Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2011 № 457

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаддима

Бо мақсади барқарор ва баргардонидани муассисаҳои томактабӣ ва рушди минбаъдаи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №395 Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 тасдиқ карда шуд. Амалӣ намудани Барномаи зикргардида имконият дод, ки назорату роҳбарӣ ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва ҳамзамон расонидани ёрии методӣ ба мудирон, мураббияҳои боғчаҳои бачагон ва мутахассисони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба муассисаҳои мазкур аз тарафи кормандони Вазорати маориф беҳтар гардад. Таҳлили татбиқи Барномаи зикргардида ва вазъи муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки миқдори муассисаҳои томактабӣ 5 адад зиёд гардидааст. Дар доираи иҷрои Барномаи зикргардида сохтмон ва ба истифода додани кӯдакистонҳои нав оғоз гардид. Аз он ҷумла, дар маркази ноҳияи Тавилдара як кӯдакистони замонавӣ сохта шуда фаъолияташро оғоз намуд, ки он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ" муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Данғараи вилояти Хатлон кӯдакистонҳои нав сохта шуд. Дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Мӯъминобод дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ кӯдакистон ташкил карда шудааст, ки айни ҳол кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар тӯли солҳои 2007-2010 дар вилояти Суғд теъдоди муассисаҳои томактабӣ 4 адад зиёд гардидааст. Дар шаҳрҳои Конибодому Истаравшан ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд кӯдакистонҳое, ки солҳои пеш аз фаъолият бозмонда буданд, пас аз таъмири асосӣ аз нав ба фаъолият пардохтанд.

Барномаи зикргардида давра ба давра татбиқ гашта, имконият дод, ки сифати ҷараёни таълиму тарбия, заминаи моддӣ-техникӣ, пояи кадрӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои томактабӣ беҳтар гардад. Новобаста аз он, ки мӯҳлати иҷрои Барномаи зикргардида ба охир расидааст, дар муассисаҳои томактабӣ як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз қабили барқарорсозӣ, таъмири асосӣ, нарасидани таҷҳизот (мизу курсӣ, катҳои хоб, ва ғ.) боқӣ мондаанд.

Бинобар ин, ҷиҳати ҳалли мушкилоти боқимонда Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 (минбаъд-Барнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" таҳия шуд, ки вазифа ва роҳҳои асосии рушди соҳаи тарбияи томактабиро муайян мекунад.

Зарурати таҳияи Барнома аз он иборат аст, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи нахустини таҳсилоти шаҳрвандон баланд бардошта, ба шароити нави иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ гардонида шавад.

2. Таҳлили вазъи кунунии муассисаҳои томактабӣ

1) Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, дар муассисаҳои томактабӣ мушкилот ҳанӯз хеле зиёд аст. Кам будани теъдоди муассисаҳои томактабӣ, нарасидани мутахассисон, мавҷуд набудани дастурҳои методӣ, шароити корӣ, хунукназарии баъзе шахсони масъул аз ҷумлаи он омилҳое ба шумор мераванд, ки дар рушди низоми тарбияи томактабӣ то ин вақт монеаҳо ворид сохтаанд.

2) Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 488 муассисаҳои томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 62459 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Кам ҷалб шудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ вобаста ба кам гаштани теъдоди муассисаҳои томактабӣ мебошад. Масалан, дар замони шӯравӣ дар тамоми ҷумҳурӣ миқдори ин муассисаҳо 945 адад ё ду маротиба зиёд буд.

3) Сабаби дигари он пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани сохтмони биноҳои муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳо ва кӯшиш накардани масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба иҷрои бандҳои Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2006-2010 оид ба барқарор ва баргардонидани ин муассисаҳо мебошад. Дар ин давра аз бемасъулиятии масъулин муассисаҳои томактабӣ ба дигар сохторҳо барои истифода дода шудаанд.

4) Махсусан, дар деҳот фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ хеле кам аст. Аз таҳлили вазъи соҳаи тарбияи томактабӣ дар кишвар чунин бармеояд, ки яке аз мушкилоти имрӯза нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба соҳаи тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани баъзе аз мутасаддиёни соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Бахусус, нарасидани мутахассисони соҳибмаълумот дар муассисаҳои томактабӣ мушкилоти ҳалталаби рӯз гардидааст.

