Дар бораи азнавташкилдиҳии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу paг ва қафаси сина ва Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2011 № 496 "Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу paг ва қафаси сина ва Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо"

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таҷдиди сохторию маъмурии муассисаҳои госпиталии фаъолияташон такроршаванда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу paг ва қафаси сина бо Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ муттаҳид карда шуда, минбаъд Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" номгузорӣ карда шавад.

2) Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" вориси ҳуқуқии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу paг ва қафаси сина ва Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ дониста шавад.

3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи воҳидҳои кории амалкунандаи муассисаҳои ҷумҳуриявии соҳаи тандурустӣ масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии марбут ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо"-ро ҳал намояд.

4) Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдиқ шудааст:

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо";

- сархатҳои зерин хориҷ карда шаванд:

"Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу paг ва қафаси сина;

Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 октябри соли 2011 № 496

ш. Душанбе