Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 № 552 Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 94 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоқикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, минбаъд фаъолияти худро дар заминаи ҳамин Стандарт ба роҳ монанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ ва мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатии идораи таҳсилоти олӣ, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, дар давоми солҳои 2011-2012 барномаи таълимии таҳсилоти олии касбиро тибқи муқаррароти Стандарти мазкур таҳия ва тасдиқ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996, № 96 "Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2011 № 552

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" ноябри соли 2011, № 552

тасдиқ шудааст

Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мундариҷа ва соҳаи татбиқ

1) Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" таҳия карда шудааст.

2) Мақсади таҳия ва ҷорӣ намудани Стандарти мазкур дар чаҳорчӯбаи созишномаи Болония (ш. Болония, 19 июни соли 1999) ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилоти олӣ, қабул ва татбиқи низоми кредитии таълим инчунин дар сатҳи умумиҷаҳонии таҳсилот эътироф намудани ҳучҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3) Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ва муқаррароти зеринро фаро мегирад:

- сохтори таҳсилоти олии касбӣ ва ҳуҷҷатҳоро оид ба таҳсилоти олии касбӣ муайян месозад;

- талаботи умумиро ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муқаррар менамояд;

- ҳаҷми ниҳоии сарбории таълимии донишҷӯён ва шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муайян менамояд;

- озодии академии муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар муайянсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилоти олии касбӣ фаро мегирад;

- талаботи умумиро ба стандартҳои самтҳои таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд;

- талаботи умумии ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро вобаста ба шароити истифодабарии амалии стандартҳо, аз ҷумла фаро гирифтани таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи омодагии онҳо дар бахшҳои алоҳидаи таълим муайян месозад;

- қоидаҳои назорати давлатиро ҷиҳати иҷрои талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ фаро мегирад;

- мӯҳлати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз рӯи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян менамояд.

2. Талаботи умумӣ

4) Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои аккредитатсияи давлатӣ ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, дар раванди таҳия кардани лоиҳаҳои стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ оид ба самтҳои таълим вазифадоранд, ки ба таври ҳатмӣ талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд.

5) Барои таҳия ва дар самтҳои таълим амалан мавриди истифода қарор додани барномаҳои асосии таълимӣ танҳо он муассисаҳои таҳсилоти олии касбие ҳуқуқ доранд, ки дорои иҷозатнома мебошанд.

6) Истифодабарандагони асосии Стандарти мазкур инҳо мебошанд:

- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; - Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

- муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторҳои худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд.

7) Меъёрҳои асосии Стандарти мазкур бояд аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, мавриди истифодаи ҳатмӣ қарор дода шаванд.

3. Сохтори таҳсилоти олии касбӣ, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбӣ

8) Иҷрои талаботи Стандарти мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи самтҳои таълим аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва ё барои аз аккредататсияи давлатӣ гузаштан довталаб мебошанд, ҳатмист.

9) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини таҳсилоти олии касбӣ муайян карда шудааст:

а) таҳсилоти олии касбӣ шахсиятеро тасдиқ менамояд, ки аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақият гузаштааст ва дар натиҷаи он ба ӯ дараҷаи тахассусии "бакалавр" дода мешавад;

б) таҳсилоти олии касбӣ шахсиятеро тасдиқ менамояд, ки аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақият гузаштааст ва дар натиҷаи он ба ӯ дараҷаи тахассусии "мутахассис" дода мешавад;

в) таҳсилоти олии касбӣ шахсиятеро тасдиқ менамояд, ки аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ гузашта, кори дараҷавии таҳсилотро бомуваффақият ҳимоя намудааст ва дар натиҷаи он ба ӯ дараҷаи тахассусии "магистр" дода мешавад.

10) Ба шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба анҷом нарасонидаанд, бо хоҳиши онҳо маълумотномаи академӣ дода мешавад, ки дар он ҳаҷму мундариҷаи маълумоти гирифтаи онҳо инъикос меёбад.

