Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2011 № 1153 Дар бораи лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои дарозмуддат барои солҳои 2011-2020

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои дарозмуддат барои солҳои 2011-2020

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:

1) Лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои дарозмуддат барои солҳои 2011-2020 маъқул дониста шавад.

2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷониби Беларусияро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои имзо кардани Шартномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

20 октябри соли 2011 № 1153

Лоиҳаи

Шартнома байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои дарозмуддат барои солҳои 2011-2020

Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

Шартномаи дар бораи дӯсти ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2000 ва Созишномаи байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи савдои озод аз 3 сентябри соли 1998 ба роҳбарӣ гирифта,

бо дарназардошти таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои баробарҳуқуқи ва судманди мутақобилаи иқтисодию тиҷоратӣ,

ҳамкориҳои дарозмуддат ва бисёрҷабҳаи иқтисодӣ ва истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ҳарду давлатро, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии халқҳои ду кишвар мусоидаткунанда ҳисобида,

ба иқтидори ташаккулёфтаистодаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки барои таҳкими рушди иқтисодию амният мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода,

тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатиро, ки ба рушди иқтисодии ду давлат аҳамияти калон доранд, ба назар гирифта, ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо омодагии худро барои татбиқи ҳамкориҳои иқтисодии дарозмуддат дар асоси баробарӣ, манфиати мутақобила ва иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳои худ, изҳор менамоянд.

Ҳамкорӣ дар асоси Барномаи байнидавлатии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (минбаъдБарнома), ки қисми ҷудонашавандаи Шартномаи мазкур мебошад, татбиқ карда мешавад.

Моддаи 2

Тарафҳо барои ба зиммаи Комиссияи байниҳукуматии Беларусу Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ (минбаъд - Комиссия) вогузор кардани ҳамоҳангсозии иҷрои Барнома, иҷрои назорат аз рӯи татбиқи ҷараёни он ва дар сурати зарурат дохил

намудани пешниҳодҳо ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барнома, розигӣ изҳор намуданд.

Рафти иҷрои Барнома дар ҷаласаҳои Комиссия на камтар аз маротиба дар 1 сол баррасӣ мешавад.

Моддаи 3

Ҳамкориҳои иқтисодии Тарафҳо тавассути муносибатҳои мутақобилаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, новобаста аз шакли моликияташон мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ татбиқ мегарданд.

Тарафҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими алоқаҳои байнибонкӣ, ташаккули лоиҳа ва барномаҳои алоҳида, сохторҳои муштараки истеҳсолӣ ва иҷрошавии фаъолияти сармоягузорӣ ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд.

Тарафҳо аз амалҳое, ки ба манфиати иқтисодии Тарафи дигар зарар мерасонад, худдорӣ менамоянд.

Моддаи 4

Тарафҳо тибқи қонунгузории давлатҳои худ барои ҳамоҳанг сохтани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ташаккули лоиҳаю барномаҳои алоҳида, ташкили сохторҳои муштараки истеҳсолӣ ва ширкати муштарак дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ шароити мусоид муҳайё мекунанд.

Моддаи 5

Тарафҳо баҳсҳои вобаста ба тафсиру истифодаи муқаррароти Шартномаи мазкурро бо роҳи машварату музокираҳо ҳал менамоянд.

Моддаи 6

Тарафҳо бо мувофиқаи якдигар ба Шартнома тағйиру иловаҳо ворид карда метавонанд, ки бо Протоколҳо ба расмият дароварда шуда, мутобиқи моддаи 8 Шартномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 7

Иҷрои муқаррароти Шартномаи мазкур ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки аз дигар шартномаҳои байналмиллалии Тарафҳо бармеоянд, дахолат намекунад.

Моддаи 8

Шартномаи мазкур аз рӯзи қабули огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи иҷрои расмиёти дохилидавлатии Тарафҳо, ки барои эътибор пайдо кардани Шартнома зарур аст, эътибор пайдо намуда, то 31 декабри соли 2020 амал мекунад.

Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад амали Шартномаи мазкурро қатъ намояд, агар дар ин бора ба Тарафи дигар огоҳии хаттӣ ирсол намоянд. Дар ин ҳолат амалии Шартнома баъд аз 6 (шаш) моҳи рӯзи қабули чунин огоҳинома қатъ мегардад.

Қатъи амали Шартнома ба татбиқи лоиҳаҳое, ки то қатъшавии Шартнома оғоз шуда буданд, таъсир намерасонад. Дар шаҳри Душанбе " " соли 2011 дар ду нусха аслӣ, ҳар яке бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расидаст, ки ҳар ду матни он қувваи якхелаи ҳуқуқӣ доранд.

