Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 № 604 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон"

Санаи амалкуни: 02.07.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар доираи маблағҳое, ки ба ин мақсад дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).

3) Қарори мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2011 № 604

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил обеспечения инвалидов техническими средствами реабилитации

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448)

В соответствии со статьёй 13 Закона Республики Таджикистан "О социальной защите инвалидов" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Правила обеспечения инвалидов техническими средствами реабилитации (прилагаются).

2) Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан для обеспечения инвалидов техническими средствами реабилитации предпринять необходимые меры в пределах средств, предусматриваемых в Государственном бюджете на указанные цели (в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448).

3) Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2012 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 3 декабря 2011 года № 604

г. Душанбе