Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба раванди беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2011 № 459
ш. Душанбе