Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистн
аз "18" августи соли 2011 № 387
тасдиқ шудааст
Низомнома тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Низомномаи тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ мутобиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2008, №98 тасдиқ шудааст ва сархати даҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия", бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти низоми пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, муайян ва ҷорӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия гардидааст.
2) Сохтори нави пешниҳодшудаи музди меҳнат ҳангоми ҷорӣ намудани он дар мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба маоши асосӣ дохил намудани иловапулиҳо ва пардохтҳои иловагии қаблан амалкунандаро пешбинӣ менамояд. Чорабиниҳо оид ба гузариш ба низоми пардохти музди меҳнат дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ тибқи замимаи 25 ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 амалӣ гардонида мешавад.
3) Ба маоши моҳонаи вазифавӣ пардохти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳо (ба ғайр аз иловапулиҳо барои кор дар шароити номусоиди иқлимию табиӣ
ва махсуси меҳнат, дар маҳалҳои баландкӯҳ, биёбон, беоб, кор дар шароити ба саломатӣ зараровару вазнин) дар доираи Ҷадвали ягонаи тарифӣ танзимшаванда дохил карда мешаванд. Ҳамзамон иловапулиҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар рӯзҳои истироҳат, идҳо ва кори шабона нигоҳ дошта мешаванд.
4) Ҷадвали ягонаи тарифӣ ин ҷадвали такмилгардидае мебошад, ки бо ёрии коэффитсиентҳои тарифии ботадриҷ аз дараҷа ба дараҷа афзоишёбанда дар асоси музди меҳнати асосӣ ҳисоб карда шудааст. Аз тарафи амудӣ он аз ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ, фарқияти байни ҳар як мансаб, яъне категория 22 фоиз ва аз тарафи уфуқӣ аз 14 қадам, фарқияти байни ҳар як қадам 5 фоиз иборат мебошад.
5) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ ҳангоми ҷорӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии ҳар як мақомоти дахлдор тибқи замимаи 25, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 тасдиқ шудааст, аз тарафи уфуқии ҷадвал 5 қадам аз рӯи собиқаи хизмати давлатии муқарраргардида истифода мешавад.
6) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ барои ҳар як қадам коэффитсиенти мушаххас муқаррар гардидааст. Маошҳои вазифавӣ бо роҳи зарб задани андозаи маоши заминавӣ ба коэффитсиенти тарифии категорияи дахлдори мансабҳои маъмурӣ муқаррар карда мешаванд.
1) Андозаи маоши заминавиро ба сифати асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 2. Тартиби истифодаи Ҷадвали ягонаи тарифӣ
8) Тартиби истифодаи Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 503 ва тибқи замимаи 25, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126 тасдиқ шудааст ва замимаи 1 қарори мазкур ҷорӣ карда мешавад.
9) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи амудӣ ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: - мансабҳои категорияи олӣ; - мансабҳои категорияи якум; - мансабҳои категорияи дуюм; - мансабҳои категорияи сеюм;
- мансабҳои категорияи чорум; - мансабҳои категорияи панҷум;мансабҳои категорияи шашум; - мансабҳои категорияи ҳафтум.
10) Категорияҳои мансабҳои маъмурии мушаххас, ки дар банди 9) Низомномаи мазкур дарҷ гардидаанд, тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 2 августи соли 2008, №503 тасдиқ шудааст, барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муқаррар карда мешаванд.
11) Ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи уфуқӣ аз 14 қадам иборат мебошад, ки дар ҳар як қадам мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти мушаххас ҷойгир карда шудаанд ва тибқи он музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ барои ҳар як категорияи мақомоти дахлдор муайян карда мешавад, аз ҷумла:
- қадами якум - ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шумораи аҳолиашон;
- қадами дуюм - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ноҳияҳо, мақомоти ноҳиявии тобеи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои ноҳиявии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ноҳиявии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами сеюм - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо, мақомоти шаҳрии тобеи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои шаҳрӣ, судҳои ҳарбии гарнизонҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами чорум - мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мақомоти вилоятии тобеи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мақомоти ноҳиявии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами панҷум - дастгоҳи марказии агентиҳо, хадамотҳо ва сарраёсатҳои назди вазорату кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти шаҳрии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами шашум - дастгоҳҳои марказии кумитаҳо, агентиҳо ва хадамотҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои минтақавӣ, мақомоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қадами ҳафтум - дастгоҳҳои марказии вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои Конститусионӣ, Олӣ ва Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами ҳаштум - дастгоҳҳои марказии мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Раёсати хизмати давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омор;
- қадами нӯҳум - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният, дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
12) Тибқи банди 5 Низомномаи мазкур дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи уфуқии он барои амалӣ намудани коэффитсиентҳои тарифӣ, муайян ва пардохт намудани музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатӣ, 5 қадам муқаррар карда шудааст, аз ҷумла;
- қадами якум - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон то 1 сол дохил мешаванд;
- қадами дуюм - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон аз 1 то 5 сол дохил мешаванд;
- қадами сеюм - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон аз 5 то 10 сол дохил мешаванд;
- қадами чорум - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон аз 10 то 20 сол дохил мешаванд;
- қадами панҷум - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон зиёда аз 20 сол.
13) Ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои категорияи олӣ, якум ва
дуюм, ду ё якчанд мансаб (вазифа) дар вақти муайян ва пардохти музди меҳнат дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ рост меоянд, мансаби (вазифаи) нисбатан баландтарро дар ҳолати собиқаи хизмати давлатии якхела дар як қадами коэффитсиентҳои тарифӣ ростомадаро барои ба номутаносибии музди меҳнат poҳ надодан ба тарафи рости уфуқии ҷадвал ба як қадам гузаронида мешавад, яъне музди меҳнат дар ҳаҷми 5 фоиз зиёд мегардад.
14) Ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова ба Ҷадвали ягонаи тарифӣ, маблағҳои зерини муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохта мешаванд:
а) пардохтҳои иловагӣ:
- барои кор дар шароита номусоиди иқлимию табиии меҳнат (дар маҳалҳои баландкӯҳ, биёбон ва беоб);
- барои кор дар шароити махсуси меҳнат (меҳнати вазнин ва зарарнок, махсусан вазнин ва махсусан зарарнок);
- барои иҷрои кор дар шароити ғайримуқаррарӣ (рӯзҳои истироҳат ва ид, кори шабона ва дигар ҳолатҳо);
б) ҷубронпулиҳо:
- барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, давраи сафарҳои хизматӣ ва такмили ихтисос;
барои рухсатии истифоданашуда;
- кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан.
15) Масъалаҳои вобаста ба андозу андозбандии фонди музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ тавассути Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
16) Музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистн
аз "18" августи соли 2011 № 387
тасдиқ шудааст
Низомнома тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Низомномаи тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ мутобиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2008, №98 тасдиқ шудааст ва сархати даҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия", бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти низоми пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, муайян ва ҷорӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия гардидааст.
2) Сохтори нави пешниҳодшудаи музди меҳнат ҳангоми ҷорӣ намудани он дар мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба маоши асосӣ дохил намудани иловапулиҳо ва пардохтҳои иловагии қаблан амалкунандаро пешбинӣ менамояд. Чорабиниҳо оид ба гузариш ба низоми пардохти музди меҳнат дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ тибқи замимаи 25 ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 амалӣ гардонида мешавад.
3) Ба маоши моҳонаи вазифавӣ пардохти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳо (ба ғайр аз иловапулиҳо барои кор дар шароити номусоиди иқлимию табиӣ
ва махсуси меҳнат, дар маҳалҳои баландкўҳ, биёбон, беоб, кор дар шароити ба саломатӣ зараровару вазнин) дар доираи Ҷадвали ягонаи тарифӣ танзимшаванда дохил карда мешаванд. Ҳамзамон иловапулиҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар рўзҳои истироҳат, идҳо ва кори шабона нигоҳ дошта мешаванд.
4) Ҷадвали ягонаи тарифӣ ин ҷадвали такмилгардидае мебошад, ки бо ёрии коэффитсиентҳои тарифии ботадриҷ аз дараҷа ба дараҷа афзоишёбанда дар асоси музди меҳнати асосӣ ҳисоб карда шудааст. Аз тарафи амудӣ он аз ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ, фарқияти байни ҳар як мансаб, яъне категория 22 фоиз ва аз тарафи уфуқӣ аз 14 қадам, фарқияти байни ҳар як қадам 5 фоиз иборат мебошад.
5) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ ҳангоми ҷорӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии ҳар як мақомоти дахлдор тибқи замимаи 25, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 тасдиқ шудааст, аз тарафи уфуқии ҷадвал 5 қадам аз рўи собиқаи хизмати давлатии муқарраргардида истифода мешавад.
6) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ барои ҳар як қадам коэффитсиенти мушаххас муқаррар гардидааст. Маошҳои вазифавӣ бо роҳи зарб задани андозаи маоши заминавӣ ба коэффитсиенти тарифии категорияи дахлдори мансабҳои маъмурӣ муқаррар карда мешаванд.
