Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос, омодагии пешазмактабии кӯдакон дар сатҳи зарурӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва спонсорҳо ҷудо карда мешаванд, амалӣ мегардад.
3) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил намудани Марказҳои инкишофи кӯдакон чораҳо андешанд.
4) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардонидани Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тадбирҳо андешад .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2011 № 457
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос, омодагии пешазмактабии кӯдакон дар сатҳи зарурӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва спонсорҳо ҷудо карда мешаванд, амалӣ мегардад.
3) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил намудани Марказҳои инкишофи кӯдакон чораҳо андешанд.
4) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардонидани Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 тадбирҳо андешад.