5) Вазъияти имрӯза сохтмони биноҳои наву ҳозиразамонро барои чунин муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ тақозо мекунад. Аз таҳлили вазъи соҳаи тарбияи томактабӣ бармеояд, ки баъзе кӯдакистонҳо тӯли 25-30 соли охир аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд. Масалан, чунин кӯдакистонҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (минбаъд- ВМКБ), минтақаи Қӯргонтеппаи вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуданд.

6) Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи тарбиявию таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талабот вазъият беҳбудиро талаб менамояд. Дар муассисаҳои томактабӣ мебел, таҷҳизоти варзишӣ, китобҳои бачагона, асбобҳои аёнии таълимӣ фарсуда шудаанд ё тамоман вуҷуд надоранд. Муассисаҳои томактабӣ ба мизу курсӣ, катҳои хоб ва намудҳои гуногуни бозичаҳо эҳтиёҷ доранд. Дастрас намудани бозичаҳо барои кӯдакони синну соли гуногун мушкил аст, зеро дар ҷумҳурии мо чунин корхонае, ки бозича истеҳсол намояд, мавҷуд нест. Маблағи аз буҷети ноҳияҳо барои хариди таҷҳизоти мулоим ва сахт ҷудошуда барои таъмини талаботи мавҷуда нокифоя мебошад.

7) Яке аз проблемаҳои ҳалталаби рӯз ин се вақт дар як рӯз бо хӯроки серғизо таъмин намудани кӯдакон мебошад. Сарчашмаи асосии таъминот бо хӯрока маблағҳои буҷетӣ ва маблағи волидон мебошад. Маблағҳои барои хӯрокворӣ ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини хӯроки серғизои кӯдакон кофӣ нест. Дар шароити имрӯза маблағҳои ҷудошуда барои таъмини тарбиягирандагон бо маводи хӯрокворӣ аз буҷети маҳаллӣ барои як кӯдак аз 31 дирам то 1 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад, ки барои таъмини хӯроки серғизо ночиз мебошад.

Инчунин, аз сабаби ё коҳиш ёфтани ҳамкории муассисаҳои томактабӣ бо муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасонии тиббӣ, УВЧ ва УФО барои солимгардонии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ арзи вуҷуд надоранд. Дар ин самт ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ метавонад ба ҳалли ин проблема мусоидат намояд.

8) Равияи асосии инкишофи таълим ва тарбия ин дигаргунии мақсади таълиму тарбия дар ҷаҳони имрӯза мебошад. Баҳри амалӣ гардонидани ин мақсадҳо мураббии насли нав лозим аст, ки он пеш аз ҳама бояд мутахассиси соҳаи омӯзгорӣ, равоншиносӣ ва физиология, бошад.

9) Дар соли 2010 дар системаи тарбияи томактабии ҷумҳурӣ 4659 нафар корманди омӯзгорӣ фаъолият доштанд ин шумора 226 нафар мураббии калон, 3317 нафар мураббӣ, 2693 ёрдамчиҳои мураббиён ва 472 нафар ҳамшираи тиббӣ мебошанд. Имрӯзҳо дар муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ мутахассисон, аз қабили мушовир, роҳбари мусиқӣ, ҳамшираи тиб намерасанд. Масалан, дар шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мутахассисони соҳаи томактабӣ шахсони ғайриихтисос фаъолият менамоянд, ки дар ин ҷода низ мушкилот пеш меояд. Инчунин мутахассис ба ҳайси рӯҳшинос (психолог) фаъолият надорад.

Ташкили семинару курсҳои махсус барои ёрдамчиёни мураббияҳо, муқаррар намудани 0,5-1 воҳиди кори штати рӯҳшинос (психолог) аз ҷумлаи чораҳои пешбинишуда мебошад.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

10) Мақсади Барнома беҳтар намудани шароит ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ба танзим даровардани системаи тарбияи томактабӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

11) Вазифаҳои Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- давра ба давра аз таъмири асосӣ баровардани муассисаҳои томактабӣ;

- барқарорсозии биноҳои корношоями муассисаҳои томактабӣ;

- бо таҷҳизот, ашёҳои таълим, маводи методию дастурӣ, бозичаҳо таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ;

- беҳтар намудани таъмини кӯдакистонҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ;

- хубтару беҳтар ба роҳ мондани бозомӯзӣ ва такмили маҳорати касбии кормандони муассисаҳои томактабӣ, алалхусус мушовирон ва мудирони муассисаҳои томактабӣ;

- беҳтар намудани таъминоти муассисаҳои томактабӣ бо маводи хӯрокворӣ ва хизматрасонии тиббии кӯдакон;

- тақвият бахшидани ҳамкории муассисаҳои томактабӣ бо муассисаҳои тандурустӣ;

- ташкил намудани Марказҳои инкишофи кӯдакон барои кӯдакони синну соли гуногун дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

- барқарор намудани кӯдакистонҳои махсусгардонидашуда ва таъминоти онҳо бо мутахассисон;

- ҷорӣ намудани кӯдакистонҳои дубаста, кӯдакистонҳои мавсимӣ, марказҳо барои модарон ва моделҳои алтернативии соҳа.

4. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома

12) Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа;

- таъмини вариантнокии мазмун, шаклҳо ва усулҳои тарбияи томактабӣ дар кӯдакистонҳо;

- беҳтар намудани муҳити ташаккули кӯдак дар муассисаи томактабӣ;

- таъмини заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимию методии муассисаҳои томактабӣ;

- васеъ ба роҳ мондани шаклу намудҳои нави муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди инкишоф;

- мустаҳкам намудани ҳамкории муассисаҳои томактабӣ бо муассисаҳои тандурустӣ;

- ташкили семинару курсҳои бозомӯзӣ барои кормандони педагогӣ, кадрҳои роҳбарикунандаи соҳа (замимаи 3);

- таъмини муассисаҳои томактабӣ бо таҷҳизот, ашёи таълим, маводи методию дастурӣ, бозичаҳо;

- ҷорӣ намудани системаи муосири маблағгузорӣ дар муассисаҳои томактабӣ.

13) Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба кӯдакистонҳо лозим аст, ки заминаи ҳуқуқию маблағгузории соҳа мустаҳкам гардад ва намудҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ ташкил шаванд:

- муассисаҳои томактабии равияҳои варзишию табобатӣ, эстетикӣ, экологӣ, гурӯҳҳои кӯдакони лаёқатманд, кӯдакони инкишофашон маҳдуд ва ғайраҳо;

- кӯдакистонҳои дубаста, мавсимӣ ва оилавӣ, инчунин марказҳо барои модарон ва моделҳои алтернативии соҳа;

- таъсиси Марказҳои инкишофи кӯдакон дар ноҳияҳое, ки кӯдакистонҳо фаъолият намекунанд (замимаи 2);

- муассисаҳои томактабии комплексии "Мактаб-кӯдакистон".

14) Татбиқи Барнома дар давраи солҳои 2012-2016 пешбинӣ шудааст ва он давра ба давра ба танзим даровардани системаи тарбияи томактабӣ дар ҷумҳуриро дар бар мегирад.

5. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

15) Манбаъҳои асосии маблағгузории Барномаро маблағҳои буҷети давлатӣ ва махсус, грантҳо ва қарзҳои фондҳои байналмилалии ёрирасон, шахсони ҳуқуқй ва фондҳои хайрия ташкил медиҳад (замимаи 5).

16) Маблағгузории Барнома ҳамасола дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ таҳия карда мешавад.

17) Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ ӯҳдадоранд, ки маблағҳои пешбинишударо ба таври мақсаднок дар доираи чорабиниҳои Барнома истифода баранд.

6. Натиҷаҳои ниҳоӣ аз татбиқи Барнома

18) Дар натиҷаи татбиқи Барнома дар системаи тарбия ва таълими томактабӣ заминаи меъёрир ҳуқуқӣ, асосҳои илмӣ-методӣ оид ба инкишофи шабакаи муассисаи томактабӣ таҳия ва мустаҳкам мешавад. Гурӯҳҳо барои кӯдакони 6-сола ва Маркази инкишофи кӯдакон таъсис дода мешаванд. Дар раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сифати ҷобаҷогузории кадрҳо беҳтар мегардад. Сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ беҳтар мегардад. Вариантнокии мазмун, шаклҳо ва усулҳои нави таълими томактабӣ дар кӯдакистонҳо таъмин гардида, сифати таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо баланд мегардад. Таҳия, нашр ва дастрас намудани адабиёти бачагона, маводи таълимию методӣ барои муассисаҳои томактабӣ ҳаллу фасли худро меёбад.

19) Аз ҳисоби ташкили гурӯҳҳо ва синфҳои тайёрӣ ба мактаб, маркази инкишофи кӯдакон ва кӯдакистонҳои дубаста фоизи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ зиёд гардида, омодагии онҳо ба мактаб беҳтар мегардад.

7. Нақшаи чорабиниҳои татбиқи

Ниг.ба Замима