Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Бо мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум (минбаъд маҳдудиятҳои мавсимӣ), ки номгӯяшон дар замимаи 1 оварда мешавад, бо тартиби зайл муқаррар карда шавад:
- ҳамасола аз 1 май то 31 август, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани харорати рӯзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад;
- барои роҳҳои автомобилгарди дигари истифодаи умум, ки номгӯяшон дар замимаи 1 қарори мазкур оварда нашудааст, сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 8 тонна муқаррар карда мешавад.
2) Андозаи ниҳоии иҷозатдодашудаи вазни тирҳои ҳамҷолии воситаҳои нақлиёт дар давраи маҳдудиятҳои мавсимӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
3) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хабардор намудани ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ аз маҳдудиятҳои муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ андешад.
4) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тавассути воситаҳои ахбори омма истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро аз мӯҳлати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт хабардор намояд;
- назорати доимии вазъи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба роҳ монда, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати иловатан маҳдуд намудани вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ ва иншооти роҳдорӣ, инчунин бекор намудани маҳдудиятҳои мавсимии муқарраршуда бо мурури барои гузариши муқаррарӣ омода гардидани роҳу иншооти роҳдорӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки дар натиҷаи вайрон намудани маҳдудиятҳои бо қарори мазкур муқарраршуда ба роҳ ва иншооти роҳдорӣ зарар мерасонанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешад;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида якчоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши риояи маҳдудиятҳои мавсимии мазкурро аз ҷониби воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои давлатии наздисарҳади ва нуқтаҳои назоратии даромадгоҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил намояд.
5) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мувофиқи тартиби муқарраргардида якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобаста ба маҳдудиятҳои муқарраршуда таъмин намояд;
- назорати ҳаракати воситаҳои нақлиётро бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқарраршуда таъмин намуда, барои роҳ надодан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки номгӯяшон дар замимаи 1 қарори мазкур муайян шудааст, чораҳои зарурӣ андешад.
6) Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи махдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҷиҳати сари вақт муайян ва огоҳ намудани мақомоти марбута бо нишондодҳои боду ҳаво тадбирҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 ноябри соли 2011 № 569
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2011 № 569
Номгӯи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки дар онҳо маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат муқаррар карда мешавад
+--+-----------------------------------------------------------------ҷ
|№ | Номгӯи роҳҳои автомобилгард |
+--+-----------------------------------------------------------------+
|1 |РБ01-Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд-Бӯстон-сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон) |

|2 |РБ02-Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон |

|3 |РБ04-Душанбе-Кулма (тавассути Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади |
| |Ҷумҳурии Халқии Хитой) |

|4 |РБ07-Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон |

|5 |РБ08-Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ-сарҳади Ҷумҳурии Исломии |
| |Афғонистон |

|6 |РБ-10 -Қӯрғонтеппа-Данғара |

|7 |РБП-Қизил-Қалъа-Ҷарбуҷа (тавассути Кубодиён-Шаҳритус-Айваҷ- |
| |сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон) |

|8 |РБ09-Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён- сарҳади Ҷумҳурии Исломии |

|9 |РБ13-Айнӣ-Панҷакент- сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон |

|10|РБН-Истаравшан-Зафаробод-сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон |

|11|РБ14-Конибодом-Деҳмой |

|12|РБ15-Истаравшан-Зафаробод- сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон |

|13|РБ17-Исфара-Ворух- сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон |

|14|РБ19-Ғафуров-Булоқ-Пунгон-сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон |

Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2011 № 569
Андозаи иҷозатдодашудаи вазн ва сарбори ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт дар давраи маҳдудиятҳои мавсимӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард
+---+------------------------------------------------+---------------ҷ
| № | Нишондиҳандаҳои техникӣ |Вазни |
| | |иҷозатдодашуда |
| | |(тонна) |
+---+------------------------------------------------+---------------+
| | Сарборӣ ба тири меҳвар: | |
| | | |
| | Барои тирҳои меҳвари дугона | |
| | | |
| 1 | -масофаи байни тирҳои меҳвари аз 0,5 то 1,0 | 7,2 |
| | метр | |
| | -масофаи байни тирҳои меҳвари аз 1,0 то 1,3 | 8,4 |
| | метр | |
| | -масофаи байни тирҳои меҳвари аз 1,3 то 1,8 | 9,6 |
| | метр | |
| | -масофаи байни тирҳои меҳвари зиёда аз 1,8 | 10,8 |

| | Барои тирҳои меҳвари сегона | |
| | | |
| | -масофаи байни тирҳои меҳвари аз 0,5 то 1,0 | 9,6 |
| | метр | |
| 2 | -масофаи байни тирҳои меҳвари аз 1,0 то 1,3 | 11,1 |
| | метр | |
| | -масофаи байни тирҳои меҳвари аз 1,3 то 1,8 | 12,3 |
| | метр | |
| | -масофаи байни тирҳои меҳвари зиёда аз 1,8 | 13,5 |