Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 № 498 "Дар бораи таъсиси муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" таъсис дода шавад.

2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

3) Ба инобат гирифта шавад, ки дар соли 2011 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"-ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуда, солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинигардида амалӣ намоянд.

4) Ба номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 7 октябри соли 2011 № 498

ш. Душанбе