Дар сурати номувофиқатии тавзеҳи муқаррароти Шартномаи мазкур матни забони русии он афзалият дорад.

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Беларус

Аз ҷониби

Ҷумҳурии Тоҷикистон

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Договора между Республикой Беларусь и Республикой Таджикистан о долгосрочном сотрудничестве на 2011 - 2020 годы

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" постановляю:

1) Одобрить проект Договора между Республикой Беларусь и Республикой Таджикистан о долгосрочном сотрудничестве на 2011-2020 годы.

2) Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить беларусскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для подписания указанного Договора.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе

20 октября 2011 года № 1153

Проект

Договор между Республикой Беларусь и Республикой Таджикистан о долгосрочном сотрудничестве на 2011 - 2020 годы

Республика Беларусь и Республика Таджикистан, именуемые в дальнейшем Сторонами,

руководствуясь Договором о дружбе и сотрудничестве между Республикой Беларусь и Республикой Таджикистан от 5 апреля 2000 года и Соглашением между Правительством Республики Беларусь и Правительством Республики Таджикистан о свободной торговле от 3 сентября 1998 года,

исходя из намерений в дальнейшем укреплять и развивать равноправные и взаимовыгодные торгово-экономические отношения,

считая, что долгосрочное и всестороннее экономическое сотрудничество и эффективное использование экономического потенциала двух государств способствует повышению благосостояния их народов,

высоко оценивая формирующийся потенциал торговоэ-кономического сотрудничества между Республикой Беларусь и Республикой Таджикистан, оказывающий содействие укреплению их экономического процветания и безопасности,

принимая во внимание, что расширение межгосударственного сотрудничества имеет большое значение для развития экономики обоих государств, договорились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны выражают готовность осуществлять долгосрочное экономическое сотрудничество на основе равенства, взаимной выгоды и добросовестного выполнения взятых обязательств.

Сотрудничество будет осуществляться на основе Межгосударственной программы сотрудничества между Республикой Беларусь и Республикой Таджикистан на 2011 - 2020 годы (далее-Программа), являющейся неотъемлемой частью настоящего Договора.

Статья 2

Стороны согласились возложить на Межправительственную Белорусско-Таджикистанскую комиссию по вопросам торговоэкономического сотрудничества (далее - Комиссия) координацию выполнения Программы, осуществление контроля за ходом ее реализации и в случае необходимости выработку предложений по внесению в нее изменений.

Ход выполнения Программы рассматривается на заседаниях Комиссии не реже одного раза в год.

Статья 3

Экономическое сотрудничество Сторон осуществляется путем взаимодействия между субъектами внешнеэкономической деятельности независимо от форм собственности в соответствии с международноправовыми и внутригосударственными нормами.

Стороны будут содействовать созданию благоприятных условий для развития торгово-экономических связей, укреплению межбанковских отношений, формированию отдельных проектов и программ, совместных производственных структур и осуществлению инвестиционной деятельности.

Каждая из Сторон будет воздерживаться от действий, наносящих ущерб интересам экономики другой Стороны.

Статья 4

Стороны будут создавать благоприятные условия для гармонизации нормативно-правовой базы в сфере внешнеэкономической деятельности с учетом норм международного права, формирования отдельных проектов и программ, создания совместных производственных структур, взаимного участия в инвестиционных проектах в соответствии с законодательством каждой из Сторон.

Статья 5

Споры относительно толкования и применения положений настоящего Договора будут разрешаться путем консультаций и переговоров между Сторонами.

Статья 6

В настоящий Договор по взаимному согласию Сторон могут вноситься изменения или дополнения, которые оформляются протоколами, вступающими в силу в соответствии со статьей 8 данного Договора.

Статья 7

Выполнение положений настоящею Договора не затрагивав праю и обязательств, которые вытекают из других международных договоров Сторон.

Статья 8

Настоящий Договор вступает в силу с даты получения последнего

письменного уведомления о выполнении Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Договора, действует до 31 декабря 2020 года.

Каждая из Сторон может прекратить действие настоящего Договора путем направления письменного уведомления другой Стороне. В этом случае Договор прекращает свое действие через 6 (шесть) месяцев с даты получения такого уведомления.

Прекращение действия Договора не влияет на осуществление проектов, реализация которых начата до прекращения действия настоящего Договора. Совершено в городе Душанбе "__"_________2011 года в двух подлинных экземплярах, каждый на русском и таджикском языках, при этом все тексты являются аутентичными.

В случае возникновения расхождений в толковании положений настоящего Договора преимущество будет иметь текст на русском языке.

За Республику Беларусь

За Республику Таджикистан