Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" октябри соли 2011, № 504
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" октябри соли 2011, № 504
тасдиқ шудааст
Тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар
1) Тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" таҳия гардида, тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмарро танзим менамоянд.
2) Мақсади гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани маълумот оид ба ҳуқуқи башардӯстии байналмилалӣ ва Принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба фаъолияти барномавии Ҷамъияти мазкур мебошад, дар баробари ин:
- баланд бардоштани маърифати санитарӣ ва таълимоти тиббии аҳолӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва нигоҳубини беморон дар хона, сабук кардани азияти шахсони бехонумон ва гурезаҳо;
- ҷалби таваҷҷӯҳ ба барномаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самти бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи дигар.
3) Шарти гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар аз ҷалби васеи аҳолӣ ва таъмини иштироки корхона, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, дар амалигардонии чорабиниҳои зерин иборат аст:
- гузаронидани мизҳои мудаввари телевизионӣ;
- чоп намудани хабару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма оид ба гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмари;
- эълон намудан ва гузаронидани озмунҳои "Ташкилоти ибтидоии намунавӣ" ё "Бахши маҳаллии ҳудудии хуб фаъолияткунандаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" (таъсиси Комиссияи озмун, таҳияи низомномаи гузаронидани озмун, ба ғолибон супурдани ҷоизаҳо барои ишголи ҷойҳои 1,2 ва 3);
- гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоӣ, бахшҳои маҳаллӣ ва ҳудудии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон;
...