1) Андозаи маоши заминавиро ба сифати асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 2. Тартиби истифодаи Ҷадвали ягонаи тарифӣ
8) Тартиби истифодаи Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 503 ва тибқи замимаи 25, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 1126 тасдиқ шудааст ва замимаи 1 қарори мазкур ҷорӣ карда мешавад.
9) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи амудӣ ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: - мансабҳои категорияи олӣ; - мансабҳои категорияи якум; - мансабҳои категорияи дуюм; - мансабҳои категорияи сеюм;
- мансабҳои категорияи чорум; - мансабҳои категорияи панҷум;мансабҳои категорияи шашум; - мансабҳои категорияи ҳафтум.
10) Категорияҳои мансабҳои маъмурии мушаххас, ки дар банди 9) Низомномаи мазкур дарҷ гардидаанд, тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 2 августи соли 2008, №503 тасдиқ шудааст, барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муқаррар карда мешаванд.
11) Ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи уфуқӣ аз 14 қадам иборат мебошад, ки дар ҳар як қадам мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти мушаххас ҷойгир карда шудаанд ва тибқи он музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ барои ҳар як категорияи мақомоти дахлдор муайян карда мешавад, аз ҷумла:
- қадами якум - ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шумораи аҳолиашон;
- қадами дуюм - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ноҳияҳо, мақомоти ноҳиявии тобеи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои ноҳиявии Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ноҳиявии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами сеюм - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо, мақомоти шаҳрии тобеи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои шаҳрӣ, судҳои ҳарбии гарнизонҳои Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами чорум - мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мақомоти вилоятии тобеи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мақомоти ноҳиявии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами панҷум - дастгоҳи марказии агентиҳо, хадамотҳо ва сарраёсатҳои назди вазорату кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти шаҳрии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами шашум - дастгоҳҳои марказии кумитаҳо, агентиҳо ва хадамотҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шўъбаҳои минтақавӣ, мақомоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қадами ҳафтум - дастгоҳҳои марказии вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи судҳои Конститусионӣ, Олӣ ва Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қадами ҳаштум - дастгоҳҳои марказии мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Раёсати хизмати давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омор;
- қадами нўҳум - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои амният, дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
12) Тибқи банди 5 Низомномаи мазкур дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ аз тарафи уфуқии он барои амалӣ намудани коэффитсиентҳои тарифӣ, муайян ва пардохт намудани музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатӣ, 5 қадам муқаррар карда шудааст, аз ҷумла;
- қадами якум - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон то 1 сол дохил мешаванд;
- қадами дуюм - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон аз 1 то 5 сол дохил мешаванд;
- қадами сеюм - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон аз 5 то 10 сол дохил мешаванд;
- қадами чорум - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон аз 10 то 20 сол дохил мешаванд;
- қадами панҷум - барои хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатиашон зиёда аз 20 сол.
13) Ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои категорияи олӣ, якум ва
дуюм, ду ё якчанд мансаб (вазифа) дар вақти муайян ва пардохти музди меҳнат дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ рост меоянд, мансаби (вазифаи) нисбатан баландтарро дар ҳолати собиқаи хизмати давлатии якхела дар як қадами коэффитсиентҳои тарифӣ ростомадаро барои ба номутаносибии музди меҳнат poҳ надодан ба тарафи рости уфуқии ҷадвал ба як қадам гузаронида мешавад, яъне музди меҳнат дар ҳаҷми 5 фоиз зиёд мегардад.
14) Ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова ба Ҷадвали ягонаи тарифӣ, маблағҳои зерини муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохта мешаванд:
а) пардохтҳои иловагӣ:
- барои кор дар шароита номусоиди иқлимию табиии меҳнат (дар маҳалҳои баландкўҳ, биёбон ва беоб);
- барои кор дар шароити махсуси меҳнат (меҳнати вазнин ва зарарнок, махсусан вазнин ва махсусан зарарнок);
- барои иҷрои кор дар шароити ғайримуқаррарӣ (рўзҳои истироҳат ва ид, кори шабона ва дигар ҳолатҳо);
б) ҷубронпулиҳо:
- барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, давраи сафарҳои хизматӣ ва такмили ихтисос;
барои рухсатии истифоданашуда;
- кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан.
15) Масъалаҳои вобаста ба андозу андозбандии фонди музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ тавассути Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
16) Музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.