11) Мӯҳлатҳои давомоти таълими барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии соҳаи тандурустӣ) ба чунин муқаррар карда мешаванд:

- барои дарёфти дараҷаи тахассусии "бакалавр" - на камтар аз чор сол;

- барои дарёфти дараҷаи тахассусии "мутахассис" на камтар аз панҷ сол;

- барои дарёфти дараҷаи тахассусии "магистр" - ду сол (бо назардошти фарогирии зинаи бакалавр).

12) Шахсоне, ки дорои ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошанд, метавонанд мутобиқи ихтисосҳояшон таҳсилоти худро аз рӯи барномаҳои таълимии дигари таҳсилоти олии касбӣ идома диҳанд.

13) Ихтисоси соҳибшудаи хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки бо дипломи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда мешаванд, ба ӯ имкон медиҳад, ки таҳсили худро оид ба барномаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбии баъдидипломӣ идома диҳад.

14) Таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаҳои асосии таълимӣ ҷиҳати омода намудани дараҷаи тахассусии "муттахассис", ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад, то соли 2015 (ба истиснои барномаҳои таълимии таҳсилоти олии соҳаи тандурустӣ) ба анҷом мерасад.

4. Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ

15) Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбиро мутобиқи тартиби тасдиқнамудаи муассисаҳои давлатии соҳаи маориф тавассути низоми анъанавӣ ва ё кредитии таълим ба таври мунтазам ва ё тадриҷан татбиқ намудан мумкин аст.

16) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дараҷаи тахассусии бакалавр бояд номгӯи чунин бахшҳои таълимиро фаро гирад:

- бахши фанҳои гуманитарӣ ва иҷтамоию иқтисодӣ;

- бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ;

- бахши фанҳои умумикасбӣ;

- бахши фанҳои тахассусӣ.

17) Ҳаҷми кредитҳои барои фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ муайяншуда, бо назардошти шумораи фанҳои интихобшуда набояд аз 30 фоизи шумораи умумии кредитҳо бештар бошад.

18) Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дараҷаи тахассусии магистр бояд бахшҳои зеринро фаро гирад:

- бахши фанҳои умумитаълимӣ;

- бахши фанҳои илмшиносӣ;

- бахши фанҳои умумитахассусӣ.

19) Силсилаи фанҳои умумитаълимӣ - шумора ва феҳристи ҳатмии онҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, муайян менамоянд. Миқдори кредитҳои бахши мазкури фанҳо набояд аз 50 фоизи силсилаи кредитҳои фанҳои умумитаълимӣ бештар бошад. Дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба феҳрист ва шумораи фанҳои гуманитарӣ, шумораи кредитҳои фанҳои қаблан тасдиқшуда аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан кам карда мешавад. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ натиҷаҳои таълими ҳатмиро аз рӯи самтҳои барномаҳои таълимӣ барои фаъолияти касбӣ (бо назардошти салоҳият, дониш, малакаю маҳорат ва қобилият) муайян менамояд. Натиҷаҳои таҳсилоти олии касбиро мазмун ва мундариҷаи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

20) Дар барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар баробари фанҳои ҳатмӣ, инчунин феҳристи ҳамаи фанҳои интихобӣ низ пешбинӣ карда мешавад. Феҳристи фанҳои интихобиро муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ муайян менамояд. Миқдори кредити фанҳои интихобӣ бояд аз ҳаҷми умумии кредитҳо аз 25 то 50 фоизро ташкил диҳад.

21) Фанҳои интихобӣ аз ду қисм иборат мебошанд. Қисми якуми фанҳои интихобӣ аз ҷониби донишҷӯён ба таври мустақилона муайян карда мешавад. Қисми дуюми фанҳои интихобиро Шӯрои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд. Шумораи фанҳои интихобии қисми дуюм бояд то 25 фоизи ҳаҷми умумии кредитҳоро ташкил диҳад.

22) Таълим ҷиҳати гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ тибқи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, чун қоида, ба шахсоне иҷозат дода мешавад, ки бори аввал ин таҳсилотро соҳиб мешаванд.

23) Мутобиқи талаботи барномаҳои асосии таҳсилоти олии касбӣ, бо назардошти таълими ибтидоии ӯ ба таълимгиранда дар ҳамаи дараҷаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар муддати кӯтоҳ (мутаносибан ба мӯҳлатҳои меъёрии омӯзиш) таълим гирифтан иҷозат дода мешавад.

24) Шахсоне, ки дипломи таҳсилоти олии касбӣ доранд, метавонанд таҳсилоти олиро дар сатҳҳои минбаъда идома диҳанд. Шароити идомаи таълим ё гузариш аз як барномаи асосии таълимии касбӣ ба барномаи дигар тавассути муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи муассисаҳои давлатии ҷумҳуриявии (марказии) таҳсилоти олии касбӣ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин ҳолат имконияти дохил шудан ва ё гузаштани хатмкунандагони (донишҷӯёни) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба сатҳҳои минбаъдаи омӯзиш мавҷуд аст.

5. Меъёрҳои умумии сарбории таълимии донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

25) Ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯ дар барномаи асосии таълим нисбат ба фанҳои мавриди омӯзиш қарордошта тавассути фаро гирифтани таҷрибаомӯзӣ, иҷрои корҳои курсӣ (лоиҳаҳо), лоиҳаҳои дипломӣ, омодагӣ ва гузаштан аз аттестатсияи ҷамъбастӣ муайян карда мешавад, ки бо кредитҳо (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи

Тандурустӣ) ифода карда мешавад. Як кредит (як воҳиди таълимӣ) ба 16 соати академии донишҷӯ баробар мебошад. Як соати академии донишҷӯ ба 50 дақиқаи астрономӣ баробар аст. Барои гирифтани дараҷаи тахассусии "бакалавр", мутобиқи муқаррароти таълими чорсолаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯ бояд ба андозаи 240 кредит ва дар ҳар соли таҳсил бо назардошти тамоми намудҳои фанҳои омӯхташаванда, фарогирии таҷрибаомӯзӣ, иҷрои корҳои курсӣ (лоиҳаҳо), иҷро ва ҳимояи корҳои ҳатмӣ таҳсил (ҷамъбастӣ), омодагӣ ва гузаштан аз аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ 60 кредитро аз худ намояд. Барои гирифтани дараҷаи тахассусии "магистр" донишҷӯ дар ду соли таҳсил бояд 120 кредитро аз худ намояд.

26) Ҳаҷми ҳадди ақали машғулиятҳои ҳатмии аудитории донишҷӯ дар шакли рӯзонаи таълим дар асоси барномаи таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тавассути нақшаи таълимӣ муайян карда мешавад.

27) Ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ барои дараҷаи тахассусии "бакалавр" дар шакли таълими рӯзона бояд дар як ҳафта аз 27-32 соатро ташкил диҳад. Дар шакли таълими ғоибона барои донишҷӯ дар давоми соли таҳсил ҷиҳати пешбурди кор бо омӯзгор дар ҳаҷми на камтар аз 128 соати таълимӣ ҷудо карда мешавад. Мӯҳлати таълим дар шакли таълими ғоибона нисбат ба мӯҳлати муайяншуда таҳсил дар шакли таълими рӯзона аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати як сол зиёд карда мешавад.

28) Ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ барои дараҷаи тахассусии "магистр" дар як ҳафта бояд 14-16 соатро ташкил диҳад. Мӯҳлати таҳсил дар шакли таълими ғоибона нисбат ба мӯҳлати муайяншудаи таҳсил дар шакли таълими рӯзона аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба муддати ним сол зиёд карда мешавад. Ҳаҷми умумии мӯҳлати таътил дар давоми соли таҳсил бояд 7-10 ҳафта, аз ҷумла дар давраи зимистонаи таълим на камтар аз ду ҳафтаро ташкил диҳад.

29) Сарбории таълимии донишҷӯ (ба истиснои донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи тандурустӣ) барои гирифтани дараҷаи тахассусии "магистр" 120 кредити пешбинишуда аз ҳаҷми умумӣ ба тариқи зерин тақсим карда мешаванд: - барои таълими назариявӣ на бештар аз 55 фоиз, (кредитҳо); - ҷиҳати фаро гирифтани таҷрибаомӯзӣ ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ на камтар аз 20 фоиз; - барои аттестатсияи ҷамъбастӣ 25,5 фоиз (аз ин шумора 23 фоиз барои таҳияи рисолаи магистрӣ ва 2,5 фоиз барои аттестатсияи ҷамбастии давлатӣ).

30) Дар низоми муосири таҳсилот методи таълими фосилавӣ низ амалӣ гардонида мешаванд. Дар ин низом барномаи асосии таҳсилоти касбӣ дар шакли пурра ва ё қисман бо методи фосилавии таълим сурат мегирад. Дар шакли методи фосилавии таълим имтиҳонҳои ҷамъбастӣ бояд ба таври ҳатмӣ дар бинои муассисаи таълимӣ бо иштироки бевоситаи донишҷӯ доир гарданд. Дар ин ҳолат ҳаҷми машғулиятҳо чи дар шакли рӯзонаи таҳсил ва чи дар шакли ғоибонаи таҳсил бояд ба ҳамдигар мутобиқат намоянд.

6. Озодии академии таҳсилоти олии касби дар муайянсозии мундариҷаи таҳсилоти олии касбӣ

31) Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи меъёрҳои Стандарти мазкур барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро таҳия ва татбиқ намуда, бо назардошти рушди соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаю маҳорати хатмкунандагон ба онҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид мекунанд ва бо муассисони худ мувофиқа намуда, ҷиҳати тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Дар раванди таҳияи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самтҳои таълим на камтар аз 70 фоизи феҳристи фанҳои ҳатмӣ аз ҷониби Шӯрои илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.

32) Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои муайянкардаи Стандарти мазкур дорои ҳуқуқҳои дигар низ мебошанд, ки онҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи маориф ва Оинномаи намунавии таъсисдодаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

7. Тартиби омодасозӣ ва тасдиқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ оид ба самтҳои таълим

33) Стандарти мазкур барои ҳар як самт ва ихтисос амалӣ гардонида мешавад. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ бояд чунин ҷанбаҳоро фаро гирад:

- соҳаи истифодабарӣ;

- дараҷабандии самтҳои омода намудани мутахассисон;

- фаъолияти касбӣ;

- салоҳиятҳои умумӣ ва касбӣ;

- феҳристи фанҳое, ки онҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

- талабот ба сохтори барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

- талабот ба шароитҳои истифодабарии барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ.

34) Мавзӯъ ва мундариҷаҳои ҳар як фан бояд тавре муайян карда шаванд, ки онҳо сатҳи масъулиятнокӣ, қобилият, малакаю маҳорат ва донишҳои асосии донишҷӯро баъди анҷоми фанҳои омӯхташаванда таъмин намоянд.

35) Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ оид ба самтҳои (ихтисосҳои) мушаххас аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа 66 муассисони соҳавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ шуда, ҷузъи таркибии Стандарти мазкур ба ҳисоб меравад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

36) Самтҳои мушаххаси (ихтисосҳои) таҳсилоти олии касби тибқи феҳристи самтҳои (ихтисосҳои) таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешаванд. Феҳрист бояд соҳаҳои мавҷудбуда ва дурнамои илм, техника ва фарҳангро дар худ инъикос намояд. Ҳар як самт (ихтисос) бояд моҳияти ҷамъиятӣ ва соҳавии худро дошта бошад.

37) Феҳристи самтҳои (ихтисосҳои) таҳсилоти олии касбӣ ҷузъи таркибии Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад ва бо тариқи зерин номгузорӣ шудааст: "Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ-роҳнамои самтҳо ва тахассусҳои таҳсилоти олии касбӣ".

8. Қоидаҳои назорати давлатӣ оид ба татбиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ

38) Назорати давлатро барои риояи талабот ва муқаррароти Стандарти давлатии асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Ташкили назорати давлатӣ барои риояи талаботи Стандарти мазкур аз тарафи мақоми давлатии идораи таҳсилоти олӣ дар якҷоягӣ бо вазоратҳо ва идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, амалӣ гардонида мешавад.

39) Барои риояи талаботи Стандарти мазкур роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф масъул мебошанд.