Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 № 569 "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Бо мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум (минбаъд маҳдудиятҳои мавсимӣ), ки номгӯяшон дар замимаи 1 оварда мешавад, бо тартиби зайл муқаррар карда шавад:

- ҳамасола аз 1 май то 31 август, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани харорати рӯзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад;

- барои роҳҳои автомобилгарди дигари истифодаи умум, ки номгӯяшон дар замимаи 1 қарори мазкур оварда нашудааст, сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 8 тонна муқаррар карда мешавад.

2) Андозаи ниҳоии иҷозатдодашудаи вазни тирҳои ҳамҷолии воситаҳои нақлиёт дар давраи маҳдудиятҳои мавсимӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хабардор намудани ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ аз маҳдудиятҳои муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ андешад.

4) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тавассути воситаҳои ахбори омма истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро аз мӯҳлати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт хабардор намояд;

- назорати доимии вазъи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба роҳ монда, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати иловатан маҳдуд намудани вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ ва иншооти роҳдорӣ, инчунин бекор намудани маҳдудиятҳои мавсимии муқарраршуда бо мурури барои гузариши муқаррарӣ омода гардидани роҳу иншооти роҳдорӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки дар натиҷаи вайрон намудани маҳдудиятҳои бо қарори мазкур муқарраршуда ба роҳ ва иншооти роҳдорӣ зарар мерасонанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешад;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида якчоя бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши риояи маҳдудиятҳои мавсимии мазкурро аз ҷониби воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои давлатии наздисарҳади ва нуқтаҳои назоратии даромадгоҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил намояд.

5) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении сезонных ограничений массы и нагрузок на оси транспортных средств, при их движении по автомобильным дорогам общего пользования

В соответствии со статьёй 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В целях недопущения разрушений покрытий автомобильных дорог общего пользования установить сезонное ограничение массы и нагрузок на оси при движении по автомобильным дорогам общего пользования (в дальнейшем сезонное ограничение) указанных в приложении 1 в следующем порядке:

- ежегодно с 1 мая до 31 августа разрешается движение автотранспортных средств с нагрузкой на одиночную ось не более 6 тонн на автомобильных дорогах с асфальтным покрытием в дневное время суток с 10-00 до 20-00 при дневной температуре воздуха свыше 25 градусов тепла;

- для других автомобильных дорог общего пользования, не указанных в приложении 1, нагрузка на одиночную ось устанавливается не более 8 тонн.

2) Утвердить максимальные суммы смежных осевых масс транспортных средств, допустимых при проезде по автомобильным дорогам в сезонный период, согласно приложению 2.

3) Министерство иностранных дел Республики Таджикистан принять соответствующие меры по информированию правительств иностранных государств об установленных ограничениях.

4) Министерству транспорта Республики Таджикистан:

- оповестить через средства массовой информации пользователей автомобильных дорог о сроках сезонных ограничений массы и нагрузок на оси транспортных средств;

- установить постоянный контроль за автомобильными дорогами общего пользования и при необходимости внести предложения по дополнительному ограничению массы и нагрузки на оси транспортных средств по отдельным участкам дорог и дорожных сооружений, а также снятия ограничений, определенных сезонными ограничениями по мере готовности дорог и дорожных сооружений;

- совместно с Министерством внутренних дел Республики Таджикистан принять решительные меры к лицам, виновным за повреждение дорог и дорожных сооружений, связанных с нарушением установленных настоящим постановлением ограничений в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- в соответствии с установленным порядком, совместно с Министерством внутренних дел Республики Таджикистан и Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан организовать на государственных приграничных переходах и контрольных пунктах въезда областей, городов и районов республики проверки соблюдения транспортными средствами требований настоящих ограничений.

5) Министерству внутренних дел Республики Таджикистан:

...