Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 2011 № 570 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, № 259"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, № 259

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" ва бо мақсади ҳимоя ва дастгирии истеҳсолоти саноати ватанӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ дар мавсими тобистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Банди 2 қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, № 259 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Тарифи имтиёзнок барои Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар давраи моҳҳои май-сентябр бе дарназардошти меъёри барқи истифодашаванда татбиқ карда шавад".

2) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" ба Нархномаи №09-01-2010 "Тарифҳо барои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 15 ноябри соли 2011 № 570

ш. Душанбе