.
2) Шӯро мақоми машваратӣ буда, ҳамоҳангсозӣ, назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2020 (минбаъд Стратегия) таъмин менамояд.
3) Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Стратегия ва Низомномаи мазкур татбиқ менамояд.
4) Мақсадҳои асосии Шӯро аз таъмини фаъолияти самараноки ҳамоҳангсозии вазорату идораҳои дахлдор оид ба баланд бардоштани сатҳи шуғл бо роҳи фаъолгардонии аҳолии қобили меҳнат, такмилдиҳии муҳити соҳибкорӣ ва таъсис додани бозори меҳнати фасеҳи ҳифзшуда ва барои ҳама дастрас иборат мебошад.
5) Вазифаҳои Шӯро:
- ҳамоҳангсозии иҷрои саривақтии вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегия, дар мавриди зарурат барои иҷрои онҳо ҷалб намудани дигар идораҳои давлатӣ ва коршиносони мустақил;
- назорат намудани ҷараёни иҷрои Стратегия (аз ҷумла истифодаи маблағҳои аз буҷети давлат ҷудошуда);
- мунтазам пешниҳод намудани ҳисоботи иттилоотӣ (солона, фосилавӣ ва хотимавӣ) оид ба ҷараёни татбиқи Стратегия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иттилоотонии ҷомеа аз вазифаҳо ва чорабиниҳои иҷрошудаи Стратегия ва натиҷаҳои ноилгардида;
- мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи шуғл бо роҳи фаъолгардонии аҳолии қобили меҳнат, такмилдиҳии муҳити соҳибкорӣ ва таъсис додани бозори меҳнати фасеҳи ҳифзшуда ва барои ҳама дастрас;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо баҳри татбиқи Стратегия;
- иҷрои дигар вазифаҳо дар ин самт.
6) Шӯро барои татбиқи чунин мақсаду вазифаҳо ҳуқуқ дорад:
- барои баррасӣ ва арзёбии масъалаҳои рӯзмарра комиссияҳои махсус таъсис диҳад;
- мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳуриро, ки бо бозори меҳнат алоқамандӣ доранд, ба фаъолияти Шӯро ҷалб намояд;
- фаъолияти сохторҳои вазорату идораҳоро дар самти таъмини иҷрои чорабиниҳои Стратегия арзёбӣ ва баррасӣ намояд.
7) Ҳайати Шӯроро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
8) Ба фаъолияти Шӯро Раиси Шӯро роҳбарӣ менамояд.
9) Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз ду маротиба дар як сол баргузор карда мешаванд.
10) Қарори Шӯро дар маҷлиси Шӯро қабул гардида, дар он сурат салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар маҷлиси Шӯро на камтар аз нисфи аъзои Шӯро иштирок дошта бошад. Қарорҳо бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи Шӯро иштирокдошта қабул карда мешаванд. Дар сурати баробар будани шумораи овозҳо овози Раиси Шӯро ҳалкунанда мебошад. Узви Шӯро наметавонад ваколати худро ба дигар аъзои Шӯро вогузор намояд. Шӯро метавонад ба маҷлисҳои худ намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдорро даъват намояд.
11) Қарори Шӯроро Раиси Шӯро имзо менамояд, ки иҷрои он барои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад.
12) Ҷараёни маҷлиси Шӯро дар протокол дарҷ карда мешавад, ки ба он Раис ва котиби масъули Шӯро имзо мегузоранд.
13) Коргузории фаъолияти Шӯро тибқи тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011, № 601
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои роҳбарикунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати татбиқи вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯро
сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро ;
муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Шӯро .
Аъзои Шӯро:
муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири энергетика ва саноат ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
муовини раиси вилояти Суғд;
муовини раиси вилояти Хатлон;
муовини раиси шаҳри Душанбе;
раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;
раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон.