Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимяти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015
Бо мақсади амалӣ намудани Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, № 451 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии хокимяти давлатӣ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015 тасдиқ карда шавад.(замима мегардад).
2) Маблағгузории Барнома дар доираи буҷети вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои барзиёд иҷрогардидаи даромад ва бақияҳои озоди буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ грантҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
3) Роҳбарони, вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барнома тадбирҳои мушаххас андешанд.
4) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблағгузории Барномаи мазкурро ба инобат гирад.
5) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру хизматрасонии воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо ва пайваст намудани мақомоти давлатӣ ба шабакаҳои Интернет чораҳои амалӣ андешад.
6) Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон охири ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2011 № 550
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2016
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2016" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" бо роҳи ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ, маблағҳои молиявии дохилӣ ва имкониятҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯии энергия, ки дар Барномаи мазкур оварда шудааст, тадбирҳои зарурӣ андешид.
Раиси
Ҳукумати Ҷуиҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2011 № 551
ш. Душанбе