Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмини ҳифзи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Қоидаҳои таъмини ҳифзи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 1994, № 392 "Талаботи асосӣ оид ба таъмини нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июли соли 2011 № 321
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Правил обеспечения сохранности драгоценных металлов и драгоценных камней на горнодобывающих предприятиях Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Правила обеспечения сохранности драгоценных металлов и драгоценных камней на горнодобывающих предприятиях Республики Таджикистан (прилагается).
2) Постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 15 августа 1994 года, №392 "Основные требования по обеспечению сохранности драгоценных металлов на горнодобывающих предприятиях Республики Таджикистан" признать утратившим силу.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 1 июля 2011 года №321
г. Душанбе